Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 № 387 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 06.03.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175)

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175):

1) Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташкил ва фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ (хусусӣ) мусоидат намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2009 № 387

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: