Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шаҳодатномаи саҳми замин аз 2 июли соли 2009 № 374

Санаи амалкуни: 01.07.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 432 (аз 1 январи соли 2016) аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 374

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 105, аз 1.07.2011 № 341)

1) Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин (минбаъд-Қоидаҳо) ҷиҳати иҷрои моддаҳои 6, 15 ва 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин таҳия шудааст.

2) Мутобиқи моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва якумраи меросии истифодаи замин Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин муқаррар шуда, ҳиссаи саҳми заминро Шаҳодатномаи саҳми замин муайян мекунад.

3) Мутобиқи моддаи 15 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи заминро мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо нисбат ба тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаашон қитъаҳои замин доранд, амалӣ менамояд.

4. Мутобиқи моддаи 6 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар мӯҳлати на дертар аз 25 (бисту панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани ариза (мактуб, дархост) бо замимаи тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (парвандаи заминсозӣ) дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 105).

5) Сертификата ҳуқуқи истифодаи замин (замимаи 1) аз як варақи андозаи А4 коғази дорои аломатҳои махсуси муҳофизатӣ иборат буда, дар он маълумот нисбати қитъаи замин дарҷ карда шудааст.

Дар саҳифаи якуми варақ Нишони давлатӣ ва бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти "Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификата ҳуқуқи истифодаи замин" сабт шуда, дар сатрҳои минбаъдаи он маълумот, ба монанди: заминистифодабаранда (субъекти ҳуқуқ), намуди ҳуқуқи истифодаи замин, объекти ҳуқуқӣ, асоси ба вуҷуд омадани ҳуқуқ, рақами ягонаи кадастрии қитъаи замин, таъиноти мақсадноки қитъаи замин, санаи додан ва номгӯи мақомоти сертификатдиҳанда сабт гаштааст. Дар поёни он рақами бақайдгирӣ, имзою номи шахси ваколатдор ва ҷойи мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ дарҷ гардидааст;

Дар саҳифаи дуюми варақ маълумоти техникӣ вобаста ба қитъаи замии ва заминистифодабаранда, ба монанди: нақшаи заминистифодабарӣ бо талаботҳои техникии стандартӣ иҷрошуда, номи заминистифодабаранда, миқёси нақша ва ҷадвали координатҳои кунҷҳои гардиши сарҳади қитъаи замин дарҷ шудааст. Дар поёни он ному насаб ва имзои шахси ваколатдор ва ҷойи мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ дарҷ гардидааст.

Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин бо забони давлатӣ дар як нусха тайёр карда шуда, ба заминистифодабаранда супорида мешавад.

Инчунин, барои хоҷагии деҳқонӣ дар саҳифаи сеюм андозаи А4 рӯйхати саҳмдорон нишон дода шуда, ба Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин замима карда мешавад. Дар ин варақ нишон дода мешавад: номгӯи хоҷагии деҳқонӣ, ному насаби саҳмдорон, майдони саҳми замини ҳар як саҳмдор, имзо ва ному насаби шахси ваколатдор, мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ, санаи додан ва рақами ягонаи кадастрии қитъаи замин, рақами бақайдгирии сертификати ҳуқуқи истифодаи замин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341).

6) Шаҳодатномаи саҳми замин (замимаи 2) аз қоғази оддии ҳаҷми 150 х 210 мм тартиб дода мешавад, ки дар саҳифаи 1 Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, навиштаҷот бо забони тоҷикӣ "Шаҳодатномаи саҳми замин", дараҷа ва рақам сабт ёфтааст. Дар саҳифаи 2 ному насаби шаҳрванд, номи хоҷагии деҳқонӣ, ҷамоат, шаҳру ноҳия бо масоҳати ҳиссаи замини шаҳрванд ишора мешавад. Дар Шаҳодатнома дараҷа ва рақами Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шуда, дар китоби бақайдгирии Шаҳодатномаи саҳми замин дар мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба қайд гирифта мешавад. Шаҳодатномаи саҳми замин дар 2 нусха таҳия шуда, нусхаи якуми он ба заминистифодабаранда ва нусхаи дигар дар мақоми маҳаллии заминсозии шаҳру ноҳияҳо нигоҳ дошта мешавад.

7) То супоридани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри истифодабарандагони замин мавҷудбудаи ҳуқуқи истифодаи замин (Санади давлатии ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё истифодаи якумраи меросӣ) ба мӯҳлати муайян эътибор доранд.

8) Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз ҷониби мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо  барасмият дароварда мешавад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар асоси лоиҳаҳои заминсозии байнихоҷагӣ (маводи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин бо мақсадҳои маълум), ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои таҷдиди азнавташкилдиҳии корхонаҳои кишоварзӣ тасдиқ карда шудаанд, пур карда мешавад(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341).

9) Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мувофиқи ваколатномаи онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо супорида мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гирифтани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро муқаррар менамояд, имзо мегузоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341).

10) Иваз намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:

а) тағйир ёфтани ном ва насаби заминистифодабаранда;

б) ошкор гардидани иштибоҳ дар қайдҳо;

в) ғайри қобили истифода будани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин;

г) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

д) тағйир ёфтани ҳудуди заминистифодабаранда.

Иваз намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин бо тартиби зайл сурат мегирад:

- дар асоси зербандҳои "а", "б", "в", "г", "д" банди мазкур дар асоси муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ, мақоми маҳаллии заминсозӣ масъалаи иваз намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро мавриди баррасӣ қарор дода, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз китоби давлатии бақайдгирии ҳуқуқии истифодаи қитъаи замин, рақами бақайдгирии Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро хориҷ менамояд. Дар ин бора санад тартиб дода шуда, дар он сабабҳои иваз намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода мешавад ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда замима мегарданд;

- дар санад на кам аз 3-нафар: раиси кумитаи заминсозӣ, директори корхонаи давлатии фаръӣ, мутахассиси ин корхона ва дар ҳолатҳои зарурӣ заминистифобаранда имзо гузошта, бо мӯҳр онро тасдиқ менамоянд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз қабили Сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, санад бо мактуби ҳамроҳикунанда барои аз китоби бақайдгирии ҳуқуқи истафодаи замин хориҷ намудан ва гирифтани Сертификати нав ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ пешниҳод карда мешаванд.  Мақомоти маҳаллии заминсозӣ   ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро оид ба иваз намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мавриди баррасӣ қарор дода, дар сурати дуруст будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, онро аз китоби бақайдгирии давлатии хуқуқи истифодаи замин хориҷ менамояд ва барои иваз намудани Сертификат иҷозат медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341).

11) Аз эътибор соқит донистани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:

а) бекор гардидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба додани замин ва ба таври ихтиёрӣ насупоридани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқӣ;

б) гум кардани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин.

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341).

Дар асоси зербандҳои "а" ва "б" банди мазкур, мақомоти маҳаллии заминсозӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар рӯзномаҳои давлатӣ эълон медиҳанд. Дар эълон дараҷаи Сертификат, заминистифодабаранда, таъинот, рақами бақайдгирӣ ва асоси беэътибор гардидани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дарҷ мегардад.

Нусхаи эълон барои аз китоби бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин хориҷ намудан ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341).

12) Иваз намудани Шаҳодатномаи саҳми замин дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:

а) тағйир ёфтани ном ва насаби саҳмдор (аъзои хоҷагии деҳқонӣ);

б) ғайри қобили истифода будани Шаҳодатномаи саҳми замин;

в) тағйир ёфтани ҳиссаи саҳми замин (яъне кам ва ё зиёд шудан);

г) бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба шахси дигар додани саҳми замин.

Барои иваз намудани Шаҳодатномаи саҳми замин мутобиқи зербандҳои "а", "б", "в" ва "г" банди мазкур аризаи шаҳрванд дар маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) баррасӣ шуда, протоколи маҷлиси мазкур бо мактуби ҳамроҳикунанда оид ба додани Шаҳодатномаи саҳми замини нав ба мақомоти заминсозии маҳаллӣ пешниҳод мегардад. Мақомоти заминсозии маҳаллӣ аз китоби бақайдгирӣ Шаҳодатномаи саҳми замини шаҳрвандро хориҷ намуда, ба ӯ Шаҳодатномаи нави саҳми заминро бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта, медиҳад.

Ҳангоми иваз намудани Шаҳодатномаи саҳми замин, ҳуҷҷатҳои қаблӣ ба бойгонӣ супорида мешаванд.

13) Аз эътибор соқит донистани Шаҳодатномаи саҳми замин дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:

а) ба таври хаттӣ даст кашидан аз саҳми замин;

б) истифода набурдани ҳиссаи саҳми замин дар давоми 2 сол (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341);

в) гум кардани Шаҳодатномаи саҳми замин;

г) бекор гардидани қарор оид ба додани қитъаи замин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 341).

14) Муайян намудани Арзиши барасмиятдарорӣ ва додани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, Арзиши барасмиятдарорӣ ва додани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон ва муайян намудани арзиши барасмиятдарории Шаҳодатномаи саҳми замин мутобиқи замимаҳои 3, 4 ва 5 Қоидаҳои мазкур муқаррар карда шавад.

15) Маблағҳои аз ҳисоби фурӯши Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин воридгашта, бо мақсади харид намудани сертификатҳои нави ҳуқуқи истифодаи замин ва шаҳодатномаҳои саҳми замин истифода мешаванд.

16) Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, ки беэътибор дониста шудаанд, аз ҷониби мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) ба мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдорӣ дар Бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Ниг. ба Замимаи 1 - 5