Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 № 371 "Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади таҳия ва иҷрои чорабиниҳо доир ба рушди ҳамгироии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳифз ва рушди нерӯи илмию техникӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату муассисаҳои дахлдор оид ба татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3) Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои молиявии ҳарсолаи буҷети давлатӣ, ки дар бахшҳои "Илм" ва "Маориф" пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2009 № 371

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы интеграции науки и высшего образования Республики Таджикистан на 2010-2015 годы

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" с целью разработки и выполнения мероприятий по развитию взаимодействия академической, отраслевой и вузовской науки, поддержки совместных научных исследований, повышения качества образования, сохранения и развития научно-технического потенциала страны Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Программу интеграции науки и высшего образования Республики Таджикистан на 2010-2015 годы (прилагается).

2) Академии наук Республики Таджикистан, Министерству образования Республики Таджикистан и другим заинтересованным министерствам и ведомствам принять необходимые меры по реализации указанной Программы.

3) Указанную Программу реализовывать за счет финансовых средств, ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете в разделах "Наука" и "Образование".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                          Эмомали Рахмон

от 2 июля 2009 года №371

 г. Душанбе