Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 № 307

Санаи амалкуни: 01.08.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 307

тасдиқ шудааст

Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384)

Системаи маълумотрасонӣ ба омма воситаи асосии ташаккули афкори умум, омили огоҳонидани ҷомеа оид ба фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, паҳн намудани арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Системаи маълумотрасонӣ ба омма бояд ба ташкили ҷомеаи демократии иттилоотӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намояд.

Суръати пешрафт ба ҷомеаи иттилоотӣ ва иттилоотонии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бояд тавассути маблағҳое, ки имрӯз давлат барои рушди иттилоотонӣ пешбинӣ менамояд, дастгирӣ карда шаванд. Алалхусус чунин дастгирӣ дар сатҳи аввали рушд зарур аст, ки он дар шакли маблағҳои аз буҷети давлатӣ барои вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудошаванда ифода ёбад.

Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Барнома) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 30 апрели соли 2008 № 451, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", "Дар бораи иттилоотонӣ", "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот", "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ", "Дар бораи имзои электронии рақамӣ", Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолиятро дар соҳаи иттилоотию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд, таҳия шудааст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсади асосии Барнома ташаккул ва рушди ҷомеаи демократии иттилоотӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад.

Ноилшавӣ ба ин мақсад ҳалли масъалаҳои зеринро таққозо менамояд:

- таъмин, рушд ва таҷдиди заминаи техникию технологии мавҷудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми иттилоотонӣ ва дастгирии корҳои илмию тадқиқотӣ ва техникии бунёдӣ ва таҷрибавӣ дар ин соҳа, ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба тадқиқот ва коркардҳои амалӣ;

- дастгирии иттилоотии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ дар асоси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир;

- ташаккул ва рушди саноат ва инфраструктураи махсусгардонидашудаи пешниҳоди хизматрасониҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, қабл аз ҳама дар соҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таври оммавӣ бо компютер муҷаҳҳаз гардонидани хонаҳо, тиҷорати элекронӣ ва системаи рушдёбандаи дастрасӣ ба Интернет;

- тавассути иттилоотонӣ баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, ба муомилоти хоҷагӣ ҷалб кардани захираҳои иттилоотии миллӣ;

- такмил ва рушди сиёсати давлатии иттилоотонӣ, заминаи меъёрии ҳуқуқии таъмини равандҳои иттилоотонӣ;

- ташаккул ва рушди бахшҳои махсуси хизматрасониҳои иттилоотӣ;

- дастгирии давлатии ташаккули захираҳои миллии иттилоотӣ ва таъмини дастрасии васеъ ва озод ба онҳо;

- эҷод, дастгирӣ ва такмили нуфузи иттилоотии Тоҷикистон бо роҳи истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ;

- рушди системаи таъмини амнияти иттилоотӣ;

- такмили шаклҳои тайёр кадани мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- таҳияи чорабиниҳое, ки ба ҳавасмандгардонии иттилоотонии корхонаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, равона шудааст.

3. Мӯҳлати иҷрои Барнома

Ҳангоми муайян кардани мӯҳлати иҷрои Барнома ва давомнокии давраҳои татбиқи он бояд сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ки вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ кардаанд, ба назар гирифта шавад.

Омилҳои асосии муайянкунандаи мӯҳлат ва давраҳои татбиқи Барномаи мазкур инҳо мебошанд:

- рушд ва такмили системаи банақшагирии давлатӣ, ки бо дарназардошти тамоми пешниҳодҳои соҳаҳои иқтисодиёти кишвар пешбинӣ карда мешаванд;

- таъмини иттилоотӣ, иштироки рақибон дар бозори хизматрасонии иттилоотӣ, таъмини ҳукуқии фаъолияти иттилоотӣ ва ташкили муносибатҳои байналимилалӣ ва байнидавлатӣ;

- таҳияи тартиби ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ ҳамчун маҳсулоти иттилоотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, татбиқи Барнома дар се давра амалӣ мегардад:

давраи якум (солҳои 2010-2014) - таҳия, такмил мувофиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсис ва ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдоре, ки аз муқаррароти асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд;

давраҳои дуюм ва сеюм (солҳои 2015-2019 ва 2020-2024) - татбиқи амалии нақшаву вазифаҳои пешбинигардида, ноил шудан ба мақсади ниҳоии Барнома.

4. Лоиҳаҳои асосии Барнома:

- муайяи намудани талаботи воқеии ташкилотҳои давлатӣ ба технология ва воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- таҳияи талаботи техникию иқтисодӣ ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва воситаҳои татбиқи онҳо;

- таҳияи системаҳои нави иттилоотии интиқол, қабул ва коркарди иттилоот;

- ташкил ва рушди системаи савдо ва тиҷорати электронӣ;

- рушд ва истифодаи системаи ройгон ва қисман пулакии хизматрасонии иттилоотӣ;

- таъсиси системаи дастгирии иттилоотии фаъолияти тарафайни аҳолӣ ва мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, беҳдошти комили паҳн кардану истифода бурдани захираҳои иттилоотии давлатӣ;

- рушди инфрасохтори ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ ва технологияҳои миллие, ки дастрасии оммавиро ба захираҳои иттилоотии давлатии дорои аҳамияти иҷтимоӣ таъмин менамоянд;

- ба аҳолӣ расонидани иттилооти ҳуқуқӣ, тартиби пешниҳоди иттилооти бахшҳо оид ба хизматрасониҳои иттилоотӣ;

- таҳияи сиетемаи ягонаи баҳисобгирии захираҳои иттилоотӣ ва таъсиси баҳшҳои хизматрасонии иттилоотӣ, ки ин хизматрасониҳоро тибқи низомномаи тасдиқшуда пешниҳод менамоянд;

- ташкили пойгоҳи тақсимгардидаи давлатии иттилооти дастраси умум;

- таъсис ва рушди системаи давлатии автоматикунонии китобхонаҳо ҳамчун як бахши хизматрасониҳои иттилоотӣ;

- таъсис ва рушди системаи таҳсили фосилавӣ барои тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо;

- такмил ва рушди сиёсати давлатӣ ва равандҳои иттилоотонӣ;

- пурзӯр намудани таъсири давлат ба равандҳои иттилоотонии хизматрасониҳои иттилоотӣ ва компютеркунонии мамлакат;

- ҳамоҳангсозии самтҳои байнисоҳавӣ ва соҳавии барномаҳои таҷдиди системаҳои иттилоотӣ;

- таҳияи системаи арзёбии экспертӣ ва пешбинӣ намудани вазъи таҷдиди системаҳои иттилоотии давлат;

- таҳлили бозори маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасониҳои иттилоотии давлат;

- таҳияи системаи татбиқи муомилоти электронии ҳуҷҷати дохилӣ ва байниидоравӣ;

- ташаккул ва рушди инфрасохтори пешниҳод намудани маҷмӯи маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасониҳои иттилоотонӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо;

- таҳияи системаи нишондиҳандаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идораи давлатии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ғайра.

Тадбирҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои асосии ба Барномаи мазкур воридшуда бояд талаботи амнияти иттилоотии давлат, ҷомеа ва шахс, рушди системаи иттилоотӣ ва истеҳсолот, самаранок истифода бурдани захираҳои иттилоотии давлатӣ, талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ ба маҳсулоти иттилоотӣ, инчунин рекламаи васеъро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба назар гиранд.

Барнома аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, татбиқ мегардад.

5. Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ

Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома ҳам маблағгузории мустақим аз буҷети давлатӣ ва ҳам маблағгузорӣ аз маблағҳое, ки ба вазорату идораҳо ҷудо мегарданд, инвеститсияҳо, грантҳо, худмаблағгузорӣ ва хайрияҳо мебошанд.

6. Натиҷаи иҷрои Барнома

Дар натиҷаи иҷрои Барнома:

- ҳиссаи соҳаҳои истеҳсоли технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҳаҷми хизматрасониҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хеле афзоиш меёбад;

- иқтисодиёт ҷиҳати рушди устувор ҷанбаҳои нав пайдо мекунад, ҷойҳои иловагии корӣ дар соҳаҳои технологияҳои босифат ва хизматрасонӣ ташкил карда мешаванд;

- рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотии истеҳсоли ватанӣ бештар мегардад, ки барои ба бозори ҷаҳонии иттилоот баромадани он имконият медиҳад;

- самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо аз ҳисоби рушди системаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, беҳтаршавии дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии давлатӣ ва такмили системаи фаъолияти тарафайни иттилоотии аҳолӣ ва мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ афзун мегардад;

- аз ҳисоби такмил ва рушди қонунгузории соҳаи иттилоот барои танзими муносибатҳои иттилоотӣ дар ҷомеа шароити мусоид муҳайё мешавад;

- ҳаҷми истеҳсолу фурӯши маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ, аз ҷумла тавассути Интернет, зиёд мегардад, системаи савдои электронӣ инкишоф меёбад, воридоти андоз меафзояд;

- пешниҳоди маҷмӯи васеи хизматрасониҳои иттилоотӣ компютериву коммуникатсионӣ ва инкишофи компютеркунонии оммавии аҳолӣ дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳоро ба захираҳои иттилоотии ватанӣ ва ҷаҳонӣ осон ва васеъ менамояд, самаранокии системаи таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, олӣ ва касбӣ, тандурустӣ таъминоти иҷтимоиро баланд мебардорад;

- сатҳи шуғли аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои қобилияти маҳдуди корӣ, дар натиҷаи ҷорӣ намудани шаклҳои нави кор дар хона ва такмили системаи тайёркунӣ ва бозомӯзии касбии мутахассисон меафзояд;

- ҳифзи манфиатҳои иттилоотии давлат, амнияти иттилоотии давлат дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, таҳдидҳо ва амалиёти дигар бартарафсозии онҳо таъмин карда мешаванд;

- нуфузи мусбии иттилоотии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ташаккул меёбад;

- ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотию фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии вахдати сиёсӣ ва маънавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вуруди кишвар ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ таъмин мегардад.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбики Барнома

Ниг. ба замима

+--+------------------------------------+-------+-------+------------ҷ
| №|Номгуи чорабинихо                   |Мухлати|Маблаг |    Масъулин|
|  |                                    |ичро   |(хазор |            |
|  |                                    |       |сомони)|            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|1.|Бахри таъмини  Конуни  Чумхурии     |Солхои |       |Вазоратхои  |
|  |Точикистон Дар бораи матбуот ва ди- |2010-  |       |фарханг,руш-|
|  |гар воситахои ахбори омма" тахияи   |2011   |       |ди  иктисод |
|  |лоихахои санадхои меъёрии хукуки    |       |       |ва савдо    |
|  |оид ба ташкили як рузнома ва як     |       |       |            |
|  |мачаллаи давлати бо забонхои точики |       |       |            |
|  |руси ва англиси бо теъдоди кофи ва  |       |       |            |
|  |андешидани тадбирхо чихати  дастрас |       |       |            |
|  |ва  пахн  намудани  онхо  дар       |       |       |            |
|  |мамлакатхои бурунмарзи              |       |       |            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|2.|Тахияи сиёсати давлати оид ба васеъ |Солхои |       |Вазорати    |
|  |намудани домени .tj                 |2010-  |       |наклиет ва  |
|  |                                    |2011   |       |коммуникат- |
|  |                                    |       |       |сия рушди   |
|  |                                    |       |       |иктисод ва  |
|  |                                    |       |       |савдо       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|3.|Тахия ва бехдошти таъмини меъёрии   |Дар    |   -   |Вазоратхои  |
|  |хукуки, молиявию иктисоди ва ташки- |рафти  |       |рушди  икти-|
|  |лии системаи идораи захирахои итти- |татбики|       |сод ва савдо|
|  |лотй ва механизмхои татбики он      |Барнома|       |наклиёт ва  |
|  |                                    |       |       |коммуникат- |
|  |                                    |       |       |сия         |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|4.|Кабул ва татбики Барномаи ташаккул  |Дар    |   -   |Вазорати    |
|  |ва рушди  Хукумати  электронии Чум- |рафти  |       |наклиет ва  |
|  |хурии Точикистон                    |татбики|       |коммуникат- |
|  |                                    |Барнома|       |сия рушди   |
|  |                                    |2010   |       |иктисод ва  |
|  |                                    |сар    |       |савдо       |
|  |                                    |карда  |       |            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|5.|Тахияи сиёсати давлати дар сохаи    |Солхои |   -   |Кумитаи     |
|  |идораи    иттилооти дар шароитхои   |2010-  |       |давлатии    |
|  |махсус                              |2012   |       |амнияти мил |
|  |                                    |       |       |ли вазорат- |
|  |                                    |       |       |хои корхои  |
|  |                                    |       |       |дохили, му- |
|  |                                    |       |       |дофиаи,     |
|  |                                    |       |       |рушди икти- |
|  |                                    |       |       |сод ва сав- |
|  |                                    |       |       |до,наклиёт  |
|  |                                    |       |       |ва коммуни- |
|  |                                    |       |       |катсия      |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|6.|Тахия ва кабули Реестри хизматрасо- |Солхои |  -    |Вазорати    |
|  |нихои давлати, ки бо воситахои      |2010-  |       |наклиет ва  |
|  |технологияхои иттилоотию коммуни-   |2012   |       |коммуникат- |
|  |катсиони ва таъминоти барномавии    |       |       |сия рушди   |
|  |махсусгардондашудаи умдаи дохилии-  |       |       |иктисод ва  |
|  |дорави расонда мешаванд             |       |       |савдо       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|7.|Тахияи Барномаи ташаккул ва рушди   |Солхои |  -    |Макоми      |
|  |сиёсати иттилоотию  нуфузи  барои   |2010-  |       |ваколатдор  |
|  |хоричиён бо назардошти хусусияту    |2011   |       |            |
|  |намудхои фархангхои миллии онхо     |       |       |            |
|  |                                    |       |       |            |
|8.|Таъсиси маркази ягонае, ки барои    |Соли   |       |Дастгохи    |
|  |хамохангсозии фаъолияти макомоти    |2010   |       |ичроияи     |
|  |хокимият ва идораи давлати, восита- |       |       |Президенти  |
|  |хои ахбори омма чихати истифодаи    |       |       |Чумхурии    |
|  |иттилоот дар рохи амалигардониии    |       |       |Точикистон  |
|  |сиёсати иттилоотию нафузи масъул    |       |       |            |
|  |аст                                 |       |       |            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|9.|Бо назардошти раванди ислохот дар   |Солхои | -     |Комиссияи   |
|  |системаи идораи давлати, таъсиси    |2010-  |       |давлатии ис-|
|  |макомоти ягонаи идораи давлати оид  |2011   |       |лохоти сис- |
|  |ба танзими фаъолияти матбуот,       |       |       |темаи идораи|
|  |телевизиону радио, воситахои комму- |       |       |давлати,Вазо|
|  |никатсияи омма                      |       |       |рати фарханг|
|  |                                    |       |       |Кумитаи теле|
|  |                                    |       |       |визион ва   |
|  |                                    |       |       |радио       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|10|Таъсиси макомоти ягонаи идораи      |Солхои |111,1  |Вазоратхои  |
|  |давлати оид ба танзими иттилоот     |2010-  |       |рушди икти- |
|  |ва захирахои иттилоотии давлати     |2011   |       |сод ва савдо|
|  |                                    |       |       |молия       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|11|Ба нигохдории электрони гузаронидани|Солхои |139,0  |Вазоратхои  |
|  |захирахои иттилоотии китобхонахо    |2010-  |       |фарханг,    |
|  |                                    |2014   |       |наклиет ва  |
|  |                                    |       |       |коммуникат- |
|  |                                    |       |       |сия рушди   |
|  |                                    |       |       |иктисод ва  |
|  |                                    |       |       |савдо       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|12|Ташкили шабакахо ва марказхои маъри-|Дар раф|Аз хи- |Вазорати    |
|  |фатии махсусгардонидаи бо технологи-|ти     |соби   |маориф      |
|  |яхои иттилоотию коммуникатсионии    |татбики|инвес- |фарханг,    |
|  |муосир (барномахои таълимии компю-  |Барнома|титсия |наклиет ва  |
|  |тери, телевизиони кабели ва мохво-  |       |ва     |коммуникат- |
|  |рави, тачхизоти мултимедиави ва     |       |грантхо|сия макомо- |
|  |гайра) чихозонидашуда               |       |       |ти махаллии |
|  |                                    |       |       |хокимияти   |
|  |                                    |       |       |давлати     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|13|Таъмини риояи катъии меъёрхои лу-   |Дар раф|  -    |Вазорати    |
|  |гавии забони давлати, рох надодан ба|ти     |       |фарханг     |
|  |вайронкунии онхо, талкини эхтироми  |татбики|       |Кумитаи теле|
|  |онхо дар воситаъхои ахбори омма     |Барнома|       |визион ва   |
|  |                                    |       |       |радио       |
|  |                                    |       |       |Комиссия    |
|  |                                    |       |       |татбики     |
|  |                                    |       |       |Конуни забон|
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|14|Густариши хузури макомоти чумхурияви|Дар раф|Аз хи- |Вазорату    |
|  |ва махаллии хокимияти давлати  дар  |ти     |соби   |идорахо     |
|  |Интернет  аз тарифи истифодаи шакл- |татбики|инвес- |макомоти    |
|  |хои гуногуни шабакави (сайтхо, пор- |Барнома|титсия |махаллии    |
|  |талхо, шабакахои ичтимои ва гайра). |       |ва     |хокимияти   |
|  |                                    |       |грантхо|давлати     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|15|Тахияи лоихаи Карори Хукумати Чумху-|Солхои |   -   |Вазорати    |
|  |рии Точикистон "Дар бораи дастгирии |2010-  |       |фарханг     |
|  |давлатии матбуоти даври" ва дигар   |2012   |       |Кумитаи теле|
|  |лоихахои санадхои меъёрии хукукии ба|       |       |визион ва   |
|  |рушди воситахои ахбори омма         |       |       |радио       |
|  |равонагардида                       |       |       |            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|16|Ташкил ва рушди системаи мутамар-   |Доими  |   -   |Вазорати    |
|  |кази давлатии тарбияи кадрхои илми  |аз соли|       |маориф,рушди|
|  |ва мухандиси дар сохаи технология-  |2010   |       |икстисод ва |
|  |хои иттилоотию коммуникатсиони      |сар    |       |савдо,накли-|
|  |                                -   |карда  |       |ет ва комму-|
|  |                                    |       |       |никатсия    |
|  |                                    |       |       |Саридораи   |
|  |                                    |       |       |хифзи сирри |
|  |                                    |       |       |давлати     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|17|Таъмин ва риояи сатхи кофии амнияти |Солхои | 91,1  |Кумитаи дав-|
|  |иттилооти зимни пайваст шудан ба    |2010-  |       |латии амни- |
|  |шабакахои байналмилали ва система-  |2014   |       |яти милли,  |
|  |хои иттилоотии ташкилотхои хоричи   |Солхои | 119,1 |вазоратхои  |
|  |дар микёси чумхури                  |2015-  |       |наклиёт ва  |
|  |                                    |2019   |       |коммуникат- |
|  |                                    |       |       |сия корхои  |
|  |                                    |       |       |хоричи,руш- |
|  |                                    |       |       |ди иктисод  |
|  |                                    |       |       |ва савдо    |
|  |                                    |       |       |Кумитаи те- |
|  |                                    |       |       |левизион ва |
|  |                                    |       |       |радио       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|18|Татбики чорабинихо оид ба таълими   |Солхои |145,0  |Шурои амният|
|  |дастраси ва истифодаи воситахои     |2010-  |       |Кумитаи дав-|
|  |техникие, ки барои ҳифзи иттилоот   |2014   |       |латии амния-|
|  |таъин шудаанд                       |       |       |ти милли    |
|  |                                    |       |       |Кумитаи те- |
|  |                                    |       |       |левизион ва |
|  |                                    |       |       |радио,      |
|  |                                    |       |       |Саридораи   |
|  |                                    |       |       |хифзи сирри |
|  |                                    |       |       |давлати     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|19|Тахия ва татбики тадбирхо оид ба    |Доим аз|48,0   |Кумитаи дав-|
|  |тоза ва хифз намудани бозори итти-  |соли   |       |латии амни- |
|  |лоотии дохили аз махсулоти чопи,    |2010   |       |яти милли,  |
|  |видео ва аудиои экстремисти ва      |сар    |       |вазоратхои  |
|  |пастгоя                             |карда  |       |корхои дохи-|
|  |                                    |       |       |ли ва фар-  |
|  |                                    |       |       |ханг        |
|  |                                    |       |       |Кумитаи те- |
|  |                                    |       |       |левизион ва |
|  |                                    |       |       |радио       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|20|Рушди нашри электронии китобхо      |Солхои |178,0  |Вазорати    |
|  |                                    |2010-  |       |фарханг,    |
|  |                                    |2014   |       |рушди икти- |
|  |                                    |       |       |сод ва сав- |
|  |                                    |       |       |до          |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|21|Таъсиси бахшхои махсуси захирахои   |Солхои |158,0  |Вазорату    |
|  |иттилоотии электронии дастраси умум |2010-  |       |идорахо дар |
|  |                                    |2014   |       |мувофика бо |
|  |                                    |       |       |Саридораи   |
|  |                                    |       |       |хифзи сирри |
|  |                                    |       |       |давлати     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|22|Таъсиси фехристхои иттилоотии       |Солхои |124,6  |Вазоратхои  |
|  |электронии дастраси умум            |2010-  |       |рушди       |
|  |                                    |2014   |       |икстисод ва |
|  |                                    |       |       |савдо,накли-|
|  |                                    |       |       |ет,фарханг  |
|  |                                    |       |       |ва комму-   |
|  |                                    |       |       |никатсия    |
|  |                                    |       |       |Кумитаи те- |
|  |                                    |       |       |левизион ва |
|  |                                    |       |       |радио       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|23|Ба нигохдории электрони гузаронидани|Солхои |254,2  |Саридораи   |
|  |бойгонихои макомоти чумхурияви ва   |2010-  |       |бойгони,Вазо|
|  |махаллии хокимият ва идораи давлати,|2014   |       |рати рушди  |
|  |макомоти худидораи    махалли       |       |       |икстисод ва |
|  |                                    |       |       |савдо       |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|24|Таъсиси бахшхои иттилооти барои кор |Солхои |181,8  |Вазорату    |
|  |бо иттилооти хуччатишуда дар макомо-|2010-  |       |идорахо     |
|  |ти хокимияти давлати ва корхонахои  |2012   |       |ташкилотхои |
|  |давлати                             |       |       |давлати     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|25| Таъсиси шабакаи махаллии иттилоотии|Солхои |254,2  |Вазорати    |
|  | интиколи захирахои иттилооти барои |2013-  |       |наклиет     |
|  | тачдиди системаи бахшхои иттилооти |2015   |       |ва комму-   |
|  |                                    |       |       |никатсия    |
|  |                                    |       |       |рушди икти- |
|  |                                    |       |       |сод ва сав- |
|  |                                    |       |       |до якчоя    |
|  |                                    |       |       |бо вазорату |
|  |                                    |       |       |идорахои
|                                                     манфиатдор
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|26|Тахлили раванди аз худ намудани     |Солхои |15,2   |Макомоти    |
|  |технологияхои нави иттилоотию комм- |2010-  |       |салохиятдор |
|  |уникатсиони дар ташкилоту муассиса- |2012   |       |            |
|  |хои илми                            |       |       |            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|27|Тахия ва давра ба давра татбик на-  |Солхои |Аз хисо|Кумитаи те- |
|  |мудани Барномаи фарогирии пурраи    |2010-  |би маб-|левизион ва |
|  |ахолии чумхурии Точикистон бо бар-  |2014   |лагхои |радио       |
|  |номахои телевизион ва радиои чум-   |       |умумии |Вазоратхои  |
|  |хурияви ва махалли                  |       |дар бу |рушди       |
|  |                                    |       |чет    |икстисод ва |
|  |                                    |       |пешби  |савдо,накли |
|  |                                    |       |нишуда |ет ва       |
|  |                                    |       |ва маб |коммуникат- |
|  |                                    |       |лагхои |сия макомо- |
|  |                                    |       |худи   |ти махалли  |
|  |                                    |       |       |хокимияти   |
|  |                                    |       |       |давлати     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|28|Таъсиси маъхази захирахои иттилоотии|Солхои |105,3  |Кумитаи те- |
|  |сабтшуда ва ба навор гирифташуда    |2010-  |       |левизион ва |
|  |                                    |2012   |       |радио       |
|  |                                    |Солхои |239,2  |            |
|  |                                    |2013-  |       |            |
|  |                                    |2015   |       |            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|29|Ташаккули шароитхои зарурии хукуки, |Солхои |15,1   |Вазоратхои  |
|  |ташкили, иктисоди ва технологи оид  |2010-  |       |фарханг     |
|  |ба сари вакт ба ахоли расонидани    |2012   |       |наклиет     |
|  |иттилооти дорои ахамияти чамъияти   |Солхои |22,0   |ва комму-   |
|  |                                    |2013-  |       |никатсия    |
|  |                                    |2015   |       | Кумитаи те-|
|  |                                    |       |       | левизион ва|
|  |                                    |       |       | радио      |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|30|Омузиш ва тахлили тачрибаи чахонии  |Солхои |45,0   |Маркази тад-|
|  |сиёсати иттилооти дар шароитхои     |2010-  |       |кикоти стра-|
|  |махсус                              |2012   |       |теги якчоя  |
|  |                                    |       |       |бо вазорату |
|  |                                    |       |       |идорахои    |
|  |                                    |       |       |дахлдор     |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+
|31|Ташкили конференсия,семинар ва миз- |Солхои |30,0   |Вазорату    |
|  |хои мудаввар оид ба рафти татбики   |2010-  |       |тдорахо     |
|  |мукаррароти асосии Консепсияи сиё-  |2012   |       |            |
|  |сати давлатии иттилоотии            |       |       |            |
|  |Чумхурии Точикистон                 |       |       |            |
+--+------------------------------------+-------+-------+------------+