Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 аз 28 майи соли соли 2009 № 297

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28" майи соли 2009 №297

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014

Муқаддима

Ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли ҷамъулҷамъи маҳсулот аз навъҳои парваришёбанда, ҳамчунин маводи тухмӣ ва шинондашаванда вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ таъмин намудани хоҷагиҳои мамлакат бо маводи тухмии сертификатсиякунонидаи баландҳосили мутобиқкунонидашуда ба омилҳои биотикӣ ва абиотикии навъҳои растаниҳо бо ирсияти устувор, яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар тараққиёти соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳалли вазифаи мазкур қабули маҷмӯи тадбирҳоеро тақозо мекунад, ки дар худ ихтирои навъ ва интродуксияи навъҳои нави серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, саривақт гузаронидани навъсанҷӣ ва ноҳиябандӣ намудани навъҳои беҳтарин, ташкили тухмипарварии ибтидоии навъҳои бақайдгирифташуда бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои генетикии онҳо, истеҳсол, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиро дар бар мегирад.

Шароитҳои мусоиди хоку иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки на танҳо бозори дохилӣ бо тухмиии навъу дурагаҳои баландҳосили растаниҳо таъмин карда шавад, балки тухмиҳо барои фурӯш берун аз ҳудуди мамлакат низ истеҳсол карда шаванд. Тухмипарварӣ бояд натанҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки содирот низ нигаронида шавад ва чунин муносибат имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот моҳиятан баланд бардошта шавад.

Дар гузаштаи начандон дур селексия ва тухмипарварӣ ба пуррагӣ аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мегардид, вале бар асари дар мамлакат ба амал омадани ислоҳоти иқтисодӣ маблағгузории ин соҳаҳо якбора кам гардид. Дар мамлакат дар баробари тухмипарварии ҷамъиятии бартаридошта сектори хусусии тухмипарварӣ ба миён омад, ки дар зинаи ибтидоии тараққиёт қарор дорад. Хоҷагиҳои алоҳидаи тухмипарварӣ дар интродуксияи навъҳои нав, бахусус зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавот, санҷиш, афзункунӣ ва фурӯши тухмиҳо, чи дар дохили мамлакат ва чи берун аз он натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Вале дар сатҳи ҷумҳурӣ вазъи имрӯзаи тухмипарварӣ ба талаботи истеҳсолот ҷавоб намедиҳад ва аз ин рӯ таҳияи ногузири Барномаи давлатии рушди соҳа ба миён омадаст.

Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Барнома) масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатҳои афзалиятнок;

2. Назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо;

3. Гузаронидани санҷиши расмии навъҳои нав бо мақсади ноҳиябандӣ ва истифодаи тиҷоратӣ;

4. Назорати сифат ва сертификатсиякунонии маводи тухмӣ;

5. Истеҳсолу коркарди тиҷоратӣ ва маркетинги тухмӣ;

6. Омода намудани мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани ихтисоси (бозомӯзии) кадрҳо.

Барнома сиёсати мамлакатро дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ ифода намуда, бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастовардҳои селексионии зироатҳои кишоварзӣ" (1995), "Дар бораи тухмипарварӣ" (2008) ва "Дар бораи карантини растаниҳоӣ" (2009) таҳия шудааст.

1. Таҳлили вазъи имрӯзаи тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.1. Муқаддима

Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, 20-22 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Майдони умумии кишоварзӣ зиёда аз 3800 ҳазор гектар буда, аксарияти он чарогоҳ мебошад. Майдони корам ҳамагӣ 709 ҳазор гектар ва аз он 508 ҳазор гектар майдонҳои обӣ мебошанд. Дар мамлакат растанипарварӣ ҳам дар заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ тараққӣ карда, ҳар сол зиёда аз 450-500 ҳазор тонна пахта, 900 ҳазор тонна ғалла, 500-550 ҳазор тонна картошка, 700-720 ҳазор тонна сабзавот, 150-170 ҳазор тонна зироати полезӣ ва 140-160 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад.

Гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ кардани моликият ва инкишофи муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти ҷиддиро ба миён овард. Дар мамлакат рушди батадриҷи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба амал меояд. Танҳо дар чор соли охир (2004-2008) сатҳи миёнаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори 13,5 фоиз афзудааст.

Минбаъд зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бунёд намудани базаи моддию техникии устувор ва захираҳои боэътимодро талаб мекунад. Дар мамлакат афзоиши аҳолӣ бо суръат зиёд мегардад ва захираҳои минбаъдаи васеъ намудани майдонҳо барои истифодаи кишоварзӣ хело ҳам маҳдуд мебошад. Бахусус майдонҳои обёришаванда маҳдуданд. Мувофқи пешбиниҳо ва дараҷаи афзоиши аҳолии мамлакат дар соли 2025 барои як щаҳрванд 0,08 гектар замини корам, аз он ҷумла 0,06 гектар обёришаванда рост меояд.

Таҳлили мушкилот ва ояндаи бахши кишоварзии мамлакат нишон медиҳад, ки тараққиёти минбаъдаи он бе такмил додани селексия ва тухмипарварии растаниҳо, бахусус зароатҳои афзалиятнок имкон надорад.

1.2. Пахта

Захираи асосии мустаҳкам намудани иқтисодиёти Тоҷикистон рушди пахтакорӣ ба ҳисоб меравад, зеро пахта боигарии асосии мамлакат мебошад. Пахтаи тоҷик аз қадим боз бо нишондодҳои сифати худ шӯҳрат дорад. Вале пахтакорӣ истеҳсолоти ҳаҷман захираталаб мебошад, ки сармоягузории зиёдро талаб мекунад. Аз ин рӯ ба тадбирҳои қабулнамуда нигоҳ накарда, сатҳи ҳосилнокии пахта паст аст. Ҳалли мушкилот дар навбати худ, татбиқи навъҳои нави серҳосили пахта ва такмил додани системаи истеҳсоли тухмиҳои босифатро талаб менамоянд.

Аз ҷониби селексионерони Тоҷикистон навъҳои арзишноки чи пахтаи миёнанах ва чи маҳиннах ихтироъ карда шудаанд. Вале тухмипарварии ин навъҳои пахта ва афзоиши тухмиҳо дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба тариқи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ тухмиҳои репродуксияашон паст ба сифатҳои стандартӣ номувофиқ кишт карда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 хоҷагии махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ доир ба истеҳсоли тухмии пахта мавҷуд буданд, вале ҳеҷ яки ин хоҷагиҳо қобилият надорад, ки тухмии мутобиқи стандартҳо ҷавобгӯбударо истеҳсол намоянд. Корхонаҳои пахтатозакунӣ дар мамлакат хусусӣ гардонида шудаанд ва коркардкунандагон ба истеҳсоли маводи тухмии сифатан баланд хоҳишманд нестанд. Дар бештари мавридҳо ҳангоми каркарди ашёи хоми пахта ба омехта гаштани тухмии навъҳои гуногун ва осеб дидани онҳо роҳ дода мешавад. Дар майдонҳо бошад, сифати пасти тухмиҳо бештар бо меъёри зиёди кишти тухмӣ (то 120-130 кг/га) ҷуброн карда мешавад, ки бо харҷи иловагии тухмӣ ва қувваи корӣ барои ягонакунии ниҳолҳо мусоидат менамояд.

Айни замон маълум аст, ки дар ҳамаи мамлакатҳои пахтакори олам аллакай системаи делинтатсияи кислотагии тухмиҳои пахта дар таҷриба ҷорӣ гаштааст, кишти пунбадонаи луччак ба меъёри 20-25 кг/га амалӣ гардонида шуда, аз ҳар гектар 40-45 сентнерӣ пахтаи хом ба даст оварда мешавад.

1.3. Зироатҳои ғалладонагӣ

Мушкилоти таъмин намудани аҳолӣ бо нон яке аз масъалаҳои асосии мустаҳкам намудани амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ сиёсати Ҳукумат барои тараққӣ додани ғаллакорӣ ва афзун намудани истеҳсоли ғаллаи худӣ равона гардидааст. Дар солҳои охир истеҳсоли ғалла батадриҷ зиёд мегардад, вале он бо роҳи экстенсивӣ ва асосан аз ҳисоби васеъ намудани майдонҳои кишт ба даст оварда мешавад. Ҳосилнокии ғалла хеле паст буда, ба ҳисоби миёна 16-18 с/га мебошад, гарчанде дар хоҷагиҳои пешқадам ба 60-70 с/га мерасад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки захираҳои зиёди баландбардории ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани навъҳои пурмаҳсул ва беҳтаркунии агротехникаи онҳо мавҷуданд. Ҳамкории селексионерон ва деҳқонони тоҷик бо олимони марказҳои тадқиқотии байналмиллалӣ, ки дар натиҷа навъҳои нави серҳосил ва ба касалию зараррасонҳо тобовари ғалладонагиҳо ва лӯбиёдонагиҳо бароварда шудаанд, мисоли ин гуфтаҳо мебошанд. Аммо тухмипарварии ибтидоии навъҳои нав дуруст ба роҳ монда нашудааст, ки сабабгори аз даст додани маводи пурарзиши генетикӣ гардидааст.

1.4. Картошка

Дар мамлакат тамоили афзоиш ёфтани истеҳсоли картошка мушоҳида мегардад, ки мутаассифона ҳамчунин аз ҳисоби васеъ намудани майдонҳои кишт ба даст оварда мешавад. Ҳосилнокии картошка паст аст ва ин асосан ба сифати пасти маводи киштшаванда вобастагӣ дорад. То ҳоло воридоти картошкаи тухмӣ аз Россия ва мамлакатҳои Европа амал мекунад. Гарчанде дар Тоҷикистон технологияи истеҳсоли маводи солими киштшавандаи картошка бо истифода аз дастовардҳои биотехнология кор карда шудааст, ки дар шароитҳои хоку иқлими ноҳияҳои кӯҳӣ имконияти истеҳсол намудани маводи тухмии сифатнокро барои фурӯш ба мамлакатҳои ҳамсоя имконият медиҳад. Тоҷикистон метавонад аз кишвари воридкунандаи тухмии картошка ба кишвари содиркунандаи ин маҳсулоти арзишнок мубаддал гардад.

1.5. Зироатҳои хӯроки чорво

Шароитҳои хоку иқлими ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон имконияти истеҳсол намудани маводи сифатноки тухмии зироатҳои хӯроки чорво- юнучқа ва эспарсетро соҳиб мебошад. Дар гузаштаи на чандон дур мамлакат то 100 тонна тухмии юнучқаро ба содирот мебаровард. Вале айни замон истеҳсоли тухмии юнучқа якбора кам гаштааст, ки ҳатто бозори дохилиро таъмин намекунад. Техникаи тухмитозакунӣ аз ҳад зиёд фарсудаю кӯҳна гардидааст, ки имконияти сифатнок гузаронидани тозакунии тухмии истеҳсолшударо намедиҳад. Дар натиҷа киштзори юнучқа бо алафҳои бегона ифлос мегардад.

1.6. Зироатҳои сабзавотӣ

Селексионерони Тоҷикистон як қатор навъҳои арзишноки зироатҳои сабзавотӣ ва полезӣ рӯёнидаанд, ки хоҷагиҳои тухмипарварӣ солҳои пешин тухмиҳои ин зироатҳоро истеҳсол менамуданд, ки қисми зиёди он берун аз мамлакат содир карда мешуданд. Вале айни замон тухмипарварии ибтидоии навъҳои зироати сабзавотӣ ва полезӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Тухмипаварии мақаррарӣ бошад, ба тариқи ғайрисистемавӣ татбиқ мегардад.

Маълум аст, ки истеҳсоли воқеии маҳсулоти зироатҳои афзалиятноки зикрёфта аз сатҳи потенсиалии имконпазир хеле қафо мемонад. Истифодаи навъҳои комил ва маводи тухмии сифатан баланд дар бобати зиёд намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли маҳсулот нақши муҳим мебозад.

1.7. Саҳми Ҳукумат

Новобаста аз он, ки тухмипарварии тиҷоратӣ ба сектори хусусӣ мегузарад, Ҳукумат бояд соҳаро амалан дастгирӣ намояд ва ин дастгирӣ дар гузаронидани санҷиши навъҳо ва сертификатсияи тухмиҳо таҷассум меёбад. Вале айни замон Хадамоти санҷиши навъҳо самарабахш фаъолият надорад. Дар натиҷа ба қайд гирифтани навъҳои нав солҳои зиёдро фаро мегирад ва вақте ки навъ ба феҳрист дохил карда мешавад, ба бозор аллакай навъҳои наве ворид мегарданд, ки ҷиҳати ҳосилнокӣ ва дигар нишондодҳо аз навъи ба қайд гирифташуда афзалиятноктар мебошанд. Хадамоти назорати сифати тухмӣ низ дар ҳамин вазъ қарор дорад. Назорати саҳроии майдони киштзори тухмӣ ва сертификатсиякунонии тухмӣ гузаронида намешавад. Дар хусуси маводи тухмӣ бошад, танҳо аз натиҷаи таҳлилҳои лабораторӣ қазоват карда мешавад.

Заминаи номукаммали меъёрии қонунгузорӣ ва аз ҷиҳати моддию техникӣ суст муҷаҳҳази Хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо ҷараёни интродуксияи навъҳои нав ва дурагаи зироатҳои кишоварзиро душвор гардонида, дар бештари мавридҳо бошад, ғайриошкоро ворид намудани тухмӣ ва маводи киштшаванда аз дигар мамлакатҳо ба назар мерасад. Назорати суст, мониторинг ва сари вақт нагузаронидани тадбирҳо дар бобати ҳимояи растаниҳо боиси сар задани эпифитотия ва паҳн гаштани касалиҳои хавфнок, зараррасон ва алафҳои бегона мегардад.

Дар солҳои охир бо роҳи ҷалб намудани дастгирии грантӣ мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, ҳамчунин баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ гузаронида мешавад. Азнавсозии озмоишгоҳҳои тухмисанҷӣ (марказӣ дар ш. Душанбе ва минтақавӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд) ва муҷаҳҳазсозии онҳо бо олоту таҷҳизот гузаронида шудааст. 4 стансияи давлатии навъсанҷӣ бунёд мегардад, ки бо техникаи саҳроӣ, гараж ва анборҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Барои навсозии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, сармоягузорҳо ҷалб карда мешаванд. Таълими мутахассисон дар мамлакат ва хориҷа гузаронида мешавад. Нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳо дар бобати омода намудани мутахассисони соҳа такмил дода мешаванд.

Аз ҷиҳати қонунгузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва "Дар бораи карантини растаниҳо" аз нав дида шуда, дар таҳрири нав қабул гардиданд.

1.8. Хулоса

Умуман бахши тухмипарварӣ айни замон ба тариқи зарурӣ фаъолият намекунад ва ба талабот ҷавобгӯ нест. Талаботи хоҷагиҳо ба тухмии сифатан баланд қонеъ гардонида намешаванд, тухмиҳои репродуксия ва сифаташон паст кишт карда мешаванд, ки бар асари онҳо ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ паст гашта, касалӣ, ҳашаротҳои зараррасон ва алафҳои бегона паҳн мешаванд. Бинобар набудани тухмиҳои репродуксияашон баланд (супер-элита ва элита) тухмиҳо аз як насл ба насли дигар афзоиш ёфтаанд, ки ин боиси деградатсия гаштани алафҳои генетикии навъҳои ибтидоӣ гаштааст. Заминаи моддию техникии хоҷагиҳо, ки ба афзоиш додани тухмиҳо машғуланд, хело ҳам суст гашта, техника, чи барои гузаронидани корҳои саҳроӣ ва чи барои тоза намудану коркарди тухмиҳо намерасад. Ба таври мушоҳидашаванда дар тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ системаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки пешбурди он вуҷуд надорад.

Маблағгузории давлатии бахш басанда нест, дар бахши шахсӣ бошад, барои тараққӣ додани тухмипарварии тиҷоратӣ заминаи моддӣ намерасад. Ғайр аз ин заминаи моддию техникии пажӯишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, ки ба селексия ва тухмипарварӣ машғуланд суст ва захираҳояшон фарсуда гашта, ҳамчунин талаботи сахт барои тайёр намудану таълим додани мутахассисони ҷавон дар самтҳои асосии тадқиқот, парвариш, истеҳсол ва маркетинги тухмӣ эҳсос карда мешавад.

2. Мақсади Барнома

Мақсади асосии Барнома амалӣ намудани сиёсати Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди селексия ва тухмипаварӣ, татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳае, мебошад ки дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмиллалӣ фаъолият намояд. Соҳаи селексия ва тухмипарварӣ бояд имконияти ихтирои навъ, интродуксия, санҷиш ва бақайдгирии навъҳоро бо иқтидори баланди маҳсулнокӣ, ҳамчунин истеҳсоли тиҷоратӣ, такрористеҳсолкунӣ, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиҳои сифатан баландро, чи барои бозори дохилӣ ва чи барои содирот, таъмин намояд.

3. Чорабиниҳои рушди соҳаи тухмипарварии растаниҳо дар Тоҷикистон (Асосҳо барои қабул намудани Барнома

Ба заминаҳои мавҷудаи қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ такя намуда, системаи тухмипарварӣ бо тамоми пайдарҳамиаш - аз ихтирои навъ сар карда то истифодаи тиҷоратии он аз ҷониби кишоварзон қабул карда мешавад. (замимаи 1)

Мутобиқи системаи мазкур нақши бахши ҷамъиятӣ дар силсилаи тухмипарварӣ аз танзими давлатӣ ва гузаронидани навъсанҷӣ ва бақайдгирии навъҳо, санҷиши фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, назорати сифат ва сертификаткунонии тухмиҳо, нақши бахши хусусӣ бошад, аз истеҳсоли тиҷоратӣ, такрористехсолкунӣ, коркард ва маркетинги тухмиҳо иборат мебошад. Селексияи растаниҳо дар зинаҳои ибтидоӣ, чи дар бахши ҷамъиятн ва чи дар бахши хусусӣ инкишоф хоҳад ёфт.

3.1. Асоси қонунгузорӣ

Заминаи қонунгузории селексия ва тухмипарварӣ бо санадҳои меъёрии ҳукуқии байналмиллалӣ кор карда шуда ҳамоҳанг гардонида мешавад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастовардҳои селексионии зироатҳои кишоварзӣ", "Дар бораи тухмипарварӣ" ва "Дар бораи карантини растаниҳо" асоси сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ ташкил намуда, иҷрои бомуваффақияти он қабул шудани тадбирҳои мушаххасро, ки Барномаи мазкур муайян менамояд, талаб мекунад.

Бо сабаби васеъ гаштани майдонҳо барои навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшудаи растаниҳо дар олам, бахусус дар минтақаи Осиё такмил додани заминаи қонунгузорӣ доир ба амнияти биологӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ташкилоти байналмилалй дар соҳаи санҷиш ва ҳифзи навъҳо, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳамчунин назорати сифат ва сертификаткунонии тухмӣ ба мисли Иттиҳоди байналмилалӣ доир ба ҳифзи навъҳои нави растаниҳо (UPOV), Конвенсияи байналмилалй доир ба ҳифз ва карантини растаниҳо (КБҲКР), Ассотсиатсияи байналмиллалй доир ба таҳлили сифати тухмиҳо (ISTA) ва нақшаи сертификаткунонии тухмиҳо тибқи Созмони ҳамкории иқтисодй ва тараккиёт (OӯCD) мегардад.

3.2. Селексияи растаниҳо

Дар Барнома мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии барномаҳои Институти зироатпарварӣ ва Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҳамчунин хочагиҳои хусусӣ дар назар дошта шудааст, ки суръат бахшидани ҷараёни ихтирои навъҳои нави зироатҳои афзалиятнок, такмил додани тухмипарварии тиҷоратӣ ва гирифтани фоидаи иловагиро барои рушди минбаъдаи соҳа имконпазир мегардонад.

Пешниҳод намудани техникаи саҳроӣ барои гузаронида корҳои селексионию тухмипарварӣ, ҳамчунин таҷҳизоти лабораторӣ барои таҳлили биокимиёиву технологии маводи селексионӣ ва навъҳои нави растаниҳо дар назар дошта шудааст. Илова бар ин такмил додани системаи хифзи ҳуқуқи селексионерон ва татбиқи системаи ҷамъоварии хаққи қалами селексионерон имконият медиҳад,ки генофонди растаниҳо ғанӣ гардонда, ҳосилнокии зироатҳо баланд бардошта шавад ва, робитаи молиявии байни селексионерону кишоварзон мустаҳкам гардонида шавад.

Шароитҳои мусоиди хоку иқлими Тоҷикистонро дар истеҳсоли тухмиҳои босифат ба ҳисоб гирифта, ҷиҳати рушди истеҳсоли тухмиҳои сабзавотӣ ва растаниҳои ороишии маҳаллӣ бо мақсади содирот барқарор намудани робитаҳо ва ҷалби лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузорӣ ногузир аст.

3.3. Назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо

Татбиқи бомуваффақияти Барнома аз бисёр ҷиҳат бо такмили фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ Барнома такмили минбаъдаи асосҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии карантини растаниҳоро дар назар дорад. Ҳамоҳанг сохтани заминаи қонунгузорӣ оид ба карантини растаниҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконнят медиҳад, ки Конвенсияи байналмилалиро доир ба ҳифз ва карантини растаниҳо (КБҲКР) ба тавсиб расонад.

Зарур аст, ки Озмоишгоҳи марказии Хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ аз нав барқарор ва модернизатсия карда шавад, ҳамчунин дар марказҳои вилоятӣ озмоишгоҳҳои замонавӣ бунёд карда шаванд.

Ташкил намудани нуқтаҳои замонавии санҷиши сарҳадӣ дар маҳалҳои гузариши сарҳад бо боргузарии зиёд дар назар дошта шудааст. Ин имконият медиҳад, ки маводи тухмӣ ва маводи киштшавандаи воридшаванда ба мамлакат нисбат ба мавҷудияти организмҳои карантинӣ бе мамоният санҷиши карантинӣ гузаронида шавад ва барои интродуксияи касалию зараррасонҳои нав садди роҳ гардад.

3.4. Системаи санҷиш ва бақайдгирии навъҳо

Вазифаи асосии системаи санҷишу бақайдгирии навъҳо аз сари вақт гузаронидани санҷишҳои расмии навъҳои нав ва дурагаҳои селексияи маҳаллию хориҷӣ бо мақсади омӯзиши аломатҳои арзишноки хоҷагидорӣ, зоҳир намудани навъҳои нисбатан серҳосил ва ба шароитҳои мамлакат мутобиқшаванда, тавсия намудани онҳо ба кишоварзон бо мақсади парвариши васеи онҳо иборат мебошад. Ин ҷараён бояд ба сатҳи тараққиёти селексияи растаниҳо, ки дар шароитҳои имрӯза имконияти ҳарсола таъмин намудани бозорро бо навъу дурагаҳои нав фароҳам меорад, мутобиқат намояд. Татбиқи системаи санҷиши навъҳо ҷиҳати якшаклӣ, фарқкунандагӣ ва устуворнокӣ (ЯФУ), ки ҳифзи қонунии навъро таъмин менамояд, муҳим аст.

Барнома ташкил ва таҷдиди 4 Стансияи давлатии навъсанҷиро дар минтақаҳои асосии агроэкологии Тоҷикистон дар назар дорад.

Барои баланд бардоштани сифати корҳо ҷиҳати санҷиш ва бақайдгирии навъҳо Барнома барқарор намудани озмоишгоҳҳои кимиёвию технологии Комиссияи давлатиро доир ба навъсанҷӣ ва ҳифзи навъҳо дар назар дорад.

3.5. Системаи назорати сифат ва сертификатсияткунонии тухмиҳо

Татбиқи системаи сертификатсиякунонии тухмиҳо, ки дар худ назорати навъ дар қитъаҳои санҷиши майдони тухмиҳои киштшаванда ва ташхиси лабаратории тухмиҳоро дар бар мегирад, ба истеҳсол, коркард ва маркетинги маводи тухмиҳои сифатан баланд мусоидат менамояд.

Барнома мустаҳкам намудани муҷаҳҳазии техникии озмоишгоҳҳои марказӣ ва минтақавиро доир ба ташхиси сифати тухмиҳо дар назар дорад. Ҳамчунин навсозии мучаҳҳазии техникии назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва муҷаҳази он бо техникаву таҷҳизот дар назар дошта шудааст.

Дар баробари инкишоф додани системаи замонвии назорати сифати тухмӣ зарурияти ҷорй намудани сертификатсиякунонии зироатҳои асосӣ тибқи схемаҳои тухмии аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (OЕCD) қабулгардида пеш меояд, ки он асоси бемамониат баровардани тухмӣ ба савдои байналмиллалӣ ва ҷалб намудани ширкатҳои тухмиистеҳсолкунандаи хориҷӣ барои рушди бозори дохилии тухмӣ ва содироти тухмӣ ба ҳисоб меравад.

Маркетинги тухмӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ ташкили озмоишгоҳҳои замонавии назорати сифати тухмиро талаб менамоад. Аз ин рӯ Озмоишгоҳи марказии тухмӣ бояд аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллалӣ доир ба таҳлили сифати тухмиҳо "ISTA"аккредитатсия карда шавад.

3.6. Истеҳсолоти тиҷоратӣ, коркард ва маркетинги тухмӣ

Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии тухмипарварӣ ин такмил додани агротехникаи парвариши зироатҳо ва риоя намудани дастурҳои технологӣ мебошад. Ба ин мисол шуда метавонад истифода бурдани тухмиҳои луччаки пахта ва саривақт гузаронидани кишти дақиқи зироатҳои ғалладонагӣ, ки талаботро ба маводи тухмӣ хеле кам мегардонанд (ҷадвали 1).

Дар ин маврид имконияти баланд бардоштани ҳиссаи майдонҳо, ки ба тухмиҳои репродуксияшон баланд кишт карда шудаанд, ба миён меояд. Кам намудани меъёри кишт аз ҳисоби такмил додани агротехника ҳамчунин имконият медиҳад, ки тухмии пахта ва ғалла хеле кам сарф карда шуда, зиёдатии он барои истеҳсоли равған ва озуқаворӣ истифода гарданд.

Тухмипарварӣ бояд дорои хусусияти тиҷоратӣ буда, набояд ба маблағгузории давлатӣ вобастагӣ дошта бошад. Ислоҳоти дар мамлакат гузаронидашудаистода дар рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла рушди тухмипарварии тиҷоратӣ ва ҷалб намудани сармоягузарии хориҷӣ дар ин бахш шароити мусоидро фароҳам меорад.

Дар мавриди иқтисодиёти нақшавӣ бо истеҳсоли тухмиҳои репродуксияашон баланд (суперэлита, элита) пажӯишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ машғул буданд. Дар мавриди гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва рушди тухмипарварии тиҷоратӣ дар истеҳсоли тухмиҳои репродуксиашон баланд саҳми муайянро хоҷагиҳои хусусии элитию тухмипарварӣ ба дӯш доранд, ки ба истеҳсоли тухмиҳо дар асоси бастани шартномаҳои фоидаовари байниякдигарӣ бо селексионерон машғул мебошанд. Маълум аст, ки истифодаи тухмиҳои репродуксияшон баланд имконият медиҳад, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ афзоиш дода шуда, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда баланд бардошта шавад. Аз ин рӯ ба роҳ мондани тухмипарварии ибтидоӣ ва батадриҷ зиёд намудани майдонҳо бо тухмиҳои киштшавандаи элитӣ то 10-15 фоиз) ногузир аст. (ҷадвали 2)

Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли тухмиҳои репродуксияшон баланд ва таъмин намудани молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ бо тухмии сифатан баланд дар ҳар як минтақаи мамлакат ташкил намудани хоҷагиҳои элитӣтухмипарварӣ ва мусоидат намудан ба мустаҳкам сохтани заминаи моддию техникии онҳо бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо ва ҷалб кардани сармоягузорон ногузир аст.

Барои баланд бардоштани манфиати хоҷагиҳо ба истеҳсоли тухмиҳои репродуксияшон баланд фаъолияти онҳо бояд дастгирӣ шуда, ҳавасманд гардонида шаванд. Пешниҳод намудани субсидия ба истеҳсолкунандагони тухмиҳои суперэлита ва элитаи зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили пахта, зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ, картошка ва хӯроки чорво дар назар дошта мешавад.

Барнома ногузирии бунёди сехҳоро доир ба делинтасияи кислотагии тухмиҳои пахта ва марказҳои минтақавӣ - корхонаҳои коркарди тухмии зироатҳои кишоварзиро дар назар дорад. Ҷудо намудани коркарди пахтаи тухмӣ аз саноатӣ, ҳамчунин коркарди индустриалии тухмиҳои сертификатсиякунонидашуда сифати маводи тухмии истеҳсолшавандаро ба таври назаррас баланд бардошта, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли маҳсулот мусоидат менамояд.

3.7. Тайёр намудани кадрҳо

Қисмати муҳими Барномаро тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ ташкил медиҳад. Барнома тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳоро дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ дар дохили мамалакат ва хориҷа, ҳамчунин ҷалб намудани мутахассисони ҷавон бо роҳи баланд бардоштани манфиати онҳо дар назар дорад. Такмил додани нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ногузир буда, тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ зарур аст. Тайёр намудану бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи селексия ва тухмипарварии зироатҳои афзалиятнок (пахта, гандум, картошка ва хӯроки чорво) дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Маркази миллии такмили ихтисоси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гузаронидани тренингҳо, сафарҳои таълимию шиносоӣ, курсҳои бозомӯзӣ ба роҳ монда мешавад:

Барнома тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳо, таълими мутахассисони тоҷикро бо принсипҳои замонавӣ пеш бурдани селексия, санҷиши фитосанитарӣ, озмоиши навъҳо, тухмипарварии ибтидоӣ ва истеҳсоли тухмиҳои репродуксияашон баланд, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, коркард ва маркетинги тухмиро фаро мегирад.

3.8. Татбиқи Барнома

Барои дастрас гаштан ба ҳадафҳои Барнома ва татбиқи стратегия ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди селексия ва тухмипарварӣ иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта шудааст; мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникӣ ва иқтидори илмии пажӯишгоҳҳои тадқиқотӣ дар соҳаи селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатҳои афзалиятнок - пахта, гандум, картошка, зироатҳои хӯроки чорво ва дарахтони мевадор; дар баробари сектори ҷамъиятӣ инкишоф додани селексияи хусусии растаниҳо ва татбиқ намудани системаи ҷамъоварии хаққи муалифии селексионерон;

- дар заминаи хоҷагиҳои мавҷудаи тухмипарварӣ ва парваришхонаҳо (дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ, ангур) ташкили хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии онҳо;

- ташкили истеҳсоли тухмиҳои репродуксияшон баланди (суперэлита ва элита) зироатҳои афзалиятнок дар хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ дар асоси бастани қарордодҳои иҷозатномавӣ байни селексионер ва истеҳсолкунандагони тухмӣ;

- такмил ва мустаҳкам намудани заминаҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, моддию техникӣ ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, санҷиш ва ҳифзи навъҳо, назорати сифат ва сертификатсиякунонии тухмиҳо;

- тараққӣ додани коркарди саноатии тухмӣ бо роҳи бунёди марказҳои минтақавӣ корхонаҳо ва навсозиии технологияи тозакунӣ, ғалберкунӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ ва заҳролуд намудани тухмии зироатҳои афзалиятнок; баланд бардоштани ҳавасмандии хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли тухмиҳои репродуксияашон баланд бо роҳи пешниҳод намудани субсидияҳо аз буҷети давлатӣ ва ҳавасмандсозии истеҳсолот ва истифода бурдани тухмиҳои сертификатсиякунонидашуда;

- дастгирии рушди тухмипарварии тиҷоратӣ бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо ва ҷалби кӯмакҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ дар бахш ва муҳайё намудани шароит барои рақобати одилонаи бахши хусусӣ ва ҷамъиятии тухмипарварӣ;

- тайёр намудани кадрҳо ва такмил додани сатҳи дониш ва таҷрибаи мутахассисон бо роҳи гузронидани тренингҳо, саёҳатҳои таълимӣ, курсҳои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва ғайраҳо.

3.9. Маблағгузории Барнома

Маблағгузории Барнома дастгирии рушди тамоми қисматҳои силсилаи тухмипарвариро бо роҳи пешниҳод намудани маблағҳои дар доираи буҷети давлатӣ ҷудошаванда, худмаблағгузорӣ, қарзҳо, лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузорӣ, маблағҳои истеҳсолкунандагони тухмӣ, ҳамчунин ҷалб намудани сармоягузориро ба соҳа дар назар дорад. Бо ин мақсад баланд бардоштани манфиати сармоягузорони хориҷӣ, гузаронидани пулҳо ба ҳисоби бонкӣ дар Тоҷикистон, ошкорсозии нархҳо барои тухмӣ, пешниҳоди ҳуқуқҳои афзалиятнок ба сектори хусусӣ нисбат ба воридоту содироти тухмӣ ва ғайраҳоро баланд бардоштан зарур аст.

Татбиқи системаи ҷамъовардани ҳаққи муаллифии селексионерон, қисман худмаблағгузории Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, санҷишу ҳифзи навъҳо ва сертификаткунониву назорати сифати тухмиҳо самарабахшии фаъолияти онҳоро ба таври назаррас баланд мебардорад.