ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини волоияти Қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо ва мутобиқи моддаҳои 64 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар мӯҳлати се моҳ барномаи омӯзиш ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;
то якуми сентябри соли 1997 таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатӣ,ҳокимияти маҳаллӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адлия ва маъмурини шӯъбаҳои ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро таъмин намояд;
масъалаи дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси нашриёти "Қонуният" ва интишори маҷаллаи "Ҳаёт ва Қонун"-ро барраси намуда, онро ҳаллу фасл намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 9 апрели соли 1997 № 691
ш. Душанбе
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ПРАВОВОЙ ПОЛИТИКЕ И ПРАВОВОМ ВОСПИТАНИИ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
В целях обеспечения верховенства Закона, повышения уровня правосознания населения, профилактики правонарушений и в соответствии со статьями 64 и 70 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
Правительству Республики Таджикистан:
в трехмесячный срок разработать и утвердить Программу правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан;
в срок до 1 сентября 1997 года обеспечить создание Института повышения квалификации руководящих кадров государственной и местной власти, работников правоохранительных органов, юстиции и юридических служб предприятий, учреждений, организаций;
рассмотреть и решить вопрос о создании при Министерстве юстиции Республики Таджикистан издательства "Конуният" и организации выпуска юридического журнала "Хаёт ва Конун".
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе,
9 апреля 1997 года № 691