Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 253 "Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқукии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқукии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019

Мувофиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 тасдиқ карда шавад.

2. Роҳбарони вазоратҳо ва идораҳо иҷрои ҳатмии тамоми чорабиниҳои пешбининамудаи Барномаро таъмин намоянд.

3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 "Дар бораи чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 2 хориҷ карда шавад;

- дар бандҳои 9 ва 10 калимаҳои "Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Раиси кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқан ба калимаҳои "Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

- Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мазкур тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 апрели соли 2009 № 253

ш. Душанбе