ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" аз 22 декабри соли 2006, № 216 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2006, № 12, мод. 627) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддима дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур принципҳо, тарз ва услубҳои асосии ташаккул, идоракунӣ ва ба танзимдарории захираи моддии давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".
2. Дар моддаи 1:
- дар ҷумлаи якум баъди калимаҳои "мафҳумҳои" калимаи "асосии" илова карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- системаи захираи давлатӣ - мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, ки дар рафти идоракунӣ, қабули қарорҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ, инчунин қабул, нигоҳдорӣ ва интиқоли сарватҳои моддии захираи давлатӣ иштирок менамоянд;";
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ - ройгон додани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ё фурӯхтани онҳо дар бозор;";
- дар сархати панҷум калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаи "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" иваз карда шавад;
- сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- мақоми ваколатдори давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) -мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои, муайян намудан ва пешбурди сиёсат дар соҳаи захираи давлатӣ ва инчунин идоракунии системаи захираи давлатӣ ваколатдор карда шудааст;
- мақоми татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ (минбаъд - мақоми татбиқкунандаи сиёсат) - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ ваколатдор карда шудааст.";
- сархати сенздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- нигоҳдорандаи масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ -(минбаъд - нигаҳдорандаи масъул) - корхонаи давлатии мақоми татбиқкунандаи сиёсат ва корхонаи дигар, ки махсус барои нигаҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми татбиқкунандаи сиёсат муайян шудааст.".
3. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Системаи захираи давлатӣ
1. Пешбурди сиёсат, идоракунии системаи захираи давлатӣ, муқаррар намудани тартиб, қоида ва меъёрҳо дар соҳаи захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор таъмин карда мешавад.
2. Ташаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии сарватҳои моддии захираи давлатӣ (ба истиснои захираҳои сафарбарӣ) аз ҷониби мақоми татбиқкунандаи сиёсат тавассути нигоҳдорандагони масъули захираи давлатӣ таъмин карда мешавад. Ташаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии захираи сафарбарӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Иншоот, молу мулки мақоми татбиқкунандаи сиёсат ва сарватҳои моддии захираи давлатӣ моликияти давлатӣ буда, предмети гарав шуда наметавонанд ва хусусӣ карда намешаванд.".
4. Аз номи моддаи 7 калимаҳои "ва сафарбарӣ дар низоми захираи давлатӣ" хориҷ карда шавад.
5. Моддаҳои 8 ва 9 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва идоракунии захираи давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сиёсати ягонаи идоракунӣ ва танзими захираи давлатиро муайян ва роҳбарии умумии системаи захираи давлатиро ба амал бароварда, мақомоти ваколатдор ва татбиқкунандаи сиёсатро муайян менамояд;
- системаи захираи давлатиро ташкил медиҳад;
- дар бораи баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҳолати ҳифозат ва тариқи қарздиҳӣ (бо мақсади минбаъд баргардонидани онҳо ба захираи давлатӣ) қарор қабул менамояд;
- номгӯй ва ҳаҷми нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи камнашавандаро тасдиқ менамояд;
- тартиби бастани шартномаҳоро оид ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ ва таъмини фармоишҳои номбурдаро бо захираҳои моддиву техникӣ муқаррар менамояд;
- оид ба ҷойгиркунӣ ва сохтмони объектҳое, ки барои нигохдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, қарор қабул мекунад;
- салоҳиятҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 9. Салохияти мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор:
- оид ба такмил додани сиёсати давлатӣ, тартибу меъёр ва қоидаҳои соҳаи захираи давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд, идоракунии системаи захираи давлатиро амалӣ месозад;
- ҳамоҳангсозӣ, назорат ва мониторинги системаи захираи давлатиро амалӣ менамояд;
- тартиби ҷуброни хароҷоти субъектҳои хоҷагидореро, ки нигоҳдории захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбариро амалӣ менамоянд, муайян мекунад;
- бо пешниҳоди мақоми татбиқкунандаи сиёсат дар бораи навкунӣ ва ивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ қарор қабул мекунад.".
6. Ба Қонун моддаи 9(1) бо таҳрири зайл илова карда шавад:
"Моддаи 9(1). Салоҳияти мақоми татбиқкунандаи сиёсат
Мақоми татбиқкунандаи сиёсат:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар татбиқ менамояд;
- идоракунии сарватҳои моддии захираи давлатиро тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар соҳаи захираи давлатӣ таъмин менамояд;
- дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор баровардани сарватҳои моддии захираи давлатиро бо мақсади навкунӣ ва ивазкунӣ амалӣ менамояд;
- дар бораи баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҳолати ҳифозат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани сарватҳои моддиро аз захираи давлатӣ бо тартиби қарздиҳӣ (бо мақсади минбаъд баргардонидани онҳо ба захираи давлатӣ) таъмин менамояд;
- номгӯи корхона ва муассисаҳои нигаҳдорандагони масъул, нуқтаҳои нигаҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро муайян ва тасдиқ менамояд;
- дар бораи ҳаҷм ва таркиби хароҷот оид ба харид ва нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ бо тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвилкунандагони сарватҳои моддиро ба захираи давлатӣ интихоб менамояд, бо онҳо шартнома мебандад;
- ба таҳвилкунандагон маблағи сарватҳои моддии ба захираи давлатӣ воридшударо мепардозад;
- назоратро оид ба нигоҳдории миқдор ва сифати сарватҳои моддии захираи давлатӣ амалӣ менамояд;
- оид ба гузаронидани санҷишҳои ҳолати нигохдории сарватҳои моддӣ дар корхонаҳои нигоҳдорандагони масъул ва нуқтаҳои нигоҳдории маҳфуздошташаванда қарор қабул намуда, дар гузаронидани онҳо метавонад мутахассисон ва коршиносони дахлдорро ҷалб намояд;
- салоҳиятҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунанд, амалӣ менамояд.".
7. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаҳои "Ташкилдиҳӣ ва тақсими" ба калимаҳои "Ташаккул ва ҷойгиркунии", дар қисми 1 калимаи "тақсим" ба калимаи "ҷойгир" ва дар қисми 2 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 11:
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3, 4 ва 5 мутаносибан қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
9. Дар қисмҳои 3 ва 5 моддаи 12 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 13:
- дар сархати дуюми қисми 1 ва тамоми матни Қонун калимаи "қарзгирӣ" ба калимаи "қарздиҳӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷуми қисми 1 калимаҳои "иқтисодиёти давлат ва ташкилотҳо" ба калимаи "иқтисодиёт" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "моддии дар ташкилотҳои низоми захираи давлатӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад" бо калимаҳои "моддӣ аз ҷониби мақоми татбиқкунандаи сиёсат дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад." иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 3 моддаи 16 калимаҳои "мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳудудии он" ба калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 514
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009 № 631