×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006, № 216 "Дар бораи захираи моддии давлатӣ"

Санаи амалкуни: 22.12.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Қонуни ҶТ аз 14.05.2025 № 2172 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи захираи моддии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 514, аз 03.07.2012 № 841)

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 514, аз 03.07.2012 № 841)

Қонуни мазкур принципҳо, тарз ва услубҳои асосии ташаккул, идоракунӣ ва ба танзимдарории захираи моддии давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 514).

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 514):

- захираи моддии давлатӣ (минбаъд - захираи давлатӣ) -захираи эҳтиётии махсуси стратегии масолеҳ ва молҳо, захираи сарватҳои моддӣ , ки барои эҳтиёҷоти сафарбарӣ ва таъмини корҳои таъхирнопазир ҳангоми бартарафкунии оқибатхои ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии башардӯстона, дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти давлат ва ташкшготҳо, расонидани таъсири танзимкунанда ба бозор пешбинӣ шудааст;

- захираи сафарбарӣ - захираи эҳтиётии сарватҳои моддӣ ва масолеҳ барои эҳтиёҷоти сафарбарии давлат, ки барои вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии таъиноти ҳарбӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноатӣ, таъмири техника ва амволи ҳарбӣ дар давраи махсус, вусъат бахшидан ба кори барқароркунии роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, аэродромҳо, хати алоқа ва иншоотҳои он, кубурҳои нафту газ, системаи обтаъминкунӣ ва таъминоти барқ дар давраи ҷанг, бо мақсади таъмини кори мунтазами соҳаҳои саноат, нақлиёт ва алоқа, расонидани ёрии тиббӣ пешбинӣ карда мешавад;

- системаи захираи давлатӣ - мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, ки дар рафти идоракунӣ, қабули қарорҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ, инчунин қабул, нигоҳдорӣ ва интиқоли сарватҳои моддии захираи давлатӣ иштирок менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 514);

- пур кардани захираи давлатӣ бо сарватҳои моддӣ - қабули сарватҳои моддӣ барои нигоҳдорӣ дар захираи давлатӣ;

- баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ - ройгон додани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ё фурӯхтани онҳо дар бозор (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 514);

- сарватҳои моддӣ - маҳсулоти барои таъмини вазифаҳои дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ гузошташуда зарурие, ки номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 514аз 03.07.2012 № 841).

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 14.05.2025 №2172

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О государственном материальном резерве

(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№514, от 03.07.2012г.№841)

(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№514, от 03.07.2012г.№841)

Настоящий Закон устанавливает основные принципы, методы и механизмы формирования, управления и регулирования государственного материального резерва в Республике Таджикистан(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№514).

Глава 1. Общие положения

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- государственный материальный резерв (далее - государственный резерв) - специальные запасы стратегических материалов и товаров, запасы материальных ценностей, предусмотренных для обеспечения мобилизационных и неотложных работ при ликвидации последствий чрезвычайных ситуаций, оказания поддержки различным отраслям экономики государства и организациям, оказания гуманитарной помощи и регулирующего воздействия на рынок;

- мобилизационный резерв - запасы материальных ценностей и материалов для мобилизационных нужд государства, предназначенные для обеспечения развертывания производства военной и другой промышленной продукции, ремонта военной техники и имущества в особый период, развертывания в военное время работ по восстановлению железнодорожных и автомобильных дорог, аэродромов, линии и сооружения связи, газо нефтепроводов, систем энерго и водоснабжения для организации бесперебойной работы промышленности, транспорта и связи, предоставления медицинской помощи;

- система государственного резерва - государственные органы, предприятия и организации, участвующие в процессе управления, принятия решений, разработки и осуществления государственной политики в области государственного резерва, а также в процессе приема, хранения и отпуска материальных ценностей государственного резерва(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№514);

- закладка материальных ценностей в государственный резервпринятие материальных ценностей для хранения в государственном резерве;

- выпуск материальных ценностей из государственного резерва -безвозмездный отпуск материальных ценностей государственного резерва или их реализация на рынке(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№514);

...