ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба қисми ёздаҳуми моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193) ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Аз рӯи чунин маводҳо нисбати корманди Агентӣ баъди аз ҷониби Директори Агентӣ рад карда шудани оғози парвандаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё прокурор метавонанд оид ба масъалаи мазкур ба суд муроҷиат намоянд ва суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи оғози парвандаи ҷиноятиро баррасӣ менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 516
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 30 апрели соли 2009 № 1323
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009 №633
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "0б Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан"
Статья 1. Часть одиннадцатую статьи 31 Закона Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 193) дополнить вторым предложением следующего содержания:
"После отказа в возбуждении уголовного дела по таким материалам в отношении сотрудника Агентства Директором Агентства, органы дознания, следствия или прокурор по этому вопросу могут обратиться в суд, который рассматривает вопрос о возбуждении уголовного дела в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе, 19 мая 2009 года № 516
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
0 принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан"
В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики С.Хайруллоев
г. Душанбе,30 апреля 2009 года, № 1323
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "0б Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "0б Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "0б Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 18 мая 2009 года №633