ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 882)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои байни корфармоён ва кормандонро дар соҳаи ҳифзи меҳнат муқаррар намуда, ба фароҳам овардани шароити меҳнати ҷавобгӯи талаботи ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳифзи меҳнат - системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирӣ ва барқароркунӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидаанд ва бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунанд;
- шароити бехатари меҳнат - шароити меҳнате, ки дар он таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истисно карда шудааст ё дараҷаи таъсири онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд намебошад;
- омили хатарноки истеҳсолӣ - омили истеҳсолие, ки таъсири он ба корманд метавонад боиси ҷароҳати ӯ гардад;
- омили зараровари истеҳсолӣ - омили истеҳсолие, ки таъсири он ба корманд метавонад боиси беморшавии ӯ гардад;
- кафолатҳои ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат - шароит ва воситаҳое, ки имконияти пурраи истифода бурдан аз ҳуқуқҳои тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии муқарраргардида оид ба ҳифзи меҳнатро медиҳанд;
- ҷойҳои корӣ - ҳамаи ҷойҳое, ки дар онҳо кормандон бояд ба иҷрои кор машғул бошанд ва бевосита ё бавосита таҳти назорати корфармо қарор доранд;
- воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандонвоситаҳое, ки барои пешгирӣ ё кам кардани таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истифода бурда мешаванд;
- бемории касбӣ - беморие, ки бар асари таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ ба корманд пайдо шудааст;
- фаъолияти истеҳсолӣ - маҷмӯи амали одамон бо истифода аз олоти меҳнате, ки барои табдил додани заҳираҳо ба маҳсулоти тайёр зарур мебошад ва аз истеҳсолот ва коркарди навъҳои гуногуни ашёи хом, сохтмон, иҷрои корҳо ва иҷрои намудҳои гуногуни хизматрасонӣ таркиб меёбад;
- аттестатсияи ҷойҳои кор оид ба шароити меҳнат - системаи дар ҷойи мушаххаси кор ба ҳисоб гирифтан, таҳлил ва ба таври маҷмӯъ арзёбӣ кардани ҳамаи омилҳои муҳити истеҳсолӣ, ҷараёни меҳнати вазнин ва пуршиддате, ки ба қобилияти корӣ ва саломатии корманд дар рафти фаъолияти меҳнатӣ таъсир мерасонанд;
- қоидаҳои ҳифзи меҳнат - санади меъёрии ҳуқуқии дорои талабот оид ба ҳифзи меҳнатест, ки иҷрояш барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳангоми машғул шудан бо ҳар намуди фаъолият, аз ҷумла дар мавриди тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи объектҳо, ихтирои мошинҳо, механизмҳо ва таҷҳизоти дигар, таҳияи равандҳои технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнат
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мегардад:
- корфармоён;
- кормандоне, ки бо корфармоён дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд;
- донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти касбии миёна ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, умумии миёна дар давраи гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва таҳсилоти истеҳсолӣ;
- хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва адои ӯҳдадориҳои дигаре, ки бо хизмати ҳарбӣ алоқаманд нестанд, бо тартиб ва бо шароитҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷалб карда мешаванд;
- шаҳрвандоне, ки мутобиқи хукми суд мавриди ҷазо қарор доранд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба кори пардохтшаванда ҷалб карда мешаванд;
- шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ҷалбкардашаванда.
2. Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун кироякор дар дигар мамлакатҳо кор мекунанд, қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнати давлати корфармо амал мекунад, агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
3. Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
4. Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ амал мекунанд.
5. Санадҳои меъёрие, ки мутобиқи Қонуни мазкур таҳия мегарданд, ҳуқуқ ба муҳофизати ҳаёт ва саломатии кормандонро бояд на камтар аз кафолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида таъмин кунанд.
Моддаи 4. Принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат
1. Принсипҳои асосӣ ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат инҳоянд:
- таъмини ҳуқуқи конститутсионии кормандон барои ҳифзи меҳнат ва ҳифзи саломатӣ;
- қабул ва татбиқи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнат, инчунин барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароит ва ҳифзи меҳнат;
- муқаррар ва таъмин кардани кафолати ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат;
- идораи давлатии ҳифзи меҳнат;
- иштироки давлат дар маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи меҳнат;
- назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнат;
- таҳия ва муқаррар намудани меъёрҳои ягонаи талабот оид ба ҳифзи меҳнат;
- аз тарафи давлат таъмин гардидани ҳамкории байни корфармоён ва кормандон ва (ё) намояндагони онҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- коркард ва татбиқи техника ва технологияҳои бехатар, ҳавасмандгардонии истеҳсоли воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон;
- ҷавобгарии пурраи корфармо барои таъмини шароити солим ва бехатарии меҳнат;
- муқаррар намудани тартиб ва назорати тафтиши ҳатмии ҳар як ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва бемории касбӣ;
- муқаррар кардани имтиёзҳо ва ҷуброн барои кор дар шароити хатарнок ё зараровари меҳнат;
- ҳифзи иҷтимоии кормандон, ҷуброни пурраи зарар ба шахсони аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ зарардида;
- тайёр намудан ва такмили иҳтисоси мутахассисон оид ба ҳифзи меҳнат;
- паҳнкунии таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷии корҳо оид ба беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат;
- муқаррар намудани системаи нишондиҳандаҳои шароит ва ҳифзи меҳнат, ҳисоботи омории давлатӣ оид ба ин масъалаҳо, инчунин дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, татбиқи созишномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат.
2. Татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат тавассути амалҳои мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, инчунин иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва мақомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат таъмин карда мешавад.
БОБИ 2. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат
Моддаи 5. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат
1. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат аз татбиқи принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии дигар, инчунин талабот ба воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили меҳнат, ки ба ҳамаи кормандон шароити бехатар ва солими меҳнатро кафолат медиҳанд, ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии риояи санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигар оид ба ҳифзи меҳнат иборат мебошад.
2. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом медиҳанд.
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи меҳнат
Ба ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи меҳнат дохил мешаванд:
- татбиқ намудани самтҳои асосии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи ҳифзи меҳнат дар доираи салоҳияти худ;
- муайян намудани асосҳои идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат;
- мусоидат ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароит ва ҳифзи меҳнат ва назорати иҷрои онҳо;
- муайян намудани хароҷот барои ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;
- муайян кардани сохтор, вазифаҳо, ӯҳдадориҳо ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
- таъмини ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, инчунин иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва мақомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи меҳнат;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат;
- ваколатҳои дигари дар соҳаи ҳифзи меҳнат.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат
1. Барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат таъсис дода мешавад.
2. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат аз инҳо иборатанд:
-таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва бо тартиби муқараргардида ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;
-таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат дар доираи салоҳияти худ;
-ҳамоҳангсозии корҳои вазорату идораҳо дар соҳаи ҳифзи меҳнат;
-ташкил ва сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо;
-экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсисёфта, новобаста аз шакли моликияти онҳо;
-ба роҳ мондани назорати давлатӣ аз рӯи риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнат;
-дар мувофиқа бо мақомоти давлатии омор таҳия ва қабули шаклҳои ҳисоботи давлатии омории нишондиҳандаҳои шароитҳо ва ҳифзи меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
-таҳияи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
-таҳия ва қабули қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
-тасдиқ намудани меъёрҳои намунавии соҳавии ба кормандон ройгон додани воситаҳои муҳофизати инфиродӣ;
-ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат;
-таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароити меҳнат ва ҳифзи он;
- ваколатҳои дигари соҳаи ҳифзи меҳнат.
Моддаи 8. Вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи меҳнат таъмин менамоянд.
БОБИ 3. Ҳуқуқ ва кафолати ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат
Моддаи 9. Ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ
1. Ҳар як корманд дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ба ҷойи корӣ аз таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ муҳофизатшуда ҳуқуқ дорад.
2. Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд корфармо вазифадор аст, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нишондиҳандаҳои дақиқ ва тавсифи шароити меҳнат, имтиёз ва ҷуброни шароити меҳнати хатарнок ва зараровар, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, имкони сар задани бемориҳои касбӣ, чораҳои ҷавобгарии корфармо ва кормандро барои риоя накардани талабот оид ба ҳифзи меҳнати дар шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда зикргардидаро дарҷ намояд.
Моддаи 10. Ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ ё дигар сабабҳои носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ
Ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳое, ки дар қонунгузорӣ ва шартномаи коллективӣ (созишнома) пешбинӣ гардидаанд, ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар сабабҳои носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.
Моддаи 11. Таъмини ҳуқуқи корманд дар ҳолати боздоштан ё қатъ гардидани фаъолияти ташкилот дар натиҷаи риоя нашудани талаботи ҳифзи меҳнат
1. Дар давраи боздоштани фаъолияти ташкилот, сохторҳои зертобеи он ё муваққатан манъ намудани фаъолияти корманд дар ҷойи кор аз тарафи мақоми назорати давлатӣ ё ҳадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот ҷойи кор ва музди миёнаи меҳнати корманд нигоҳ дошта мешаванд.
2. Ҳуқуқҳои корманд дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти ташкилот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.
Моддаи 12. Ҳуқуқи кормандоне, ки дар корҳои бо шароити меҳнати хатарнок ё зараровар машғуланд, барои гирифтани имтиёзҳо ва ҷуброн
1. Кормандоне, ки дар корҳои бо шароити меҳнати хатарнок ё зараровар машғуланд ба таъминоти ройгони хӯроки табобатию профилактикӣ, шир ва дигар маводи озуқавории мувофиқ, рӯзи кӯтоҳи корӣ, рухсатии иловагии меҳнатии пардохтшаванда ва дигар имтиёзҳову ҷубронҳо тибқи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳуқуқ доранд.
2. Номгӯи истеҳсолот, касбҳо ва категорияҳои кормандони ба имтиёзҳо ва ҷуброн барои кор дар шароити хатарнок ё зараровари меҳнат ҳуқуқдошта, намудҳо ва ҳаҷми имтиёзҳо ва ҷубронҳоро қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 13. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарари дар истеҳсолот ба саломатии корманд расида
1. Корманде, ки маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар иллати саломатии ба фаъолияти меҳнатӣ алоқамандбударо гирифтааст (инчунин аъзои оилаи ҷабрдида дар ҳолати фавти ӯ), ба гирифтани ҷуброни зарари расида ҳуқуқ дорад.
2. Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Мутобиқи шартномаи коллективӣ ё созишнома метавонад хаҷм ва андозаи ҷуброни зарари ба ҷабрдида пардохтшаванда зиёд карда шавад.
Моддаи 14. Кафолатҳои давлатӣ дар таъмини ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат давлат кафолат медиҳад:
- норавоии тағйирот дар қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнат дар самти бадгардонии ҳуқуқҳои муқарраргардида ба ҳифзи меҳнат;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ки ба беҳдошти шароити меҳнат ва боло бурдани сатҳи бехатарии истеҳсолот нигаронида шудаанд;
- ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии иҷтимоии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
- муҳофизати судии ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён ва шахсони мансабдор;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат;
- татбиқи муҷозоти иқтисодӣ нисбат ба корфармоёне, ки талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнатро вайрон намудаанд;
- эътироф ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон нисбат ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи меҳнати кормандон.
БОБИ 4. Таъмини ҳифзи меҳнат
Моддаи 15. Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат
1. Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнати дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойдошта қоидаҳо, тарзҳо ва меъёрҳои ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ нигаронидашударо муқаррар мекунад.
2. Иҷрои талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва истифодабарии иншоот, тарҳрезии мошинҳо, механизмҳо ва таҷҳизоти дигар, таҳияи ҷараёни технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 16. Хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо
1. Барои ташкили кори ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо бо теъдоди кормандон зиёда аз 100 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешаванд. Дар мавриди аз 100 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарорро қабул мекунад ё ӯҳдадориҳо оид ба ҳифзи меҳнатро ба зиммаи дигар мутахассис вогузор мекунад. Низомномаи намунавии хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат тасдиқ карда мешавад.
2. Дар ҳайати хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот вобаста ба хусусияти истеҳсолот ё дар сурати бештар аз 1000 нафар будани шумораи кормандон вазифаи духтур оид ба гигиенаи меҳнат ҷорӣ карда шуда, лабораторияи саноатию санитарӣ таъсис дода мешавад. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавҷудияти омилҳои зарарноки истеҳсолӣ, чунин лабораторияҳо метавонанд аз ҷониби якчанд ташкилот тибқи принсипи соҳавӣ ташкил карда шаванд.
3. Барҳам додани хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилотҳо танҳо дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти онҳо мумкин мебошад. Масъалаҳои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдиҳии хадамоти ҳифзи меҳнатро маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи ташкилот ҳал мекунанд.
Моддаи 17. Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат
1. Дар ташкилотҳо бо ташаббуси корфармо ва (ё) кормандон ё итифоқҳои касаба ё мақомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати онҳо дар асоси баробарӣ намояндагони корфармоён, иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдори кормандон шомил мегарданд.
2. Кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат фасли шартномаи коллективӣ (созишномаи) оид ба ҳифзи меҳнатро таҳия мекунад, амалҳои муштараки корфармо ва кормандонро оид ба таъмини талаботи ҳифзи меҳнат, пешгирӣ аз маъюбшавии истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, инчунин гузаронидани тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойҳои корӣ ва иттилоотонидани кормандонро аз натиҷаҳои тафтишоти мазкур ташкил мекунад.
Моддаи 18. ӯҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини ҳифзи меҳнат
1. ӯҳдадориҳо оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ба зиммаи корфармо гузошта мешаванд.
2. Корфармо дар таъмини ин корҳо вазифадор аст:
- шароити дахлдори бехатар ва ҳифзи меҳнатро дар ҳар як ҷойи корӣ;
- бехатарии кормандон дар истифодаи биноҳо, иншоот, таҷҳизот, амалӣ намудани ҷараёни технологӣ, инчунин ашёи хом ва маводи дар истеҳсолот истифодашаванда;
- истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон;
- низоми меҳнат ва истироҳати кормандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таълими усулҳо ва тарзҳои бехатари иҷрои корҳо, дастурдиҳӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таҷрибаомӯзӣ дар ҷойҳои кории кормандон ва санҷиши дониши онҳо доир ба талаботи ҳифзи меҳнат, ба кор роҳ надодани шахсоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз таълим, дастурдиҳӣ, таҷрибаомӯзӣ ва санҷиши донишҳо оид ба талаботи ҳифзи меҳнат нагузаштаанд;
- мунтазам, на камтар аз як маротиба дар панҷ сол, гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат бо сертификатсияи минбаъдаи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилот;
- ба мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, мақомоти назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод кардани иттилоот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои онҳо;
- тафтишоти ҳодисаҳои ноҳуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хизматрасонии санитарию маишӣ ва муолиҷавию профилактикии кормандон мутобиқи талаботи ҳифзи меҳнат;
- бемамоният роҳ додани шахсони мансабдори мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин намояндагони мақомоти назорати ҷамъиятӣ бо мақсади гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо ва тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ;
- иҷрои дастурҳои шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва баррасии пешниҳоди мақомоти назорати ҷамъиятӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
- суғуртаи ҳатмии иҷтимоии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва аз бемориҳои касбӣ;
- шиносоии кормандон бо талаботи ҳифзи меҳнат.
3. Дар қонунҳо, шартномаҳои коллективӣ ё меҳнатӣ (созишномаҳо) бо назардошти хусусияти фаъолият ва намудҳои кор, мавҷудияти манбаҳои хатари ҷиддӣ метавонанд барои корфармо ӯҳдадориҳои иловагӣ пешбинӣ гарданд.
Моддаи 19. ӯҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат
1. Корманд ӯҳдадор аст:
- талаботи ҳифзи меҳнатро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, риоя намояд;
- аз муоинаи ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин аз муоинаи пешазбастии тиббӣ (ташхисӣ) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ гузарад;
- аз дастурдиҳиҳо ва омӯзишҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари иҷрои корҳо, таҷрибаомӯзӣ дар ҷойи кори ва санҷиши доимии донистани талаботи ҳифзи меҳнат гузарад;
- нишондодҳои муассисаҳои тандурустиро ҷиҳати татбиқи тадбирҳои муолиҷавӣ ва солимгардонӣ, дар ҳолати аз ҷониби корфармо маблағгузорӣ шудани онҳо, иҷро намояд.
2. Донистани қоидаҳо ва меъёрҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи тахассусии пешниҳодшаванда ба корманд маҳсуб меёбад ва дар дастурамали вазифавие, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, қайд мегардад.
Моддаи 20. Муоинаи тиббии баъзе категорияҳои кормандон
Муоинаи тиббии баъзе категорияҳои кормандон тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 21. Тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии мутахассисонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ҷиҳати фаъолият дар хадамоти ҳифзи меҳнат таъмин менамояд.
2. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ бояд омӯзиши курси "Ҳифзи меҳнат"-ро барои хонандагон ва донишҷӯён бо назардошти хусусиятҳои истеҳсолотии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ташкил намоянд.
3. Иҷозати кор додан ба шахсоне, ки тайёрии зарурии касбӣ надоранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида аз таълим ва аттестатсия оид ба ҳифзи меҳнат нагузаштаанд, манъ аст.
4. Барои тамоми кормандони ба кор нав қабулшаванда, инчунин кормандони ба кори дигар гузаронида шуда маъмурияти ташкилот вазифадор аст, ки оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат дастурдиҳӣ гузаронад, инчунин дар ҷойҳои кор омӯзиши онҳоро ташкил намояд.
5. Маъмурияти ташкилот вазифадор аст, ки оид ба ҳифзи меҳнат ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон системаи омӯзиши мунтазамро ташкил намояд.
6. Роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони ҳадамоти ҳифзи меҳнат мунтазам, на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд.
Моддаи 22. Танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон
Танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон тибқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 23. Мутобиқати объектҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат
1. Лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди объектҳои истеҳсолотӣ, инчунин мошинҳо, механизмҳо ва таҷҳизоти дигари истеҳсолотӣ, равандҳои технологӣ ба талаботи ҳифзи меҳнат бояд мутобиқ бошанд.
2. Сохтмон, таҷдид, азнавҷиҳозонии техникии иншооти истеҳсолотӣ, истеҳсол ва татбиқи техника ва технологияи нав бе хулосаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар бораи мутобиқати лоиҳаҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишон додашуда, ба талаботи ҳифзи меҳнат, инчунин бе иҷозати мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат манъ карда мешаванд.
3. Иншооти нав ё таҷдидшавандаи истеҳсолотӣ бе хулосаи мақомоти дахлдори назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат наметавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
4. Дар истеҳсолот истифода бурдани моддаҳои хатарнок ё зараровар, мавод, маҳсулот, мол ва хизматрасониҳое, ки барои онҳо усулҳо ва воситаҳои назорати метрологӣ таҳия нагардидаанд ва баҳодии токсикологии (санитарию гигиенӣ ва тиббию биологӣ) онҳо гузаронида нашудааст, манъ аст.
5. Дар ҳолати истифодаи моддаҳои нави пеш дар ташкилот истифоданашудаи хатарнок ё зараровар, корфармо вазифадор аст, ки то истифодаи моддаҳои мазкур оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон тадбирҳо андешад ва онҳоро бо мақомоти даҳлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат мувофиқа кунад.
6. Мошинҳо, механизмҳо ва таҷҳизоти истеҳсолии дигар, воситаҳои нақлиёт, равандҳои технологӣ, мавод ва ашъёи химиявӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷии кормандон бояд ба талаботи ҳифзи меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, мутобиқ бошанд ва иҷозатномаи мутобиқат дошта бошанд.
Моддаи 24. Сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат
1. Маблағгузории ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нанамудааст, сурат мегирад.
2. Маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳдории мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат истифода бурда мешавад.
3. Ҳар як ташкилот ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси шартномаи коллективӣ (созишнома) маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Кормандони ташкилот ба ин мақсад ягон хароҷоти иловагиро анҷом намедиҳанд.
БОБИ 5. Назорати давлатӣ ва ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнат
Моддаи 25. Мақомоти назорати давлатии риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар бораи ҳифзи меҳнат
1. Назорати давлатии риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар бораи ҳифзи меҳнатро мақомоти махсуси аз тарафи давлат ваколатдор, ки дар фаъолияташон аз ташкилотҳо ва мақомоти болоӣ вобаста нестанд, амалӣ менамоянд. Онҳо тибқи қарорҳои мақомотӣ ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ таъсис дода мешаванд ва дар асоси низомнома амал мекунанд.
2. Шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар мавриди иҷрои ӯҳдадориҳои худ ҳуқуқ доранд:
- бемамоният, дар сурати иҷрои талаботи қонунгузорӣ, бо доштани ҳуҷҷатҳои дахлдор бо мақсади гузаронидани санҷиши ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ба ташкилот ворид шаванд;
- аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ҳуҷҷатҳо, маълумотро, ки барои иҷрои вазифаҳои назоратӣ зарур мебошанд, дархост кунанд ва ба таври ройгон дастрас намоянд;
- ҷиҳати таҳлил намунаҳои мавод ва моддаҳои истифодашаванда ё коркардшавандаро гиранд;
- бо тартиби муқарраргардида ҳодисаҳои нохушро дар истеҳсолот тафтиш намоянд;
- ба роҳбарон ва шахсони мансабдори дигари ташкилотҳо амрномаҳои иҷрояшон ҳатмиро ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳо оид ба ҳифзи меҳнат, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба қонунвайронкуниҳои мазкур гунаҳгор ё аз вазифа озод намудани онҳо, бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намоянд;
- кори ташкилот, сохторҳои алоҳидаи истеҳсолӣ ва таҷҳизотро дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат, ки ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид мекунад, то бартараф гардидани вайронкуниҳои мазкур боздоранд;
- истифода ва истеҳсоли воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандонро, ки сертификати мутобиқат надоранд ё ба талаботи ҳифзи меҳнат мувофиқ нестанд, манъ кунанд;
-ҳангоми муайян намудани вайронкунӣ дар ташкил ва гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ натиҷаҳои онро бекор мекунанд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонро бинобар вайрон кардани талаботи ҳифзи меҳнат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, инчунин ҳангоми мавҷуд будани аломати ҷиноят маводро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мазкур ирсол намоянд;
- дар мурофиаи судӣ ба ҳайси коршиноси судӣ аз рӯи даъво дар бораи вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнат ва ҷуброни зарари дар истеҳсолот ба саломатии корманд расида баромад намуда, хулоса диҳанд.
3. Иҷрои қарорҳои шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар бораи ҳифзи меҳнат, ки дар доираи салоҳияти онҳо қабул карда шудааст, ҳатмӣ мебошад.
4. Шикоят бурдан аз болои қарорҳои шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар бораи ҳифзи меҳнат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар мақомоти болоӣ ё суд сурат мегирад.
Моддаи 26. Экспертизаи давлатии шароити меҳнат
1. Бо мақсади назорати шароит ва ҳифзи меҳнат, сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат, саҳеҳияти пардохти ҷубронпулӣ барои корҳои вазнин ва корҳои дорои шароити хатарнок ё зараровари меҳнат, инчунин омода намудани таклифҳо дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурӯҳи хатарноки касбӣ, мутобиқи натиҷаҳои сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии риояи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар бораи ҳифзи меҳнат экспертизаи давлатии шароити меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Хулосаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат барои аз тарафи суд баррасӣ гардидани масъала дар бораи барҳам додани ташкилот ё сохтори он дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат асоси воқеӣ маҳсуб меёбад.
3. Экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ ҳангоми лоиҳакашии сохтмон ва таҷдиди объектҳои истеҳсолотӣ, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, инчунин бо дархости мақомоти судӣ, мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, кормандон, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 27. Назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат
1. Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии кормандон ба амал бароварда мешавад, ки бо ин мақсад ҳуқуқ доранд бозрасии худиро таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдор (боваринок)-ро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд.
2. Нозирон ва шахсони ваколатдор (боваринок) оид ба ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон ҳуқуқ доранд:
- аз ҷониби корфармоён риоя гардидани қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнатро назорат кунанд;
- экспертизаи мустақилонаи шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;
- дар тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ иштирок кунанд, инчунин мустақилона онҳоро тафтиш намоянд;
- аз роҳбарон ва шахсони мансабдори дигари ташкилот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маълумот гиранд;
- дар бораи боздоштани корҳо дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёту саломатии кормандон талаботро пешниҳод кунанд;
- ба корфармоён дар бораи бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат додани амрномаҳои ҳатмиро ба амал бароранд;
- тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои ӯҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо пешбинӣ шудаанд, таъмин намоянд;
- дар кори комиссияҳо оид ба санҷиш ва ба истифода додани иншооти истеҳсолотӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ ба ҳайси коршиносони мустақил иштирок намоянд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои зерқонунӣ дар бораи ҳифзи меҳнат иштирок намоянд, инчунин онҳоро бо тартиби муқарраргардида мувофиқа кунанд;
- ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат айбдоранд, ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолот рухдодаро пинҳон медоранд, бо талабот муроҷиат намоянд;
- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, ки ба вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнат, ӯҳдадориҳои пешбинигардидаи шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо, инчунин тағйирёбии шароити меҳнат алоқаманд мебошанд, иштирок кунанд;
- дигар ҳуқуқҳо ва вазифаҳои иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандонро санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян менамоянд.
3. Иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии кормандон ҳуқуқ доранд бемамоният дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, таклифи баррасияш барои шахсони мансабдор ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.
Моддаи 28. Ҷуброни зарар вобаста ба маъюбӣ ё фавти корманд
1. Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он вазифадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ходисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди меҳнати панҷмоҳаи ҷабрдида кӯмакпулии яквақта пардохт намояд ().
2. Ҳангоми фавти корманд, ба оилаи ӯ илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати ҳаштмоҳаи фавтида кӯмакпулии яквақта дода мешавад ().
Тартиби додани чунин кумакпулиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
БОБИ 6. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 29. Тартиби баррасии баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи меҳнат
Баҳсҳои дар соҳаи ҳифзи меҳнат бавуҷудомада тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 4, мод. 43; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод. 117, қ. XXV; с. 1998, № 10, мод. 119, қ. XI; с. 2007, № 3, мод. 163) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 517
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикнстон "Дар бораи ҳифзи меҳнат" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 30 апрели соли 2009 № 1325
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ҳифзи меҳнат" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009 №634

1. Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он вазифадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ходисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз даромади миёнаи солонаи ҷабрдида кӯмакпулии яквақта пардохт намояд.
2. Ҳангоми фавти корманд, ба оилаи ӯ илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз даҳ маоши миёнаи солонаи фавтида кӯмакпулии яквақта дода мешавад.