Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 № 521 "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ"

Санаи амалкуни: 03.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲАДДИ АҚАЛЛИ ЗИНДАГӢ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муайян намудани ҳадди ақалли зиндагӣ, тартиби баҳисобгирӣ, таъмини кумакҳои давлатии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон, инчунин татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- сабади истеъмолӣ - маҷмӯи ҳадди ақалли маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини зиндагӣ ва фаъолияти ӯ заруранд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- ҳадди ақалли зиндагӣ - арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохтҳои ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- ҳадди камбизоатӣ - меъёри даромадҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаётан муҳими инсон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ муқаррар карда шудааст;

- гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ - гурӯҳи шаҳрвандоне, ки аз рӯи аломатҳои ҷинсию синнусолӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти моддӣ муттаҳид мебошанд (аҳолии қобили меҳнат, нафақахӯрон ва кӯдакон);

- сатҳи зиндагӣ - маҷмӯи неъматҳои моддию маънавӣ ва хизматрасонӣ, ки талаботи ҳаётан муҳими одамонро қонеъ мегардонанд;

- кӯмаки иҷтимоии давлатӣ - кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, субсидияҳо, ҷубронпулиҳо, хизматрасонии иҷтимоӣ ва молҳои зарурӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба оилаҳо ва ё шаҳрвандони камбизоат дода мешаванд;

- шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат - оилаҳое (шаҳрвандони яккаву танҳо), ки бо сабабҳои аз онҳо новобаста, даромади миёнаи сарикасии онҳо аз андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ паст мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- даромади миёнаи сарикасии оила (шаҳрвандони яккаву танҳо) андозаи миёнаи моҳонаи даромади умумии ба ҳар як узви оила (шаҳрвандони яккаву танҳо) тақсимшуда.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

Моддаи 3. Таъиноти мақсадноки ҳадди ақалли зиндагӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

Ҳадди ақалли зиндагӣ, ки дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад, бо мақсадҳои зерин истифода мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038):

- арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои иҷтимоии мақсаднок (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- таҳлил ва пешбинии сатҳи зиндагии аҳолӣ;

- ташаккули буҷети давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- асосноккунии кӯмакрасонии иҷтимоии давлатӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- тадриҷан наздик кардани андозаҳои муқарраршавандаи ҳадди ақалли музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- муайян кардани ҳадди камбизоатӣ ва татбиқи тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ.

Моддаи 4. Намудҳои ҳадди ақалли зиндагӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

1. Вобаста аз таъиноти мақсаднок ҳадди ақалли зиндагӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038):

- сарикасӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038);

- аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ.

2. Ҳадди ақалли зиндагӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, бо ҷудо кардани аҳолӣ ба сокинони шаҳр ва деҳот инчунин бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофию иқлимӣ ва хусусиятҳои дигари истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

Моддаи 5. Таркиби сабади истеъмолӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

1. Сабади истеъмолӣ аз инҳо иборат мебошад:

- маҷмӯи маҳсулоти озуқа;

- маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа;

- маҷмӯи хизматрасонӣ.

2. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқа меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақалли гурӯҳҳои иҷтимоию демографии ахолӣ ба маҳсулоти озуқа, инчунин таркиби кимиёвӣ ва арзиши ғизонокии маҳсулоти озуқа ба инобат гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

3. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа, ки ба таркиби сабади истеъмолӣ дохил мешаванд, қонеъгардонии талаботи ҳадди ақалли ҳаётан муҳими гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маҳсулоти ғайриозуқа бо назардошти хусусиятҳои ҷинсиву синнусолӣ ва либос, инчунин барои ташкили шароитҳои маишӣ ба назар гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

4. Ҳангоми муайян намудани маҷмӯи хизматрасонии дар таркиби сабади истеъмолӣ мавҷудбуда, қонеъ намудани талаботи ҳадди ақалли аҳолӣ ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ, маишӣ, нақлиётӣ ва алоқа ба инобат гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

Моддаи 6. Таҳия, бозҳисобӣ ва тасдиқи сабади истеъмолӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

1. Сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ зимни тавсияномаҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки иттиҳодияи намояндагони кормандони Тоҷикистон таҳия мегарданд, ҳисоб карда мешавад.

2. Тавсияномаҳои мазкур на камтар аз як маротиба дар 5 сол муайян карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.

3. Таркиб ва сохтори сабади истеъмолиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 7. Даврият ва қоидаҳои ҳисоби андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

1. Андозаи ҳадди ақалли зиндагии сарикасӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоию демографӣ дар асоси сабади истеъмолӣ ва маълумоти оморӣ оид ба сатҳи нархҳои истеъмолии маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, бо назардошти ҳамаи намудҳои савдо ва хароҷот барои боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳар семоҳа ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

2. Андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ, қоидаҳои ҳисоб ва даврияти бозҳисобии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

Моддаи 8. Истифодаи хадди ақалли зиндагӣ ҳангоми ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки иҷтимоии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

1. Андозаи ҳадди акалли зиндагӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаҳои ҳадди ақалли музди меҳнат ва нафақаҳо, инчунин андозаҳои стипендия, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳамчун нишондиҳанда ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

2. Ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатии коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муайян намудани андозаи музди меҳнати кормандон ва дигар кӯмакпулиҳо, андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ ҳамчун меъёри асосӣ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

3. Наздик кардани ҳадди ақалли кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ бо назардошти вазъияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба амал оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

Моддаи 9. Нашри маълумот оид ба андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)

Маълумот дар бораи андозаи ҳадди ақалли зиндагии сарикасӣ аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба таври пурра дар ҷумҳурӣ ҳар се моҳ дар нашрияи расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038).

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

19 майи соли 2009 № 521

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев