Оинномаи муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон" аз 20 майи соли 2009 № 292

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 майи соли 2009 № 292

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 майи соли 2009 № 292

тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақили махсусгардонидашуда буда, дар асоси созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ИФАД) ҷиҳати беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи самараноки гранти пешниҳодшударо таъмин менамояд.

2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ИФАД) ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд.

3. Марказ шахси мустақили ҳуқуқӣ ва ташкилоти ғайритиҷоратии дорои амволи ҷудогона, баланси мустақил буда, мутобиқи қонунгузорӣ дар муассисаҳои бонкӣ ҳисобҳои пардохт, мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худро дорад.

4. Марказ фаъолияти худро дар давраи татбиқи Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон анҷом медиҳад.

5. Маҳали ҷойгиршавии Марказ: 734067, Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, шаҳраки Гипрозем-15.

2. Мақсад ва мазмуни фаъолияти Марказ

6. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:

- таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла техникию иктисодӣ, фароҳамоварии шароит барои татбиқи самарабахши Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон;

...

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "20" мая 2009 года №292

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "20" мая 2009 года №292

Устав Государственного учреждения "Центр реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне"

1. Общие положение

1. Государственное учреждение "Центр реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне" (именуемый в дальнейшем Центр) является самостоятельной, специализированной структурой, обеспечивающей на основе грантового соглашения между Республикой Таджикистан и Международным Фондом Развития Сельского Хозяйства (ИФАД) в целях повышения уровня жизни населения Хатлонской области, координацию и эффективное использование предоставленного гранта.

2. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, рекомендациями Международного Фонда Развития Сельского Хозяйства (ИФАД) и настоящим Уставом.

3. Центр является самостоятельным юридическим лицом, не коммерческой организацией и обладает обособленным имуществом, самостоятельным балансом, расчетными счетами в учреждениях банков в соответствии с законодательством, имеет свою печать, штампы и бланки со своим наименованием.

4. Центр осуществляет и завершает свою деятельность в период реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне.

5. Местонахождение Государственного учреждения "Центр реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне": 734067, город Душанбе, Гипроземгородок-15.

2. Цель и предмет деятельности

6. Основными целями деятельности Центра являются:

- подготовка необходимой документации, включая техникоэкономическую и создание условий для успешной реализации проекта по повышению уровня жизни в Хатлоне;

...