Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2009 № 292 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини иҷрои Созишномаи грантӣ бо мақсади тарақиёт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ИФАД) аз 27 январи соли 2009 № DSF-8026-TJ ба имзо расидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон" таъсис дода шуда, Оинномаи замимагардидаи он тасдиқ карда шавад.

Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон агентии иҷроияи Лоиҳаи мазкур муайян карда шавад.

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои заруриро барои ҷойгир намудани Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон" ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намояд.

3. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон" бо мувофиқаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ИФАД) сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи Маркази мазкурро таҳия ва тасдиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 20 майи соли 2009 № 292

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Центр реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне"

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и в целях обеспечения реализации Соглашения о гранте на цели развития, подписанного между Республикой Таджикистан и Международным Фондом Развития Сельского Хозяйства (ИФАД) от 27 января 2009 года № DSF-8026-TJ Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Центр реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне" и утвердить прилагаемый его Устав.

Определить исполнительным агентством данного Проекта Агентство по землеустройству, геодезии и картографии при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Агентством по землеустройству, геодезии и картографии при Правительстве Республики Таджикистан выделить необходимое помещение для размещения Государственного учреждения "Центр реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне" в качестве вклада Правительства Республики Таджикистан.

3. Государственному учреждению "Центр реализации Проекта повышения уровня жизни в Хатлоне" по согласованию с Агентством по землеустройству, геодезии и картографии при Правительстве Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан и Международным Фондом Развития Сельского Хозяйства (ИФАД) разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание аппарата настоящего Центра.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

от 20 мая 2009 года №292

 г. Душанбе