Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2009 № 659 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 10.03.2016 № 647 аз эътибор соқит дониста шуд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва бо мақсади ташкили низоми устувори интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ фармон медиҳам:

1. Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба талаботи Низомномаи мазкур мутобиқ гардонда, иҷрои онро таъмин намоянд.

3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2007 №232 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

20 майи соли 2009 № 659