Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "Рт" барои воситаҳои нақлиёт аз 20 феврали соли 2009 № 104

Санаи амалкуни: 29.11.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 феврали соли 2009

№ 104 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 феврали соли 2009

№ 104 тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561)

1. Нишонҳои бақайдгарии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян мутобиқи Тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи "Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо", ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ шудааст, дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561).

2. Ба ивази нишонҳои гумшуда додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" дар асоси иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани санадҳои зерин дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561):

а) ариза дар бораи ба ивази нишони гумшуда додани нусхаи нишони бақайдгирии силсилаи "TJ" бо ишорати воҳиди Бозрасии давлатии автомобилии маҳали қайди воситаи нақлиёт дар он хусус, ки нишони бақайдгирӣ дар байни нишонҳои бозёфт, дастгир ё барои ягон хел вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ гирифташуда вуҷуд надорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561);

б) санади тафтиши хизматии комиссияи босалоҳияти ташкилоти воситаи нақлиётро бақайдгирифта дар бораи ҳодисаи гум шудани нишони бақайдгирӣ бо зикри тадбирҳое, ки нисбат ба шахси дар гум шудани нишони бақайдгирӣ айбдор дониста шудааст;

в) квитансия дар бораи пардохти боҷе, ки барои арзиши нишони бақайдгирӣ муқаррар гардидааст.

Ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки нишони бақайдгириро гум кардаанд, то ҳалли масъалаи тайёр кардан ва додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгирӣ барои воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ба мӯҳлати 1 моҳ нишонҳои тартибии бақайдгирӣ дода мешавад. Дар ин давра ҷустуҷӯи нишонҳои бақайдгирӣ мутобиқи санади меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

3. Тайёр намудани нусхаҳо ва ба ивази нишонҳои фарсудашуда (корношоям) додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" низ бо иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561).

...

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "20 " февраля 2009 года №104

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "20 " февраля 2009 года №104

Положение о порядке выдачи регистрационных государственных номеров серии "РТ" для транспортных средств

(в редакции постановления Правительства РТ от 29.11.2017г.№561, от 20.06.2024 №371)

(в редакции постановления Правительства РТ от 29.11.2017г.№561, от 20.06.2024 №371)

(в редакции Закона РТ от 25.06.2024 №371)

1. Регистрационные государственные номера серии "TJ" для тран спортных средств выдаются Республиканским регистрационно-экзаменационным отделом Управления государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел республики в строгом соответствии с Порядком, утвержденным Правительством Республики Таджикистан с учетом требований "Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года №441 (в редакции постановления Правительства РТ от 29.11.2017г.№561, от 25.06.2024 №371).

2. Выдача дубликатов регистрационных государственных номеров серии "ТJ", взамен утерянных, производится на основании письменного разрешения Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан при наличии (в редакции постановления Правительства РТ от 29.11.2017г.№561, от 25.06.2024 №371):

а) заявления о выдаче дубликата регистрационного государственного номера серии "ТJ" взамен утраченного с отметкой подразделения госавтоинспекции, места приписки транспортного средства о том, что утерянный регистрационный номер не значится в числе обнаруженных, задержанных или изъятых за какие-либо нарушения правил дорожного движения (в редакции постановления Правительства РТ от 29.11.2017г.№561, от 25.06.2024 №371);

б) акта служебного расследования по факту утери регистрационного номера, проведенного компетентной комиссией организации приписки транспортного средства с указанием принятых мер в отношении лица виновного в утере регистрационного номера (в редакции Закона РТ от 25.06.2024 №371);

в) квитанции об уплате сборов установленных за стоимость регистрационных номеров (в редакции Закона РТ от 25.06.2024 №371).

Владельцам транспортных средств, утерявшим регистрационные номера, до решения вопроса об изготовлении и выдаче дубликатов регистрационных номеров, выдаются порядковые регистрационные номера для транспортных средств юридических лиц сроком на один месяц. За этот период организуется розыск утерянных регистрационных номеров в соответствии с нормативными актами Министерства внутренних дел Республика Таджикистан (в редакции Закона РТ от 25.06.2024 №371).

...