Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 "Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
2. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии нав ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои навро, тибқи замимаи 2 таҳия ва тасдиқ намуда, барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 майи соли 2009 № 282
ш. Душанбе