Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ" ва Низомномаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 № 468 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 454" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 апрели соли 2009 № 267
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2009 № 267
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамоҳангсози Комиссия
Котиби Комиссия
Аъзои Комиссия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Тараф
- Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Комиссия аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:
- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ҳамоҳангоози Тараф
- Муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятӣ
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатӣ
- Раиси Федератсияи иттифоқи касабаи кормандони ҳавопаймоӣ
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия "Тоҷикметалл"
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабук
- Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон
Аъзои Комиссия аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Тараф
- Раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Раиси Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Раиси иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон
- Раиси Фонди ғайритиҷоратии хайрияи "Савоб"
- Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикхориҷакор"
- Директори Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"
- Раиси Иттифоқи илмию саноатии Тоҷикистон
- Директори Созмони ғайриҳукуматии "Сурхоб"
- Директори Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ" ва Низомномаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 № 468 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 454" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 апрели соли 2009 № 267
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2009 № 267
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамоҳангсози Комиссия
Котиби Комиссия
Аъзои Комиссия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Тараф
-Мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Комиссия аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:
- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Тараф
- Муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятӣ
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатӣ
- Раиси Федератсияи иттифоқи касабаи кормандони ҳавопаймоӣ
- Раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургия "Тоҷикметалл"
- Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабук
- Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон
Аъзои Комиссия аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, хамоҳангсози Тараф
- Раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Раиси Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Раиси иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон
- Раиси Фонди ғайритиҷоратии хайрияи "Савоб"
- Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикхориҷакор"
- Сардори Шӯъбаи меҳнати Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи Тоҷик"
- Раиси Иттифоқи илмию саноатии Тоҷикистон
- Директори СҒ "Сурхоб"
- Директори Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд