Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳуқуқию ташкилии таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ташаккули сармояи оинномавӣ, бақайдгирии давлатии эмиссияи барориши саҳмияҳо ва таъсиси мақомоти иҷроияи ҷамъияти мазкурро дар муддати як моҳ ҳал намоянд.
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти таҳлилӣ дар бораи амалиётҳои содиротӣ ва воридотии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз рӯи музоядаҳои биржавӣ пешниҳод намояд.
4. Дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 №126 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон" ба калимаҳои "Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
5. Ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003 №223 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 13 калимаҳои "савдои Биржаи Тоҷикистон," хориҷ карда шаванд;
- аз банди 15 калимаҳои "дар музоядаҳои Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон ба миён омада," хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 апрели соли 2009 № 279
ш. Душанбе