Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2009 № 203
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳуҷҷатҳои асосие, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз қаламрави он тасдиқ менамоянд
1. Ба шаҳрвандони "Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафари хориҷа, истиқомати доимӣ дар хориҷа ва бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- шиносномаи дипломатӣ, аз он ҷумла шиносномаи дипломатии дорои маълумоти электронӣ (минбаъд шиносномаи дипломатӣ);
- шиносномаи хизматӣ, аз он ҷумла шиносномаи хизматии дорои маълумоти электронӣ (минбаъд шиносномаи хизматӣ);
- шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ, аз он ҷумла шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии дорои маълумоти электронӣ (минбаъд шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ);
- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳодатномаи бозгашт).
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, аз он ҷумла шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ мебошанд.
3.Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба хизматчиёни давлатӣ (дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур ба аъзои оилаҳои онҳо) аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Категорияҳои хизматчиёни давлатӣ, ки ҳуқуқи гирифтани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро доранд, дар Замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур оварда шудаанд.
4. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ бояд бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда шаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ дорад, ба ӯ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ дода мешавад.
5. Таҳти мафҳуми аъзои оила дар Қоидаҳои мазкур - ҳамсар, фарзандон, фарзандхондшудагон - то расидан ба синни 23 фаҳмида мешаванд.
6. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба: хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми сафари корӣ ба хориҷа; шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд; шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ сафар доранд; шаҳрвандоне, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ доранду муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош мекунанд; инчунин ҳангоми сафари хизматии кормандони шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, дода мешаванд.
7. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ва ё ҳавзаи консулии он истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатӣ доранд, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ медиҳанд.
8. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафари хориҷа бо мақсадҳои хусусӣ, туристӣ, барои кор, истироҳат, муолиҷа ва истиқомати доимӣ дода мешаванд.
3. Асосҳои додани шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сафари хориҷии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон; супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият; аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо;
- ариза-саволнома бо имзои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндаи ваколатдори ӯ (Замимаи 2). Ариза-саволнома бояд бо мӯҳр ва имзои роҳбари муассисаи дархосткунанда тасдиқ карда шавад. Аризасаволномаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо бо имзои роҳбари бевоситаи онҳо тасдиқ карда мешавад;
- 4 дона сурати ҳаҷмаш 3,5 х 4,5 (талабот нисбати сурат дар Замимаи 4);
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ. Барои додани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, пардохти он танҳо аз ҷониби муассисаи дархосткунанда сурат мегирад. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ барои аъзои оилаи хизматчиёни давлатӣ, пардохти маблағи он метавонад чӣ аз ҳисоби ташкилоти дархосткунанда ва чӣ аз ҳисоби хизматчии давлатӣ ба амал оварда шавад;
- нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ (барои шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ).
10. Хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳуқуқи гирифтани шиносиомаҳои дипломатӣ ё хизматиро доранд, ариза-саволномаро пур мекунанд (Замимаи 3).
11. Ариза-саволномаҳо бо истифода аз мошинаи чопӣ, техникаи компютерӣ ба таври чопӣ ё аз даст бо ҳарфҳои калон ва возеҳ хонапурӣ карда мешавад. Маълумоти дар ариза-саволнома буда, бояд аниқ ва фаҳмо бошад. Дар ҳолати додани маълумоти бардурӯғ, аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷавобгар мебошад.
12. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- ариза-саволнома бо имзои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндаи ваколатдори ӯ дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳои ӯ (Замимаи 2);
- 4 дона сурати ҳаҷмаш 3,5ҷ4,5 (талабот нисбати сурат дар Замимаи 4);
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи он;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ. Дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа танҳо хироҷи консулӣ ситонида мешавад.
13. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ӯҳдадоранд, ки мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ӯро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян намоянд. Дар ҳолати ба шаҳрвандии давлати дигар мансуб будани муроҷиаткунанда, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, барои додани шиносномаи хориҷӣ рад карда мешавад.
14. Дар ҳолати пайдо шудани мушкилоти техникӣ дар додани шиносномаҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳуқуқ доранд, ки барои додани шиносномаҳои хориҷӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намоянд ё тибқи муқаррароти боби 5 ҳамин Қоидаҳо онро тамдид намоянд. Тартиби пешниҳод намудани дархост дар хусуси барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
15. Шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- дархости хаттии ширкатҳо, ки бо туризм машғуланд, аризаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тибқи дархости намояндагони қонунии онҳо дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳои онҳо;
- ариза-саволномаи аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндаи ваколатдори ӯ пуркардашуда (Замимаи 2). Ариза-саволномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикнстон, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ё дар муассисаҳои таълимотӣ таҳсил менамоянд бо мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешаванд;

- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ (барои шаҳрвандони синну солашон аз 18 то 27);
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо.
16. Ҳангоми баррасии дархости додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 16 сола, шаҳодатномаи таваллуди ӯ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд бо мӯҳри тасдиқкунандаи мансубияти кӯдак ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
17. Ба шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таваллуд ва то ба сини 16 солагӣ расидан, шиноснома дар асоси ариза-саволнома, ки ба яке аз волидон ё намояндаи қонунии ӯ пур карда шудааст, дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳояш дода мешавад.
18. Додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 18 сола, дар мавриди сафари мустақил, дар асоси розигии дар нотариат тасдиқшудаи волидон ё намояндагони қонунӣ, ё ҳуҷҷате, ки будани волиди дуюмро инкор мекунад (шаҳодатномаи вафот, ҳалномаи суд дар бораи маҳрум кардани ҳуқуқи волидон, қарори суд дар бораи бедарак ғайбзада эълон намудан ва ғайраҳо) ба амал бароварда мешавад.
4. Тартиби барасмиятдарорӣ, додан ва иваз намудани шиносномаҳои хориҷӣ
19. Баъди дар асоси талаботи боби 3 Қоидаҳои мазкур қабули ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани санҷиши муқарраршуда, ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шиносномаи хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад.
20. Шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуруфоти кирилӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (бо забони англисӣ) пур карда мешаванд.
21. Шиносномаи хориҷӣ дар асоси маълумоте, ки дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаи хориҷии шаҳрванди ноболиғ, дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад.
22. Дар саҳифаи 32 шиносномаи хориҷӣ насаб (хоначаи аз боло якум) ном (хоначаи аз боло дуюм) ва номи падари (хоначаи аз боло сеюм) шахси муроҷиаткунанда бо ҳуруфоти кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) навишта мешавад. Хоначаҳои "насаб" ва "ном/name" бояд ҳатман пур карда шаванд .
23. Дар тарафи дохилии муқоваи қафои шиносномаи хориҷӣ сурати ҳаҷмаш 3,5х4,5 намуди муқарраргардида часпонида шуда, он бо мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад. Ин саҳифа бо ҳуруфоти лотинӣ (бо забони англисӣ) навишта мешавад.
24. Дар хоначаи "рақами шиносномаNo" силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, мутобиқ ба силсила ва рақамҳое, ки дар саҳифаҳои дохилии шиносномаи хориҷӣ сӯрох карда шудааст, навишта мешавад.
25. Хоначаҳои "насаб" ва "ном" насаб ва номи муроҷиаткунанда навишта мешаванд, ки тарҷумаи онро ба ҳуруфоти лотинӣ барномаи компютерӣ ба амал мебарорад. Агар ҳангоми тарҷумаи барномаи компютерӣ ҳарфҳои ном ва насаби шахси муроҷиаткунанда ба таври дахлдор сабт нашаванд, мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад ном ва ё насаби ӯро бо дархости асосноки шахси муроҷиаткунанда танҳо дар ҳуруфоти лотинӣ тағйир диҳад. Дар ин ҳолат, муроҷиаткунанда ӯҳдадор аст ин маълумотро дар ариза-саволномааш дарҷ намояд .
26. Дар хоначаи "шаҳрвандӣ" калимаи "Таjikistan" бо ҳуруфоти лотинӣ сабт карда мешавад.
27. Дар хоначаҳои "таърихи таввалуд of birth", "таърихи судурof issue", "таърихи ниҳояти эътиборof expire" рӯз ва сол бо рақамҳо, моҳ - бо ҳарфҳои лотинӣ навишта мешаванд.
28. Дар хоначаи "ҷинс" ҷинси шаҳрванд бо забони англисн "F" (зан), "М" (мард) сабт карда мешаванд.
29. Дар хоначаи "ҷои таввалудof birtth" номи кишваре, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, бо забони англисӣ навишта мешавад.
30. Дар хоначаи "мақоме, ки шиноснома додаст" номи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки шиносномаи хориҷиро додааст, сабт карда мешавад.
31. Тартиби барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ бо Дастурамали якҷояи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
32. То ба итмом расидани мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, иваз намудан ва додани шиносномаи хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- дар мавриди тағйир ёфтани мақоми хизматии соҳиби шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;
- дар мавриди дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои дарҷи сабт, қайдҳо ва раводид;
- дар мавриди фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
- дар мавриди гум шудани шиноснома;
- дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном ва номи падар;
- дар ҳолати гирифтани шиносномаи дуюм.
33. Шиносномаи нави хориҷӣ бо талаб карда гирифтани шиносномаи пешинаи хориҷӣ, ки мӯҳлати амалаш ба итмом нарасидааст, дода мешавад.
34. Шиносномаи хориҷие, ки мӯҳлати амалаш гузаштааст, талаб карда гирифта намешавад.
35. Агар саҳифаҳои шиносномаи амалкунандаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пур шуда бошаду раводидҳои амалкунандаи кишварҳои хориҷиро дошта бошад ва ӯ барои гирифтани шиносномаи нави хориҷӣ дархост карда бошад, шиносномаи хориҷии нав бе талаби шиносномаи хориҷии қаблӣ дода мешавад. Дар ин ҳолат, дар шиносномаи қаблан додашуда, дар кунҷи чапи поёни сурати соҳибаш сӯрох карда мешавад. Ба расмият даровардани шиносномаи нави хориҷӣ дар асоси талаботи боби 3 ҳамин Қоидаҳо ба амал бароварда мешавад.
36. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби он бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаи хориҷӣ муроҷиат намояд.
37. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, ки фавран ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ном, насаб ва номи падари шахсе, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, макони (кишвари) гум шудани он ва агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, ба сафари хизматӣ омада бошад, номи идораеро, ки ба сафари хизматӣ фиристодааст, хабар медиҳад.
38. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ ва набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, шаҳрванди Тоҷикистон оиди ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати наздиктарин ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш хабар медиҳад.
39. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ маълумоти гум шудани шиносномаи хориҷиро ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.
40. Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи пешинаи хориҷиашро, ки мӯҳлати амалаш ба итмом нарасидааст, гум карда бошад, шиносномаи нави хориҷӣ танҳо бо шарти расман огоҳонидани мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гум шудани шиносномаи қаблӣ дода мешавад.
41. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаҳои хориҷии ёфтшуда, инчунин шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони фавтидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ баргардонида мешаванд. Дар хориҷа, ин гуна ҳуҷҷатҳо ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
42. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, қарори ба соҳибаш баргардонидани шиносномаи хориҷӣ ё нобуд сохтани онро қабул менамояд. Дар ҳолати қабули қарор оид ба соҳибаш баргардонидани шиноснома, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, оиди баргардонидани шиноснома ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи корӣ иттилоъ медиҳад.
43. Шиносномаҳои хориҷие, ки дар муддати мӯҳлати амали он соҳибашон дода нашудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида нобуд сохта мешаванд.
44. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, ба шаҳрванд барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт дода мешавад.
45. Агар фаъолияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳо зиёди берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад (на камтар аз ду маротиба дар як моҳ), ба ӯ метавонад шиносномаи дуюми хориҷӣ бо мӯҳлати амали шиносномаи хориҷии якум дода шавад.
46. Барои тасдиқ намудани сафарҳои зиёд, шахси муроҷиаткунанда бояд шиносномаи амалкунандаи хориҷиро бо нусхаи саҳифаҳои махсуси шиносномаи хориҷӣ бо мӯҳри гузаштани Сарҳади давлатӣ барои муддати ду моҳи охир на камтар аз чор мӯҳр пешниҳод намояд.
47. Амали банди 45 ва 46 танҳо барои шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ тааллуқ доранд.
48. Ҳангоми додани шиносномаи хориҷӣ, шахси ваколатдори мақомоти давлатӣ бояд дурустии пур кардани тамоми маълумот дар шиноснома ва мувофиқат намудани чеҳраи шаҳрвандро ба сурат тафтиш намояд.
49. Ҳангоми ошкор гардидани нуқсони техникӣ дар шиноснома ва ё хато сабт гардидани маълумот, ба шаҳрванд бе талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва гирифтани боҷи давлатӣ ё дигар пардохтҳо шиносномаи нав дода мешавад.
50. Дар ҳолати додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрвандоне, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ доранд ва ба шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои истиқомати доимӣ мераванд, мӯҳри сирешимии "барои истиқомати доимӣ" гузошта шуда, дар он хусус, ки шиноснома бар ивази кадом ҳуҷҷат дода шудааст, қайд карда мешавад ва сабт бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешаванд.
51. Ислоҳҳое, ки дар шиносномаи хориҷӣ ворид мегарданд, бояд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар саҳифаи тозаи шиноснома тавзеҳ дода шаванд, ки онҳо бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешаванд.
52. Ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ иштироки муроҷиаткунанда ва ё намояндаи қонунии ӯ ҳатмист. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ метавонанд аз ҷониби кормандони масъули муассисаҳои давлатии дархосткунанда гирифта шаванд.
5.Мӯҳлати эътибор ва тамдиди мӯҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ. Мӯҳлати баррасии дархостҳо, аризаҳо
53. Шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ ба мӯҳлати 5 сол дода мешаванд ва шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ ба мӯҳлати 10 сол дода мешаванд.
54. Шиносномаҳои дипломатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо ба мӯҳлати ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
55. Дар ҳолати мушкилоти техникӣ дар барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷӣ ё сафари таъҷилии шаҳрванд ба хориҷа, шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тамдид карда шаванд.
56. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба мӯҳлати на зиёда аз се сол ва танҳо як маротиба тамдид карда мешаванд.
57. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ё намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо ҳамоҳангии пешакӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз як сол ва танҳо як маротиба тамдид карда мешаванд.
58. Дар ҳолати тамдид намудани мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ дар варақаи алоҳидаи шиносномаи хориҷӣ мӯҳри сирешимӣ гузошта шуда, бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
59. Барасмиятдарории тамдиди мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ бояд аз рӯзи ба итмом расидани таърихи ниҳояти эътибори шиносномаи барои тамдид пешниҳодшуда ба амал бароварда шавад.
60. Дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ба расмият даровардани шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои табобати таъҷилӣ, бемории ҷиддӣ ё марги хеши наздики дар хориҷа истиқоматкунандааш вобаста бошад, ариза дар бораи додани шиносномаи хориҷӣ дар муддати се рӯзи корӣ бе ситонидани изофапулӣ барои таъҷил баррасӣ карда мешавад. Барои баррасии таъҷилии ариза дар бораи додани шиносномаи хориҷӣ, мактуб ё маълумотномаи муассисаи тиббӣ, барқияи байналмилалии бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда ҳамчун асос ба ҳисоб гирифта мешаванд.
61. Ариза дар бораи додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ҷиҳати хориҷ шудан аз Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ дар муддати на бештар аз се моҳ баррасӣ мегарданд.
62. Аризаҳои шаҳрвандон барои додани шиносномаҳои хориҷӣ ва тамдид намудани мӯҳлати амали шиносномаҳо дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар муддати на бештар аз як моҳ баррасӣ мегарданд.
63. Барои баррасии таъҷилии (дар муддати 7 рӯзи корӣ) аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми пардохт ба 100%, дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200% меафзояд.
6.Тартиби номнавис намудани аъзои оила дар шиносномаи хориҷӣ. Баровардани аъзои оила аз шиносномаи хориҷӣ
64. Кӯдакони синну солашон то 16 сола, метавонанд дар шиносномаи волидон ё шахси онҳоро ҳамроҳикунанда номнавис шаванд.
65. Кӯдаконе, ки ба шиносномаҳои хориҷӣ ворид карда мешаванд, новобаста ба синну сол аз волидон ва ё шахсе, ки ба шиносномаи ӯ ворид мегарданд, алоҳида сурат мегиранд.
66. Дар саҳифаи 30 шиносномаи хориҷӣ сурати кӯдак часпонида шуда, бо мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
67. Дар саҳифаи 31 шиносномаи хориҷӣ насаб, ном ва ҷинси кӯдак бо ҳуруфоти кирилӣ (забони тоҷикӣ) ва ҳуруфоти лотинӣ (забони англисӣ), рӯз, моҳ ва соли таваллуди кӯдак бо рақамҳо сабт мешаванд. Насаб ва номи кӯдаке, ки дар сархати 1 саҳифаи 31 номнавис мешавад, бояд ба сурати кӯдаке, ки дар хоначаи 1 саҳифаи 30 часпонида шудааст, мутобиқат намояд.
68. Дар ҳолати зарурияти ворид намудани шумораи зиёди кӯдакон дар қисмати поёни саҳифаи 31 иқтибос ба саҳифаи дигари шиноснома, ки бо мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ворид карда мешавад: "ниг. ба саҳ...\Sее раgе...".
69. Кӯдаконе, ки ба хориҷа аз падару модар ҷудо мераванд, дар шиносномаи ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, дар мавриди ризоияти дар нотариат тасдиқшудаи волидайн ё намояндагони қонунии онҳо, номнавис мешаванд. Дар ин ҳолат дар варақаи тозаи шиносномаи хориҷӣ сурати кӯдак часпонида шуда, сабти мазкур бо забони тоҷикӣ ва англисӣ ворид карда мешавад: "(Насаб, ном ва соли таваллуди кӯдак) ба шиносномаи мазкур ворид карда шуд", "(Name, last name and date of birth of child) included to this passport". Сабт ва сурат бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
70. Дар ҳолатҳои бе роҳбалад ба хориҷа сафар кардани кӯдакони ноболиғ, онҳо ғайр аз шиноснома бояд бо худ ризоияти дар нотариус тасдиқшудаи волидайн ё намояндаи қонунии худро бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо дошта бошанд.
71. Номнавис намудани кӯдакони синыи 16 сола ва аз он боло дар шшюсномаҳои волидайн ва ашхосе, ки ба хориҷа ҳамроҳи онҳо мераванд, иҷозат дода намешавад.
72. Номнависии кӯдакон дар шиносномаҳо метавонад дар мавриди таваллуд шудани онҳо, писархондӣ (духтархондӣ), аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо муқаррар намудани парастор ба ҷо оварда шавад.
73. Дар мавриди гуногунии шаҳрвандии волидон шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шиносномаи хориҷии волидайне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, номнавис карда мешавад. Номнавис кардани кӯдаконе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, инчунин ворид намудани шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ ба шиносномаҳои хориҷии волидон, намояндагони қонунӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, манъ аст.
74. Дар ҳолати баровардани аъзои оила ва шаҳрвандони ноболиғи сабтшуда аз шиноснома дар он сабти мазкур бо забони тоҷикӣ ва англисӣ ворид карда мешавад: "(Насаб, ном ва соли таваллуди кӯдак) аз шиносномаи мазкур бароварда шуд", "(Name, last name and date of birth of child) excluded from this passport". Сабти мазкур бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
7. Баҳисобгирии шиносномаҳои хориҷӣ, шаҳодатномаҳои бозгашт, ҳисобот ва тартиби нигоҳдории онҳо
75. Мақомоти ваколатдори давлатӣ баҳисобгирии додани шиносномаҳои хориҷиро дар дафтари қайд бо тартиби зерин пеш мебаранд:
- санаи додан;
- силсила ва рақами шиноснома;
- насаб, ном ва номи падари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ шиноснома дода шудааст;
- асос барои додани шиноснома.
76. Ирсоли шиносномаҳои хориҷӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тибқи санади доду гирифт ба расмият дароварда мешавад. Дар бораи хароҷоти шиносномаҳои хориҷӣ ҳар семоҳа ҳисобот тартиб дода шуда, ҷиҳати тасдиқ ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Санадҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар ду нусха тартиб дода шуда, яке аз онҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
77. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ӯхдадоранд, ки ҳар семоҳа ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассали харҷи бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ, шаҳодатномаи бозгашт, миқдор ва тамдиди мӯҳлати амали шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон, миқдори бланкаҳои вайроншударо, ҳамроҳ бо санади дахлдор пешниҳод намоянд.
78. Тартиб ва шакли пешниҳод намудани ҳисобот аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
79. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доду гирифти шиносномаҳои хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида дар асоси санад ба расмият дароварда мешавад. Ҳар семоҳа дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он санҷиш дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, харҷи бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд, ки дар бораи он санадҳо тартиб дода мешавад. Санади сохторҳои маҳаллии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се нусха тартиб дода шуда, яке аз онҳо ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
80. Маълумот дар бораи баҳисобгирии додани шнносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ дар маъхазҳои электронӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби нигаҳдории он бо Дастурамали якҷояи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
81. Бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаҳои бозгашт дар ҳуҷраҳои махсуси муҷаҳҳазгардонидашуда, ки барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои дорои ҳисоботи қатъӣ пешбинӣ гардидаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
82. Варақаҳои вайроншуда тибқи санад, ки дар парвандаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он нигоҳ дошта мешаванд, нобуд (сӯзонда) карда мешаванд. Санадро комиссия тартиб медиҳад ва онро роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаи хориҷӣ тасдиқ мекунад. Парванда бо санадҳо бо гузашти мӯҳлати муқарраршудаи нигоҳдорӣ ба бойгонии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ супорида мешавад.
8. Бозпас гирифтан ва нобуд кардани шиносномаҳои беэътибор
83. Шиносномаҳое, ки ба ивази онҳо шиносномаҳои нав дода мешаванд, инчунин шиносномаҳои шахсоне, ки шаҳрвандии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гаштааст ва шиносномаҳои фавтидагон бозпас гирифта шуда, тибқи санад нобуд (сӯзонда) карда мешаванд ва як нусхаи он дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад. Парванда бо санадҳо бо гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи нигохдорӣ ба бойгонии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ супорида мешавад.
84. Санад аз ҷониби комиссия тартиб дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Шиносномаҳо на камтар аз як маротиба дар ним сол нобуд карда мешаванд. Дар санад нишон дода мешаванд: насаб, ном, номи падари соҳиби шиноснома аз рӯи алифбо, силсила ва рақами шиноснома, кай ва аз ҷониби кӣ дода шудааст ва бо кадом сабаб нест карда мешавад.
9. Рад кардани додани шиносномаи хориҷӣ. Бозпас гирифтан ё аз эътибор соқит донистани шиносномаи хориҷӣ
85. Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зерин муваққатан барои додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар:
- ӯ аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани рухсати шаҳрванд ба ин маълумот. Мӯҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби Комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, таъсис додааст, тамдид карда шавад. Мансубияти маълумот ба маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад мутобиқи конунгузорӣ, ки ҳифзи маълумоти махфиро танзим менамояд, анҷом дода мешавад;
- ӯ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст - то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
- ӯ барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои (иҷрои) мӯҳлати ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо;
- ӯ аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба дӯшаш гузоштаи суд саркашӣ кунад - то иҷрои ӯҳдадориҳо;
- ӯ дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода бошад;
- нисбат ба ӯ дар суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад - то ба охир расидани пешбурди парванда;
- ӯ тибқи ҳукми суд ретсидивисти ниҳоят хавфнок дониста шуда бошад ва ё зери назорати маъмурии милитсия қарор дошта бошад - то бартараф гардидани доғи судӣ ва ё ба итмом расидани мӯҳлати назорат;
- ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мӯҳлати адои хизмати ҳарбӣ.
86. Бозпас гирифтан ё аз эътибор соқит донистани шиносномаи дипломатӣ ва хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои ба муқобили ӯ оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ ё ба охир расидани мӯҳлати ваколаташ ҳамчун хизматчии давлатӣ ва ё ба вазифаи дигар гузаштан, ки доштани шиносномаи дипломатӣ ва хизматиро тақозо намекунад, анҷом додан мумкин аст.
10. Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
87. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.
88. Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- аризаи муроҷиаткунанда (замимаи 5);
- маълумотномаи шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;
- ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ба мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ё аризаи ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи шиносномаҳояшон, ки оид ба мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва аз ҷониби корманди консулӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудаанд.
Дар ҳолати набудан ва ё гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
- 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок бошад).
89. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 88, шаҳодатномаи бозгашт бе ҳамоҳангии иловагӣ дода мешавад.
90. Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 88, корманди масьули намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он дархост ирсол менамояд.
91. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маҳаллии он дар мӯҳлати 10 рӯзи тақвимӣ чорабиниҳои заруриро оид ба муайян кардани шахсияти шахси муроҷиаткунанда гузаронида, оид ба натиҷаи он ба мақомоти ваколатдори давлатии дархосткунанда ҷавоб ирсол менамояд.
92. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа, пас аз муайян кардани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.
93. Мӯҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 20 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (тафтиши иловагии ҳуҷҷатҳо) мӯҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мӯҳлати на зиёда аз 15 рӯз тамдид карда шавад.
94. Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ӯ ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.
95. Дар ҳолатҳои истисноии дар мӯҳлати муқарраргардида баргашта натавонистани шаҳрванд (ҳолатҳои фавқулодда, бемории вазнин ва дигар ҳолатҳои аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснок дубора содир карда мешавад.
Замимаи 1
Ба Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии
дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи
бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шиносномаҳои дипломатӣ ба шахсони зерин дода мешаванд:
а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
б) ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби матбуотӣ - роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини он, мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат), мудирони шӯъбаҳои мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, мудирони шуъбаҳо ва сармутахассисони хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
в) ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ба Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муовинони онҳо ;
д) ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони ӯ, мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, раисони кумита, сардорони хадамотҳо ва директорони агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ва муовинони ӯ, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", дпректори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ш. Душанбе ;
е) ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
ж) ба атташеҳои ҳарбӣ ;
з) ба сарварон ва ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ;
и) ба академикони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
к) ба ҳамсари шахсони мансабдори дар зербандҳои "а,б,в,г,д,е,ж,з" зикргардида, инчунин ба фарзандони (фарзандхондшудагони) онҳо то расидан ба синни 23-солагӣ ва танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо .
Иҷозат барои додани шиносномаҳои дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, шиносномаи дипломатӣ умрбод дода мешавад.
Шиносномаҳои хизматӣ ба хизматчиёни давлатие, ки мансабҳои мудирони бахшҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мансабҳои на камтар аз сардори раёсати мустақилро дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, инчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ба директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик дода мешаванд .
Иҷозат барои додани шиносномаи хизматӣ аз ҷониби муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро сарпарастӣ мекунад, манзурӣ карда мешавад.
Шиносномаҳои дипломатӣ танҳо тибқи феҳристи дар боло зикргардида дода шуда, баробаркунӣ ё мутобиқгардонии мансабҳо барои гирифтани шиносномаи дипломатӣ манъ аст .
ниг. ба Замимаи 2 - 5
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2009 № 203
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳуҷҷатҳои асосие, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз қаламрави он тасдиқ менамоянд
1. Ба шаҳрвандони "Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафари хориҷа, истиқомати доимӣ дар хориҷа ва бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- шиносномаи дипломатӣ, аз он ҷумла шиносномаи дипломатии дорои маълумоти электронӣ (минбаъд шиносномаи дипломатӣ);
- шиносномаи хизматӣ, аз он ҷумла шиносномаи хизматии дорои маълумоти электронӣ (минбаъд шиносномаи хизматӣ);
- шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ, аз он ҷумла шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии дорои маълумоти электронӣ (минбаъд шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ);
- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳодатномаи бозгашт).
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, аз он ҷумла шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ мебошанд.
3.Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба хизматчиёни давлатӣ (дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур ба аъзои оилаҳои онҳо) аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Категорияҳои хизматчиёни давлатӣ, ки ҳуқуқи гирифтани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро доранд, дар Замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур оварда шудаанд.
4. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ бояд бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда шаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ дорад, ба ӯ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ дода мешавад.
5. Таҳти мафҳуми аъзои оила дар Қоидаҳои мазкур - ҳамсар, фарзандон, фарзандхондшудагон - то расидан ба синни 23 фаҳмида мешаванд.
6. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба: хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми сафари корӣ ба хориҷа; шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд; шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ сафар доранд; шаҳрвандоне, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ доранду муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош мекунанд; инчунин ҳангоми сафари хизматии кормандони шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, дода мешаванд.
7. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ва ё ҳавзаи консулии он истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатӣ доранд, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ медиҳанд.
8. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафари хориҷа бо мақсадҳои хусусӣ, туристӣ, барои кор, истироҳат, муолиҷа ва истиқомати доимӣ дода мешаванд.
3. Асосҳои додани шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сафари хориҷии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон; супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият; аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо;
- ариза-саволнома бо имзои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндаи ваколатдори ӯ (Замимаи 2). Ариза-саволнома бояд бо мӯҳр ва имзои роҳбари муассисаи дархосткунанда тасдиқ карда шавад. Аризасаволномаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо бо имзои роҳбари бевоситаи онҳо тасдиқ карда мешавад;
- 4 дона сурати ҳаҷмаш 3,5 х 4,5 (талабот нисбати сурат дар Замимаи 4);
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ. Барои додани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, пардохти он танҳо аз ҷониби муассисаи дархосткунанда сурат мегирад. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ барои аъзои оилаи хизматчиёни давлатӣ, пардохти маблағи он метавонад чӣ аз ҳисоби ташкилоти дархосткунанда ва чӣ аз ҳисоби хизматчии давлатӣ ба амал оварда шавад;
- нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ (барои шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ).
10. Хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳуқуқи гирифтани шиносиомаҳои дипломатӣ ё хизматиро доранд, ариза-саволномаро пур мекунанд (Замимаи 3).
11. Ариза-саволномаҳо бо истифода аз мошинаи чопӣ, техникаи компютерӣ ба таври чопӣ ё аз даст бо ҳарфҳои калон ва возеҳ хонапурӣ карда мешавад. Маълумоти дар ариза-саволнома буда, бояд аниқ ва фаҳмо бошад. Дар ҳолати додани маълумоти бардурӯғ, аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷавобгар мебошад.
12. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- ариза-саволнома бо имзои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндаи ваколатдори ӯ дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳои ӯ (Замимаи 2);
- 4 дона сурати ҳаҷмаш 3,5ҷ4,5 (талабот нисбати сурат дар Замимаи 4);
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи он;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ. Дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа танҳо хироҷи консулӣ ситонида мешавад.
13. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ӯҳдадоранд, ки мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ӯро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян намоянд. Дар ҳолати ба шаҳрвандии давлати дигар мансуб будани муроҷиаткунанда, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, барои додани шиносномаи хориҷӣ рад карда мешавад.
14. Дар ҳолати пайдо шудани мушкилоти техникӣ дар додани шиносномаҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳуқуқ доранд, ки барои додани шиносномаҳои хориҷӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намоянд ё тибқи муқаррароти боби 5 ҳамин Қоидаҳо онро тамдид намоянд. Тартиби пешниҳод намудани дархост дар хусуси барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
15. Шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- дархости хаттии ширкатҳо, ки бо туризм машғуланд, аризаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тибқи дархости намояндагони қонунии онҳо дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳои онҳо;
- ариза-саволномаи аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндаи ваколатдори ӯ пуркардашуда (Замимаи 2). Ариза-саволномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикнстон, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ё дар муассисаҳои таълимотӣ таҳсил менамоянд бо мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешаванд;
- 4 дона сурати ҳаҷмаш 3,5ҷ4,5 (талабот нисбати сурат дар Замимаи 4);
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ (барои шаҳрвандони синну солашон аз 18 то 27);
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо.
16. Ҳангоми баррасии дархости додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 16 сола, шаҳодатномаи таваллуди ӯ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд бо мӯҳри тасдиқкунандаи мансубияти кӯдак ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
17. Ба шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таваллуд ва то ба сини 16 солагӣ расидан, шиноснома дар асоси ариза-саволнома, ки ба яке аз волидон ё намояндаи қонунии ӯ пур карда шудааст, дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳояш дода мешавад.
18. Додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 18 сола, дар мавриди сафари мустақил, дар асоси розигии дар нотариат тасдиқшудаи волидон ё намояндагони қонунӣ, ё ҳуҷҷате, ки будани волиди дуюмро инкор мекунад (шаҳодатномаи вафот, ҳалномаи суд дар бораи маҳрум кардани ҳуқуқи волидон, қарори суд дар бораи бедарак ғайбзада эълон намудан ва ғайраҳо) ба амал бароварда мешавад.
4. Тартиби барасмиятдарорӣ, додан ва иваз намудани шиносномаҳои хориҷӣ
19. Баъди дар асоси талаботи боби 3 Қоидаҳои мазкур қабули ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани санҷиши муқарраршуда, ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шиносномаи хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад.
20. Шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуруфоти кирилӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (бо забони англисӣ) пур карда мешаванд.
21. Шиносномаи хориҷӣ дар асоси маълумоте, ки дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаи хориҷии шаҳрванди ноболиғ, дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад.
22. Дар саҳифаи 32 шиносномаи хориҷӣ насаб (хоначаи аз боло якум) ном (хоначаи аз боло дуюм) ва номи падари (хоначаи аз боло сеюм) шахси муроҷиаткунанда бо ҳуруфоти кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) навишта мешавад. Хоначаҳои "номи хонаводагӣ\sғқnamӯ" ва "ном\givӯn namӯ" бояд ҳатман пур карда шаванд.
23. Дар тарафи дохилии муқоваи қафои шиносномаи хориҷӣ сурати ҳаҷмаш 3,5ҷ4,5 намуди муқарраргардида часпонида шуда, он бо мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад. Ин саҳифа бо ҳуруфоти лотинӣ (бо забони англисӣ) навишта мешавад.
24. Дар хоначаи "рақами шиноснома\passpoқt No" силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, мутобиқ ба силсила ва рақамҳое, ки дар саҳифаҳои дохилии шиносномаи хориҷӣ сӯрох карда шудааст, навишта мешавад.
25. Хоначаҳои "номи хонаводагӣ" ва "ном" насаб ва номи муроҷиаткунанда навишта мешаванд, ки тарҷумаи онро ба ҳуруфоти лотинӣ барномаи компютерӣ ба амал мебарорад. Агар ҳангоми тарҷумаи барномаи компютерӣ ҳарфҳои ном ва номи хонаводагии шахси муроҷиаткунанда ба таври дахлдор сабт нашаванд, мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад ном ва ё насаби ӯро бо дархости асосноки шахси муроҷиаткунанда танҳо дар ҳуруфоти лотинӣ тағйир диҳад. Дар ин ҳолат, муроҷиаткунанда ӯҳдадор аст ин маълумотро дар ариза-саволномааш дарҷ намояд.
26. Дар хоначаи "шаҳрвандӣ\nationality" калимаи "Таjikistan" бо ҳуруфоти лотинӣ сабт карда мешавад.
27. Дар хоначаҳои "таърихи таввалуд\Datӯ of ӣiқth", "таърихи судур\datӯ of issғӯ", "таърихи ниҳояти эътибор\datӯ of ӯҷpiқӯ" рӯз ва сол бо рақамҳо, моҳ - бо ҳарфҳои лотинӣ навишта мешаванд.
28. Дар хоначаи "ҷинс\sӯҷ" ҷинси шаҳрванд бо забони англисн "F" (зан), "М" (мард) сабт карда мешаванд.
29. Дар хоначаи "ҷои таввалуд\placӯ of ӣiқth" номи кишваре, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, бо забони англисӣ навишта мешавад.
30. Дар хоначаи "мақоме, ки шиноснома додаст\aғthoқғty" номи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки шиносномаи хориҷиро додааст, сабт карда мешавад.
31. Тартиби барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ бо Дастурамали якҷояи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
32. То ба итмом расидани мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, иваз намудан ва додани шиносномаи хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- дар мавриди тағйир ёфтани мақоми хизматии соҳиби шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;
- дар мавриди дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои дарҷи сабт, қайдҳо ва раводид;
- дар мавриди фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
- дар мавриди гум шудани шиноснома;
- дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном ва номи падар;
- дар ҳолати гирифтани шиносномаи дуюм.
33. Шиносномаи нави хориҷӣ бо талаб карда гирифтани шиносномаи пешинаи хориҷӣ, ки мӯҳлати амалаш ба итмом нарасидааст, дода мешавад.
34. Шиносномаи хориҷие, ки мӯҳлати амалаш гузаштааст, талаб карда гирифта намешавад.
35. Агар саҳифаҳои шиносномаи амалкунандаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пур шуда бошаду раводидҳои амалкунандаи кишварҳои хориҷиро дошта бошад ва ӯ барои гирифтани шиносномаи нави хориҷӣ дархост карда бошад, шиносномаи хориҷии нав бе талаби шиносномаи хориҷии қаблӣ дода мешавад. Дар ин ҳолат, дар шиносномаи қаблан додашуда, дар кунҷи чапи поёни сурати соҳибаш сӯрох карда мешавад. Ба расмият даровардани шиносномаи нави хориҷӣ дар асоси талаботи боби 3 ҳамин Қоидаҳо ба амал бароварда мешавад.
36. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби он бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаи хориҷӣ муроҷиат намояд.
37. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, ки фавран ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ном, насаб ва номи падари шахсе, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, макони (кишвари) гум шудани он ва агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, ба сафари хизматӣ омада бошад, номи идораеро, ки ба сафари хизматӣ фиристодааст, хабар медиҳад.
38. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ ва набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, шаҳрванди Тоҷикистон оиди ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати наздиктарин ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш хабар медиҳад.
39. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ маълумоти гум шудани шиносномаи хориҷиро ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.
40. Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи пешинаи хориҷиашро, ки мӯҳлати амалаш ба итмом нарасидааст, гум карда бошад, шиносномаи нави хориҷӣ танҳо бо шарти расман огоҳонидани мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гум шудани шиносномаи қаблӣ дода мешавад.
41. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаҳои хориҷии ёфтшуда, инчунин шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони фавтидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ баргардонида мешаванд. Дар хориҷа, ин гуна ҳуҷҷатҳо ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
42. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, қарори ба соҳибаш баргардонидани шиносномаи хориҷӣ ё нобуд сохтани онро қабул менамояд. Дар ҳолати қабули қарор оид ба соҳибаш баргардонидани шиноснома, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, оиди баргардонидани шиноснома ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи корӣ иттилоъ медиҳад.
43. Шиносномаҳои хориҷие, ки дар муддати мӯҳлати амали он соҳибашон дода нашудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида нобуд сохта мешаванд.
44. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, ба шаҳрванд барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт дода мешавад.
45. Агар фаъолияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳо зиёди берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад (на камтар аз ду маротиба дар як моҳ), ба ӯ метавонад шиносномаи дуюми хориҷӣ бо мӯҳлати амали шиносномаи хориҷии якум дода шавад.
46. Барои тасдиқ намудани сафарҳои зиёд, шахси муроҷиаткунанда бояд шиносномаи амалкунандаи хориҷиро бо нусхаи саҳифаҳои махсуси шиносномаи хориҷӣ бо мӯҳри гузаштани Сарҳади давлатӣ барои муддати ду моҳи охир на камтар аз чор мӯҳр пешниҳод намояд.
47. Амали банди 45 ва 46 танҳо барои шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ тааллуқ доранд.
48. Ҳангоми додани шиносномаи хориҷӣ, шахси ваколатдори мақомоти давлатӣ бояд дурустии пур кардани тамоми маълумот дар шиноснома ва мувофиқат намудани чеҳраи шаҳрвандро ба сурат тафтиш намояд.
49. Ҳангоми ошкор гардидани нуқсони техникӣ дар шиноснома ва ё хато сабт гардидани маълумот, ба шаҳрванд бе талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва гирифтани боҷи давлатӣ ё дигар пардохтҳо шиносномаи нав дода мешавад.
50. Дар ҳолати додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрвандоне, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ доранд ва ба шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои истиқомати доимӣ мераванд, мӯҳри сирешимии "барои истиқомати доимӣ" гузошта шуда, дар он хусус, ки шиноснома бар ивази кадом ҳуҷҷат дода шудааст, қайд карда мешавад ва сабт бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешаванд.
51. Ислоҳҳое, ки дар шиносномаи хориҷӣ ворид мегарданд, бояд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар саҳифаи тозаи шиноснома тавзеҳ дода шаванд, ки онҳо бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешаванд.
52. Ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ иштироки муроҷиаткунанда ва ё намояндаи қонунии ӯ ҳатмист. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ метавонанд аз ҷониби кормандони масъули муассисаҳои давлатии дархосткунанда гирифта шаванд.
5.Мӯҳлати эътибор ва тамдиди мӯҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ. Мӯҳлати баррасии дархостҳо, аризаҳо
53. Шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ ба мӯҳлати 5 сол дода мешаванд ва шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ ба мӯҳлати 10 сол дода мешаванд.
54. Шиносномаҳои дипломатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо ба мӯҳлати ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
55. Дар ҳолати мушкилоти техникӣ дар барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷӣ ё сафари таъҷилии шаҳрванд ба хориҷа, шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тамдид карда шаванд.
56. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба мӯҳлати на зиёда аз се сол ва танҳо як маротиба тамдид карда мешаванд.
57. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ё намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо ҳамоҳангии пешакӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз як сол ва танҳо як маротиба тамдид карда мешаванд.
58. Дар ҳолати тамдид намудани мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ дар варақаи алоҳидаи шиносномаи хориҷӣ мӯҳри сирешимӣ гузошта шуда, бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
59. Барасмиятдарории тамдиди мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ бояд аз рӯзи ба итмом расидани таърихи ниҳояти эътибори шиносномаи барои тамдид пешниҳодшуда ба амал бароварда шавад.
60. Дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ба расмият даровардани шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои табобати таъҷилӣ, бемории ҷиддӣ ё марги хеши наздики дар хориҷа истиқоматкунандааш вобаста бошад, ариза дар бораи додани шиносномаи хориҷӣ дар муддати се рӯзи корӣ бе ситонидани изофапулӣ барои таъҷил баррасӣ карда мешавад. Барои баррасии таъҷилии ариза дар бораи додани шиносномаи хориҷӣ, мактуб ё маълумотномаи муассисаи тиббӣ, барқияи байналмилалии бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда ҳамчун асос ба ҳисоб гирифта мешаванд.
61. Ариза дар бораи додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ҷиҳати хориҷ шудан аз Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ дар муддати на бештар аз се моҳ баррасӣ мегарданд.
62. Аризаҳои шаҳрвандон барои додани шиносномаҳои хориҷӣ ва тамдид намудани мӯҳлати амали шиносномаҳо дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар муддати на бештар аз як моҳ баррасӣ мегарданд.
63. Барои баррасии таъҷилии (дар муддати 7 рӯзи корӣ) аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми пардохт ба 100%, дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200% меафзояд.
6.Тартиби номнавис намудани аъзои оила дар шиносномаи хориҷӣ. Баровардани аъзои оила аз шиносномаи хориҷӣ
64. Кӯдакони синну солашон то 16 сола, метавонанд дар шиносномаи волидон ё шахси онҳоро ҳамроҳикунанда номнавис шаванд.
65. Кӯдаконе, ки ба шиносномаҳои хориҷӣ ворид карда мешаванд, новобаста ба синну сол аз волидон ва ё шахсе, ки ба шиносномаи ӯ ворид мегарданд, алоҳида сурат мегиранд.
66. Дар саҳифаи 30 шиносномаи хориҷӣ сурати кӯдак часпонида шуда, бо мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
67. Дар саҳифаи 31 шиносномаи хориҷӣ насаб, ном ва ҷинси кӯдак бо ҳуруфоти кирилӣ (забони тоҷикӣ) ва ҳуруфоти лотинӣ (забони англисӣ), рӯз, моҳ ва соли таваллуди кӯдак бо рақамҳо сабт мешаванд. Насаб ва номи кӯдаке, ки дар сархати 1 саҳифаи 31 номнавис мешавад, бояд ба сурати кӯдаке, ки дар хоначаи 1 саҳифаи 30 часпонида шудааст, мутобиқат намояд.
68. Дар ҳолати зарурияти ворид намудани шумораи зиёди кӯдакон дар қисмати поёни саҳифаи 31 иқтибос ба саҳифаи дигари шиноснома, ки бо мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ворид карда мешавад: "ниг. ба саҳ...\Sее раgе...".
69. Кӯдаконе, ки ба хориҷа аз падару модар ҷудо мераванд, дар шиносномаи ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, дар мавриди ризоияти дар нотариат тасдиқшудаи волидайн ё намояндагони қонунии онҳо, номнавис мешаванд. Дар ин ҳолат дар варақаи тозаи шиносномаи хориҷӣ сурати кӯдак часпонида шуда, сабти мазкур бо забони тоҷикӣ ва англисӣ ворид карда мешавад: "(Насаб, ном ва соли таваллуди кӯдак) ба шиносномаи мазкур ворид карда шуд", "(Name, last name and date of birth of child) included to this passport". Сабт ва сурат бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
70. Дар ҳолатҳои бе роҳбалад ба хориҷа сафар кардани кӯдакони ноболиғ, онҳо ғайр аз шиноснома бояд бо худ ризоияти дар нотариус тасдиқшудаи волидайн ё намояндаи қонунии худро бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо дошта бошанд.
71. Номнавис намудани кӯдакони синыи 16 сола ва аз он боло дар шшюсномаҳои волидайн ва ашхосе, ки ба хориҷа ҳамроҳи онҳо мераванд, иҷозат дода намешавад.
72. Номнависии кӯдакон дар шиносномаҳо метавонад дар мавриди таваллуд шудани онҳо, писархондӣ (духтархондӣ), аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо муқаррар намудани парастор ба ҷо оварда шавад.
73. Дар мавриди гуногунии шаҳрвандии волидон шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шиносномаи хориҷии волидайне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, номнавис карда мешавад. Номнавис кардани кӯдаконе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, инчунин ворид намудани шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ ба шиносномаҳои хориҷии волидон, намояндагони қонунӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, манъ аст.
74. Дар ҳолати баровардани аъзои оила ва шаҳрвандони ноболиғи сабтшуда аз шиноснома дар он сабти мазкур бо забони тоҷикӣ ва англисӣ ворид карда мешавад: "(Насаб, ном ва соли таваллуди кӯдак) аз шиносномаи мазкур бароварда шуд", "(Name, last name and date of birth of child) excluded from this passport". Сабти мазкур бо имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад.
7. Баҳисобгирии шиносномаҳои хориҷӣ, шаҳодатномаҳои бозгашт, ҳисобот ва тартиби нигоҳдории онҳо
75. Мақомоти ваколатдори давлатӣ баҳисобгирии додани шиносномаҳои хориҷиро дар дафтари қайд бо тартиби зерин пеш мебаранд:
- санаи додан;
- силсила ва рақами шиноснома;
- насаб, ном ва номи падари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ шиноснома дода шудааст;
- асос барои додани шиноснома.
76. Ирсоли шиносномаҳои хориҷӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тибқи санади доду гирифт ба расмият дароварда мешавад. Дар бораи хароҷоти шиносномаҳои хориҷӣ ҳар семоҳа ҳисобот тартиб дода шуда, ҷиҳати тасдиқ ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Санадҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар ду нусха тартиб дода шуда, яке аз онҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
77. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ӯхдадоранд, ки ҳар семоҳа ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассали харҷи бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ, шаҳодатномаи бозгашт, миқдор ва тамдиди мӯҳлати амали шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон, миқдори бланкаҳои вайроншударо, ҳамроҳ бо санади дахлдор пешниҳод намоянд.
78. Тартиб ва шакли пешниҳод намудани ҳисобот аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
79. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доду гирифти шиносномаҳои хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида дар асоси санад ба расмият дароварда мешавад. Ҳар семоҳа дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он санҷиш дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, харҷи бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд, ки дар бораи он санадҳо тартиб дода мешавад. Санади сохторҳои маҳаллии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се нусха тартиб дода шуда, яке аз онҳо ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
80. Маълумот дар бораи баҳисобгирии додани шнносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ дар маъхазҳои электронӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби нигаҳдории он бо Дастурамали якҷояи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
81. Бланкаҳои шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаҳои бозгашт дар ҳуҷраҳои махсуси муҷаҳҳазгардонидашуда, ки барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои дорои ҳисоботи қатъӣ пешбинӣ гардидаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
82. Варақаҳои вайроншуда тибқи санад, ки дар парвандаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он нигоҳ дошта мешаванд, нобуд (сӯзонда) карда мешаванд. Санадро комиссия тартиб медиҳад ва онро роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаи хориҷӣ тасдиқ мекунад. Парванда бо санадҳо бо гузашти мӯҳлати муқарраршудаи нигоҳдорӣ ба бойгонии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ супорида мешавад.
8. Бозпас гирифтан ва нобуд кардани шиносномаҳои беэътибор
83. Шиносномаҳое, ки ба ивази онҳо шиносномаҳои нав дода мешаванд, инчунин шиносномаҳои шахсоне, ки шаҳрвандии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гаштааст ва шиносномаҳои фавтидагон бозпас гирифта шуда, тибқи санад нобуд (сӯзонда) карда мешаванд ва як нусхаи он дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад. Парванда бо санадҳо бо гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи нигохдорӣ ба бойгонии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ супорида мешавад.
84. Санад аз ҷониби комиссия тартиб дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Шиносномаҳо на камтар аз як маротиба дар ним сол нобуд карда мешаванд. Дар санад нишон дода мешаванд: насаб, ном, номи падари соҳиби шиноснома аз рӯи алифбо, силсила ва рақами шиноснома, кай ва аз ҷониби кӣ дода шудааст ва бо кадом сабаб нест карда мешавад.
9. Рад кардани додани шиносномаи хориҷӣ. Бозпас гирифтан ё аз эътибор соқит донистани шиносномаи хориҷӣ
85. Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зерин муваққатан барои додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар:
- ӯ аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани рухсати шаҳрванд ба ин маълумот. Мӯҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби Комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, таъсис додааст, тамдид карда шавад. Мансубияти маълумот ба маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад мутобиқи конунгузорӣ, ки ҳифзи маълумоти махфиро танзим менамояд, анҷом дода мешавад;
- ӯ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст - то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
- ӯ барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои (иҷрои) мӯҳлати ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо;
- ӯ аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба дӯшаш гузоштаи суд саркашӣ кунад - то иҷрои ӯҳдадориҳо;
- ӯ дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода бошад;
- нисбат ба ӯ дар суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад - то ба охир расидани пешбурди парванда;
- ӯ тибқи ҳукми суд ретсидивисти ниҳоят хавфнок дониста шуда бошад ва ё зери назорати маъмурии милитсия қарор дошта бошад - то бартараф гардидани доғи судӣ ва ё ба итмом расидани мӯҳлати назорат;
- ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мӯҳлати адои хизмати ҳарбӣ.
86. Бозпас гирифтан ё аз эътибор соқит донистани шиносномаи дипломатӣ ва хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои ба муқобили ӯ оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ ё ба охир расидани мӯҳлати ваколаташ ҳамчун хизматчии давлатӣ ва ё ба вазифаи дигар гузаштан, ки доштани шиносномаи дипломатӣ ва хизматиро тақозо намекунад, анҷом додан мумкин аст.
10. Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
87. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.
88. Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- аризаи муроҷиаткунанда (замимаи 5);
- маълумотномаи шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;
- ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ба мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ё аризаи ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи шиносномаҳояшон, ки оид ба мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва аз ҷониби корманди консулӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудаанд.
Дар ҳолати набудан ва ё гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
- 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок бошад).
89. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 88, шаҳодатномаи бозгашт бе ҳамоҳангии иловагӣ дода мешавад.
90. Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 88, корманди масьули намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он дархост ирсол менамояд.
91. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маҳаллии он дар мӯҳлати 10 рӯзи тақвимӣ чорабиниҳои заруриро оид ба муайян кардани шахсияти шахси муроҷиаткунанда гузаронида, оид ба натиҷаи он ба мақомоти ваколатдори давлатии дархосткунанда ҷавоб ирсол менамояд.
92. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа, пас аз муайян кардани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.
93. Мӯҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 20 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (тафтиши иловагии ҳуҷҷатҳо) мӯҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мӯҳлати на зиёда аз 15 рӯз тамдид карда шавад.
94. Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ӯ ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.
95. Дар ҳолатҳои истисноии дар мӯҳлати муқарраргардида баргашта натавонистани шаҳрванд (ҳолатҳои фавқулодда, бемории вазнин ва дигар ҳолатҳои аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснок дубора содир карда мешавад.
Замимаи 1
Ба Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии
дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи
бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шиносномаҳои дипломатӣ ба шахсони зерин дода мешаванд:
а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон, мушовирон, Котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони идораҳо, Сардори раёсатҳо ва мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардорон ва Раисони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) ба Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муовинони онҳо;
г) ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони ӯ, мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, раисони кумита ва агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ш. Душанбе;
д) ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
е) ба атташеҳои ҳарбӣ;
ж) ба намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) ба сарварон ва ҳайати дипломатии намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
и) ба академикони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
к) ба ҳамсар ва фарзандони (фарзандхондшудагон) шахсони мансабдори дар зербандҳои "а,б,в,г,д,е,ж,з,и" зикргардида, то расидан ба синни 23. Дар ҳолати сафари шахсӣ ва ё ҷудогонаи фарзандони (фарзандхондшудагон) ашхоси мансабдори дар зербандҳои "а,б,в,г,д,е,ж,з,и" зикршуда, ба онҳо бо тартиби муқарраргардидаи ҳамин Қоидаҳо шиносномаи дахлдор таҳия карда мешавад.
Иҷозати додани шиносномаҳои дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзурӣ карда мешавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсоне, ки рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, шиносномаи дипломатӣ умрбод дода мешавад.
Шиносномаҳои хизматӣ ба хизматчиёни давлатӣ, ки мансаби на камтар аз сардори раёсатро ишғол менамоянд, дода мешаванд.
Иҷозати додани шиносномаи хизматии хориҷӣ аз ҷониби муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро назорат мекунад, манзурӣ карда мешавад.
ниг. ба Замимаи 2 - 5