Низомномаи комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз 2 апрели соли 2009 № 207

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2022 № 565 аз эътибор соқит дониста шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2009

№ 207 тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ (минбаъдКомиссияи ҷумҳуриявӣ) мақомоти назоратию машваратӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади интихоби донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯйҳои арзандаю болаёқат ва ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд-Стипендияи "Дурахшандагон") таъсис дода мешавад.

2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

3. Вазифаи асосии Комиссияи ҷумҳуриявӣ интихоби донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯйҳои арзандаю болаёқат барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ мебошад.

Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳангоми интихоби номзадҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки талаботи минтақаҳои ҷумҳуриро ба мутахассисони баландихтисос ба инобат гирад.

4. Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

2. Ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ

5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз инҳо иборат аст:

- бо пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи қабули донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯйҳоро ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тасдиқ менамояд;

- қабули донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯйҳоро ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар, ки таҳсили онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ ва Стипендияи "Дурахшандагон" маблағгузорӣ мешаванд, назорат менамояд;

- барои пардохти маблағҳои хароҷоти ҳарсолаи шаҳрвандоне, ки дорандаи Стипендияи "Дурахшандагон" мешаванд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- доир ба масъалаҳои тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ба вазорату идора ва дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ муроҷиат намуда, ахбори заруриро дастрас менамояд;

- мутобиқи тартиби муқараргардида доир ба масъалаҳои тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот, ахбор ва гузориш пешниҳод менамояд;

- доир ба муайян намудани стратегияи умумии тайёр кардани кадрҳо дар хориҷа ба вазорату идораҳои дахлдор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- ҳар сол то 15 март нақшаи қабули шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тасдиқ менамояд;

- оид ба интихоби донишҷӯён, ҷиҳати ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва Стипендияи "Дурахшандагон" қарор қабул мекунад;

- дар асоси қарори худ ба мақоми корӣ дар бораи ба таҳсил сафарбар кардани стипендиатҳо супориш медиҳад;

- номгӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ заруриро муайян намуда, вазифаҳои дигареро, ки барои фаъолияти асосӣ муҳим буда, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, амалӣ менамояд.

3. Ташкил ва тартиби фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ

6. Раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ кори Комиссияи ҷумҳуриявиро ташкил менамояд ва фаъолияти аъзои онро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳамин Низомнома ҳамоҳанг месозад.

Раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ харҷномаи ташкил ва доир намудани озмунро тасдиқ менамояд.

7. Маҷлиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ мувофиқи нақшаи кории он баргузор мегардад. Ҷаласаҳои ғайринақшавӣ ҳангоми зарурат бо қарори Раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

8. Қарори маҷлиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар ҳолати ба таври кушод овоз додани аз чор се ҳиссаи аъзои комиссия, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешавад.

Шартҳои гузаронидани озмунро Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд.

9. Дар кори Комиссияи ҷумҳуриявӣ бо ҳуқуқи машваратии овоз намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок карда метавонанд.

10. Мақоми кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ - Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- мӯҳлати гузаронидани озмунро барои интихоби донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯйҳо ҷиҳати ба хориҷи кишвар барои таҳсил аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва Стипендияи "Дурахшандагон" дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ муайян карда, тавассути васоити ахбори омма эълон менамояд;

- дар асоси қоидаҳои интихоби номзадҳо ва дарёфти Стипендияи "Дурахшандагон" ташкили гузаронидани давраҳои интихоби номзадҳоро ҷиҳати ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва Стипендияи "Дурахшандагон" дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъмин менамояд;

- якҷоя бо ташкилотҳои ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ҳайати гурӯҳҳои экспертии мустақилро муайян намуда, барои тасдиқ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад;

- мӯҳтавои талаботи умумиро оид ба асноди шахсии шаҳрвандон, ки барои таҳсил ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд таҳия ва барои тасдиқ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд.

4. Тартиби қатъи фаъолият

11. Қарори тағйир додан ё қатъ намудани фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз " 2 " апрели соли 2009

№ 207 тасдиқ шудааст

Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ

1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ

2. Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ

3. Мудири Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ

Аъзои ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ:

1. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо

8. Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Утратил силу пост. Правительства РТ от 29.11.2022 №565

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 апреля 2009 года №207

Положение о Республиканской комиссии по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств

1. Общие положения

1. Республиканская комиссия по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств (далее - Республиканская комиссия) является контрольно-совещательным органом и создается в целях отбора достойных и одарённых студентов, магистров, аспирантов, докторантов и соискателей и направления граждан Республики Таджикистан на учёбу в страны зарубежья за счет квот зарубежных государств, государственных и негосударственных средств и Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Стипендия " Дурахшандагон").

2. В своей деятельности Республиканская комиссия руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан. Законом Республики Таджикистан "Об образовании", указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

3. Основной задачей Республиканской комиссии является отбор достойных и одарённых студентов, магистров, аспирантов, докторантов и соискателей для учебы в образовательных и научных учреждениях зарубежных государств.

Республиканская комиссия обязана при подборе претендентов для учебы в образовательных и научных учреждениях зарубежных государств учесть потребность регионов республики в высококвалифицированных кадрах.

4. Состав Республиканской комиссии утверждается Правительством Республики Таджикистан.

2. Права и обязанности Республиканской комиссии

5. Права и обязанности Республиканской комиссии состоят из:

- по представлению Министерства образования Республики Таджикистан утверждает состав приемной комиссии студентов, магистров, аспирантов, докторантов и соискателей, поступающих в образовательные и научные учреждения государств зарубежья;

- контролирует прием студентов, магистров, аспирантов, докторантов и соискателей в образовательные и научные учреждения государств зарубежья, обучения которых финансируется за счет средств государственного бюджета, квоты зарубежных государств и Стипендии "Дурахшандагон";

- для оплаты средств ежегодных расходов граждан удостоенных Стипендии "Дурахшандагон" представляет предложения Президенту Республики Таджикистан;

- по вопросам подготовки специалистов в государствах зарубежья обращается к министерствам, ведомствам и другим, государственным и негосударственным организациям и получает необходимую информацию;

- в соответствии установленного порядка предоставляет Президенту Республики Таджикистан отчет, информацию и рапорт по вопросам касающихся подготовки специалистов в образовательных и научных учреждениях государств зарубежья;

- представления предложений соответствующим министерствам и ведомствам, Правительству Республики Таджикистан и Президенту Республики Таджикистан по определению общей стратегии подготовки кадров за рубежом;

- ежегодно до 15 марта утверждает план приема граждан Таджикистан в образовательные и научные учреждения зарубежных государств;

- принятия решения об отборе студентов и отправки на учебу за рубежом граждан Республики Таджикистан за счет квот зарубежных государств, государственных и негосударственных средств и Стипендии " Дурахшандагон";

- на основе своего решения поручает рабочему органу об отправки стипендиатов на учебу;

- определяет перечень специальностей необходимых для экономики республики и осуществляет иные функции, имеющие важные значение в основной деятельности, и не противоречащие законодательству Республики Таджикистан.

3. Организация и порядок деятельности Республиканской комиссии

6. Председатель Республиканской комиссии организует работу Республиканской комиссии и обеспечивает координацию деятельности и его членов в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и настоящим Положением.

Председатель Республиканской комиссии утверждает смету расходов организации и проведении конкурса.

7. Заседания Республиканской комиссии проводятся в соответствии с планом ее работы. Внеплановые заседания проводятся по мере необходимости по решению Председателя Республиканской комиссии.

8. Решение Республиканской комиссии принимается открытым голосованием тремя четвертями голосов от числа присутствующих на заседании членов комиссии.

Условия проведения конкурса утверждает Республиканская комиссия.

9. В работе Республиканской комиссии с правом коллегиального выбора могут участвовать представители других министерств и ведомств.

10. Рабочим органом Республиканской комиссии является Министерство образования Республики Таджикистан, которое осуществляет следующие функции:

- по согласованию с Республиканской комиссией информирует о сроках проведения конкурса для отбора студентов, магистров, аспирантов, докторантов и соискателей и их отправки на учебу за рубежом за счет квот зарубежных государств, государственных и негосударственных средств и Стипендию "Дурахшандагон" через средства массовой информации,

- согласно правилам отбора претендентов и присуждения Стипендии "Дурахшандагон" по согласованию с Республиканской комиссией обеспечивает организацию проведения туров по отбору претендентов из числа граждан Республики Таджикистан их отправку на учебу за рубеж за счет квот зарубежных государств, государственных и негосударственных средств и Стипендию "Дурахшандагон";

- совместно с уполномоченными организациями зарубежных государств определяет состав независимых экспертных групп и представляет для утверждения Республиканской комиссии;

- разрабатывает и представляет на утверждение Республиканской комиссии общие требования к содержанию личных дел граждан отправляемых на учебу в образовательные и научные учреждения государств зарубежья.

4. Порядок прекращения деятельности

11. Решение об изменении или прекращении деятельности Республиканской комиссии принимается Правительством Республики Таджикистан.

Утвержден

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 2 апреля 2009 года № 207

Состав Республиканской комиссии по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств

1. Заместитель Премьер-министра Республики ТаджикистанПредседатель Республиканской комиссии

2. Министр образования Республики Таджикистан - заместитель Председателя Республиканской комиссии

3. Заведующий Отделом науки и образования Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан - секретарь Республиканской комиссии

Члены состава Республиканской комиссии:

1. Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан

2. Министр труда и социальной защиты населения Республики

3. Министр финансов Республики Таджикистан

4. Министр юстиции Республики Таджикистан

5. Министр иностранных дел Республики Таджикистан

6. Председатель Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан

7. Советник Президента Республики Таджикистан по кадровой политике

8. Советник Президента Республики Таджикистан по социальному развитию и связям с общественностью