Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фаъолияти худро оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тибқи Низомномаи мазкур ба роҳ монад.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда ҳуҷҷатҳои номзадҳоро барои баррасӣ ва тасдиқ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ сари вақт пешниҳод намояд.
5. Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз натиҷаи фаъолияти худ ҳар сол то 15 ноябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад.
6. Беэътибор дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2004 №152 "Дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004, №386 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2009 № 207
ш. Душанбе