бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2022 № 581 аз эътибор соқит дониста шудааст
Дар бораи тасдиқи Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 №502 "Дар бораи таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" ва Қоидаҳои интихоби номзадҳо ҷиҳати дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ фаъолияти худро оид ба тайёр намудани кадрҳо дар давлатҳои хориҷӣ тибқи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости вазорату идораҳои дахлдор номгӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ заруриро ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар хориҷа пешниҳод намояд.
4. Хароҷоти таҳсил, истиқомат, суғуртаи тиббӣ ва роҳкирои донишҷӯён дар доираи маблағҳои Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ амалӣ карда шавад
5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ назорат намоянд.
6. Беэътибор дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2002 №420 "Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №112 "Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2009 № 208
ш. Душанбе