Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2009
№ 208 тасдиқ шудааст
Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"
Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 №502 "Дар бораи таъсиси Стипенидияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ таҳия карда шудааст.
1. Муқаррароти умумӣ
1. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Стипендияи "Дурахшандагон") ба шахсони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон таъин карда мешавад.
2. Тартиби интихоби номзадҳо ва пардохти Стипендияи "Дурахшандагон"
2. Стипендияи "Дурахшандагон" инфиродӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар хориҷа (минбаъд - Комиссияи ҷумҳуриявӣ) бо мақсади аз ҷониби стипендиатҳо гирифтани зинаҳои таҳсилоти олии касбии мутахассис, бакалавр ва дараҷаҳои илмии магистр, номзади илм, доктори илм ва доктори Ph.D дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар шакли рӯзонаи таълим муқаррар карда мешавад.
3. Номгӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарур (минбаъдномгӯи ихтисосҳо), ки дар асоси он Стипендияи "Дурахшандагон" таъин карда мешавад, аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешавад.
4. Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва доир намудани озмун барои дарёфти Стипендияи "Дурахшандагон" ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми корӣ) муайян карда мешавад.
5. Пардохти Стипендияи "Дурахшандагон" аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ амалӣ мегардад.
Мақоми корӣ тибқи тартиби муқарраршуда пардохти хароҷотро барои таҳсил, истиқомат, суғуртаи тиббӣ, роҳкиро аз ҷойи истиқомат дар ҷумҳурӣ то ҷойи таҳсил ва бозгашт пас аз таҳсил дар доираи маблағҳое, ки бо ин мақсад пешбинӣ шудааст, амалӣ менамояд.
Мақоми корӣ мувофиқи ҳаҷми маблағҳои пешбинишудаи Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ шумораи номзадҳоро барои дарёфти Стипендияи "Дурахшандагон" муайян карда, баъди онро маъқул донистани Комиссияи ҷумҳуриявӣ озмун эълон менамояд.
Андозаи Стипендияи "Дурахшандагон"-ро барои ҳар як муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷӣ мақоми корӣ дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ, ки хароҷоти мазкурро тасдиқ менамояд, муайян мекунад.
6. Мақоми корӣ бо шаҳрванди дорандаи Стипендияи "Дурахшандагон" шартнома мебандад, ки дар он ӯҳдадориҳои тарафҳо муқаррар мешаванд.
7. Барои такмил ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба мӯҳлати шаш моҳ ва як сол тибқи қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба номзадҳо Стипендияи "Дурахшандагон" муқаррар кардан имконпазир аст.
8. Озмун ҳар сол аз тарафи гурӯҳи коршиносони мустақил бо мақсади муайян намудани дараҷаи забондонӣ, сатҳи таҳсилоти умумӣ ё таҳсилоти касбии номзад анҷом дода мешавад.
9. Ҳайати шахсӣ ва тартиби кори гурӯҳҳои коршиносон ҳар сол бо пешниҳоди макомоти корӣ аз тарафи Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда мешавад.
10. Гурӯҳи коршиносон ҳуҷҷатҳои шахсии номзадҳоро омӯхта, бо онҳо аз рӯи самти таҳсили интихобнамудаашон сӯҳбати фардӣ ва бо ҷалби мутахассисони соҳавии дахлдор тестҳои психологӣ мегузаронад.
11. Ба ғолибони озмун барои гирифтани зинаҳои таҳсилоти олии касбии мутахассис, бакалавр, ҳамчунин ба ғолибони озмун барои гирифтани дараҷаи магистр, номзад, доктори илм ва доктори Ph.D аз рӯи ихтисосҳои техникӣ ва тиббӣ бо қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ барои гузаштани як ё ду семестри тайёрӣ ҷиҳати омӯзиши забони хориҷӣ аз ҳисоби стипендияи "Дурахшандагон" имконият дода мешавад.
Тартиби гузаштан аз озмун барои дарёфти Стипендияи "Дурахшандагон" тибқи Қоидаҳои интихоби номзадҳо ҷиҳати дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" муайян карда мешавад.
3. Бастани шартнома бо стипендиат
12. Мақоми корӣ бо стипендиат ҷиҳати ташкили раванди таълим шартнома мебандад.
Шартнома асоси пардохти ҳамаи хароҷоти стипендиат барои таълим ва интиқоли маблағ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ мебошад.
Баъди интиқоли маблаг ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ мақоми корӣ фиристодани стипендиатро барои таҳсил бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ тибқи мӯҳлати дар шартнома муайяншуда таъмин мегардонад.
13. Стипендиат баъди анҷоми таҳсил тибқи шартнома ӯҳдадор аст панҷ сол дар муассисаи давлатӣ кор кунад.
14. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ стипендиатро бо ҷойи кор таъмин намуда, барои онҳо шароити корӣ фароҳам меоваранд.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "2" апреля 2009 года №208
Положение о Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон"
Положение о Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" разработано в соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года №502 "Об учреждении Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" с целью поддержки одаренных лиц и подготовки специалистов в образовательных и научных учреждениях зарубежных государств с учетом потребности национальной экономики, за счёт Специального фонда Президента Республики Таджикистана по подготовке специалистов в зарубежных государствах.
1. Общие положения
1. Международная стипендия Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Стипендия "Дурахшандагон") назначается одаренным лицам Республики Таджикистан для обучения в образовательных и научных учреждениях развитых стран мира.
2. Порядок отбора претендентов и выплаты Стипендии "Дурахшандагон"
2. Стипендия "Дурахшандагон" является персональной и устанавливается ежегодно Республиканской комиссией по подготовке кадров за рубежом (далее - Республиканская комиссия) в целях получения стипендиатами уровней высшего профессионального образования специалиста, бакалавра и научных степеней магистра, кандидата наук и доктора наук, доктора Рh.D в образовательных и научных учреждениях зарубежных государств по очной форме обучения.
3. Перечень востребованных для экономики республики специальностей (далее - перечень специальностей), на основании которого присуждается Стипендия "Дурахшандагон", определяется Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и предоставляется Республиканской комиссии.
4. Срок подачи документов и проведение конкурса на присуждение Стипендии "Дурахшандагон" ежегодно определяется Министерством образования Республики Таджикистан (далее - рабочий орган).
5. Выплата Стипендии "Дурахшандагон" осуществляется за счет Специального фонда Президента Республики Таджикистана по подготовке специалистов в зарубежных государствах.
Рабочий орган в установленном порядке осуществляет оплату расходов на обучение, проживание, медицинскую страховку, проезд от места жительства в республике до места учебы и обратно после окончания обучения, в рамках средств, выделенных на эти цели.
Рабочий орган, определив количество кандидатов на получение Стипендии "Дурахшандагон", в соответствии с объемом средств предусмотренными Специальным фондом Президента Таджикистана по подготовке специалистов в зарубежных государствах, после одобрения Республиканской комиссии, объявляет конкурс.
Размер Стипендии "Дурахшандагон" по каждым зарубежным образовательным и научным учреждением определяется рабочим органом по согласованию с Республиканской комиссией после предоставления зарубежными образовательными и научными учреждениями документов, подтверждающих соответствующие расходы.
6. Рабочий орган заключает договор с гражданином удостоенным Стипендии "Дурахшандагон", в котором устанавливаются обязательства сторон.
7. Для усовершенствования и изучения иностранных языков сроком на шесть месяцев и один год в соответствии с решением Республиканской комиссии возможно присуждение Стипендии "Дурахшандагон" претендентам.
8. Конкурс проводится ежегодно независимыми экспертными группами с целью определения степени владения языком, уровня общеобразовательного или профессионального образования претендента.
9. Персональный состав и порядок работы экспертных групп ежегодно по представлению рабочего органа утверждается Республиканской комиссией.
10. Экспертная группа, изучив личные дела претендентов, проводит с ними персональное собеседование по выбранному направлению образования и психологического тестирования с привлечением специалистов соответствующих областей.
11. Победителям конкурса на получение уровней высшего профессионального образования специалиста, бакалавра, а также победители конкурса на получение степени магистра, кандидата и доктора наук, доктора Рh.D по техническим и медицинским специальностям по решению Республиканской комиссии могут допускаться к прохождению одно или двух семестровой подготовки по иностранному языку за счет Стипендии "Дурахшандагон".
Порядок прохождения конкурса на присуждение Стипендии "Дурахшандагон" устанавливается в соответствии с Правилами отбора претендентов для присуждения Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон".
3. Заключение договора со стипендиатом
12. Рабочий орган заключает со стипендиатом договор об организации обучения.
Договор является основанием для выплаты всех расходов стипендиатам по обучению и перечислению денежных средств зарубежным образовательным и научным учреждениям.
После перечисления денежных средств зарубежным образовательным и научным учреждениям рабочим органом обеспечивается отправление стипендиатов на обучение в зарубежные образовательные и научные учреждения в сроки, указанные в договоре.
13. После окончания обучения стипендиат обязан в соответствии с договором отработать пять лет в государственном учреждении.
14. Государственные исполнительные органы обеспечивают стипендиатов рабочими местами и создают им рабочие условия.