Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 497 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод.160; с. 2002, №4, қ.1, мод.167; с.2003, №12, мод. 699) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "ҳамчунин корхонаҳо оид ба нигаҳдошти партовҳои радиоактивӣ" ба калимаҳои "корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии "Норак", нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" иваз карда шаванд.

2. Ба Қонун моддаҳои 14(1) ва 14(2) бо мазмуни зайл ворид карда шаванд:

"Моддаи 14(1). Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оиномавӣ

Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон таъсири чиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.

Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст.

Моддаи 14(2). Ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ")

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ё қабули қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи зикргардида қарор қабул намояд (ҳуқуқҳои махсус - "саҳмияи тиллоӣ").

Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тилоӣ") татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") намояндаи худро дар Шӯрои директорони ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад.

Ҷамъияти саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") қабул гардидааст, ӯҳдадор аст, ки дар бораи мӯҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рӯзномаи он бо тартиби муқараррнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.

Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") ба дорандаи худ - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;

- оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;

- оид ба барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;

- оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;

- дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд.

Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи қоғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки дар он давлат ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") дорад, дар бораи номгӯи соҳибмулкони қоғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии қоғазҳои қиматнок маълумот гирад.

Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.

Дар як вақт вобаста намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 марти соли 2009 № 497

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 25 феврали соли 2009, № 1248

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 12 марти соли 2009 №605