Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 490 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилотии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод.676) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 20 қисми чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба донишҷӯ, докторант, аспирант ва унвонҷӯ дар раванди таълим истифода бурдани телефони мобилӣ манъ аст.".

2. Ба қисми панҷуми моддаи 25 сархат бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"-дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 марти соли 2009 № 490

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 10 марти соли 2009, № 1263

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 12 марти соли 2009 №613

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 8 декабря 2003 года "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №12, ст.676) следующие дополнения:

1. Статью 20 дополнить частью четырнадцатой следующего содержания:

"Студенту, докторанту, аспиранту и соискателю запрещается пользоваться мобильным телефоном во время учебного процесса.".

2. Часть пятую статьи 25 дополнить абзацем следующего содержания:

"-не пользоваться мобильным телефоном во время учебного процесса.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 

26 марта 2009 года № 490

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнении в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                        С. Хайруллоев

г. Душанбе, 10 марта 2009 года, № 1263

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                М.Убайдуллоев

г. Душанбе,

12 марта 2009 года №613