Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
2. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.
3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штамп бо номи худ, молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, баланси мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқи молу мулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.
2. Вазифаҳои асосӣ
4. Вазифаҳои асосии Марказ инҳо мебошанд:
- таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаҳои қонунҳо, пешниҳод намудани онҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, инчунин таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ташаббуси худ;
- таҳияи пешниходот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;
- таҳияи самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
- гузаронидани тадқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он;
- мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, пешниҳоди таклифҳо ба ташкилотҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои тадқиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқ;
- таҳияи тавсияҳо дар бораи истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мусоидат ба татбиқи амалии онҳо;
- гузаронидани тадқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ба Марказ вогузоргардида;
- иштирок дар иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илмии байнидавлатӣ, амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ба Марказ вогузоргардида;
- таҳия ва интишори тафсири илмию амалии кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- амалӣ намудани дигар вазифаҳои ба фаъолияти Марказ вобастабуда.
5. Барои амалӣ намудани вазифаҳои худ Марказ ҳуқуқ дорад:
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ, дигар ташкилот ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки барои фаъолияташ заруранд дархост намояд ва гирад;
- дар асоси муроҷиати мақомоти давлатӣ тибқи шартнома лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намояд;
- дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеӣ, инчунин бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳо бандад;
- ба иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳо, дигар иттиҳодияҳои илмӣ, илмию истеҳсолӣ дохил шавад, бо дигар марказҳо ва институтҳои хориҷӣ алоқаҳои илмӣ ба роҳ монад;
- барои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис диҳад ва дар мувофиқа бо роҳбарони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо кормандони онҳоро ба ин гурӯҳҳои корӣ шомил намояд.
3. Сохтор ва идоракунии Марказ
6. Низомнома ва сохтори Марказ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
7. Роҳбари Марказ Директор мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Муовинони Директор бо пешниҳоди Директори Марказ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
9. Директори Марказ:
- дар доираи шумораи штатии муқаррарнамуда ва тибқи сохтори тасдиқгардида, ҷадвали штатии Марказро тасдиқ менамояд;
- кормандони Марказро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- вобаста ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, вазифаҳои муовинони Директор ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Марказро муқаррар менамояд;
- аз номи Марказ бе пешниҳоди ваколатнома баромад менамояд, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеӣ, инчунин бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;
- аз номи Марказ шартномаҳо мебандад;
- дар доираи ваколатҳои худ фармонҳо қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;
- дигар салоҳиятҳоро, тибқи ҳамин Низомнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4. Моликият ва фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ
10. Маблағгузории фаъолияти Марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
11. Молу мулки Марказ аз фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, инчунин аз дигар ашё, ки арзиши онҳо дар баланси мустақили он сабт гардидааст, иборат мебошад.
5. Баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ
12. Марказ баҳисобгирии муҳосибавӣ ва омориро пешбурд намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
13. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Марказ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Замимаи 2
ба Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 марти с.2009 № 637
Сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директор;
Муовини аввали директор;
Муовини директор;
Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният;
Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣй;
Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва маориф;
Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ;
Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист;
Шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
Шӯъбаи молиявию иқтисодӣ ва таъминоти техникӣ;
Шӯъбаи умумӣ, масъалаҳои кадрҳо ва корҳои махсус.