Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2017 № 813 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, № 637"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, № 637

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, № 637 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз қисми муқаддимавӣ калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шуда, дар банди 3 рақами "40" ба рақами "43" иваз карда шавад.

2. Ба Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- аз банди 2 ва сархати чоруми банди 6 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- ба банди 6 сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ;".

3. Дар Сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз сархати "Шӯъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Бахши таҳлили таъсири танзимкунӣ".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

13 январи соли 2017 № 813

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменения и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 17 марта 2009 года, №637

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 17 марта 2009 года, №637 "О создании Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

1. В пункте 3 цифру "40" заменить цифрой "43".

2. Пункт 6 Положения о Национальном центре законодательства при Президенте Республики Таджикистан дополнить шестым абзацем следующего содержания:

"-проведение анализа регуляторного воздействия;".

3. Дополнить Структуру Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан после абзаца "Отдел правовой информации и систематизации" новым абзацем следующего содержания:

"Сектор анализа регуляторного воздействия".

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 13 января 2017 года, № 813