Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009 № 637

Санаи амалкуни: 13.01.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Таҳрири нав

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 ноябри соли 2014 № 288

тасдиқ шудааст

Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 13.01.2017 № 813)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, (минбаъд - Марказ) муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 13.01.2017 № 813).

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, Нишони худ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо бо сабти номи худ, молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, баланси мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқи молу мулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.

4. Номи Маркази миллии қонунгузории назди Президснти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо забони тоҷикӣ:

пурра: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

мухтасар: ММҚ

- бо забони русӣ:

пурра: Национальный центр законодательства при Президенте Республики Тадаикистан.

мухтасар: НЦЗ

5. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734024, ш. Душанбе, кӯчаи академик А. Адҳамов, 13.

2. Вазифаҳои асосӣ

6. Вазифаҳои асосии Марказ инҳо мебошанд:

- таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаҳои қонунҳо, пешниҳод намудаии онҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, инчунин таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ташаббуси худ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 13.01.2017 № 813);

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳое, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;

- гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 13.01.2017 № 813);

- таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ;

- пешбурди феҳристи ягонаи таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он;

- мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, пешниҳоди таклифҳо ба ташкилотҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои таҳкиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқ;

- таҳияи тавсияҳо дар бораи истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва мусоидат ба татбиқи амалии онҳо;

- таҳия намудани лоиҳаҳои нақшаҳои мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани онҳо ба мақомоти дахлдор;

- гузаронидани таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ, дар асоси гузаронидани инвентаризатсияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр кардани пешниҳоду таклифҳо барои ба танзим даровардани он;

- ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба инкишофи таҳқиқотҳои илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқ, дигар шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои ба Марказ вогузоргардида;

- иштирок дар иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илмии давлатӣ ва байнидавлатӣ, амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ба Марказ вогузоргардида;

- таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ;

- фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил ва коркарди истилоҳоти ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва ҳангоми зарурият тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ;

- таҳия ва интишори тафсири илмию амалии кодексҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин маводҳои ҳуқуқӣ, итилоотию таҳлилӣ ва фурӯши онҳо;

- тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ;

- бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи тахассусии илмии кормандони Марказ, бо истифода аз грантҳои байналмилалӣ ва дастгирии молиявии муассисаву ташкилотҳои маҳалли ва байналмилалӣ, ба роҳ мондани бозомӯзии илмӣ-амалии онҳо дар кишварҳои дигар;

- амалӣ намудани амалиётҳо вобаста ба ташкил ва пешбурди сомона дар интернет;

- таъсиси китобхонаи электроиии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ;

- иштирок дар ташкил ва амалинамоии мубодилаи байнидавлатии иттилооти ҳуқуқӣ;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистоп вазифаҳои дигарро анҷом медиҳад.

7. Барои амалӣ намудани вазифаҳои худ Марказ ҳуқук дорад:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки барои фаъолияташ заруранд дархост намояд ва гирад;

- дар асоси муроҷиати мақомоти давлатӣ тибқи шартнома лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар маводҳои ҳуқуқиро таҳия намояд;

- дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инчунин бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳо бандад;

- бо иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳо, дигар марказҳо ва институтҳои хориҷӣ робитаҳои илмӣ ба роҳ монад;

- барои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гуруҳҳои корӣ таъсис диҳад ва дар мувофиқа бо роҳбарони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо кормандони онҳоро ба ин гуруҳҳои корӣ шомил иамояд;

- конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинарҳо ва мизҳои мудавварро оид ба проблемаҳои актуалии сиёсати ҳуқуқӣ, давлатдорӣ ва такмили қонунгузорӣ гузаронад;

- дар асоси созишнома ва шартнома ташкил ва гузаронидани курсҳои бозомӯзии соҳаҳои гуногуни қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монад;

- тибқи қонунгузорӣ аспирантура ва докторантураро таъсис медиҳад.

3. Сохтор ва идоракунии Марказ

8. Низомнома ва сохтори Марказ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

9. Роҳбари Марказ Директор мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Муовини аввал ва муовини Директор бо пешниҳоди Директори Марказ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

11. Директори Марказ:

- дар доираи шумораи воҳидҳои муқаррарнамуда ва тибқи сохтори тасдиқгардида, басти вазифаҳо ва харҷномаи Марказро тасдиқ мекунад;

- вобаста ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, вазифаҳои муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Марказро муқаррар менамояд;

- кормандони Марказро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- аз номи Марказ бе пешниҳоди ваколатнома баромад менамояд, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотхо ва шахсони воқеӣ, инҷунин бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;

- аз номи Марказ шартномаҳо мебандад;

- дар доираи ваколатҳои худ фармонҳо қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;

- басти вазифаҳо ва ҳайати маъмурию идоракунии Марказро ташкил намуда, тибқи тартиботи муқарраршуда функсия ва вазифаҳои онҳоро муайян месозад;

- Низомномаи Шӯрои илмии Марказро тасдиқ менамояд.

- дигар салоҳиятҳоро, тибқи ҳамин Низомнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

12. Дар Марказ Шӯрои илмӣ созмон дода мешавад. Раиси Шӯрои илмӣ Дирекгори Марказ мебошад. Ба ҳайати Шӯрои илмӣ муовинони Директор, котиби илмӣ, олимони Марказ, инчунин олимони Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар дохил мегарданд.

13. Шӯрои илмии Марказ самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро муайян месозад, нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Марказ, барномаҳои корҳои илмӣ, усулҳои тадқиқоти мавзӯъ ва проблемаҳои муҳимтаринро баррасӣ за тасдиқ менамояд, натиҷаҳои корҳои илмиро баррасӣ намуда, ба онҳо баҳо медиҳад, барои дар амал ҷорӣ кардани хулосаҳо пешниҳод менамояд, масъалаҳои тарбия ва бозомӯзонидани кадрҳо, такмили ихтисоси онҳоро баррасӣ менамояд, олимони Марказро тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ менамояд.

14. Раиси Шӯрои илмии Марказ роҳбарони мавзӯъҳои илмӣтаҳқиқотиро таъин мекунад.

15. Дар давраи набудани Директори Марказ вазифаҳояшро бо супориши ӯ яке аз муовинонаш иҷро мекунад.

4. Моликият ва фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ

16. Маблағгузории фаъолияти Марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

17. Молу мулки Марказ аз фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, инчунин аз дигар ашё, ки арзиши онҳо дар тавозуни мустақили он сабт гардидааст, иборат мебошад.

5. Баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ

18. Марказ баҳисобгирии муҳосибавӣ ва омориро пешбурд намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.

19. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Марказ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Замимаи 2

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 ноябри соли 2014 № 288

тасдиқ шудааст

Сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият:

Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ

Шӯъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ

Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ

Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ

Шӯъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист

Шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

Шӯъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ

Бахши молия ва муҳосибӣ

Бахши кадрҳо ва коргузорӣ

Бахши таҳлили таъсири танзимкунӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 13.01.2017 № 813)

Таҳрири нав

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 ноябри соли 2014 № 288

тасдиқ шудааст

Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, (минбаъд - Марказ) муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, Нишони худ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо бо сабти номи худ, молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, баланси мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқи молу мулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.

4. Номи Маркази миллии қонунгузории назди Президснти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо забони тоҷикӣ:

пурра: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

мухтасар: ММҚ

- бо забони русӣ:

пурра: Национальный центр законодательства при Президенте Республики Тадаикистан.

мухтасар: НЦЗ

5. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734024, ш. Душанбе, кӯчаи академик А. Адҳамов, 13.

2. Вазифаҳои асосӣ

6. Вазифаҳои асосии Марказ инҳо мебошанд:

- таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаҳои қонунҳо, пешниҳод намудаии онҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, инчунин таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ташаббуси худ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;