Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2009 № 129
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқакардашуда ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳи маҳаллӣ таҳия гардидааст.
2. Қоидаҳои мазкур фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатиро дар самти таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолии маҳаллӣ (минбаъд Кумита) танзим менамоянд.
II. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА
3. Кумита аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, иттифоқҳои (ассотсиатсияҳо)-и иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо)-и корфармоёни маҳаллӣ, мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо ташкил мегардад .
4. Ҳайати намояндагони доимии Кумита аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, иттифоқҳои касаба, корфармоён, мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкил меёбад. Кумита аз 15 нафар, 3 нафарӣ аз ҳар як тараф, иборат аст .
5. Кумита фаъолияти худро дар асоси ваколати баробари намояндагон, комилхуқуқӣ ва масъулияти мутақобили тарафҳо амалӣ менамояд.
6. Барои амалӣ намудани фаъолияти ҷории Кумита аз ҳисоби ҳар яке аз тарафҳо як нафарӣ раёсати Кумита интихоб мегардад. Ба раёсат котиби масъули Кумита низ шомил мегардад, ки ин вазифа ба зиммаи роҳбари мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо вогузор мегардад. Интихобшудагон бо протокол ба расмият дароварда мешаванд. Аз ҳисоби аъзои раёсат дар ҷаласаи Кумита раиси Кумита ба мӯҳлати се сол интихоб мегардад. Интихобот бо қарори Кумита ба расмият дароварда мешавад .
7. Тарафҳо ҳуқуқ доранд, котиби Кумитаро пешакӣ огоҳ намуда, аъзои доимии Кумитаро, ки аз ҳайат баромадаанд, инчунин бо сабабҳои узрнок ҳозир намебошанд, бо намояндагони дигари худ иваз ва ба онҳо ваколатҳои дахлдорро диҳанд.
8. Ҷаласаҳои Кумита бо протокол ба расмият дароварда мешаванд, ки аз ҷониби Раис (дар ҳолати набудани ӯ - раисикунандаи ҷаласа) ва котиби Кумита ба имзо мерасад ва ба ҳар як аъзои Кумита расонида мешавад.
9. Омода намудани масъалаҳо ба ҷаласаи Кумита аз ҷониби гурӯҳи корӣ амалӣ мегардад, ки тибқи созиши тарафҳо ташкил гардидааст.
10. Қарорҳои Кумита хусусияти тавсиявӣ дошта, бо овоздиҳии аксарияти аъзоёни Кумита қабул мегарданд.
11. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози Раис ҳалкунанда маҳсуб меёбад.
12. Таъминоти ташкилию техникии кори Кумитаро котиб амалӣ менамояд, ки дар ҷаласаи Кумита интихоб мегардад.
III. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТА
13. Кумита дар доираи салоҳияти худ:
- фаъолияти шарикони иҷтимоиро бо мақсади таъмини шуғли босамари шаҳрвандон, аз ҷумла, шахсони ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан ниёздошта ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, кафолатҳои иҷтимоии меҳнаткашони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳамоҳанг месозад;
- тавсияҳои мувофиқашударо оид ба муайян ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мувофиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд.
IV. ҲУҚУҚҲОИ КУМИТА
14. Кумита ҳуқуқ дорад:
- лоиҳаи чорабиниҳои барномавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва рафти амалкунонии онҳоро баррасӣ намояд;
- дар рафти баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои шуғл ширкат варзад;
- ба баррасии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии меҳнаткашон, шуғли босамари аҳолӣ, рушди қувваҳои корӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;
- оид ба бастани созишномаҳо байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои корфармоён дар самти таъминоти кафолатҳои иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ гуфтугузор намояд;
- оид ба хароҷоти молиявӣ, ки барои амалӣ кунонидани чорабиниҳои барномавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷудо гардидаанд, тавсияҳо омода намояд;
- оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита дахлдошта пешниҳоду тавсияҳо омода намуда, ба баррасии комиссияи сетарафаи танзими муносиботи иҷтимоию меҳнатӣ ирсол намояд;
- масъалаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро, ки аз вазифаҳои асосии фаъолияти Кумита бармеоянд, баррасӣ намояд;
- ба коркард ва амалӣ намудани қарорҳои ба тарафҳо мувофиқ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, афзоиши самаранокии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, мусоидат намояд;
- аз Тарафҳо маълумоти заруриро барои амалӣ кунонидани вазифа ва ҳуқуқҳои Кумита талаб намояд;
- тавсияҳо ва пешниҳоди мувофиқашударо оид ба шуғли аҳолӣ ба суроғаи Тарафҳо ирсол намояд;
- ба ҷаласаҳои Кумита ва гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва олимону мутахассисонро даъват намояд;
- барои равшанӣ андохтан ба фаъолияти Кумита воситаҳои ахбори оммаро ҷалб намояд.
V. ҲУҚУҚҲОИ АЪЗОИ КУМИТА
15. Аъзои Кумита ҳуқуқ дорад:
- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён, мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки манфиатҳои шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдоштаро муаррифӣ мекунанд, муроҷиат намуда, доир ба масъалаҳои гузоштаашон тибқи мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷавоби хаттӣ гирад ;
- бо маводи меъёрӣ ва ахборотии Тарафҳо, ки ба салоҳияти Кумита дахл доранд, шинос гардад;
- дар ҷаласаҳои мақомоти роҳбарикунандаи Тарафҳо оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Кумита дахл доранд, ширкат варзад.
VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
16. Кумита тибқи тартиби муқарраргардида на кам аз ду маротиба дар як сол ба баррасии маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолиро пешниҳод менамояд.
17. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳангоми таҳияи Низомномаи кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ Қоидаҳои мазкурро ҳамчун асос истифода менамоянд.
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2009 № 129
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқакардашуда ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳи маҳаллӣ таҳия гардидааст.
2. Қоидаҳои мазкур фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатиро дар самти таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолии маҳаллӣ (минбаъд Кумита) танзим менамоянд.
II. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА
3. Кумита аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, иттифоқҳои (ассотсиатсияҳо)-и иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо)-и корфармоёни маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ташкил мегардад.
4. Ҳайати намояндагони доимии Кумита аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, иттифоқҳои касаба, корфармоён, мақомоти маҳаллии хадамоти шуғли аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкил меёбад. Кумита аз 15 нафар, 3 нафарӣ аз ҳар як тараф, иборат аст.
5. Кумита фаъолияти ’ худро дар асоси ваколати баробари намояндагон, комилхуқуқӣ ва масъулияти мутақобили тарафҳо амалӣ менамояд.
6. Барои амалӣ намудани фаъолияти ҷории Кумита аз ҳисоби ҳар яке аз тарафҳо як нафарӣ раёсати Кумита интихоб мегардад. Ба раёсат котиби масъули Кумита низ шомил мегардад, ки ин вазифа ба зиммаи роҳбари мақомоти маҳаллии хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ вогузор мегардад. Интихобшудагон бо протокол ба расмият дароварда мешаванд. Аз ҳисоби аъзои раёсат дар ҷаласаи Кумита раиси Кумита ба мӯҳлати се сол интихоб мегардад. Интихобот бо қарори Кумита ба расмият дароварда мешавад.
7. Тарафҳо ҳуқуқ доранд, котиби Кумитаро пешакӣ огоҳ намуда, аъзои доимии Кумитаро, ки аз ҳайат баромадаанд, инчунин бо сабабҳои узрнок ҳозир намебошанд, бо намояндагони дигари худ иваз ва ба онҳо ваколатҳои дахлдорро диҳанд.
8. Ҷаласаҳои Кумита бо протокол ба расмият дароварда мешаванд, ки аз ҷониби Раис (дар ҳолати набудани ӯ - раисикунандаи ҷаласа) ва котиби Кумита ба имзо мерасад ва ба ҳар як аъзои Кумита расонида мешавад.
9. Омода намудани масъалаҳо ба ҷаласаи Кумита аз ҷониби гурӯҳи корӣ амалӣ мегардад, ки тибқи созиши тарафҳо ташкил гардидааст.
10. Қарорҳои Кумита хусусияти тавсиявӣ дошта, бо овоздиҳии аксарияти аъзоёни Кумита қабул мегарданд.
11. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози Раис ҳалкунанда маҳсуб меёбад.
12. Таъминоти ташкилию техникии кори Кумитаро котиб амалӣ менамояд, ки дар ҷаласаи Кумита интихоб мегардад.
III. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТА
13. Кумита дар доираи салоҳияти худ:
- фаъолияти шарикони иҷтимоиро бо мақсади таъмини шуғли босамари шаҳрвандон, аз ҷумла, шахсони ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан ниёздошта ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, кафолатҳои иҷтимоии меҳнаткашони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳамоҳанг месозад;
- тавсияҳои мувофиқашударо оид ба муайян ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мувофиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд.
IV. ҲУҚУҚҲОИ КУМИТА
14. Кумита ҳуқуқ дорад:
- лоиҳаи чорабиниҳои барномавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва рафти амалкунонии онҳоро баррасӣ намояд;
- дар рафти баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои шуғл ширкат варзад;
- ба баррасии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии меҳнаткашон, шуғли босамари аҳолӣ, рушди қувваҳои корӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;
- оид ба бастани созишномаҳо байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои корфармоён дар самти таъминоти кафолатҳои иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ гуфтугузор намояд;
- оид ба хароҷоти молиявӣ, ки барои амалӣ кунонидани чорабиниҳои барномавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷудо гардидаанд, тавсияҳо омода намояд;
- оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита дахлдошта пешниҳоду тавсияҳо омода намуда, ба баррасии комиссияи сетарафаи танзими муносиботи иҷтимоию меҳнатӣ ирсол намояд;
- масъалаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро, ки аз вазифаҳои асосии фаъолияти Кумита бармеоянд, баррасӣ намояд;
- ба коркард ва амалӣ намудани қарорҳои ба тарафҳо мувофиқ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, афзоиши самаранокии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, мусоидат намояд;
- аз Тарафҳо маълумоти заруриро барои амалӣ кунонидани вазифа ва ҳуқуқҳои Кумита талаб намояд;
- тавсияҳо ва пешниҳоди мувофиқашударо оид ба шуғли аҳолӣ ба суроғаи Тарафҳо ирсол намояд;
- ба ҷаласаҳои Кумита ва гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва олимону мутахассисонро даъват намояд;
- барои равшанӣ андохтан ба фаъолияти Кумита воситаҳои ахбори оммаро ҷалб намояд.
V. ҲУҚУҚҲОИ АЪЗОИ КУМИТА
15. Аъзои Кумита ҳуқуқ дорад:
- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён, мақомоти маҳаллии хадамоти шуғли аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки манфиатҳои шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдоштаро муаррифӣ мекунанд, муроҷиат намуда, доир ба масъалаҳои гузоштаашон тибқи мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷавоби хаттӣ гирад;