Низомномаи кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозиии мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз 27 феврали соли 2009 № 129

Санаи амалкуни: 03.09.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009 № 129

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозиии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707, аз 3.09.2019 № 452)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ (минбаъд Кумита) мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" таъсис дода мешавад.

2. Кумита бо мақсади таҳияи қарорҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мувофиқакардашуда ва ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ бобати муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории сетарафа таъсис дода мешавад.

3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

II. Вазифаҳои асосии Кумита

4. Фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ташкилоту муассисаҳоро новобаста ба шакли моликияташон дар самти бокортаъминкунии аҳолии бешуғл ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

5. Оид ба мукаммалгардонии механизмҳои танзими бозори меҳнат тавсияҳо таҳия менамояд.

6. Ҷиҳати роҳ надодан барои аз кор озодшавии оммавии кормандон чораҳо меандешад.

7. Таҳия ва амалӣ гардидани "Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ"ро назорат менамояд.

8. Пешниҳодҳоро оид ба имконияти ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозбанди ба корфармоёне, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, муҳокима менамояд.

9. Барои пешгирии баландравии сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ, чорабиниҳо ташкил менамояд.

10. Ҷиҳати бокортаъминкунии маъюбон ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ барои ташкилоту муассисаҳо квотаҳо муқаррар менамояд.

11. Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати шуғли аҳолӣ дар самтҳои зерин қарорҳо қабул менамояд:

- баҳогузории ҳолати бозори меҳнат ва дурнамо дар соҳаи шуғли аҳолӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти корфармоён, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ;

- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва масоили таъминоти молиявии сиёсати шуғли аҳолӣ;

- рушди низоми таълимоти касбӣ барои бозори меҳнат;

- тайёрии касбӣ ва дигар намуди дастгирии кормандоне, ки бокортаъминкуниашон аз сабаби хусусиятҳои касбӣ ва ё дигар сабабҳо мушкил мебошад;

- мусоидат ба шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;

- мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ, бокортаъминшавӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва муваққатӣ;

- дастгирии молиявии кормандони аз кор озодгардида;

- муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалб ва истифодаи кормандони хориҷӣ;

- коркарди фаъолияти якҷоя ҳангоми хатари азкорозодшавии оммавӣ;

- назорат аз болои иҷроиши қарорҳои Кумита;

- ташкили гурӯҳҳои доимӣ ва муваққатӣ ҷиҳати ташхиси иҷтимоии лоиҳаҳои барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ.

III. Ҳуқуқҳои Кумита

12. Кумита ҳуқуқ дорад:

- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, инчунин барномаҳоро оид ба паст намудани шиддати оқибатҳои азкорозодкунии оммавӣ, ташкили шароит барои бозомӯзӣ ва минбаъд бокортаъминкунии кормандони аз кор озодшуда баррасӣ ва тасдиқ намояд;

- аз корфармоён оид ба тағйироти сохтории пешбинишуда ва дигар чорабиниҳо, ки дар натиҷа азкорозодкунии коргарон ба миён меояд, инчунин маълумот дар бораи талабот ба қувваи корӣ, шумораи коргарони аз кор озодшуда ва озодшавандаро талаб намояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чораҳо оид ба таъмини шуғли табақаи алоҳидаи шаҳрвандон, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд (маъюбон, ҷавонон, волидайни серфарзанд, волидайни яккаву танҳо, донишҷӯён ва ғ.) пешниҳодҳо таҳия ва ирсол намояд;

- дар бораи ба шартномаҳои коллективии муассисаву ташкилотҳо ворид намудани чорабиниҳо оид ба мусоидат ба шуғли аз кор озодшудагон ва расонидани кӯмакҳои иловагии иҷтимоӣ ва моддӣ ҳангоми аз кор озодшавии оммавӣ тавсияҳо пешниҳод намояд;

- оиди банд намудани ҷойҳои корӣ барои маъюбон ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;

- ҷараёни иҷрои барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро назорат намуда, оид ба ҳолати бозори меҳнат ба воситаҳои ахбори омма маълумот пешниҳод намояд.

IV. Ташкили фаъолияти Кумита

13. Ҳайати Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Ба ҳайати Кумита намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

14. Аъзои Кумита бо хоҳиши худ ва ё дигар сабабҳои узрнок метавонанд аз ҳайат бароварда шаванд.

15. Аз ҳисоби аъзои Кумита Раис ва муовин (муовинон) интихоб карда мешаванд.

16. Ҳайати асосии Кумита аз 20 нафар иборат мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

17. Аъзои Кумита тавассути мақомоте, ки онҳо намояндагӣ менамоянд, инчунин бо роҳи бастани шартномаҳои дутарафа ва созишномаҳо ба амалӣ гадидани қарорҳои қабулгардида мусоидат менамоянд.

18. Кумита дар асоси принсипи шарикӣ фаъолият намуда, тарафҳои намояндашударо дар асоси баробар, ки баробарии манфиатҳоро таъмин мекунанд, фаъолият менамояд.

19. Дар ҷаласаи Кумита бе ҳуқуқи овоздиҳӣ метавонанд намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корфармоён, мутахассисон ва олимон даъват карда шаванд, инчунин метавонанд, намояндагони васоити ахбори умум низ иштирок намоянд.

20. Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки рӯзномаи маҷлисро тасдиқ намуда, ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаро муайян ва ҷаласаро сарварӣ менамояд.

21. Муовини Раиси Кумита аз ҳисоби аъзои Кумита таъин шуда, дар ҳолати набудани Раис вазифаҳои ӯро иҷро менамояд.

22. Котиби Кумита бо пешниҳоди Раис аз ҳисоби кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, дар бораи вақт, ҷойи гузаронидан ва рӯзномаи ҷаласа аъзоёнро огоҳ менамояд. Маводҳои ҷаласаро на дертар аз ду рӯзи пеш аз ҷаласа ба аъзоён дастрас менамояд. Протоколҳои ҷаласаро таҳия ва ба расмият дароварда, на дертар аз 10 рӯзи баъд аз гузаронидани ҷаласа ба аъзои Кумита ва дигар шахсони дахлдор ирсол менамояд. Раис ва муовини Раиси Кумитаро бо маводҳои зарурӣ таъмин месозад.

23. Тарафҳое, ки ба аъзогии Кумита пешниҳод гардидаанд, тартиби кори Кумитаро муайян менамоянд.

24. Ҷаласаҳои Кумита дар шаш моҳ як маротиба доир мегардад. Мувофиқи қарори Раиси Кумита метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии Кумита даъват ва доир карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

25. Ҷаласаҳои Кумита комилҳуқуқ ҳисобида мешаванд, агар дар онҳо аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошанд.

26. Қарорҳои Кумита дар асоси созиш бо дастгирии қисми зиёди аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қабул карда мешаванд. Раис, муовини ӯ ва ҳар як узви Кумита дорои як овоз мебошанд.

27. Қарори Кумита оид ба масъалаҳои баррасишаванда барои аъзои Кумита ҳатмӣ буда, ба тасдиқ ҳоҷат надорад.

V. Муносибатҳои тарафайн ва робитаҳо

28. Кумита дар ҳамкории зич бо ҳама корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатие, ки бо масъалаҳои шуғли аҳолӣ машғуланд, фаъолият менамояд.

 

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 3.09.2019 № 452)

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 сентябри соли 2019, № 452

тасдиқ шудааст

 

Ҳайати Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Раиси кумита - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа;

- муовини раиси кумитавазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- котиби масъули кумитасармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзои кумита:

- сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;

- раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 3.09.2019 № 452).

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009 № 129

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозиии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ (минбаъд Кумита) мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" таъсис дода мешавад.

2. Кумита бо мақсади таҳияи қарорҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мувофиқакардашуда ва ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ бобати муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории сетарафа таъсис дода мешавад.

3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

II. Вазифаҳои асосии Кумита

4. Фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ташкилоту муассисаҳоро новобаста ба шакли моликияташон дар самти бокортаъминкунии аҳолии бешуғл ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

5. Оид ба мукаммалгардонии механизмҳои танзими бозори меҳнат тавсияҳо таҳия менамояд.

6. Ҷиҳати роҳ надодан барои аз кор озодшавии оммавии кормандон чораҳо меандешад.

7. Таҳия ва амалӣ гардидани "Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ"ро назорат менамояд.

8. Пешниҳодҳоро оид ба имконияти ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозбанди ба корфармоёне, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, муҳокима менамояд.

9. Барои пешгирии баландравии сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ, чорабиниҳо ташкил менамояд.

10. Ҷиҳати бокортаъминкунии маъюбон ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ барои ташкилоту муассисаҳо квотаҳо муқаррар менамояд.

11. Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати шуғли аҳолӣ дар самтҳои зерин қарорҳо қабул менамояд:

- баҳогузории ҳолати бозори меҳнат ва дурнамо дар соҳаи шуғли аҳолӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти корфармоён, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ;

- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва масоили таъминоти молиявии сиёсати шуғли аҳолӣ;

- рушди низоми таълимоти касбӣ барои бозори меҳнат;

- тайёрии касбӣ ва дигар намуди дастгирии кормандоне, ки бокортаъминкуниашон аз сабаби хусусиятҳои касбӣ ва ё дигар сабабҳо мушкил мебошад;

- мусоидат ба шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;

- мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ, бокортаъминшавӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва муваққатӣ;

- дастгирии молиявии кормандони аз кор озодгардида;

- муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалб ва истифодаи кормандони хориҷӣ;

- коркарди фаъолияти якҷоя ҳангоми хатари азкорозодшавии оммавӣ;

- назорат аз болои иҷроиши қарорҳои Кумита;

- ташкили гурӯҳҳои доимӣ ва муваққатӣ ҷиҳати ташхиси иҷтимоии лоиҳаҳои барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ.

III. Ҳуқуқҳои Кумита

12. Кумита ҳуқуқ дорад:

- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, инчунин барномаҳоро оид ба паст намудани шиддати оқибатҳои азкорозодкунии оммавӣ, ташкили шароит барои бозомӯзӣ ва минбаъд бокортаъминкунии кормандони аз кор озодшуда баррасӣ ва тасдиқ намояд;

- аз корфармоён оид ба тағйироти сохтории пешбинишуда ва дигар чорабиниҳо, ки дар натиҷа азкорозодкунии коргарон ба миён меояд, инчунин маълумот дар бораи талабот ба қувваи корӣ, шумораи коргарони аз кор озодшуда ва озодшавандаро талаб намояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чораҳо оид ба таъмини шуғли табақаи алоҳидаи шаҳрвандон, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд (маъюбон, ҷавонон, волидайни серфарзанд, волидайни яккаву танҳо, донишҷӯён ва ғ.) пешниҳодҳо таҳия ва ирсол намояд;

- дар бораи ба шартномаҳои коллективии муассисаву ташкилотҳо ворид намудани чорабиниҳо оид ба мусоидат ба шуғли аз кор озодшудагон ва расонидани кӯмакҳои иловагии иҷтимоӣ ва моддӣ ҳангоми аз кор озодшавии оммавӣ тавсияҳо пешниҳод намояд;

- оиди банд намудани ҷойҳои корӣ барои маъюбон ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;

- ҷараёни иҷрои барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро назорат намуда, оид ба ҳолати бозори меҳнат ба воситаҳои ахбори омма маълумот пешниҳод намояд.

IV. Ташкили фаъолияти Кумита

13. Ҳайати Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Ба ҳайати Кумита намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

14. Аъзои Кумита бо хоҳиши худ ва ё дигар сабабҳои узрнок метавонанд аз ҳайат бароварда шаванд.

15. Аз ҳисоби аъзои Кумита Раис ва муовин (муовинон) интихоб карда мешаванд.

16. Ҳайати асосии Кумита аз 20 нафар иборат мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

17. Аъзои Кумита тавассути мақомоте, ки онҳо намояндагӣ менамоянд, инчунин бо роҳи бастани шартномаҳои дутарафа ва созишномаҳо ба амалӣ гадидани қарорҳои қабулгардида мусоидат менамоянд.

18. Кумита дар асоси принсипи шарикӣ фаъолият намуда, тарафҳои намояндашударо дар асоси баробар, ки баробарии манфиатҳоро таъмин мекунанд, фаъолият менамояд.

19. Дар ҷаласаи Кумита бе ҳуқуқи овоздиҳӣ метавонанд намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корфармоён, мутахассисон ва олимон даъват карда шаванд, инчунин метавонанд, намояндагони васоити ахбори умум низ иштирок намоянд.

20. Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки рӯзномаи маҷлисро тасдиқ намуда, ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаро муайян ва ҷаласаро сарварӣ менамояд.

21. Муовини Раиси Кумита аз ҳисоби аъзои Кумита таъин шуда, дар ҳолати набудани Раис вазифаҳои ӯро иҷро менамояд.

22. Котиби Кумита бо пешниҳоди Раис аз ҳисоби кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, дар бораи вақт, ҷойи гузаронидан ва рӯзномаи ҷаласа аъзоёнро огоҳ менамояд. Маводҳои ҷаласаро на дертар аз ду рӯзи пеш аз ҷаласа ба аъзоён дастрас менамояд. Протоколҳои ҷаласаро таҳия ва ба расмият дароварда, на дертар аз 10 рӯзи баъд аз гузаронидани ҷаласа ба аъзои Кумита ва дигар шахсони дахлдор ирсол менамояд. Раис ва муовини Раиси Кумитаро бо маводҳои зарурӣ таъмин месозад.

23. Тарафҳое, ки ба аъзогии Кумита пешниҳод гардидаанд, тартиби кори Кумитаро муайян менамоянд.

24. Ҷаласаҳои Кумита дар шаш моҳ як маротиба доир мегардад. Мувофиқи қарори Раиси Кумита метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии Кумита даъват ва доир карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707).

25. Ҷаласаҳои Кумита комилҳуқуқ ҳисобида мешаванд, агар дар онҳо аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошанд.

26. Қарорҳои Кумита дар асоси созиш бо дастгирии қисми зиёди аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қабул карда мешаванд. Раис, муовини ӯ ва ҳар як узви Кумита дорои як овоз мебошанд.

27. Қарори Кумита оид ба масъалаҳои баррасишаванда барои аъзои Кумита ҳатмӣ буда, ба тасдиқ ҳоҷат надорад.

V. Муносибатҳои тарафайн ва робитаҳо

28. Кумита дар ҳамкории зич бо ҳама корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатие, ки бо масъалаҳои шуғли аҳолӣ машғуланд, фаъолият менамояд.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009 № 129

тасдиқ шудааст

Ҳайати Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707)

таҳрири нав

1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита;

2. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

14. Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15. Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

16. Муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

17. Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

18. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;

19. Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон;

20. Сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";