Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009 № 122 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 31 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ Қоидаҳои мазкурро дастур намоянд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати қатъиро оид ба иҷрои қарори мазкур аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи онҳо таъмин намоянд.

4. Беэътибор ҳисобида шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 3 апрели соли 2006, №134 "Дар бораи тадбирҳои бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони баъзе кишварҳои хориҷӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №45 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №134";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №27 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба намуд, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон".

5. Қарори мазкур пас аз 2 моҳи қабули он мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

аз 27 феврали соли 2009 № 122

ш. Душанбе