Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, № 134 "Дар бораи тадбирҳои бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони баъзе кишварҳои хориҷӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009с. № 122 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони баъзе кишварҳои хориҷӣ

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва инкишофи саёҳати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи замимашудаи давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи гирифтани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби содда ба мӯҳлати то 45 рӯз доранд, тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводидҳоро ба шаҳрвандони давлатҳое, ки мувофиқи Номгӯй тасдиқ шудаанд, дар мӯҳлати се рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин намоянд.

З. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат ба шаҳрвандони давлатҳо тибқи Номгӯи тасдиқшуда дар ҳолати ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводидҳои дипломатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳиро ба мӯҳлати 45 рӯз таъмин намояд (дар фурудгоҳи ш. Душанбе).

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ қоидаи содда додани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷиро таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати қатъиро оид ба иҷрои қарори мазкур аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи онҳо таъмин намоянд.

6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 460 "Дар хусуси тасдиқи бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Иттиҳоди Европа, баъзе кишварҳои Осиё ва Америкаи Шимолӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 178 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 460 "Дар хусуси тасдиқи бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Иттиҳоди Европа, ШМА ва Япония".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

Раиси

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2009г. №122

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Правительства Республики Таджикистан

0 мерах по обеспечению упрощенного порядка оформления и выдачи виз Республики Таджикистан гражданам ряда зарубежных стран

(в редакции постановления Правительства РТ 26.01.2008г.№45)

(в редакции постановления Правительства РТ 26.01.2008г.№45)

В соответствии со статьей 21 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях создания благоприятных условий для расширения торгово-экономических и культурных связей с зарубежными странами, привлечения иностранных инвестиций и развития иностранного туризма в Республике Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемый Перечень государств, граждане которых имеют право получения виз Республики Таджикистан сроком до 3 месяцев в упрощенном порядке (в редакции постановления Правительства РТ 26.01.2008г.№45).

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, дипломатическим представительствам и консульским учреждениям Республики Таджикистан обеспечить выдачу виз гражданам государств, согласно утвержденному Перечню в течение трех рабочих дней со дня поступления необходимых документов.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан обеспечить беспрепятственную выдачу гражданам государств, согласно утвержденному Перечню визы, кроме частной сроком до 3 месяцев при въезде на территории Республики Таджикистан (в аэропорту г.Душанбе) (в редакции постановления Правительства РТ 26.01.2008г.№45).

4. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, Министерству безопасности Республики Таджикистан и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан в месячный срок разработать правила упрощенного предоставления виз Республики Таджикистан гражданам иностранных государств и предоставить его на утверждение Правительства Республики Таджикистан.

5. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, Министерству безопасности Республики Таджикистан и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан обеспечить координацию действий и строгий контроль за выполнением настоящего Постановления их структурными подразделениями и подведомственными учреждениями.

6.Признать утратившими силу:

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 октября 2003 года №460 "Об утверждении упрощенного порядка оформления и выдачи въездных-выездных виз Республики Таджикистан гражданам стран Европейского Союза, некоторые стран Азии и Северной Америки";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 10 мая 2005 года №178 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 октября 2003 года №460 "Об утверждении упрощенного порядка оформления и выдачи въездных-выездных виз Республики Таджикистан гражданам стран Европейского Союза, ШМА и Японии".

...