Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
-барои татбиқи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд;
-оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол то 5 феврал ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пешниҳодшударо аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рафти иҷрои Барнома ҷамъбаст ва таҳлил карда, ҳар сол то 5 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 феврали соли 2009 № 72
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы продовольственной безопасности Республики Таджикистан на период до 2015 года
В соответствии со статьей 14 Конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьи 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" и в целях обеспечения продовольственной безопасности в стране в рамках реализации Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Программу продовольственной безопасности Республики Таджикистан на период до 2015 года.
2. Заинтересованным министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Республики Таджикистан:
- принять необходимые меры по реализации Программы продовольственной безопасности Республики Таджикистан на период до 2015 года;
- ежегодно до 5 февраля представлять подробную информацию о ходе выполнения данной Программы в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан.
3.Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан обобщив и проанализировав информацию о ходе выполнения Программы, предоставленную соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти, ежегодно до 5 марта представлять отчет в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 февраля 2009 года №72
г. Душанбе