Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 №209
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Аз Номгӯи молҳои ғайрихӯроквории хушсифате, ки ба моли ба ҳамон монанди дорои андоза, шакл, ҳаҷм, намуд, ороиш ва бастааш дигар иваз ё баргардонида намешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 №209 "Дар бораи чорабиниҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" тасдиқ шудааст, банди 8 хориҷ карда шавад.
Бандҳои 9-13 мутаносибан бандҳои 8-12 ҳисобида шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 феврали соли 2009 № 89
ш. Душанбе