Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 №459
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 №459 "Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар номгӯи қарор калимаи "тақсими" ба калимаи "идораи" иваз карда шавад;
дар қисми қарордоди қарор калимаҳои "тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида" ба калимаҳои "идораи кӯмаки башардӯстона ва техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар Низомномаи тартиби тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида:
номгӯи Низомнома дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Низомномаи тартиби идораи кӯмаки башардӯстона ва техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
сархати якуми банди 2 Низомнома дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Кӯмаки башардӯстона бо тариқи ройгон додани сарватҳои молию моддӣ, ки чи дар дохили кишвар ва чи берун аз марзи он хусусияти тиҷоратӣ надорад, ҳисобида мешавад";
сархати чоруми банди 2 хориҷ карда шавад;
банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақоми ваколатдор оид ба идораи кумакҳои башардӯстона ва техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад";
дар сархати дуюми банди 5 ва сархати якуми банди 6 калимаи "Кумитаи" ба калимаи "Хадамоти" иваз карда шавад;
банди 9 хориҷ карда шавад;
дар банди 17 калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимият (Ҳукуматҳо)" хориҷ карда шаванд;
дар матн калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия" ва "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (Ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
дар банди 18: калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" хориҷ карда шаванд;
сархати дуюми банди 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қабулкунанда ва нигоҳдорандаи масъули кӯмакҳои башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад";
дар банди 24 калимаҳои "ба захираи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" хориҷ карда шаванд;
сархати дуюми банди 25 хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 феврали соли 2009 № 86
ш. Душанбе