Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 663 "Дар бораи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015

Мутобиқи банди 14 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади самаранок истифода намудани ашёи хоми дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад.

2. Ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шавад, ки дар иҷрои Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва инчунин маблағҳои худӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- лоиҳаҳои сармоягузории аз назари иқтисодӣ ҷолибро ҷиҳати дар истеҳсолот ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосири истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сохта ба истифода додани корхонаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳо, азнавсозии корхонаҳои амалкунандаи коркарди ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) таҳия намуда, барои муайян намудани манбаи маблағгузорӣ ва ҷалби сармоя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- оид ба зиёд намудани коркарди саноатии ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм), тармиму таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи саноатӣ, сохта ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои ташкилӣ ва техникӣ андешида онҳоро амалӣ намоянд;

- аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол то 1 январ ва 1 июл ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2008 № 663

ш. Душавбе