Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" аз 31 декабри соли 2008, № 688

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 688

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 491 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" таъсис дода шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия", ки минбаъд "Корхона" ном бурда мешавад, ташкилоти тиҷоратии дорои амволи хоси мансуби ихтиёрдории хоҷагӣ мебошад.

Корхона дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, фармон ва фармоишҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи ваколатҳо содир мешаванд ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. Муассиси Корхона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" ном бурда мешавад.

3. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳои бонкӣ, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, штамп, варақаҳои хоса, номи фирмавӣ, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) мебошад.

4. Корхона аз рӯи ӯҳдадориҳои худ барои ҳамаи амволи ба вай тааллуқдошта масъул мебошад. Корхона барои ӯҳдадориҳои Муассис, Муассис барои ӯхдадориҳои Корхона масъул намебошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Корхона аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволи ба даст меорад ва ӯҳдадориҳоро соҳиб мебошад ва масъулият дорад, ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар дар суд дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад.

6. Номи фирмавии Корхона:

бо забони тоҷикӣ:

пурра: Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"

ихтисоран: КВД "Тоҷикаэронавигатсия"

бо забони русӣ:

пурра: Государственное унитарное предприятие "Таджикаэронавигация"

ихтисоран: ГУП "Таджикаэронавигация"

бо забони англисӣ:

пурра: State Unitary Air Traffic Management Enterprise "Tajikairnavigation"

ихтисоран: SUEnterprise "Tajikairnavigation"

Номи ташкилотии Корхона бо забонҳои дар боло зикргардида қувваи якхелаи ҳуқуқӣ дорад.

7.Маҳали воқеъшавии Корхона: 734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Титов 32/1.

2. Мақсади фаъолияти Корхона

8. Корхона фаъолияти дар ҳамин Оиннома муйянгардидаро бо мақсади қонеъ кардани талаботи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ҷиҳати хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар доираи ваколатҳои худ, таъмини бехатар, сарфакорона ва мунтазами ҳаракати ҳавоӣ дар хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳои ҳавопаймоии гражданӣ ва дар маҳалҳои иҷрои корҳои ҳавоӣ дар доираи масъулият дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҳудудҳои барои идоракунӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сарҳади Корхона) додашуда анҷом медиҳад.

9. Хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба эҳтиёҷоти давлатӣ мансуб мебошад.

10. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар банди 8 Оинномаи мазкур зикрёфта, Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин намудҳои асосии фаъолиятро иҷро мекунад:

- нақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ дар доираи сарҳадҳои Корхона;

- хизматрасонии маълумоти парвоз, машваратӣ, танзимгарӣ, ҳамчунин огоҳсозии садамавӣ;

- назорати риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ва сарҳади Корхона;

- таъмини тартиботи иҷозатдиҳии истифодаи истифодабарии фазои ҳавоӣ дар доираи сарҳадҳои Корхона;

- ба маълумоти мақомоти манфиатдор ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ расонидани мамнуният ва маҳдудсозии парвозҳо, ҳамчунин назорати иҷрои онҳо;

- андешидани чораҳои саривақтӣ ҷиҳати расондани кӯмак ба экипажҳои ба фалокат дучоромада, парвозҳои дар шароитҳои махсус иҷрошаванда ҳангоми пеш омадани ҳодисаҳои фавқулодда дар вақти парвоз;

- ба истифодабарандагони фазои ҳавоӣ расонидани маълумоти аэронавигатсионии фаврӣ, ки тавассути хатҳои алоқа ворид шудаанд;

- таъмини истифодабарандагони фазои ҳавоӣ бо маълумоти аэронавигатсионӣ;

- таъмин намудани маълумоти обу ҳаво барои парвозҳо дар асоси санаду шартномаҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- тибқи тартиби муқарраршуда таҳия кардан, мувофиқат намудан ва ворид кардани пешниҳодҳо оид ба такмил додани сохтори фазои ҳавоӣ дар доираи сарҳади Корхона;

- омода кардани пешниҳодҳо оид ба такмил додани технологияи фаъолияти кормандон, қоидаҳо ва ибораҳои (фразеологияи) мубодилаи радиоӣ, ташкили таъмини обуҳавошиносӣ, радиотехникӣ ва алоқаи барқии ҳавопаймоӣ;

- ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти Корхона бо мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти нозирию назорат, бахшҳои ҳарбии мақомоти фаврии системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, нуқтаҳои фармондиҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот;

- ташкили ҳисобгирии хизматрасонии парвозҳои ҳавопаймоҳо;

- дар асоси қоидаҳо, тартиб ва андозаи муқарраршуда пешниҳод намудани ҳисобномаҳо ба истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва ситонидани музд барои хизматрасонии аэронавигатсионӣ;

- нақшагирӣ ва амалӣ гардонидани инкишоф, таҷдиди техникӣ, навсозӣ ва нигаҳдошти баҳрабардории воситаҳо ва системаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Корхона;

- амалӣ гардонидани чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудан ва дар Корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъминоти обуҳавошиносӣ, радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии ҳавопаймоӣ;

- таъмин кардани омодагии фаврӣ ва эътимоднокии баҳрабардории иншоот дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;

- ба истифодабарандагони фазои ҳавоӣ фароҳам овардани таъминоти хизмати радиотехникӣ ва алоқа, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ. Ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ пешниҳод кардани хизматрасонии алоқа дар асоси шартнома;

- ташкил намудани муассисаи хизматрасонии техникии иншооти обуҳавошиносӣ, радиотехникӣ ва алоқа тибқи талаботи меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳо техникии истифодабарӣ, назорати иҷрои онҳо, таъмир, аз ҷумла дар асоси шартнома;

- тибқи тартиби муқаррагардида барои ба Корхона гирифтани иҷозат барои баҳрабардории дастгоҳҳои нурфишон ва воситаҳои таъмини радиотехникӣ ва алоқа омода кардан ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурии техникӣ;

- санҷиши дақиқи метрологии дастгоҳҳои назоратию ченкунанда;

- ташкил ва гузаронидан чорабиниҳо оид ба мувофиқати электромагнитӣ ва таъмини радиосуръат;

- ташкили паҳншавии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ ва алоқа дар хатҳои ҳавоӣ, хатҳои маҳаллии ҳавоӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳо ва дар бораи тағйироти кори онҳо бо тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани маълумот;

- ташкил ва гузаронидани таъмири воситаҳои нақлиётӣ, таҷҳизоти технологии Корхона, таъмири барқарорсозӣ дар шароити баҳрабардории доимии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ ва алоқа, васл кардан, танзим, таъмир ва баҳрабардории техники иншооти барқӣ, таҷҳизоти истеҳсоли барқ, гармидиҳандандаи барқӣ ва дастгоҳҳои барқии истифодабарандагон;

- пешбурди ҳисоботи муқарраргардидаи ҳуҷҷатҳои техникӣ, ҳамчунин ҳисобгирӣ ва ҳисобдорӣ дар қисми ташкил ва таъмини баҳрабардории техникии иншоот ва таҷҳизот;

- сохтмон, таъмиру таҷдиди иншоот, биноҳо, иморатҳо, коммуникатсияҳо, системаҳои таъминоти барқ ва дастгоҳҳои муҳандисӣ бо тартиби муқарраргардида;

- ташкил ва амалигардонии хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои таъминоти радиотехникӣ ва алоқа, дастгоҳҳои компютерӣ, воситаҳои таъмини бехатарии ҳавоӣ, баҳрабардории техникӣ ва таъмири таҷҳизот ва системаҳои огоҳонии сӯхтор, посбонӣ ва сигнализатсия, посбонию-сӯхторхомӯшкунии системаҳои огоҳонии одамон аз сӯхтор;

- таҳия кардан ва анҷом додани чорабиниҳо вобаста ба иҷрои талаботи метрологӣ;

- таҳия кардан ва анҷом додани чорабиниҳо вобаста ба иҷрои талаботи муҳофизати меҳнат;

- ташкили баҳрабардории техникии дастгоҳҳои дигари барои таъмини фаъолияти истеҳсолии Корхона зарурӣ;

- таъминоти моддию техникии хадамоти Корхона ҷиҳати таъмини омодагии фаврӣ ва баҳрабардории боэътимоди иншоот, таҷҳизоти технологию муҳандисӣ;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва истифодабарандагони хориҷии фазои ҳавоӣ оид ба масъалаҳои ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар доираи салоҳияти худ;

- ҳам дар заминаи худи Корхона ва ҳам дар заминаи муассисаҳои таҳсилотӣ ташкил намудан ва иловатан анҷом додани таълими (такмили ихтисос) кормандон;

- омода кардан ва анҷом додани чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии истеҳсолоти Корхона, ҳамчунин вобаста ба таъмини бехатарии иқтисодӣ, иттилоотӣ, зидди сӯхтор, чораҳои тартиботию посбонӣ;

- иштирок дар амалисозии чорабиниҳо оид ба омодагии сафарбарӣ, иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ;

- иштирок дар таҳия ва иҷрои чорабиниҳо оид ба таъмини фаъолияти устувори Корхона дар замони осоишта ва ҷанг;

- иҷрои корҳо вобаста ба истифодаи маълумоти дорои сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сирри хизматии Корхона, амалӣ гардонидани чораҳои ҳифзи ин маълумот;

- иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, насбу танзими таҷҳизот ва алоқа, дастгоҳҳои барқӣ, анҷом додани вазифаҳои пудратчии асосӣ;

- фаъолияти хариду фурӯш ва миёнаравӣ (аз ҷумла хариду фурӯши воситаҳои радиоэлектронӣ, таҷҳизоти алоқа);

- таъмири асбобҳои радиоэлектронӣ;

- ташкил ва гузаронидани муоинаи тиббӣ (назоратӣ) пеш аз табдили басти корӣ.

11. Ҳуқуқи корхона ҷиҳати анҷом додани фаъолияте, ки барои он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) тақозо мегардад, дар Корхона аз лаҳзаи гирифтани он фароҳам меояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

3. Амволи Корхона

12. Амволи Корхона моликияти давлатӣ ва тақсимнашаванда мебошад, аз рӯи саҳмҳо (ҳисса, пай) аз ҷумла байни коргарони Корхона тақсим намешавад, ба Корхона бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад ва дар баланси мустақили он зикр меёбад.

Ба таркиби амволи Корхона амволи шакли дигари моликият дохил буда наметавонад.

13. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ нисбати моликияти давлатии ба Корхона вобастагардида, аз лаҳзаи додани амвол аз ҷониби Муассис ва ё мақомоти идоракунии амволи давлатӣ ба вуҷуд меояд.

Самара, маҳсулот ва даромади аз истифодаи амволи марбути идоракунии пешбурди хоҷагидории Корхона, ҳамчунин амволи аз ҳисоби фоида харидашуда ба пешбурди хоҷагидорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

14. Фонди оинномавии Корхона 27027956 (бисту ҳафт миллиону бисту ҳафт ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу шаш) сомониро ташкил менамояд, ки дар лаҳзаи бақайдгирӣ комилан ташаккул ёфтааст. Маблағҳои худии Корхона 2 302 029 (ду миллиону сесаду ду ҳазору бисту нӯҳ) сомониро ташкил менамояд.

15. Афзоиши (камшавии) фонди оинномавии Корхона дар мувофиқа бо мақоми идораи амволи давлатӣ зимни тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур сурат мегирад.

Фонди оинномавии Корхона имкон дорад ҳам аз ҳисоби амволи иловагии ба вай додаи мақоми идораи давлатӣ, активи мавҷуда ва ҳам аз ҳисоби фоидаи дар ихтиёри Корхона қарордошта афзоиш ёбад.

16. Дар мавриди қабул намудани қарор дар бораи кам кардани фонди оинномавӣ Корхона ӯҳдадор аст аз ин хусус кредиторонро огоҳ намояд.

17. Манбаъҳои ташаккули амволи Корхона иборатанд аз:

- амволи ба Корхона бо қарори мақоми идораи амволи давлатӣ барои пардохти фонди оинномавӣ додашуда;

- дигар амволи бо қарори мақоми идораи амволи давлатӣ ба Корхона додашуда;

- фоидаи дар натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ бадастомада;

- воситаҳои қарзӣ, аз ҷумла қарзҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда;

- маблағгузории асосӣ ва кӯмак (дотатсия) аз буҷет;

- ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ, маблағгузории мақсадноки буҷетӣ;

- даромадҳо (дивидендҳо) аз ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳое, ки Корхона дар сармояи оинномавии онҳо иштирок дорад ва аз дигар қоғазҳои қиматбаҳо ворид шудааст;

- пардохтҳои ихтиёрии ташкилотҳо ва шаҳрвандон;

- дигар манбаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

18. Корхона ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқули ба он бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ тааллуқдоштаро фурӯшад, ба иҷора, гарав диҳад, ҳамчун амонат ба сармояи оинномавии шариконаи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳо ворид намояд ё бо тарзи дигар ин амволро бо розигии молик ё мақоми давлатии идоракунии амволи давлатӣ ихтиёрдорӣ намояд.

19. Ҳуқуқи Корхона ба иншооти моликияти зеҳнии дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилкардаи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

20. Корхона натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолиро пас аз пардохти ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ихтиёрдорӣ менамояд.

21. Фоидаи софи дар ихтиёри Корхона мондаро, он тибқи тартиби муқарраргардида барои мақсадҳои зерин сарф мекунад:

- ҷорӣ кардан ва насб намудани техникаю технологияи нав;

- таъсис додани фондҳои Корхона, аз ҷумла барои пӯшонидани зарарҳо;

- инкишоф додану васеъ намудани фаъолияти молиявию хоҷагии Корхона, пурра намудани воситаҳои гардон;

- сохтмон, навсозӣ, таҷдиди фондҳои воситаҳои асосӣ;

- анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, омӯзиши талаботи истеъмолкунандагон, маркетинг;

- харидории асъори хориҷӣ, дигар чизҳои арзишдори асъорӣ ва моддӣ, қоғазҳои қиматбаҳо;

- тарғибу ташвиқи маҳсулот ва хизматрасонии Корхона;

- ба даст овардан ва сохтмони манзил барои кормандони Корхона, ки барои беҳтар гардонидани шароити зист эҳтиёҷ доранд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳавасмандсозии моддӣ, омӯзонидан ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси кормандони Корхона (изофа аз маблағи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арзиши аслии кору хизматрасонӣ таъингардида);

- барои мақсадҳои дар қоидаҳои шартномаи коллективӣ пешбинигардида;

- дигар мақсадҳое, ки қонунгузорӣ манъ нанамудааст.

22. Корхона ҳуқуқ дорад аз фоидаи соф тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фонди захиравӣ ташкил намояд.

Фонди захирави барои пушонидани зарари ба Корхона дар соли ҳисоботӣ расида таъин мегардад ва барои мақсадҳои дигар истифода шуда наметавонад.

4. Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти Корхона

23. Корхона муносибатҳои худро бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар асоси шартномаи хоҷагӣ, созишнома ва қарордодҳо ба роҳ мемонад.

Корхона дар интихоби мундариҷа, мазмуни ӯҳдадориҳо, ҳаргуна дигар шаклҳои муносибатҳои тарафайни ҳоҷагидорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, озод мебошад.

24. Бо мақсади ташкили фаъолияти муътадили Корхона, филиалҳо ва сохторҳои тобеи он Корхона дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, аз ҷумла асъорӣ, боз менамояд.

25. Корхона нарх ва тарифҳоро ба ҳамаи намуди корҳое, ки анҷом дода мешаванд, хизматрасониҳо, маҳсулоти истеҳсол ва фурӯхташаванда дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, барои тасдиқ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Корхона хизматрасонии аэронавигатсиониро барои истифодабарандагони фазои ҳавоӣ амалӣ мегардонад ва барои ин ҳаққи хизмат меситонад.

26. Барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ корхона ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқарраргардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мувофиқаи Муассис филиалҳо, намояндагиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад, дар бораи қатъи фаъолияти онҳо қарор қабул ва роҳбарони онҳоро таъин намояд;

- низомномаҳоро дар бораи намояндагиҳо, филиалҳо тасдиқ намояд;

- маблағгузории филиалҳоро мувофиқи вазифаҳои пешистодаи Корхона амалӣ гардонад, байни филиалҳо даромадҳоро тақсим намояд;

- аз ҳисоби захираҳои молиявии мавҷуда, кредиту қарзҳо ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ воситаҳои асосӣ ва гардонро ба даст орад ё ба иҷора гирад;

- дар асоси тартиб ва доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амволи ба Корхона бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ таалуқдоштаро дар шакли ҳисса дар сармояи оинномавии (шарики) ҷамъият ва рафоқатҳои хоҷагӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба гарав монад, ба иҷора диҳад ё ворид созад ва бо тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд;

- фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар асоси қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом диҳад;

- таъминоти моддию техникии истеҳсолот ва инкишофи иншооти соҳаи иҷтимоиро анҷом диҳад;

- дар асоси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ фаъолияти худро нақшагирӣ намояд ва тараққиёти ояндаи онро муайян созад;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба кор қабул ва аз кор озод намояд, ҷадвали маошу мансабҳоро тасдиқ кунад, ба сохтори ташкилии Корхона тағйирот ворид намояд;

- бо мақсади таъмини кори мӯътадил барои Корхона мақсаднок тайёр кардани мутахассисонро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва берун аз он, анҷом диҳад;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшаванда, аз ҷумла рухсатиҳои иловагиро муқаррар намояд;

- дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шартномаи коллективӣ системаи пардохт, ҳавасмандсозии меҳнат, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва кафолатҳоро муқаррар созад;

- тартиби меҳнат, истироҳати кормандони Корхона ва қоидаҳои тартиботи меҳнати дохилиро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян созад;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии кормандонро анҷом диҳад;

- ҳуқуқ дорад барои иҷрои намудҳои алоҳидаи кор дар асоси шартномаҳои мӯҳлатноки меҳнатӣ ва шартномаҳои шаҳрвандию ҳукуқӣ шаҳрвандонро ҷалб намояд;

- ҳамагуна намудҳои шартномаҳоро бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба мақсаду мундариҷаи фаъолияти Корхона ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, ба имзо расонад;

- сохти ташкилии Корхона, ҳамчунин усулҳои идоракунии онро такмил диҳад;

- дигар ҳуқуқҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсаду мундариҷаи фаъолияти корхона ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, амалӣ гардонад.

27. Корхона ӯҳдадор аст:

- ба мақомоти давлатӣ дар маврид ва тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад;

- корҳои оид ба кам кардани хароҷоти баҳрабардории Корхонаро анҷом диҳад;

- баҳисобгирии вайрон гардидани тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ, воқеаҳо, ҳодисаҳои ҳавопаймоӣ, ҳамчунин аз кор бозмондани воситаҳои таъминоти обуҳавошиносӣ, радиотехникӣ ва алоқа ҳангоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро анҷом диҳад;

- таҳлили вазъи бехатарии ҳаракати ҳавоӣ ва сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, таҳия ва анҷом додани чорабиниҳои ташкилию техникии пешгирии ҳодисаҳои ҳавопаймоӣ, воқеаҳо ва халалдорсозиҳо ҳангоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро анҷом диҳад;

- дар таҳқиқи ҳодисаҳои ҳавопаймоӣ, воқеаҳо ва халалдорсозиҳои тартиби истифодаи фазои ҳавоии вобаста ба хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ширкат намояд;

- корҳои оид ба беҳтар намудани шароити меҳнат, такмил додани системаи пардохти музди кормандони корхонаро анҷом диҳад;

- ҷиҳати сари вақт пардохтани музди кормандони Корхона тадбирҳо андешад;

- барои кормандони худ шароитҳои бехатари корро таъмин намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба онҳо ҳангоми иҷро намудани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ расонидашуда масъулият дорад;

- санҷиши (аттестатсияи) кормандони Корхонаро анҷом диҳад;

- баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва дигар фаъолият, пешбурди ҳисобдории омориро иҷро намояд, дар бораи натиҷаҳои фаъолият ба мақомоти дахлдор тибқи тартиб ва мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ ҳисобот пешниҳод созад;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми идоракунии амволи давлатӣ ҷиҳати ҳисобгирии маълумот дар бораи амволи ғайриманқулли вобастагардида маълумот пешниҳод намояд;

- коргузории ҳуҷҷатҳоро анҷом диҳад;

- чорабиниҳо оид ба муҳофизати гражданӣ ва омодагии сафарбариро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ гардонад.

28. Корхона бо дархости мақомоти давлатӣ ҷиҳати андозситонӣ ва пешбурди системаи умумидавлатии ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти иқтисодӣ маълумоти заруриро пешниҳод менамояд.

29. Санҷиши фаъолияти Корхонаро мақомоти дахлдори андозситонӣ, ҳифзи табиат, зиддимонополӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

30. Корхона масъулият дорад:

- барои таъмини бехатарӣ ва мунтазамии ҳаракати ҳавоӣ;

- иҷрои қоидаҳо ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроия, санадҳои мақомоти ҳудудии онҳо дар асоси салоҳияти онҳо, қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ, қоидаҳои ҳавопаймоӣ ва нишондодҳои Оинномаи мазкур;

- вайрон кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, кредитӣ, иҷоравӣ, ҳисобдорӣ, андозситонӣ ва ғайра дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нигохдорӣ ва аз рӯи таъинот истифода кардани амволи бо ҳуқуқи пешбурди ҳоҷагидорӣ ба Корхона вобастагардида;

- риоя намудани меъёру қоидаҳое, ки ташкил ва таъмини баҳрабардории техникии иншооти радиотехникӣ ва алоқаро танзим месозанд.

31. Барои ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳо ва таҳрифи ҳисобдории давлатӣ шахсони мансабдори Корхона масъулият доранд.

5. Идоракунии Корхона

32. Ба Корхона Директори генералӣ роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Директори генералии Корхона муовини аввал ва муовинҳо дорад, ки бо пешниҳоди Директори генералии Корхона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

33. Директори генералии Корхона:

- аз номи Корхона бе эътимоднома, дар асоси Оинномаи мазкур, шартномаи меҳнатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар санадҳои меъёрӣ амал менамояд, манфиатҳои онро поквиҷдонона ва оқилона дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- тибқи усули яккасардорӣ амал менамояд ва барои амалҳои худ дар асоси қонунҳо, дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва шартномаи меҳнатии бо вай басташуда масъулият дорад;

- кори Корхонаро тибқи тартиби муқарраргардида ташкил менамояд, амволи онро ихтиёрдорӣ мекунад, эътимодномаҳо медиҳад, дар бонкҳо суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳо мекушояд, ҷадвали маошу вазифаҳоро тасдиқ, дар доираи салоҳияти худ фармон ва дигар санадҳоро содир менамояд, кормандонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, нисбат ба онҳо чораҳои муҷозоти интизомӣ ва мукофотониро татбиқ месозад, ҳамчунин гунаҳкоронро ба масъулияти моддӣ ҷалб менамояд;

- дар бораи ба ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳо ворид шудан, харидани саҳмҳо ва дигар қоғазҳои қиматбаҳо тибқи тартиби муқарраркардаи қонун қарор қабул менамояд;

- манфиатҳои Корхона дар муносибат бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ҳамчунин судҳо намояндагӣ мекунад;

- шартномаҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ ва меҳнатиро ба имзо мерасонад;

- сиёсати ҳисобгирии Корхонаро тасдиқ менамояд;

- дастурҳои дахлдори мансабӣ ва қоидаҳоро дар бораи филиалҳо, намояндагиҳо, шӯъбаҳо, хадамот ва дигар ташкилотҳои сохторӣ тасдиқ менамояд;

- қоидаҳоро дар бораи хазинаҳо (фондҳо), пардохти музди кор, мукофотонӣ ва ғайра тасдиқ менамояд;

- омода ва пешниҳод кардани ҳисобдории муҳосибавӣ ва дигар ҳисобдориро дар бораи фаъоляити Корхона ташкил мекунад;

- дар аоси қонунгузории ҷорӣ феҳрасти маълумоти дорои сирри хизматӣ ва тиҷоратиро, таҳия ҳамчунин тартиби муҳофизати онҳоро муайян менамояд;

- коргузориро дар Корхона ташкил менамояд ва барои хазинаи ҳуҷҷатии Корхона масъулият дорад;

- шартномаи коллективиро ба имзо мерасонад;

- дар доираи салоҳияти худ ва дар асоси қонугузории ҷорӣ дигар амалҳоро анҷом медиҳад.

34. Директори генералии Корхона ҳуқуқ дорад:

- ҳаргуна масъалаҳои таҳти салоҳияти мансабдорони Корхона қарордоштаро барои баррасии худ гирад ва оид ба он қарор қабул намояд, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи кормандони Корхона ҳатмӣ мебошад;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Корхона пешниҳод манзур намояд;

- дар бораи тағйир додани хазинаи (фонди) оинномавии Корхона пешниҳодҳо намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии мақомоти ҳокимияти иҷроия лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Корхона қарордошта пешниҳод намояд.

35. Музди меҳнат (подоши пулӣ) ба Директори генералии Корхона на пештар аз пардохти музди меҳнат барои давраи дахлдор ба кормандони Корхона пардохта мешавад.

36. Салоҳияти муовинони Директори генералии Корхонаро Директори генералии Корхона муқаррар менамояд.

37. Муовинони Директори генералӣ аз номи Корхона амал мекунанд, онро дар ташкилотҳо ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатхои хориҷӣ дар асоси ваколатҳои дар дастур ё қарордодҳои мансаби зикрёфта намояндагӣ мекунанд, ҳамчунин дар доираи ваколатҳои дар эътимодномаҳо зикргардида, ки аз ҷониби Директори генералии Корхона дода мешаванд, додугирифт ва дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом медиҳанд.

38. Муносибатҳои байниҳамдигарии кормандон ва Директори генералии Корхона, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ пеш меоянд, тибқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ва шартномаи коллективӣ танзим карда мешаванд.

39. Баҳсҳои (низоъҳои) коллективии меҳнатии миёни кормандон ва корфармоён дар асоси қонунгузорӣ оид ба тартиби ҳалли баҳсҳои (низоъҳои) коллективии меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

40. Корхона метавонад ба зиммаи гурӯҳи муайяни кормандон вазифаи ифшо накардани маълумоти сирри хизматӣ ва тиҷоратиро вогузор намояд, ҳамчунин барои ифшои маълумоти мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият муқаррар созад.

Таркиб ва ҳаҷми маълумоти сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин тартиби муҳофизати онҳоро Директори генералии Корхона дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

6. Филиалҳо ва намояндагиҳо

41. Корхона метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, зимни риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории давлатҳои хориҷии дар он воқеъшуда ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Муассис филиалҳо ва намояндагиҳо ташкил намояд.

Филиалҳо ва намояндагиҳо аз номи Корхона, ки вай барои кори онҳо масъулият дорад, фаъолиятро анҷом медиҳанд.

42. Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ набуда, ба онҳо Корхона амволро вобаста менамояд, ки дар асоси низомномаҳо дар бораи онҳо амал мекунанд. Низомномаҳо дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳо (минбаъд - қоидаҳо), ҳамчунин тағйиру иловаҳои дар қоидаҳо зикрёфтаро Директори генералии Корхона тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур тасдиқ менамояд.

43. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо имкон дорад дар тавозуни алоҳидаи дохилӣ, ки таркиби тавозуни маҷмӯии Корхона мебошад, ба ҳисоб гирифта шавад.

44. Директорони филиалҳо ва намояндагиҳоро Директори генералии Корхона ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, ба онҳо ваколатҳо вогузор менамоянд, ки дар асоси Низомномаҳо ва эътимодномаи ба онҳо додаи Директори генералии Корхона амал мекунанд. Ҳангоми озод гардидан аз мансаб амали эътимоднома қатъ мегардад.

45. Директори филиал (намояндагӣ) барои фаъолияти худ дар назди Корхона масъул мебошад.

46. Ба ҳайати Корхона дохил мешаванд:

- филиали КВД "Тоҷикаэронавигатсия" дар ш. Хуҷанд;

- филиали КВД "Тоҷикаэронавигатсия" дар ш. Кӯлоб;

- филиали КВД "Тоҷикаэронавигатсия" дар ш. Қӯрғонтеппа;

- Хадамоти идораи ҳаракати ҳавоии КВД "Тоҷикаэронавигатсия" дар ш. Хоруғ.

7. Азнавташкилдиҳии Корхона

47. Азнавташкилдиҳии Корхона тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

48. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун азнавташкилдиҳии Корхона дар шакли дигаргунсозӣ, тақсим намудан ва аз ҳайати он ҷудо кардани шахси (шахсони) дигари ҳуқуқӣ бо қарори мақомоти ваколати давлатӣ ё қарори суд амалӣ гардонда мешавад.

49. Дар сурати азнавташкилдиҳии Корхона ба кормандоне, ки озод карда мешаванд, риояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

50. Мақом ё, ки дар бораи азнавташкилдиҳии Корхона қарор қабул намудааст, тартиб ва мӯҳлати анҷом додани азнавташкилдиҳӣ, мӯҳлати қабули аризаи даъвогии кредиторон, тартиби супоридани ҳуҷҷатҳои идоравӣ, молиявӣ оид ба ҳайати шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро муқаррар менамояд.

51. Дар мавриди азнавташкилдиҳии Корхона ҳамаи ҳуҷҷатҳо (идоравӣ, молиявию хоҷагӣ оид ба ҳайати шахсӣ ва ғайра) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вориси ҳуқуқӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ супорида мешаванд.

8. Ворид намудани тағйирот ба Оиннома

52. Оинномаи Корхона аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад.

53. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Корхона бо қарори Муассис сурат мегирад ва аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо менамояд.

54. Оинномаи мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ҳарду матн дорои эътибори якхелаи ҳуқуқӣ мебошанд.