Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 491 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

Санаи амалкуни: 20.11.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568)

Мутобиқи моддаҳои 58, 59, 60 ва 61 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо дарназардошти аз он ҷудо намудани корхонаҳои навтаъсиси зерин аз нав ташкил дода шавад:

- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"

- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия".

2. Ба Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" барои таъсиси корхонаҳои фаръии зерин иҷозат дода шавад:

- Корхонаи фаръии "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";

- Корхонаи фаръии "Маҷмааи фарҳангию солимгардонии "Авиатор"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";

- Корхонаи фаръии "Агентии алоқаи ҳавоӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568).

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафта ҷиҳати амалӣ намудани азнавташкилдиҳии сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" комиссияи салоҳиятнок таъсис диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568).

Комиссияи салоҳиятнок тибқи тартиби муқарраргардида азнавташкилдиҳиро амалӣ карда, тавозуни тақсимоти Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2008 № 491

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О реорганизации Государственного унитарного авиационного предприятия "Таджик Эйр"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 20.11.2008г.№568)

В соответствии со статьями 58, 59, 60 и 61 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Реорганизовать Государственное унитарное авиационное предприятие "Таджик Эйр" с учетом выделения из него следующих вновь создаваемых предприятий:

- Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Душанбе";

- Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Худжанд";

- Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Курган-Тюбе";

- Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Куляб";

- Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт "Таджикаэронавигация";

2. Разрешить Государственному унитарному предприятию "Международный аэропорт Душанбе" создать следующие дочерние предприятия:

Дочернее предприятие "Топливно-заправочная компания" Государственного унитарного предприятия "Международный аэропорт Душанбе";

- Дочернее предприятие "Культурно-оздоровительный комплекс "Авиатор" Государственного, унитарного предприятия "Международный аэропорт Душанбе";

- Дочернее предприятие "Агентство воздушных сообщений" Государственного унитарного предприятия "Международный аэропорт Душанбе" (в редакции Постановления Правительства РТ от 201.11.2008г..№568)

3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в недельный срок в целях осуществления реорганизации структуры Государственного унитарного авиационного предприятия "Таджик Эйр" создать компетентную комиссию.

Компетентной комиссии в установленном порядке осуществить реорганизацию и представить на утверждение в Правительство Республики Таджикистан разделительный баланс Государственного унитарного авиационного предприятия "Таджик Эйр".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

от 1 октября 2008 года №491

ш. Душанбе