Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2008 № 688
тасдиқ шудааст
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа"
1. Муқаррароти умумӣ
1.Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 491 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" таъсис дода шудааст ва ташкилоти тиҷоратии дорои амволи хосаи мансуби ихтиёри хоҷагидории он мебошад.
Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯргонтеппа", ки минбаъд "Фурудгоҳ" номида мешавад, вориси хуқуқии Корхонаи фаръии давлатии "Фурудгоҳи Қӯрғонтеппа"-и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" мебошад.
Фурудгоҳ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, фармон ва фармоишҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи ваколатҳо содир мешаванд ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
2. Муассиси Фурудгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" номида мешавад.
3. Фурудгоҳ шахси ҳуқуқӣ, дорои баланси мустақил, дар бонкҳо ҳисоби пардохт ва дигар ҳисобҳо, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, штамп, бланкаҳо, номи фирмавӣ, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) мебошад.
4. Фурудгоҳ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ҳамаи амволи ба он тааллуқдошта масъул мебошад. Фурудгоҳ барои ӯҳдадориҳои Муассис ва Муассис барои ӯҳдадориҳои Фурудгоҳ масъул намебошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Фурудгоҳ аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволӣ ба даст меорад, ӯҳдадориҳоро ба зимма дорад, ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар дар суд дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.
6. Фурудгоҳ номи фирмавии худро дорад.
7. Номи фирмавии Фурудгоҳ:
бо забони давлатӣ:
пурра: Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа"
ихтисоран: КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа"
бо забони русӣ:
пурра: Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Курган-Тюбе"
ихтисоран: ГУП "Международный аэропорт Курган-Тюбе"
бо забони англисӣ:
пурра: State Unitary Enterprise "Kurgan-Tube International Airport"
ихтисоран: SUE " Kurgan-Tube International Airport"
Номи ташкилотии Фурудгоҳ бо забонҳои дар боло зикргардида, қувваи якхелаи ҳуқуқӣ доранд.
8. Маҳали воқеъшудаи Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияи Бохтар, ҷ. Бӯстон, совхози 1, маҳаллаи Фурудгоҳ.
2. Мақсади фаъолияти Фурудгоҳ
9. Мақсади фаъолияти Фурудгоҳ қонеъ гардондани талаботи ҷамъиятӣ ба интиқолоти ҳавоӣ зимни таъмини бехатарӣ, мунтазамии парвозҳо ва ба даст овардани фоида мебошад.
10. Барои ноил шудан ба мақсадҳои дар банди 9 Оинномаи мазкур зикрёфта, Фурудгоҳ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои асосии зерини фаъолиятро анҷом медиҳад:
- таъмин кардан ва хизматрасонии ҳавопаймоҳо, мусофирон, бағоҷ, бор ва почта дар фурудгоҳи Қурғонтеппа;
- таъмини парвозҳои ҳавопаймоҳои корхонаҳои ҳавопаймоӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки зимни истифодаи фурудгоҳи Қурғонтеппа бо нақлиёти ҳавоӣ ин интиқолотро анҷом медиҳанд;
- нигоҳдорӣ ва баҳрабардории иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва таъиноти манзилию коммуналии ба Фурудгоҳ бо ҳӯқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ вобастакардашуда;
- баҳрабардорӣ ва нигоҳдории инфраструктураи муҳандисии бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ ба Фурудгоҳ вобастакардашуда (системаҳои берунӣ ва дохилии таъминоти барқ, обрасонӣ, обпартоӣ, гармирасонӣ, системаҳои вентилятсионӣ ва мӯътадилсозии ҳаво, биноҳои манзилӣ ва ғайриманзилӣ, рӯшанидиҳии берунии роҳҳо ва иншооти роҳҳо);
- таъминоти аэродромӣ, барқу равшанидиҳии Фурудгоҳ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳудуди Фурудгоҳ фаъолият менамоянд;
- таъмин ва анҷом додани чорабиниҳои ҷустуҷуӣ ва (ё) садамавию наҷотдиҳӣ дар минтақаи масъулияти Фурудгоҳ, ҳамчунин мутобиқи супоришҳои мақоми махсуси ваколатгардидаи соҳаи ҳавопаймоии гражданӣ;
- ширкат дар танзими ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба забт ва рабудани ҳавопаймоҳо, ҳамчунин дигар ҳавопаймоҳои дар ҳудуди Фурудгоҳ буда ва дигар зуҳуроти амалҳои дахолати ғайриқонунӣ (терроризм) ба фаъолияти нақлиёти ҳавоӣ;
- назорати сифати маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ;
- хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ ба мусофирони ҳавопаймоҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки интиқолро бо нақлиёти ҳавоӣ анҷом медиҳанд;
- тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва гирифтани иҷозатномаҳо аз мақомоти дахлдор ҷиҳати аз ҷониби Фурудгоҳ иҷро кардани интиқоли ҳавоӣ, корҳои ҳавопаймоӣ ва дигар намудҳои фаъолият;
- коркард, ҷамъоварӣ, нигоҳ доштан ва ба партов ҷудо кардани оҳанпораҳои фулузоти сиёҳ, ранга ва қиматбаҳо;
- хизматрасонии меҳмондории мусофирони ҳавопаймоҳо, намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки интиқолро бо нақлиёти автомобилӣ анҷом медиҳанд;
- ташкил ва баҳрабардории ист (истгоҳҳо) дар ҳудуди Фурудгоҳ (ё) муҳофизати нақлиёти ҳавоии мансуби Фурудгоҳ, кормандони Фурудгоҳ ва дигар шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки аз Фурудгоҳ истифода мебаранд;
- истеҳсол, фурӯши молҳои (аз ҷумла ғайри боҷситонӣ) ниёзи мардум ва хӯрокворӣ ба мусофирони ҳавопаймоҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки интиқолро бо нақлиёти ҳавоӣ анҷом медиҳанд;
- гузаронидани таҳқиқоти бозоршиносӣ (маркетингӣ) хизматрасонӣ (аз ҷумла амали иҷрои корҳо дар соҳаи таъмир, баҳрабардории парвозию техникии ҳавопаймоҳо ва дигар намудҳои техника ва таҷҳизот, бино ва иншоот, тибқи тартиби муқарраргардида ҷорӣ намудани даствовардҳои ояндадор) дар соҳаи фаъолияти ҳавопаймоӣ;
- ташкили сайру саёҳат, чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, варзишӣ ва тамошобоб ба манфиати кормандони Фурудгоҳ, ҳамчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи хизматрасониҳои Фурудгоҳ;
- чорабиниҳои сафарбарӣ;
- фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ (рекламавӣ) - ноширӣ ба манфиати Фурудгоҳ;
- таҳия ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ барои сохтмон, навсозӣ, таъмири асосии биноҳо ва иншооти Фурудгоҳ;
- назорати техникии "Фармоишгар-иморатсоз" ҳангоми сохтмон, навсозӣ, таъмири асосии бино ва иншооти Фурудгоҳ;
- тибқи тартиби муқаррагардида анҷом додани корҳои илмию тадқиқотии таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо мақсадҳои истифодаи самаранок ва баҳрабардории амволи ба Фурудгоҳ бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ вобастагардида;
- хизматрасонии тиббӣ;
- ба партов ҷудо кардан, нигоҳдорӣ ва кашонидани партовҳои дурушти маишӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти Фурудгоҳ ба вуҷуд меоянд;
- истеҳсол, интиқол додан, тақсими қувваи гармӣ ва тақсим намудани қувваи барқ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ба коммуникатсияҳои Фурудгоҳ пайваст мебошанд;
- таъмин намудани бехатарии экологӣ дар иншооти Фурудгоҳ;
- васлу танзим ва таъмири таҷҳизоту иншоот ва дастгоҳҳои барқу энергия, гармии энергии Фурудгоҳ ва истеъмолкунандагоне, ки ба хатҳои дахлдори Фурудгоҳ пайваст гардидаанд;
- нақшагирӣ, васл, танзим, таъмир ва хизматрасонии техникии таҷҳизот ва системаҳои огоҳсозии сӯхтор, системаҳои огоҳонии одамон оид ба сӯхтор, огоҳонии (сигнализатсияи) муҳофизатии Фурудгоҳ;
- таъмини интиқол бо воситаҳои нақлиётӣ ба ҷои бор кардан тавассути бо нақлиётӣ ҳавоӣ интиқол додани манбаъҳои нурфишонии ионӣ ва моддаҳои радиоактивӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои зидди сӯхтор дар Фурудгоҳ;
- анҷом додани корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ ва сохтмонию васлгарӣ, ҳамчунин сохтбандӣ, лоиҳакашии шабакаҳои муҳандисӣ ва системаҳо, таҳия намудани қисмҳои махсуси лоиҳа, хизматрасонии муҳандисӣ, таъмири асосии бино ва иншооти ба Фурудгоҳ бо ҳуқуқи ихтиёрдории ҳоҷагӣ вобастагардида;
- баҳрабардорӣ ва хизматрасонии техникии воситаҳои таъминоти радиотехникии парвозҳо, алоқаи барқии иттилоот, техникаи муоина ва огоҳҳонии (сигнализатсияи) муҳофизатию зидди сӯхтор, ки ба Фурудгоҳ бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ вобаста карда шудаанд;
- таълим, такмили тахассуси намояндагони (кормандони) дигар ҷамъиятҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва санҷиши кормандони Фурудгоҳ, аз ҷумла дар асоси шартнома;
- таъмини бехатарии ҳавопаймоӣ дар доираи Фурудгоҳ;
- бо сӯзишворӣ, маводи молиданӣ ва моеъҳои махсус пур кардани ҳавопаймоҳои Корхонаҳои ҳавопаймоӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ҳамлу нақдро бо нақлиёти ҳавоӣ анҷом медиҳанд;
- баҳрабардории стансияҳои сайёри пур кардани сӯзишворӣ, харидорӣ, кашонидан, нигоҳдорӣ, фурӯши сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, маҳсулоти коркарди нафт ва моеъҳои махсус барои корхонаҳои ҳавопаймоӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо истифодаи фурудгоҳ ҳамлу нақлро бо нақлиёти ҳавоӣ таъмин менамоянд;
- рехта гирифтани сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ ва (ё) моеъҳои махсус аз ҳавопаймоҳои корхонаҳои ҳавопаймоӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки бо нақлиёти ҳавоӣ ҳамлу нақлро анҷом медиҳанд.
11. Ҳуқуқи аз ҷониби Фурудгоҳ пешбурди фаъолият, ки барои он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома-литсензия тақозо мегардад, дар Фурудгоҳ аз лаҳзаи гирифтан дар мӯҳлати дар он зикрёфта фароҳам мегардад ва баробари хатми он қатъ меёбад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
12. Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад фаъолияти истеҳсолию хоҷагии худро дар асоси шартномаҳои хоҷагӣ мустақилона анҷом диҳад.
13. Фурудгоҳ фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар доираи мақсад ва вазифаҳои пешистодаи худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат медиҳад.
14. Фурудгоҳ инчунин дигар намудҳои фаъолиятро анҷом медиҳад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нанамудааст.
3. Моликияти Фурудгоҳ
15. Амволи Фурудгоҳ дар ихтиёри давлат ва тақсимнашаванда буда, дар тавозуни мустақили он зикр меёбад.
Ба таркиби амволи Фурудгоҳ амволи шакли дигари моликият ворид карда шуда наметавонад.
Қитьаҳои замин, ки дар он Фурудгоҳ ҷойгир аст, ба Фурудгоҳ барои истифодаи бемӯҳлат дода шудаанд.
16. Ҳуқуқи идоракунии хоҷагӣ нисбати моликияти давлатии ба Фурудгоҳ тааллуқдошта, дар Фурудгоҳ аз лаҳзаи супурдани амвол фароҳам меояд, агар тибқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ё қарори молик (муассис) тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
Самара, маҳсулот ва даромадҳо аз истифодаи амволе, ки дар ихтиёрдории хоҷагидории Фурудгоҳ мебошанд, ҳамчунин амволи аз ҳисоби фоида ба даст оварда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди хоҷагидорӣ ворид мегарданд.
17. Даромадҳои дар натиҷаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бадастомада баъди пардохти андозҳо ба буҷет аз ҷониби Фурудгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
18. Дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад амволи ғайриманқули ба он тааллуқдоштаро ба иҷораи дарозмуддат диҳад, фурӯшад, ба гарав монад, ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳо ворид созад ё бо тарзи дигар ин амволро танҳо бо розигии молик ё мақоми давлатии ваколатдорнамудаи он, ихтиёрдорӣ намояд.
19. Ҳуқуқи Фурудгоҳ ба иншооти моликияти зеҳнии (интелектуалӣ) дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилкардаи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
20. Фонди оинномавии Фурудгоҳ аз маблағҳо ва амволи дигаре, ки ба Муассис ба он додаст ташаккул меёбад.
21. Фонди оинномавии Фурудгоҳ 4306063 (чор миллиону сесаду шаш ҳазору шасту се) сомонӣ ташкил медиҳад, ки дар лаҳзаи бақайдгирӣ комилан ташаккул ёфтааст. Маблағҳои худии Фурудгоҳ 1 371 500 (як миллиону сесаду ҳафтоду як ҳазору панҷсад) сомониро ташкил менамояд.
22. Агар дар хатми соли молиявй арзиши активҳои софи Фурудгоҳ аз андозаи фонди оинномавӣ кам гардад, мақоме, ки дар бораи ташкили Фурудгоҳ қарор қабул намудааст, бо тартиби муқарарагардида кам кардани фонди оинномавиро анҷом медиҳад.
23. Афзоиши фонди оинномавии Фурудгоҳ имкон дорад ҳам аз ҳисоби иловатан ба он додани амвол ва ҳам аз ҳисоби дороиҳои мавҷӯда иҷро карда шавад.
24. Ҳангоми қабули қарор дар бораи кам кардани фонди оинномавӣ Фурудгоҳ ӯҳдадор аст кредиторони худро аз ин хусус огоҳ намояд.
25. Манбаъҳои ташаккули амволи Фурудгоҳ аз инҳо иборатанд:
- ҳиссаҳои пулӣ ва моддии Муассис;
- фоидае, ки аз фаъолияти хоҷагидории Фурудгоҳ ба даст омадааст;
- кредитҳои бонкӣ ва дигар сармояҳо, пардохтҳои хайрия;
- манбаъҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.
26. Фурудгоҳ натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидориро баъди пардохти ҳамаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ихтиёрдорӣ менамояд.
Қисми фоидаи софе, ки дар ихтиёри Фурудгоҳ мемонад, дар асоси тартиби муқарраргардида, аз ҷониби Фурудгоҳ барои корҳои зайл истифода мегардад:
- ҷорӣ намудан, аз худ кардани техника ва технологияи нав, чорабиниҳои оид ба муҳофизати меҳнат ва муҳити зист;
- инкишоф ва вусъат додани фаъолияти молиявию хоҷагии Фурудгоҳ, пурра кардани маблағҳои гардон;
- сохтмон, таҷдид, нав кардани фондҳои асосӣ;
- иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, омӯзиши вазъи (конъюктураи) бозор, талаботи истеъмолӣ, маркетинг;
- харидани асъори хориҷӣ, дигар арзишҳои асъорӣ ва моддӣ, қоғазҳои қиматнок;
- бунёди фондҳои Фурудгоҳ, аз ҷумла барои ҷуброни зарар таъингардида;
- ҳавасмандсозии моддӣ, таълим ва такмили ихтисоси кормандони Фурудгоҳ;
- фаъолияти хайрия.
27. Фурудгоҳ фонди захиравӣ ташкил медиҳад.
Андозаи фонди захиравӣ на кам аз 15 фоизи фонди оинномавии Фурудгоҳро ташкил менамояд, агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
Фонди захиравии Фурудгоҳ бо роҳи ҳиссапардозиҳои ҳарсола ба андозаи 5 фоиз, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, аз ҳиссаи фоидаи софе, ки дар ихтиёри Фурудгоҳ то ба андозаи дар банди мазкури Оиннома зикрёфта расидан боқӣ мемонад, ташаккул меёбад.
Фонди захиравии Фурудгоҳ барои ҷуброн кардани зарари расонидашуда, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷет, пардохти кредитҳо ва супоридани фоизи онҳо ҳангоми нокифоягии дигар маблағҳои Фурудгоҳ таъин шуда, барои мақсадҳои дигар истифода бурда намешаванд.
28. Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад, фондҳои дигарро дар андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад, аз фоидаи дар ихтиёри Фурудгоҳ боқимонда ташкил диҳад, аз ҷумла:
- фонди иҷтимоӣ дар андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳалли масъалаҳои таҳкими саломатии кормандони Фурудгоҳ, аз ҷумла барои муоинаи бемориҳои касбӣ истифода мешавад;
- фонди манзилӣ дар андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои харидорӣ ва сохтмони (иштироки ҳиссагузорӣ) манзил барои кормандони фурудгоҳ, ки ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ эҳтиёҷманд мебошанд, истифода мегарданд;
- фонди ҳавасмандсозии моддии кормандони Фурудгоҳ дар андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳавасмандсозии моддии кормандони Фурудгоҳ истифода мешавад;
- фонди инкишофи Фурудгоҳ дар андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои инкишоф ва вусъат додани истеҳсолот сарф карда мешаванд.
4.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Фурудгоҳ
29. Фурудгоҳ муносибатҳои худро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти хоҷагӣ, новобаста аз шакли моликият, дар асоси шартномаҳо, созишномаҳо ва қарордодҳо сурат медиҳад.
Фурудгоҳ дар интихоби мундариҷа ва мазмуни ӯхдадориҳо, шаклҳои гуногуни муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолифат надоранд, озод мебошад.
30. Фурудгоҳ нарх ва тарифҳоро ба ҳамаи намуди корҳое, ки анҷом дода мешаванд, хизматрасониҳо, маҳсулоти истеҳсол ва фурӯхташаванда дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда барои тасдиқ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
31. Барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад, тибқи тартиби амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо розигии "Муассис" филиалҳо, намояндагиҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, корхонаҳои давлатии фаръиро таъсис диҳад;
- низомномаҳои намояндагиҳо, филиалҳо, оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръиро тасдиқ ва роҳбарони онҳоро таъин намояд;
- ҳама гуна намудҳои шартномаҳоро бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд ба имзо расонад;
- аз ҳисоби захираҳои молиявии мавҷудааш, кредитҳо, қарзҳои бебозгашт ва дигар манбаъҳои молиявӣ воситаҳои асосӣ ва гардонро ба даст орад ё ба иҷора гирад;
- тибқи тартиб ва дар доираи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволро дар шакли ҳисса ба сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидорӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба гарав монад, ба иҷора диҳад ё ворид намояд;
- таъминоти моддию техникии истеҳсолот ва инкишофи иншооти соҳаи иҷтимоиро анҷом диҳад;
- дар асоси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, мавҷуд будани талабот барои корҳои иҷрошаванда, хизматрасониҳо, маҳсулоти истеҳсолшаванда, фаъолияти худро ба нақша гирад ва тараққиёти ояндаи онро муайян созад;
- андозаи маблағҳои барои пардохти меҳнати кормандони муассиса ва тараққиёти техникию иҷтимоӣ равонашавандаро муайян намояд;
- шакл ва системаҳои пардохти музди меҳнат, миқдори кормандон, сохтор ва ҷадвали вазифаҳою маошро муайян ва муқаррар кунад;
- хизматрасонӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии нақлиёти махсуси автомобилӣ ташкил намояд;
- фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ (рекламавӣ) ва ношириро анҷом диҳад, намоишҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, озмунҳои сармоягузорӣ, савдои молҳои саноатиро ташкил намояд;
- фаъолияти хориҷии иқтисодиро дар асоси қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;
- фаъолияти бозоршиносӣ (маркетингӣ), миёнаравӣ ва дилериро иҷро намояд;
- инкишофи иҷтимоии коллектив, ташаккули соҳаи моддию иҷтимоии муосир, фароҳам сохтани имкониятҳои мусоид барои меҳнати баландмаҳсул, мунтазам амалӣ гардонидани усули тақсимот аз рӯи меҳнат, муҳофизат ва беҳтар гардонидани муҳити зистро таъмин намояд;
- иҷро ва қатъиян риоя намудани ӯҳдадориҳои шартномавиро амалӣ гардонад;
-дар бонкҳои Чумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ суратҳисобҳои Фурудгоҳро кушояд, ихтиёрдорӣ ҳамчунин амалиёти кредитӣ, векселӣ ва дигар амалҳои молиявиро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;
- аз бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ гирад, дар ҳар гуна шакли дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида, кафолат диҳад, кафолат гирад, ҳамчунин бо қоғазҳои қиматбаҳо ва дигар дороиҳо амалиёт гузаронад;
- бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои инкишофи Фурудгоҳ саҳмҳо ба даст орад, вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматнокро интишор намояд;
- аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва маблағҳои ташкилотҳои фармоишдиҳанда мутахассисон ва дигар кормандони фурудгоҳро барои иштирок дар музокираҳо оид ба масъалаҳои илмию техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳуқуқӣ, ҳамчунин омода ва имзо кардани шартномаю қарордодҳо ва иҷрои онҳо ба сафари хориҷӣ фиристад;
- дар бораи ҷорӣ (бекор) кардани баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ ва бастнокии меҳнат қарор қабул намояд;
- мустақилона мӯҳлати рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшавандаро (дар шартномаи коллективӣ зикрёфта), ки ҳамзамон мӯҳлати онҳо аз муқаррароти барои категорияҳои дахлдори коргарон ва хизматчиёни корхонаҳои давлатӣ кам буда наметавонад, муқаррар намояд;
- Фурудгоҳ метавонад барои коркунони худ рухсатиҳои иловагӣ, рӯзи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоиро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи коллективӣ муайян созад;
32. Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад барои иҷрои намудҳои алоҳидаи кор дар асоси шарномаҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандию ҳуқуқӣ, шаҳрвандонро ҷалб намояд.
33. Фурудгоҳ дигар ҳуқуқҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсаду мундариҷаи фаъолияти корхона мухолиф нестанд, иҷро намояд.
34. Фурудгоҳ метавонад тибқи асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
35. Фурудгоҳ оид ба муҳофизати гражданӣ ва омодагии сафарбарӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоро амалӣ мегардонад.
36. Фурудгоҳ ӯҳдадор аст:
- зарари дар натиҷаи истифодаи ғайриоқилонаи замин ва дигар захираҳои табиӣ, ифлос гардидани муҳити зист, халалдор шудани қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи оид ба ҳифзи саломатии кормандон, аҳолӣ ва истеъмолкунандагони маҳсулот расонидашударо ҷуброн намояд;
- сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохти музди меҳнати кормандон ва дигар пардохтҳоро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин созад;
- барои кормандони худ шароити бехатари корро таъмин намояд;
- шароити кафолатноки меҳнат ва тадбирҳои ҳифзи иҷтимоиро барои кормандони худ таъмин намояд;
- баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва дигар фаъолиятро иҷро намояд, ҳисобдории омориро анҷом диҳад, дар бораи натиҷаҳои фаъолият ва истифодаи амвол зимни пешниҳоди ҳисобот тибқи тартиб ва мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳад;
- ба мақомоти давлатӣ тибқиҳолат ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
5.Идоракунии Фурудгоҳ
37. Фурудгоҳро Директори генералӣ идора менамояд.
Директори генералии Фурудгоҳро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
Директори генералии Фурудгоҳ муовини якум ва муовинҳо дорад, ки бо пешниҳоди Директори генералии Фурудгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
38. Директори генералӣ аз номи Фурудгоҳ бе ваколатнома амал мекунад, аз манфиатҳои он чи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи хориҷи он намояндагӣ менамояд. Директори генералӣ аз рӯи усули яккасардорӣ амал карда, барои оқибатҳои амали худ дар асоси қонунҳои амалкунанда, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома масъулият дорад.
39. Директори генералии Фурудгоҳ:
- ба фаъолияти Фурудгоҳ роҳбарӣ менамояд;
- салоҳият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муовинони Директори генералии Фурудгоҳро зимни ба онҳо додани ҳуқуқи як қисми ваколатҳои худ муқаррар мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ фармон, амрҳо содир менамояд;
- аз номи Фурудгоҳ шартнома, созишнома, қарордодҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиро бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият ва ҷои воқеият имзо мекунад;
- аз номи Фурудгоҳ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шикоят ва даъвоҳо пешниҳод менамояд, эътимоднома медиҳад;
- ба ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисоботӣ ва ғайра имзо мегузорад;
- аз манфиатҳои Фурудгоҳ дар мақомоти идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
- ба сохтори Фурудгоҳ тағйирот ворид месозад, миқдор ва ҷадвали вазифаҳою маоши кормандон ва хароҷоти нигаҳдории онро тасдиқ мекунад;
- Директори генералӣ ҳамчунин дигар амалро аз номи Фурудгоҳ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалии меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳавопаймоии гражданӣ анҷом медиҳад.
40. Муовинони Директори генералӣ ва шахсони дигари Фурудгоҳ аз номи Фурудгоҳ амал намуда, аз манфиатҳои он дар мақомоти давлатӣ, дар ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ карда, амалҳои доду гирифт ва дигар амалҳои ҳуқуқиро дар доираи ваколатҳое, ки дар эътимодномаи аз ҷониби Директори генералии Фурудгоҳ додашуда зикр ёфтааст, анҷом медиҳанд.
41.Муносибати байни коргарон ва Директори генералии Фурудгоҳ, ки дар асоси шартнома (қарордод) ба вучуд меоянд, аз рӯи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи коллективӣ ва Низомнома оиди бастани шартномаи меҳнатӣ, ки аз тарафи Директори генералии Фурудгоҳ тасдиқ шудаааст, ба танзим дароварда мешавад.
42. Баҳсҳои меҳнатии (низоъҳои) байни маъмурияти Фурудгоҳ ва коллективи меҳнатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
43. Таркиб ва ҳаҷми маълумоте, ки сирри хизматӣ ва тиҷоратиро ташкил менамоянд, ҳамчунин тартиби муҳофизати онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Директори генералии Фурудгоҳ муайян карда мешаванд.
44. Коллективи меҳнатии Фурудгоҳ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаи коллективӣ анҷом медиҳад.
6. Филиалҳо, намояндагиҳо ва корхонаҳои давлатии фаръии Фурудгоҳ
45. Фурудгоҳ метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории давлатҳои хориҷии дар он воқеъшуда ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Муассис филиалҳо, намояндагиҳо таъсис намояд.
46. Филиалҳо ва намояндагиҳо аз номи Фурудгоҳ, ки вай барои кори онҳо масъулият дорад, фаъолиятро анҷом медиҳанд. Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ набуда, ба онҳо Фурудгоҳ амволро вобаста менамояд ва онҳо дар асоси Низомнома дар бораи онҳо амал мекунанд. Низомномаҳои филиалҳо ва намояндагиҳо, ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба онҳоро Директори генералии Фурудгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур тасдиқ менамояд.
47. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо дар тавозуни (баланси) Фурудгоҳ ба ҳисоб гирифта мешавад.
48. Роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳоро Директори генералии Фурудгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, дорои ваколатҳо мебошанд, дар асоси эътимоднома амал мекунанд, ки ба онҳо Директори генералии Фурудгоҳ додааст.
49. Корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Фурудгоҳ мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Муассиси Фурудгоҳ таъсис дода мешаванд. Директори генералии Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад амволи барои ихтиёрдории хоҷагӣ ба Фурудгоҳ додашударо дар мувофиқа бо Муассис ва мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ба корхонаҳои давлатии фаръӣ супорад.
50. Директори генералии Фурудгоҳ оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ, тағйиру иловаҳо ба онҳоро тасдиқ ва роҳбарони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
51. Азнавташкилдиҳии корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Фурудгоҳ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Амволи ғайриманқули корхонаи давлатии фаръии барҳамдодашаванда, ки баъди қонеъ гардонидани талаби кредиторон боқӣ мемонад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
7. Азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ
52. Азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
53. Дар ҳолати муқаррарнамудаи қонун азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ дар шакли тақсим кардан ё аз таркиби он ҷудо намудани шахси ҳуқуқии дигар (шахсони ҳуқуқӣ), бо қарори Муассис, мақомоти давлатии ваколатдор ё бо қорори суд амалӣ гардонида мешавад.
54. Ҳангоми азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ ба кормандони аз кор озодшаванда риояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
55. Мақоме, ки доир ба азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ қарор қабул намудааст, тартиб ва мӯҳлати анҷом додани азнавташкилдиҳӣ, мӯҳлати муроҷиати даъвоҳои кредиторон, тартиби супурдани ҳуҷҷатҳои идоравӣ, молиявӣ, ҳайати шахсӣ ва ғайраро муайян менамояд.
56. Ҳангоми азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ, тамоми ҳуҷҷатҳо (идоравӣ, молиявию хоҷагӣ, дар бораи ҳайати шахсӣ ва ғайра) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вориси ҳуқуқӣ ё Муассис (мақомоти давлатии ваколатдор) супурда мешаванд.
8. Ворид намудани тағйирот ба Оиннома
58. Оинномаи Фурудгоҳ аз лаҳзаи бақайдигирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад.
59. Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Оиннома бо қарори Муассис сурат мегирад ва аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ қувваи ҳуқуқиро соҳиб мегардад.
60. Оинномаи мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ҳарду матн дорои эътибори якхелаи ҳуқуқӣ мебошанд.