Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2008 № 688
тасдиқ шудааст
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"
I. Муқаррароти умумӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 491 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" таъсис дода шудааст ва ташкилоти тиҷоратии дорои амволи хосаи мансуби ихтиёри хоҷагидории он мебошад.
Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ки минбаъд "Фурудгоҳ" номида мешавад, вориси хуқуқии Корхонаи фаръии давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"-и Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" мебошад.
Фурудгоҳ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, фармон ва фармоишҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ки дар доираи ваколатҳои он интишор гардидаанд ва Оинномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
2. Муассиси Фурудгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" номида мешавад.
3. Фурудгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳои бонкӣ, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, бланкҳо, номи фирмавӣ, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) ва парчам мебошад.
4. Фурудгоҳ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ ба ҳама амволи ба он тааллуқдошта масъул мебошад ва дар суд аз номи худ ҳам ба сифати даъвогар ва ҳам ба сифати ҷавобгар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад.
5. Фурудгоҳ барои ӯҳдадориҳои Муассис, Муассис барои ӯҳдадориҳои Фурудгоҳ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар намебошанд.
6. Номи фирмавии Фурудгоҳ:
бо забони тоҷикӣ:
пурра: Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилали Хуҷанд"
ихтисоран: КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"
бо забони русӣ:
пурра: Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Худжанд"
ихтисоран: ГУП "Международный аэропорт Худжанд"
бо забони англисӣ:
пурра: State Unitary Enterprise "Khujand International Airport"
ихтисоран: SUE "Khujand International Airport"
Номи фирмавии Фурудгоҳ бо забонҳои дар боло зикршуда эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад.
7.Маҳалли ҷойгиршавии Фурудгоҳ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Фурудгоҳ.
Нишонии почтавӣ: 735715, Тоҷикистон, ш. Хуҷанд - 15, Фурудгоҳ
2. Мақсади фаъолияти Фурудгоҳ
8. Мақсади фаъолияти фурудгоҳ маҷмӯи чорабиниҳоро нисбати ташкилотҳои тиҷорати ҷиҳати таъмин намудани мақоми фурудгоҳи байналмилалӣ тибқи талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), рушди инфраструктура, ташкил ва таъмин намудани ҳамаи намудҳои фаъолият дар соҳаи хизматрасонӣ, ки барои таъмин намудан ва хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ ва корҳои авиатсионӣ, қонеъ гардонидани талаботҳои ҷамъиятӣ дар хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароит барои тартиб додани шаклҳои хоҷагидории замонавӣ ва ҷалб намудани сармоягузорӣ, баланд бардоштани дараҷаи шуғл ва гирифтани фоидаро дар бар мегирад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ наменамояд.
9. Барои ноил шудан ба иҷрои мақсадҳои худ Фурудгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти асосии зеринро амалӣ менамояд:
- хизматрасонии аэродромӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ оид ба омода намудани майдони фурудгоҳ барои парвоз, фурудоӣ, гардиш ва таваққуфи тайёраҳо;
- таъмини барқӣ-рӯшноидиҳӣ ва техникии парвозҳо, ки маҷмӯи чорабиниҳо ва хизматрасониро оид ба таъмини рӯшноидиҳии техникии парвозу фурудоии тайёраҳо ва бо нерӯи барқ таъмин намудани бинову иншоотҳи фурудгоҳро дар бар мегирад;
- амалӣ намудани чорабиниҳо, ки дар давраи ташкилу омодагӣ ва иҷроиши парвозҳо ба амал бароварда шуда, барои фароҳам овардани шароити бехавф, аэронавигатсияи дақиқу сарфакорона равона карда шудаанд;
- хизматрасонӣ ба тайёраҳо, нақлиёти махсус ва механизмҳои дигар равона карда шудаанд, бо маводи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва моеъҳои махсус (интиқол, қабул, нигаҳдорӣ, омода намудан, барои таъминкунӣ супоридан ва таъмини ҳавопаймоҳо, нақлиёти махсус ва механизмҳо бо маводҳои сӯзишворию молиданӣ);
- назорат аз болои сифати маводҳои сӯзишворию молидании тайёраҳо ва маводҳои дигар;
- таъмини радиотехникӣ ва барқию алоқа, ки ба таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо нигаронида шудааст, инчунин маҷмӯи хизматрасонӣ ва чорабиниҳои дигар, ки барои таъмини барқию алоқавии дохили фурудгоҳ, воситаҳои техникии огоҳкунанда, воситаҳои маълумотдиҳӣ барои мусофирон, воситаҳои огоҳидиҳии зидди сӯхтор ва муҳофизатӣ, техникаи ҳисоббарор равона карда шудаанд;
- таъмини бехатарии авиатсионӣ, амалӣ намудани чорабиниҳои реҷавӣ-муҳофизатӣ, ки ба таъмини бехатарии мусофирон ва ҳайати экипажи ҳавопаймоҳо равона карда шудаанд;
- хизматрасонӣ ба мусофирон, бор, бағоҷ ва муросилот, бо назардошти амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию технологӣ ва хизматрасониҳо оиди ба тайёра бароварда шинондани мусофирон, коркард, нигаҳдорӣ, боркунӣ ва ҷойгиркунии бору бағоҷ ва почта, бо мақсади интиқол додани онҳо ба нуқтаи таъинот, бо риоя намудани қоидаҳои бехатарии авиатсионӣ ва парвозӣ;
- таъмини метрологӣ, ки ба таъмини ягонагӣ ва дақиқи ченакҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии корҳо оид ба санҷиш, истифодабарии техникии воситаҳо ва техникаи хизматрасонии заминӣ, баланд бардоштани бехатарии парвозҳо, нигаронида шудааст;
- ташкили фаъолияти заводи мум ва бетон, истеҳсолот оид ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, зарфҳо, матои борпечонӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан, анҷомшӯӣ, қисми таъмирию сохтмонии корхона, истгоҳи автомобилҳо, хизматрасонӣ ва таъмири нақлиёти автомобилии махсус, барои эҳтиёҷоти дохилӣ ва пешниҳод намудани (фурӯши) хизматиҳо ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ;
- ташкил намудани марказҳои компютерӣ, интернет ва толорҳои бозиҳои компютерӣ, нуқтаҳои почтаи электронӣ, алоқаи байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ;
- борпеч намудани бору бағоҷ;
- таъмини хизматрасонии ҳавопаймоҳо, мусофирон бор, бағоч, ва почта дар Фурудгоҳ;
- ташкили муҳофизати киштиҳои ҳавопаймо дар истгоҳҳо, ки имконияти ба он ворид гардидани шахсони ғайрро истисно мекунад;
- ташкили чорабиниҳое, ки имконияти дар киштии ҳавопаймо ғайриқонунӣ интиқол додани яроқ, аслиҳаи ҷангӣ, моддаҳои тарканда, радиоактивӣ, заҳролудкунанда, зудоташгиранда ва дигар мавод ва моддаҳоро истисно мекунад ва ворид кардани чораҳои махсуси бехатарӣ ҳангоми интиқоли онҳо бо киштии ҳавопаймо;
- иштирок дар чорабиниҳо оиди зиддиятнишондиҳӣ ба санадҳои ғайриқонунии дахолаткунӣ ба фаъолияти авиатсия;
- иштирок дар тафтишот дар тартиби муайяни садама ва осеб дидани киштиҳои ҳавопаймо, ҳодисаҳое ки ҳангоми парвоз рӯй медиҳанд ва рӯйдодҳо бо киштиҳои ҳавопаймо дар ҳудуди аэродром;
- нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншооти таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ, маъмуриву маишӣ, ва манзилию коммуналӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ ба Фурудгоҳ вобаста карда шудаанд ва дар асоси онҳо расонидани хизмати пулакие, ки бо қонунгузорӣ иҷозат медиҳад;
- истифодабарӣ ва нигоҳдории таҷҳизоту воситаҳои (инфраструктураи) инженерии ба Фурудгоҳ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ вабастагардида (системаҳои берунӣ ва дохилии таъмини барк, об, берун партофтани об, гармирасонӣ, системаҳои ҳавокашӣ ва муътадилгардонии ҳаво, биноҳои истиқомати ва ғайриистикоматӣ, чароғонгардонии роҳҳо ва иншооти роҳҳо);
- бо барқ ва рӯшании техникии барқӣ ва фурудгоҳӣ (аэродромӣ) таъмин кардани Фурудгоҳ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳудуди Фурудгоҳ фаъолият доранд;
- таъминоти радиотехникӣ ва алоқаи барқии ҳавопаймоии Фурудгоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар минтақаи масъулияти Фурудгоҳ фаъолият доранд;
- таъмин кардан ва иҷрои тадбирҳои ҷустуҷӯ ва (ё) садамавию наҷотдиҳӣ дар минтақаи масъулияти Фурудгоҳ, ҳамчунин мутобиқи дастурҳои мақоми махсуси ваколатдори соҳаи ҳавопаймоӣ;
- иштирок дар танзими ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба ғасб ва рабудани ҳавопаймоҳои Фурудгоҳ, ҳамчунин дигар ҳавопаймоҳои дар ҳудуди Фурудгоҳ буда ва дигар зуҳуроти дахолати ғайриконунӣ (террористӣ) дар фаъолияти нақлиёти ҳавоӣ;
- хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ ба мусофирони ҳавопаймоҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои мақомоти дахлдор барои иҷрои интиқолоти ҳавоӣ, корҳои ҳавопаймоӣ (авиатсионӣ) ва дигар намудҳои фаъолиятро анҷом додани Фурудгоҳ;
- ҷамъоварӣ, нигохдорӣ ва барои партов супурдани металлҳои сиёҳ, ранга ва қиматбаҳо;
- хизматрасонии меҳмонпазироии мусофирони ҳавопаймоҳо, намояндагони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- ташкил ва истифодабарии истгоҳҳо дар ҳудуди Фурудгоҳ ва (ё) муҳофизати нақлиёти автомобилии марбути Фурудгоҳ, кормандони Фурудгоҳ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз Фурудгоҳ истифода мебаранд;
- чорабиниҳои сафарбарсозӣ;
- фурӯши интиқоли ҳавоӣ, мустақилона ва (ё) ба воситаи ваколатдорон (агентҳо);
- фаъолияти тарғиботи (рекламави) ва ноширӣ ба манфиати Фурудгоҳ;
- таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лоиҳавию ҳисоби (сметави) барои сохтмон, навсозӣ, тармими асосии биноҳо ва иншоот;
- назорати техникии "Фармоишгар-иморатсоз" ҳангоми сохтмон, навсозӣ, таъмири асосии биноҳо ва иншоот;
- дар асоси тартиби муқарраргардида иҷро намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо мақсадҳои баҳрабардории самаранок ва истифодаи амволи бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ ба Фурудгоҳ вобастагардида;
- расонидани хизмати тиббӣ, кӯмаки тиббӣ то қабули духтур, кӯмаки амбулаторию поликлиникӣ, расонидани хизматҳои тиббии пулакӣ ба ташкилоту шаҳрвандони беруна, аз ҷумла комиссияи ронандагӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ, аз ҷумла барои мусофирони ҳавопаймоҳо фаъолият анҷом медиҳанд;
- коркард, ҷамъоварӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани партовҳои сахти маишӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти Фурудгоҳ пеш меоянд;
- истеҳсол, додан, тақсими қувваи гармӣ ва додану тақсими қувваи барқ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ба хатҳои (коммуникатсияҳои) дахлдори Фурудгоҳ насб шудаанд;
- анҷом додани фаъолияти маркетингӣ, миёнаравӣ, лизингӣ ва дилерӣ;
- фаъолияти иктисоди берунии мутобиқи қонунгузорӣ;
- ташкили савдои умда ва чаканафурушӣ, таъсиси мағозаҳо (аз ҷумла савдо бе боҷситонӣ), анборҳо, марказҳои тиҷоратӣ, комплексҳои намоиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он;
- истеҳсол ва фурӯши молҳо, ташкилу инкишофи чорводорӣ, мурғпарварӣ, боғдорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолии коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;
- ташкили хӯроки умумӣ (тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, буфетҳо, сехҳои хӯроки дохили ҳавопаймо ва ғайра) бо мақсади расонидани хизмати иловагӣ ба мусофирон ва аҳолӣ;
- ташкили саёҳат (туризм) аз ҷумла байналмилалӣ, чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, варзишию намоишҳои тамошобоб бо мақсади тарғибу ташвиқи хизматрасонии Фурудгоҳ;
- таъмин кардани бехатарии муҳити зист (экологӣ) дар иншооти Фурудгоҳ;
- васл, танзиму тармими иншооти барқ, таҷҳизоти қувваи барқу гармӣ ва дастгоҳҳои энергетикии Фурудгоҳ ва истифодабарандагон, ки ба шабакаҳои дахлдори Фурудгоҳ пайваст мебошанд;
- лоиҳакашӣ, васлгарӣ, танзиму тармим ва хизматрасонии техникии системаҳои огоҳӣ аз сӯхтор, системаҳои хабаррасонии одамон аз сӯхтор, системаҳои огоҳонии (сигнализатсияи) муҳофизатии Фурудгоҳ;
- таъмин кардан бо воситаҳои нақлиётӣ ба ҷои боркунӣ ё интиқол тавассути ҳавопаймоҳо бурда шудани манбаъҳои нурафшонии ионӣ ва маводи радиоактивӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва иҷро намудани тадбирҳои зиддисӯхтор дар Фурудгоҳ;
- фаъолияти сохтмонӣ, иҷрои корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯи ва сохтмонию васлгарӣ, ҳамчунин тартибдиҳӣ, лоиҳакашии шабакаҳо ва системаҳои инженери, таҳияи қисматҳои махсуси лоиҳа, хизматрасонии инжиниринги, тармими асосии биноҳо ва иншоотӣ;
- истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиотехникии таъмини парвозҳо, алоқаи барқӣ ва иттилоот, техникаи муоина ва огоҳонии (сигнализатсияи) муҳофизатию зиддисӯхторӣ ба Фурудгоҳ бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ вобасташуда;
- ташкил ва расонидани хизмати пулакии алоқа ба муштариён (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), ки бевосита ба стансияи автоматии телефонии Фурудгоҳ пайваст мебошанд;
- омӯзиш, такмили ихтисос, аз ҷумла дар асоси шартномавии намояндагони (кормандони) дигар ҷамъиятҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва кормандони Фурудгоҳ;
- баҳрабардории стансияҳои сайёри пур кардани сӯзишворӣ, харидорӣ, кашонидан, нигоҳдорӣ, фуруши сузишворӣ ва маводи молиданӣ, маҳсулоти коркарди нафт ва моеъҳои махсус барои корхонаҳои ҳавопаймоӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо истифодаи Фурудгоҳ интиқолотро бо нақлиёти ҳавоӣ таъмин менамоянд;
- рехта гирифтани сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ ва (ё) моеъҳои махсус аз ҳавопаймоҳои корхонаҳои ҳавопаймоӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо нақлиёти ҳавоӣ интиқолотро бо истифодаи фурудгоҳ анҷом медиҳанд.
10. Ҳуқуқи Фурудгоҳ ба амалӣ гардонидани фаъолият, ки барои он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома-литсензия талаб карда мешавад, дар Фурудгоҳ аз лаҳзаи гирифтани он барои мӯҳлати дар он зикрёфта оғоз мегардад ва дар баробари анҷом мӯҳлати он қатъ мешавад, ки агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигар муқаррар нагардида бошад.
11. Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад дар асоси шартномаҳои хоҷагӣ фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидории худро мустақилона амалӣ гардонад.
12. Фурудгоҳ фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар доираи мақсадҳо ва вазифаҳои дар назди он қарордошта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
3. Амволи Фурудгоҳ
13. Амволи Фурудгоҳ моликияти давлатӣ ва тақсимнашаванда буда, ба Фурудгоҳ бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ тааллуқ дорад ва дар баланси мустақили он қарор дорад.
Ба ҳисоби амволи Фурудгоҳ амволи шакли дигари моликият ворид гардида наметавонад.
Қитъаҳои замин, ки дар онҳо Фурудгоҳ чойгир гардидааст, ба Фурудгоҳ барои истифодаи бе мӯҳлат дода шудаанд.
14. Ҳукуқи идоракунии хоҷагидории амволи давлатии марбути Фурудгоҳ пас аз лаҳзаи додани амвол пеш меояд, ки агар бо қонун ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё қарори молики амвол (Муассис) тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи амволи марбути идоракунии хоҷагидории Фурудгоҳ, ҳамчунин амволи аз ҳисоби фоида харидорӣ гардида, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идоракунии хоҷагидорӣ ворид карда мешаванд.
15. Даромадҳои аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст омадаро пас аз пардохти андоз ба буҷет Фурудгоҳ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд.
16. Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқули марбути онро бо розигии молик ё мақоми давлатии ваколатдор ба иҷораи дарозмуддат диҳад, фурӯшад, ба гарав диҳад, ҳамчун саҳм сармояи (адӯхти) оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳо ворид созад ё бо тарзи дигар ин амволро ихтиёрдорӣ намояд.
17. Ҳуқуқи Фурудгоҳ ба иншооти моликияти зеҳнии (интеллектуалии) дар ҷараёни амали гардонидани фаъолияти хоҷагӣ ба вуҷуд омада тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
18. Фонди оинномавии Фурудгоҳ 17 340 364 (ҳабдаҳ миллиону сесаду чил ҳазору сесаду шасту чор) сомониро ташкил менамояд, ки дар лаҳзаи бақайдгирӣ комилан ташаккул ёфтааст. Маблағҳои худии Фурудгоҳ 26 240 111 (бисту шаш миллиону дусаду чил ҳазору яксаду ёздаҳ) сомониро ташкил менамоянд.
19. Агар дар хатми соли молиявӣ арзиши активҳои софи Фурудгоҳ аз андозаи фонди оинномавӣ кам гардад, он гоҳ мақоми дар хусуси ташкили Фурудгоҳ қарор қабулнамуда, тибқи тартиби муқарраршуда фонди оинномавиро кам мекунад.
20. Зиёд кардани фонди оинномавии Фурудгоҳ имкон дорад ҳам аз ҳисоби ба он иловатан додани амвол ва ҳам аз ҳисоби активҳои мавҷуда анҷом дода шавад.
21. Дар сурати қабул гардидани қарор дар бораи кам кардани фонди оинномавии Фурудгоҳ, Фурудгоҳ вазифадор аст, аз ин хусус кредиторони худро хабардор намояд.
22. Манбаъҳои ташаккули амволи Фурудгоҳ инҳоянд:
- воридоти пулӣ ва моддии Муассис;
- фоидаи аз фаъолияти хоҷагӣ ба даст овардаи Фурудгоҳ;
- қарзҳои бонкӣ ва дигар сармоягузориҳо, пардохтҳои хайрия;
- дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.
23. Нишондиҳандаи асосии ҷамъбасткунандаи натиҷаҳои молиявии фаъолияти хоҷагии Фурудгоҳ фоида-изофаи даромад бар хароҷот мебошад.
24. Фоидаи софе, ки пас аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷет (фоидаи соф) дар ихтиёри Фурудгоҳ мемонад, Фурудгоҳ тартиби муқарраргардида барои ин корҳо истифода менамояд:
- ҷорӣ ва аз худ кардани техника ва технологияи нав, тадбирҳои муҳофизати меҳнат ва ҳифзи муҳити зист;
- инкишоф ва вусъат додани фаъолияти молиявию хоҷагии Фурудгоҳ, пурра намудани маблағҳои гардон;
- сохтмон, навсозӣ, таҷдиди фондҳои асосӣ;
- иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию созандагӣ, омӯзиши вазъи бозор, талаботи истеъмолӣ, бозоршиносӣ (маркетингӣ);
- харидории асъори хориҷӣ, дигар арзишҳои асъорӣ ва моддӣ, қоғазҳои қимматнок;
- ташкили фондҳои Фурудгоҳ, аз ҷумла барои пушонидани зарарҳо таъиншуда;
- ҳавасмандгардонии моддӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони Фурудгоҳ;
- корҳои хайрия.
25. Таъсиррасонии давлатӣ ба интихоби самти истифодаи фоидаи соф аз тариқи андозситонӣ, имтиёзҳои вобаста ба андозситонӣ, ҳамчунин муҷозоти иқтисодӣ сурат дода мешавад.
26. Фурудгоҳ самти истифодаи фоидаи софро мустақилона муайян менамояд.
27. Фурудгоҳ фонди захиравӣ ташкил менамояд.
Андозаи фонди захиравӣ 15 фоизи фонди оинномавии Фурудгоҳро ташкил менамояд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Фонди захиравии Фурудгоҳ бо роҳи ҳар сол ба андозаи 5 фоизи ҳисса ҷудо кардан, аз ҳиссаи фоидаи софе, ки дар ихтиёри Фурудгоҳ мемонад, то расидан ба андозаи дар банди мазкур пешбиникардаи Оиннома, ташкил меёбад.
Фонди захиравии Фурудгоҳ барои пӯшонидани зарарҳои ба он расида, иҷрои ӯҳдадориҳои назди буҷет, баргардонидани қарзҳо ва пардохти фоизҳои онҳо дар сурати кам кардани дигар воситаҳои Фурудгоҳ муқаррар гардида, барои мақсадҳои дигар мавриди истифода қарор гирифта наметавонад.
Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад, дигар фондҳоро ба андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз фоидае, ки дар ихтиёри Фурудгоҳ мемонад, ташкил намояд, аз ҷумла:
- фонди иҷтимоӣ, ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи он барои ҳалли масъалаҳои қавӣ гардонидани саломатии кормандони Фурудгоҳ ва аз ҷумла барои беҳдошти бемориҳои касбӣ истифода мешавад;
- фонди манзилӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои харидан ва сохтмони (ҳиссагузории) манзилгоҳ барои кормандони Фурудгоҳ, ки эҳтиёҷманди беҳтар сохтани шароити манзилӣ мебошанд, истифода мегардад.
- фонди ҳавасмандии моддии кормандони Фурудгоҳ ба андозаи муқкарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Фурудгоҳ истифода мешавад;
- фонди инкишофи истеҳсолоти Фурудгоҳ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблагҳои он барои инкишоф ва вусъати истеҳсолот истифода мегардад.
4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Фурудгоҳ
28. Фурудгоҳ муносибатҳои худро бо мақоми болоӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти хоҷагӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкур, ки фаъолияти Фурудгоҳро танзим мекунад, амалӣ мегардонад.
29. Фурудгоҳ дар интихоби мавзӯъ ва мундариҷаи шартнома ва ӯҳдадориҳо, шаклҳои гуногуни муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолифат надоранд, озод мебошад.
30. Фурудгоҳ барои ҳамаи намудҳои корҳое, ки иҷро мешаванд, хизматрасонӣ, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва фурӯхташаванда мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нарх ва тарифҳоро муқаррар ва барои тасдиқ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Нархҳои молҳое (корҳо, хизматрасониҳо), ки Фурудгоҳ истеҳсол менамояд, бояд барқароркунии пурраи ҳамаи хароҷотҳои ба истеҳсол сарфшударо таъмин намояд, даромаднокӣ ва безиёнии фаъолияти Фурудгоҳ бояд аз ҳисоби фоидаҳои худ таъмин гардад.
31. Дар роҳи иҷрои мақсадҳои оинномавӣ Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад дар асоси тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар мувофиқа бо Муассис корхонаҳои давлатии фаръӣ, филиалҳо, намояндагиҳо таъсис диҳад;
- оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ, низомномаҳои филиалҳо, намояндагиҳоро тасдиқ ва роҳбарони онҳоро таъин намояд;
- ҳамагуна шартномаҳоро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, ба имзо расонад;
- ба маблағҳои асосӣ ва гардиши аз ҳисоби захираҳои молиявии мавҷудааш, қарзҳо, мусоидатҳои пулӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ соҳиб гардад ё ба иҷора гирад.
- амволро мутобиқи тартиб ва доираи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гарав монад, ба иҷора диҳад ё дар шакли ҳисса ба сармояи (андӯхти) оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ворид намояд;
- таъминоти моддию техникии истеҳсолот ва инкишофи иншооти соҳаи иҷтимоиро амалӣ гардонад;
- фаъолияти худро ба нақша гирад ва дурнамоии рушдро дар асоси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, мавҷудияти талабот ба корҳои иҷрошаванда, хизматҳое, ки расонида мешаванд ва маҳсулоте, ки истеҳсол хоҳад шуд, муайян намояд;
- андозаи маблағҳоеро, ки барои пардохти Фурудгоҳ, инкишофи техникӣ ва иҷтимоӣ равона карда мешаванд, муайян намояд;
- шаклу системаҳои пардохти музди меҳнати кормандон, шумораи кормандон, сохтор ва ҷадвали музди кор ва вазифаҳоро муайян ва муқаррар намояд;
- хизматрасонии тармим ва хизматрасонии нақлиёти махсуси автомобилиро ташкил намояд;
- намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, озмунҳои сармоягузорӣ, савдои молҳои саноатиро ташкил кунад;
- инкишофи иҷтимоии коллектив, ташаккул додани соҳаи муосири моддии иҷтимоӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои кори пурмаҳсул, муттасил амалӣ гардонидани принсипи тақсимот аз рӯи меҳнат, муҳофизат ва беҳтар намудани муҳити зисти табииро таъмин созад;
- дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ ҳисобҳои Фурудгоҳро кушояд, онҳоро ихтиёрдорӣ кунад, ҳамчунин амалиёти кредитӣ, векселӣ ва амалиёти дигари молиявиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат диҳад;
- аз бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳо гирад, бо ҳаргуна шакли дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида, кафолат диҳад ва кафолатро соҳиб гардад, ҳамчунин амалиётҳоро бо коғазҳои қимматнок ва дигари дороӣ амалӣ намояд;
- саҳмияҳо бихарад, вомбаргҳо ва дигар когазҳои киматбаҳоро бо мақсади ҷалб намудани воситаҳои иловагӣ барои инкишофи Фурудгоҳ бо тартиби муқарраркардашуда барорад;
- ба хориҷа ба сафар фиристодани мутахассисон ва кормандони Фурудгоҳ аз ҳисоби маблағҳои асъории худӣ ё ташкилотҳои фармоишгар, ҷиҳати иштирок дар гуфтушунидҳо оиди масъалаҳои илмию техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳуқуқӣ, ҳамчунин таҳия ва имзо намудани шартномаҳо, қарордодҳо ва иҷрои онҳоро, таъмин намояд;
- оиди ҷорӣ (бекор) кардани усули ҷамъбастии ҳисобгирии вақти корӣ ва бастнок (сменагӣ) будани он қарор қабул намояд;
- муайян кардани реҷаи кории Фурудгоҳ;
- мӯҳлати рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшавандаро (дар шартномаи коллективӣ зикрёфтаро) мустақилона муайян намояд, ки он тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мӯҳлати барои категорияҳои дахлдори коргарону хизматчиёни мақомоти давлатӣ муқарраршуда кам буда наметавонад. Фурудгоҳ метавонад барои кормандони худ рухсатиҳои иловагӣ, рӯзи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи коллективӣ муайян намояд.
32. Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад, ки шаҳрвандонро баҳри иҷрои намудҳои алоҳидаи кор дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ва гражданию ҳуқуқӣ ҷалб намояд.
33. Фурудгоҳ дигар ҳуқуқҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад ва предмети фаъолияти Фурудгоҳ намебошанд, анҷом медиҳад.
Фурудгоҳ метавонад дар асос ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
34. Фурудгоҳ тадбирҳоро оид ба мудофиаи гражданӣ ва омодагии сафарбарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
35. Фурудгоҳ ӯҳдадор аст:
- зарари дар натиҷаи самаранок истифода бурда нашудани замин ва дигар захираҳои табиӣ, ифлос гардидани муҳити зист, вайрон шудани қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи ҳифзи саломатии кормандон, аҳолӣ ва истеъмолгарони маҳсулот расонидашударо ҷуброн кунад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва пурра пардохти музди кори кормандон ва дигар пардохтҳоро таъмин намояд;
- барои кормандони худ шароити бехатарии корро таъмин намояд;
- шароити кафолатноки кор ва иҷрои тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии кормандони худро таъмин намояд;
- ҳисобгирии идоравӣ ва ҳисобдории натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва дигар корҳоро амалӣ намояд, ҳисобгирии омориро ба роҳ монад, аз хусуси натичаҳои фаъолият ва истифодаи моликият бо пешниҳод кардани ҳисобот тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳад;
- ба мақомоти давлатӣ дар маврид ва тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
5. Идоракунии Фурудгоҳ
36. Фурудгоҳро Директори генералӣ идора менамояд.
37.Директори генералии Фурудгоҳро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
38. Директори генералии Фурудгоҳ муовини якум ва муовинҳо дорад, ки бо пешниҳоди Директори генералии Фурудгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
39. Директори генералӣ аз номи Фурудгоҳ бе ваколатнома амал менамояд, манфиатҳои онро ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон намояндагӣ мекунад. Директори генералӣ аз рӯи принсипи яккасардорӣ фаъолият мекунад ва барои оқибатҳои амалҳои худ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Оиннома масъулият дорад.
40. Директори генералии Фурудгоҳ ба вазъи кори Фурудгоҳ шахсан масъул мебошад.
41. Директори генералии Фурудгоҳ:
- ба фаъолияти Фурудгоҳ роҳбарӣ мекунад;
- салоҳият, ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои муовинони Директори генералии Фурудгоҳро бо ҳуқуқи ба онҳо додани қисми ваколатҳои худ муқаррар менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ фармонҳо ва амрҳо содир мекунад;
- аз номи Фурудгоҳ, бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият ва ҷойгиршавӣ шартнома, созишнома, қарордод ва дигар санадҳои ҳуқуқиро ба имзо мерасонад;
- аз номи Фурудгоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эътирозу даъвоҳо пешниҳод мекунад, ваколатнома медиҳад;
- ба ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисобӣ ва ғайра имзо мегузорад;
- аз манфиатҳои Фурудгоҳ, дар мақомоти идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
- сохтори Фурудгоҳ, шумораю вазифаи кормандон ва хароҷоти нигоҳдории онҳоро тасдиқ менамояд;
- андозаи фонди музди меҳнатро дар мувофиқа бо Муассис муқаррар мекунад;
- дар доираи салоҳияти худ дигар аҳдҳо ва амалҳоро аз номи Фурудгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии марбут ба фаъолияти ҳавопаймоии гражданӣ, анҷом медиҳад.
42. Муовинони Директори генералӣ ва шахсони дигари Фурудгоҳ дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ манфиатҳои онро ифода менамоянд, дар доираи ваколати ба онҳо додаи Директори Генералии Фурудгоҳ муомилот ва дигар амалҳои ҳуқуқиро сурат медиҳанд.
43. Муносибатҳои кормандон ва Директори генералии Фурудгоҳ, ки зимни шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пеш меоянд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, шартномаи коллективӣ ва қоидаҳои бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии аз ҷониби Директори генералии Фурудгоҳ тасдиқгардида, танзим карда мешаванд.
44. Баҳсҳои (низоъҳои) меҳнатии коллективии байни маъмурияти Фурудгоҳ ва коллективи меҳнатӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
45. Таркиб ва ҳаҷми маълумоти сирри хизматӣ ё тиҷоратӣ дошта, ҳамчунин тартиби ҳифзи онҳоро Директори генералии Фурудгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
46. Коллективи меҳнатии Фурудгоҳ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаи коллективӣ амалӣ мегардонад.
6. Филиалҳо, намояндагиҳо ва корхонаҳои давлатии фаръии Фурудгоҳ
47. Фурудгоҳ дар мувофиқаи бо Муассис метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он зимни риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории давлатҳои хориҷии маҳали ҷойгиршавии филиалҳо ва намояндагиҳо, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо, намояндагиҳо таъсис намояд.
48. Филиалҳо ва намояндагиҳо фаъолияти худро аз номи Фурудгоҳ амалӣ мегардонанд, ки вай барои фаъолияти онҳо масъулият дорад. Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ намебошанд ва Фурудгоҳ ба онҳо амвол ҷудо мекунад ва онҳо мутобиқи низомномаҳои худ амал менамоянд. Низомномаҳои филиалҳо ва намояндагиҳо, ҳамчунин тағйироту иловаҳоро ба онҳо Директори генералии Фурудгоҳ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур тасдиқ мекунад.
49. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо дар баланси Фурудгоҳ ба ҳисоб гирифта мешавад.
50. Роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳоро Директори генералии Фурудгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, ба онҳо ваколатҳо вогузор месозад, ки дар асоси ваколатномаи додаи Директори генералии Фурудгоҳ амал мекунанд.
51. Корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Фурудгоҳ мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо молики Фурудгоҳ таъсис дода мешаванд.
Директори генералии Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад амволеро, ки ба Фурудгоҳ дода шудааст, бо розигии Муассис мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонахои давлатӣ" ба корхонаҳои давлатии фаръӣ ба ихтиёрдории хоҷагӣ диҳад.
52. Директори генералии Фурудгоҳ оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ, тағйирот ва иловаҳо ба онҳоро тасдиқ менамояд, роҳбарони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
53. Азнавташкилдиҳи корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Фурудгоҳ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷиикистон сурат мегирад.
Амволи ғайриманқули корхонаҳои давлатии фаръии барҳамдодашаванда, ки пас аз қонеъ гардонидани талаботҳои кредиторон боқӣ мондааст, мутобиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.
7. Азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ
54. Азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
55. Дар мавриди тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ дар шакли тақсим кардан ё аз таркиби он ҷудо намудани шахси ҳуқуқии дигар (шахсони ҳуқуқӣ), бо қарори Муассис, мақомоти давлатии ваколатдор ё бо қарори суд амалӣ гардонида мешавад.
56. Ҳангоми азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ, ба кормандони аз кор озодшаванда риояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
57. Мақоми доир ба азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ қарор қабулнамуда, тартиб ва мӯҳлати сурат додани азнавташкилдиҳӣ мӯҳлати муроҷиати даъвоҳои кредиторон, тартиби супурдани ҳуҷҷатҳои идоравӣ, молиявӣ, ҳайати шахсӣ ва ғайраро муайян менамояд.
58. Ҳангоми азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ, тамоми ҳуҷҷатҳо (идоравӣ, молиявию хоҷагӣ, дар бораи ҳайати шахсӣ ва ғайра) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вориси ҳуқуқӣ ё Муассис (мақомоти давлатии ваколатдор) супурда мешаванд.
8. Ворид намудани тағйирот ба Оиннома
59. Оинномаи Фурудгоҳ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад.
60. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Фурудгоҳ бо қарори Муассис сурат мегирад ва аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо менамояд.
61. Оинномаи мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ҳар ду матндорои эътибори якхелаи ҳуқуқӣ мебошанд.