Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" аз 31 декабри соли 2008, № 688

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 688

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"

1.Муқаррароти умумӣ

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 491 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" таъсис дода шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ки минбаъд "Фурудгоҳ" номида мешавад, ташкилоти тиҷоратии дорои амволи хосаи мансуби ихтиёри хоҷагидории он мебошад.

Фурудгоҳ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, фармон ва фармоишҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи ваколатҳои он интишор гардидаанд ва Оинномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

2. Муассиси Фурудгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" номида мешавад.

3. Фурудгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳои бонкӣ, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, бланкҳо, номи фирмавӣ, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) ва парчам мебошад.

4. Фурудгоҳ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ ба ҳама амволи ба он тааллуқдошта масъул мебошад ва дар суд аз номи худ ҳам ба сифати даъвогар ва ҳам ба сифати ҷавобгар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад.

5. Фурудгоҳ барои ӯҳдадориҳои Муассис, Муассис барои ӯҳдадориҳои Фурудгоҳ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар намебошанд.

6. Номи фирмавии Фурудгоҳ:

бо забони тоҷикӣ:

пурра: Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"

ихтисоран: КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"

бо забони русӣ:

пурра: Государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Душанбе"

ихтисоран: ГУП "Международный аэропорт Душанбе"

бо забони англисӣ:

пурра: State Unitary Enterprise "Dushanbe International Airport"

ихтисоран: SUE "Dushanbe International Airport"

Номи фирмавии Фурудгоҳ бо забонҳои дар боло зикргардида, эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад.

7. Маҳали ҷойгиршавии Фурудгоҳ:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Титов 32/2.

2. Мақсади фаъолияти Фурудгоҳ

8. Мақсади фаъолияти фурудгоҳ маҷмӯи чорабиниҳоро нисбати ташкилотҳои тиҷоратӣ ҷиҳати таъмин намудани мақоми фурудгоҳи байналмилалӣ тибқи талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), рушди инфраструктура, ташкил ва таъмин намудани ҳамаи намудҳои фаъолият дар соҳаи хизматрасонӣ, ки барои таъмин намудан ва хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ ва корҳои авиатсионӣ, қонеъ гардонидани талаботи ҷамъиятӣ дар хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароит барои тартиб додани шаклҳои хоҷагидории замонавӣ ва ҷалб намудани сармоягузорӣ, баланд бардоштани дараҷаи шуғл ва гирифтани фоидаро дар бар мегирад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ наменамояд.

9. Барои ноил шудан ба иҷрои мақсадҳои худ Фурудгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти асосии зеринро амалӣ менамояд:

- таъмин кардан ва хизматрасонии ҳавопаймоҳо, мусофирон, бағоҷ, бор ва почта;

- таъмин кардани парвозҳои ҳавопаймоҳои корхонаҳои ҳавопаймоӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки зимни истифодаи фурудгоҳи Душанбе бо нақлиёти ҳавоӣ интиқолро анҷом медиҳанд;

- хизматрасонии аэродромӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ оид ба омода намудани майдони фурудгоҳ барои парвоз, фурудоӣ, гардиш ва таваққуфи тайёраҳо;

- таъмини барқӣ-рӯшноидиҳӣ ва техникии парвозҳо, ки маҷмӯи чорабиниҳо ва хизматрасониро оид ба таъмини рӯшноидиҳии техникии парвозу фурудоии тайёраҳо ва бо нерӯи барқ таъмин намудани бинову иншооти фурудгоҳро дар бар мегирад;

- таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии коллективи меҳнатӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддии соҳаи иҷтимоӣ;

- расонидани хизмати тиббӣ, аз ҷумла бо иҷрои вазифаҳои табобатию муоинавии (экспертии) комиссияи парвоз (кӯмаки тиббӣ то қабули духтур, кӯмаки амбулаторию поликлиникӣ, расонидани хизматҳои тиббии пулакӣ ба ташкилоту шаҳрвандони беруна.) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ, аз ҷумла барои мусофирони ҳавопаймоҳо фаъолият анҷом медиҳанд;

- сохтмон ва баҳрабардории биноҳои истеҳсолию истиқоматӣ, иншооти меҳмонхонаҳо ва дигар объектҳо;

- харидорӣ (ба иҷора, иҷораи молиявӣ гирифтан) ва фурӯши (ба иҷора, лизинг додани) техникаи ҳавопаймоӣ, ҳамчунин амвол тибқи шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;

- омӯзиши талаботи бозор (конъюктура) дар асоси таҳлили бозор ва талаботи интиқоли ҳавоӣ, таҳия намудани самтҳои асосии сиёсати тиҷоратӣ ва тадбирҳои мушаххас оид ба қонеъ гардонидани талабот ва баланд бардоштани самаранокии амалҳои лизингӣ;

- расонидани хизмати гумрукӣ, нигоҳдорӣ дар анбор ва экспедиторӣ;

- иҷрои амалҳо бо амволи ғайриманқул, аз ҷумла фурӯхтан, харидан, мубодила, иҷораи биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

- фаъолияти сайёҳӣ (туристӣ);

- нигоҳдорӣ ва баҳрабардории иншооти таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ ва манзилию коммуналии ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ вобастагардида;

- баҳрабардорӣ ва нигоҳдории инфраструктураи муҳандисии ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ вобастагардида (системаҳои берунӣ ва дохилии таъминоти барқ, обрасонӣ, обпартоӣ, гармирасонӣ, системаҳои пок ва мӯътадилсозии ҳавои биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, равшансозии берунии роҳҳо ва иншооти роҳӣ);

- иштирок дар танзими ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба забт ва рабудани ҳавопаймоҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ, ҳамчунин дигар хавопаймоҳои дар ҳудуди Корхонаи ҳавопаймоӣ воқеъгардида ва дигар зуҳуроти амалҳои дахолати ғайриқонунӣ (терроризм) ба фаъолияти нақлиёти ҳавоӣ;

- тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва гирифтани иҷозатномаҳо аз мақомоти дахлдор барои аз тарафи Корхонаи ҳавопаймоӣ суръат бахшидан ба интиқоли ҳавоӣ, корҳои ҳавопаймоӣ ва дигар намудҳои фаъолият;

- ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва барои коркард супурдани оҳанпора, фулузоти ранга ва қиматбаҳо;

- фурӯши интиқоли ҳавоӣ мустақилона ва ё ба воситаи ваколатдорон (агентҳо);

- фаъолияти рекламавию интишоротӣ ба манфиати Корхонаи ҳавопаймоӣ;

- коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли партовҳои дурушти маишӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти Корхонаи ҳавопаймоӣ пеш меоянд;

- лоиҳакашӣ, васлгарӣ, танзим, таъмин ва хизматрасонии таҷҳизоти техникӣ ва огоҳонии сӯхтор, системаҳои огоҳонии одамон дар бораи сӯхтор, огоҳонии (сигнализатсияи) Корхонаи ҳавопаймоӣ;

- сурат додани корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ ва сохтмонию васлгарӣ, ҳамчунин сохтбандӣ, лоиҳакашии шабакаю системаҳои муҳандисӣ, таҳияи қисматҳои махсуси лоиҳа, хизматрасонии муҳандисӣ, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ вобастагардида;

- таълим, такмили тахассус, аз ҷумла дар асоси шартнома бо намояндагони (кормандони) дигар ҷамъиятҳо, корхонаҳои хавопаймоӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва санҷиши кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ.

13. Ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки феҳрасти онҳо тариқи қонунҳо муайян карда мешаванд, Корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) махсус машғул гардад.

14. Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти истеҳсолию хоҷагии худро дар асоси шартномаҳои хоҷагӣ мустақилона роҳандозӣ намояд.

15. Корхонаи ҳавопаймоӣ фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар доираи мақсаду вазифаҳои дар пешистодааш, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

16. Корхонаи ҳавопаймоӣ дигар намудҳои фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ менамояд.

3. Амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ

17. Амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ моликияти давлатӣ, тақсимнопазир буда, ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад. Амволи Корхонаи ҳавопаймоиро воситаҳои асосӣ ва гардон, ҳамчунин амволи дигар ташкил менамоянд ва арзиши онҳо дар баланси вай, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад, зикр меёбад.

Ба маҷмӯи амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ амволи шакли дигари моликият ворид гардида наметавонад.

Қитъаҳои замин, ки дар онҳо Корхонаи ҳавопаймоӣ ҷойгир гардидааст, ба Корхонаи ҳавопаймоӣ барои истифодаи бемӯҳлат дода шудаанд.

18. Ҳуқуқи идоракунии пешбурди хоҷагидорӣ нисбати амволи давлатии марбути Корхонаи ҳавопаймоӣ пас аз лаҳзаи додани амвол пеш меояд, агар бо қонун ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё қарори молик (Муассис) тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи амволи марбути идоракунии пешбурди хоҷагидории Корхонаи ҳавопаймоӣ, ҳамчунин амволи аз ҳисоби фоида харидоришуда барои пешбурди хоҷагидорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

19. Даромади аз натиҷаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бадастомадаро пас аз пардохти андозҳо ба буҷет, Корхонаи ҳавопаймоӣ мустақилона дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд.

20. Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқули марбути онро ба иҷора диҳад, фурӯшад, ба гарав диҳад, ҳамчун саҳм ба сармояи (андӯхти) оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳо ворид созад ё бо тарзи дигар ин амволро бо розигии молик ё мақоми давлатии ваколатдорнамудаи он ихтиёрдорӣ намояд.

21. Ҳуқуқи Корхонаи ҳавопаймоӣ ба иншооти моликияти зеҳнии (интеллектуалӣ) дар ҷараёни амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагӣ ба вуҷуд омада тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

22. Фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ аз маблағҳои пулӣ ва дигар амволи ба он вогузоштаи Муассис ташаккул меёбад.

23. Фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ 42309311(чилу ду миллиону сесаду нӯҳ ҳазору сесаду ёздаҳ) сомониро ташкил менамояд, ки дар лаҳзаи бақайдгирӣ комилан ташаккул ёфтааст. Маблағҳои худии Корхонаи ҳавопаймоӣ 122 894 370 (яксаду бисту ду миллиону ҳаштсаду наваду чор ҳазору сесаду ҳафтод) сомониро ташкил менамояд.

24. Агар дар хатми соли молиявӣ арзиши маблағҳои холиси Корхонаи ҳавопаймоӣ аз андозҳои хазинаи оинномавӣ кам гардад, он гоҳ мақоми дар хусуси ташкили Корхонаи ҳавопаймоӣ қарор қабулнамуда тибқи тартиби муқарраршуда фонди оинномавиро кам мекунад,.

25. Зиёд кардани фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад ҳам аз ҳисоби ба он иловатан додани амвол ва ҳам аз ҳисоби амволу маблағҳои мавҷуда анҷом дода шавад.

26.Кам кардани фонди оинномавӣ бо роҳи ба оинномаи Корхонаи ҳавопаймоӣ ворид намудани тағйироти дахлдор сурат мегирад, ки бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.

27. Арзиши активҳои софи Корхонаи ҳавопаймоӣ дар асоси маълумоти ҳисобдории муҳосибавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

28. Ҳангоми қабул гардидани қарор дар бораи кам кардани фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ он ӯҳдадор аст, ки дар ин хусус кредиторони худро огоҳ намояд.

29.Зиёд кардани фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ имкон дорад ҳам аз ҳисоби иловатан ба вай додани амвол ва ҳам аз ҳисоби дороиҳои мавҷуда сурат гирад.

30. Манбаъҳои ташаккули амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ инҳоянд:

- ҳиссаҳои пулӣ ва моддии Муассис;

- фоидаи аз фаъолияти хоҷагӣ ба даст оварда;

- қарзҳои бонкӣ ва дигар сармоягузориҳо, пардохтҳои хайрия;

- дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.

31. Корхонаи ҳавопаймоӣ ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ пас аз пардохти ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ихтиёрдорӣ менамояд.

Қисми фоидаи софро, ки дар ихтиёри Корхонаи ҳавопаймоӣ мемонад, тибқи тартиби муқаррагардида барои ин корҳо истифода менамояд:

- ҷорӣ намудан, азхуд кардани техника ва технологияи нав, тадбирҳои муҳофизати меҳнат ва ҳифзи муҳити зист;

- инкишоф ва вусъат додани фаъолияти молиявию хоҷагӣ, пурра намудани маблағҳои гардон;

- сохтмон, навсозӣ ва таҷдиди фондҳои асосӣ;

- иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию созандагӣ (конструкторӣ), омӯзиши вазъи бозор, талаботи истеъмолӣ ва бозоршиносӣ (маркетингӣ);

- харидории асъори хориҷӣ, дигар арзишҳои асъорӣ ва моддӣ, коғазҳои қиматнок;

- ташкили фондҳо, аз ҷумла барои пӯшонидани зарар;

- ҳавасмандгардонии моддӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон;

- корҳои хайрия.

32. Корхонаи ҳавопаймоӣ фонди захиравӣ ташкил менамояд.

Андозаи фонди захиравӣ на камтар аз 15 фоизи фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоиро ташкил менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Фонди захиравии Корхонаи ҳавопаймоӣ бо роҳи ҳар сол ба андозаи 5 фоиз ҳисса ҷудо кардан, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, аз ҳиссаи фоидаи софе, ки дар ихтиёри Корхонаи ҳавопаймоӣ мемонад то расидан ба андозаи ҳаҷми дар банди мазкур пешбиникардаи Оиннома, ташкил меёбад.

Фонди захиравии Корхонаи ҳавопаймоӣ барои пӯшонидани зарарҳои ба он расида, иҷрои ӯҳдадориҳои назди буҷет, баргардонидани қарзҳои давлатӣ ва пардохти фоизҳои онҳо дар мавриди камӣ кардани дигар воситаҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ таъин гардидааст ва барои мақсадҳои дигар мавриди истифода қарор гирифта наметавонад.

33. Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад дигар фондҳоро ба андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, аз фоидае, ки дар ихтиёри Корхонаи ҳавопаймоӣ мемонад ташкил намояд, аз ҷумла:

- фонди иҷтимоӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳалли масъалаҳои қавӣ гардонидани саломатии кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ ва аз ҷумла барои беҳдошти бемориҳои касбӣ истифода мегарданд;

- фонди манзилӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои харидорӣ ва сохтмони (ҳиссагузории) манзилгоҳ барои кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ, ки эҳтиёҷманди беҳтар сохтани шароити манзилӣ мебошанд, истифода мегарданд.

- фонди ҳавасмандии моддии кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳавасмандгардонии модии кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ истифода мешаванд;

- фонди инкишофи истеҳсолоти Корхонаи ҳавопаймоӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои инкишоф ва вусъати истеҳсолот истифода мегарданд.

Қитъаҳои замин, ки дар он Фурудгоҳ ҷойгир аст, ба Фурудгоҳ барои истифодаи бемӯҳлат дода шудаанд.

14. Ҳуқуқи идоракунии хоҷагӣ нисбати моликияти давлатии ба Фурудгоҳ тааллуқдошта, дар Фурудгоҳ аз лаҳзаи супурдани амвол фароҳам меояд, агар бо қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ё қарори молик (Муассис) чизи дигар муқаррар нагардида бошад.

Самара, маҳсулот ва даромадҳо аз истифодаи амволе, ки дар ихтиёрдории хоҷагидории Фурудгоҳ мебошанд, ҳамчунин амволи аз ҳисоби фоида ба даст оварда тибқи тартиби муқарраркардаи Ҷумҳурии Точикистон ба амали хоҷагидорӣ ворид мегарданд.

15.Даромади дар натиҷаи фаъолияти хориҷии иқтисодӣ бадастомада баъди пардохти андозҳо ба буҷет аз ҷониби Фурудгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

16. Дар асоси тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ҳуқуқ дорад, амволи ғайриманқули ба корхона тааллуқдоштаро ба иҷораи дарозмуддат диҳад, фурӯшад, ба гарав монад, ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳо ворид созад, ё бо тарзи дигар ба ин амвол танҳо бо розигии молик ё мақоми давлатии ваколатдоргардида, ихтиёрдорӣ намояд.

17. Ҳуқуқи Фурудгоҳ ба иншооти моликияти зеҳнии (интеллектуалӣ) дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилкардаи он зимни қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

18. Фонди оинномавии Фурудгоҳ аз маблағҳо ва амволи дигари ба ӯ додаи Муассис ташкил мешавад.

Фонди оинномавии Фурудгоҳ 88860770 (ҳаштоду ҳашт миллиону ҳаштсаду шаст ҳазору ҳафтсаду ҳафтод) сомониро ташкил медиҳад, ки дар лаҳзаи бақайдгирӣ комилан ташкил шудааст. Маблағҳои худии Фурудгоҳ 108 248 234 (яксаду ҳашт миллиону дусаду чилу ҳашт ҳазору дусаду сиву чор) сомониро ташкил менамоянд.

19. Агар дар анҷоми соли молиявӣ арзиши активҳои софи Фурудгоҳ аз андозаи фонди оинномавӣ кам гардад, мақоме, ки дар бораи ташкили корхона қарор қабул намудааст, бо тартиби муқарарагардида кам кардани фонди оинномавиро сурат медиҳад.

20. Афзоиш додани фонди оинномавии Фурудгоҳ имкон дорад ҳам аз ҳисоби иловатан ба он додани амвол ва ҳам аз ҳисоби активҳои мавҷуда иҷро карда шавад.

21. Дар мавриди қабул гардидани қарор дар бораи кам кардани фонди оинномавӣ, Фурудгоҳ ӯҳдадор аст, кредиторони худро аз ин хусус хаттӣ огоҳ намояд.

22. Манбаъҳои ташаккул додани амволи фурудгоҳ аз инҳо иборатанд:

- ҳиссаҳои пулӣ ва моддии Муассис;

- фоидае, ки аз фаъолияти хоҷагидории Фурудгоҳ ба даст омадааст;

- кредитҳои бонкӣ ва дигар сармоягузориҳо, пардохтҳои хайрия;

- манбаъҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.

23. Нишондиҳандаи асосии ҷамъбасткунандаи натиҷаҳои молиявии фаъолияти хоҷагии Фурудгоҳ фоида изофаи даромад бар хароҷот мебошад.

24. Фоидаи софе, ки пас аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷет (фоидаи соф) дар ихтиёри Фурудгоҳ мемонад, онро тибқи тартиби муқарраргардида барои корҳои зерин истифода мебарад:

- ҷорӣ намудан, азхудкардани техника ва технологияи нав, чорабиниҳои оиди муҳофизати меҳнат ва муҳити зист;

- инкишоф додан ва вусъат додани фаъолияти молиявию-хоҷагии Фурудгоҳ, пурра кардани маблағҳои гардишӣ;

- сохтмон, навсозӣ, нав кардани фондҳои асосӣ;

- иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию сохтабандӣ (конструкторӣ), омӯзиши вазъи (конъюктураи) бозор, талаботи истеъмолӣ, маркетинг;

- харидани асъори хориҷӣ, дигар арзишҳои асъорӣ ва моддӣ, қоғазҳои қиматбаҳо;

- бунёди фондҳои Фурудгоҳ, аз ҷумла барои ҷуброни зарар таъингардида;

- ҳавасмандсозии моддӣ, таълим ва такмили ихтисоси кормандони Фурудгоҳ;

- фаъолияти хайрия.

25.Таъсиррасонии давлатӣ ба интихоби самти истифодаи фоидаи соф аз тариқи андозситонӣ, имтиёзҳои вобаста ба андозситонӣ, ҳамчунин муҷозати иқтисодӣ ба амал бароварда мешавад.

26. Фурудгоҳ самти истифодаи фоидаи софро мустақилона муайян менамояд.

27. Фурудгоҳ фонди захиравӣ ташкил медиҳад.

Андозаи фонди захиравӣ на кам аз 15 фоизи фонди оинномавии Фурудгоҳро ташкил менамояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

Фонди захиравии Фурудгоҳ бо роҳи ҳиссапардозиҳои ҳарсола ба андозаи 5 фоиз, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигар муқаррар нагардида бошад, аз ҳиссаи фоидаи софе, ки дар ихтиёри Фурудгоҳ то ба андозаи дар Оинномаи мазкур зикрёфта расидан боқӣ мемонад, ташаккул меёбад.

Фонди захиравии Фурудгоҳ барои ҷуброн кардани зарари расида, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷет, пардохти кредитҳо ва супоридани фоизи онҳо дар мавриди кам будани дигар маблағҳои Фурудгоҳ таъиншуда ва мақсадҳои дигар истифода гардида наметавонад.

Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад, фондҳои дигарро ба андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад, аз фоидаи дар ихтиёри Фурудгоҳ боқимонда, ташкил диҳад, аз ҷумла:

- фонди иҷтимоӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани саломатии кормандони Фурудгоҳ, аз ҷумла барои муоинаи бемориҳои касбӣ истифода мешавад;

- фонди манзилӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси кунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои харидорӣ ва сохтмони (иштирок бо ҳиссагузорӣ) манзил барои кормандони фурудгоҳ, ки барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ эҳтиёҷанд, сарф мегарданд;

- фонди ҳавасмандсозии моддии кормандони Фурудгоҳ дар андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳавасмандсозии моддии кормандони Фурудгоҳ истифода мешаванд;

- фонди инкишофи Фурудгоҳ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои инкишоф ва вусъат додани истеҳсолот сарф карда мешаванд.

4.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Фурудгоҳ

28. Фурудгоҳ муносибатҳои худро бо мақомоти боло, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти хоҷагӣ новобаста аз шакли моликият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Фурудгоҳро танзим менамояд, амалӣ мегардонад.

29. Фурудгоҳ дар интихоби матлаб ва мазмуни ӯҳдадориҳо, ҳаргуна дигар шартҳои муносибатҳои ҳоҷагидорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистор ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, озод мебошад.

30. Фурудгоҳ нарх ва тарифҳоро ба ҳамаи намудҳои корҳое, ки анҷом дода мешаванд, хизматрасониҳо, маҳсулоти истеҳсол ва фурӯхташаванда дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда барои тасдиқ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Нархҳои молҳое (корҳо, хизматрасонӣ), ки Фурудгоҳ истеҳсол менамояд, бояд барқароркунии пурраи ҳамаи хароҷотҳои барои истеҳсол сарфшударо таъмин намояд, фоидаоварӣ ва безиёнии фаъолияти Фурудгоҳ бояд аз ҳисоби фоидаҳои худӣ таъмин гардад.

31. Ҷиҳати иҷрои мақсадҳои оинномавӣ Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад дар асоси тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар мувофиқа бо Муассис корхонаҳои давлатии фаръӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳад;

- низомномаҳоро дар бораи намояндагиҳо, филиалҳо, оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръиро тасдиқ ва роҳбарони онҳоро таъин намояд;

- ҳама гуна намудҳои шартнома, қарордод, созишномаҳоро бо шахсони воқеию ҳуқуқие, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, ба имзо расонад;

- аз ҳисоби захираҳои молиявии мавҷудааш, кредитҳо, қарзҳои бебозгашт ва дигар манбаъҳои молиявӣ воситаҳои асосӣ ва гардиширо ба даст орад ё ба иҷора гирад;

- тибқи тартиб ва дар доираи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволро дар шакли ҳисса ба сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидорб, ҳамчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба гарав монад, ба иҷора диҳад ё ворид намояд;

- таъминоти моддию техникии истеҳсолот ва инкишофи иншооти соҳаи иҷтимоиро анҷом диҳад;

- дар асоси нишондодҳои асосии иқтисодӣ, мавҷуд будани талабот барои корҳои иҷрошаванда, хизматрасониҳо, маҳсулоте, ки истеҳсол мегардад, фаъолияти худро ба нақша гирад ва тараққиёти ояндаи онро муайян созад;

- андозаи маблағҳои барои пардохти меҳнати кормандони муассиса ва тараққиёти техникию иҷтимоӣ равонашавандаро муайян намояд;

- шакл ва системаҳои пардохти меҳнат, миқдори кормандон, сохтор ва ҷадвали вазифаҳою маошро муайян ва муқаррар кунад;

- хизматрасониро оиди таъмир ва хизматрасонии нақлиёти махсуси автомобилӣ ташкил намояд;

- фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ (рекламавӣ) ва ношириро анҷом диҳад, выставкаҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, озмунҳои сармоягузорӣ, савдои молҳои саноатиро ташкил намояд;

- фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар асоси қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;

- фаъолияти бозоршиносӣ (маркетингӣ), миёнаравӣ ва диллериро иҷро намояд;

- инкишофи иҷтимоии коллектив, ташаккул додани соҳаи моддию иҷтимоии муосир, фароҳам сохтани имкониятҳои мусоид барои меҳнати баландмаҳсул, мунтазам амалӣ гардонидани усули тақсимот аз рӯи меҳнат, муҳофизат ва беҳтар гардонидани муҳити зист;

- иҷро кардан ва қатъиян риоя намудани ӯҳдадориҳои шартномавҳ;

- дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои Фурудгоҳ, ихтиёрдорӣ кардан, ҳамчунин анҷом додани амалиёти кредитӣ, векселӣ ва дигар амалҳои молиявӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гирифтани маблағҳо аз бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, додан ва гирифтани кафолат дар ҳар гуна шакли дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида, ҳамчунин иҷрои амалҳо бо қоғазҳои қиматбаҳо ва дигар дороиҳо;

- бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои инкишофи Фурудгоҳ саҳмҳо ба даст орад, облигатсияҳо ва дигар қоғазҳои қиматбаҳо интишор диҳад;

- аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва маблағҳои ташкилотҳои фармоишдиҳанда мутахассисон ва дигар кормандони фурудгоҳро барои иштирок дар музокираҳо оид ба масъалаҳои илмию техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратй, ҳуқуқӣ, ҳамчунин омода ва имзо кардани шартномаю қарордодҳо ва иҷрои онҳо ба сафари хориҷӣ фиристад;

- дар бораи ҷорӣ (бекор) кардани ҳисобгирии маҷмӯи вақти корӣ ва бастнокии меҳнат қарор қабул намояд;

- мустақилона мӯҳлати рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшавандаро (дар шартномаи коллективӣ зикрёфтаро), ки ҳамзамон мӯҳлати онҳо аз муқаррароти барои категорияҳои дахлдори коргарон ва хизматчиёни корхонаҳои давлатӣ кам буда наметавонад, муқаррар намояд;

- барои коркунони худ рухсатиҳои иловагӣ, рӯзи кори кутоҳ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи коллективӣ муайян созад;

32. Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад, барои иҷрои намудҳои алоҳидаи кор дар асоси шарномаҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандию ҳуқуқӣ, шаҳрвандонро ҷалб намояд.

33. Фурудгоҳ дигар ҳуқуқҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсаду мундариҷаи фаъолияти корхона мухолиф нестанд, иҷро намояд.

Фурудгоҳ метавонад дар асос ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

34. Фурудгоҳ оид ба муҳофизати гражданӣ ва омодагии сафарбарӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоро амалӣ мегардонад.

35. Фурудгоҳ ӯҳдадор аст:

- зарари дар натиҷаи истифодаи ғайриоқилонаи замин ва дигар захираҳои табиӣ, ифлос гардидани муҳити зист, халалдор шудани қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи оиди ҳифзи саломатии кормандон, аҳолӣ ва талабгорони маҳсулот пешомадаро ҷуброн намояд;

- саривақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт гардидани музди меҳнати кормандон ва дигар пардохтҳоро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин созад;

- барои кормандони худ шароити бехатари корро таъмин намояд;

- шароити кафолатноки меҳнат ва тадбирҳои ҳифзи иҷтимоиро барои кормандони худ таъмин намояд;

- ҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва дигар фаъолиятро иҷро намояд, ҳисобдории омориро сурат диҳад, дар бораи натиҷаҳои фаъолият ва истифодаи амвол зимни пешниҳоди ҳисобот тибқи тартиб ва мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисобот диҳад;

- ба мақомоти давлатии омор ва идораи соҳа дар мавридҳо ва тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

5. Идоракунии Фурудгоҳ

36. Фурудгоҳро Директори генералӣ идора менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

37. Директори генералии Фурудгоҳ муовини якум, муовинон дорад, ки бо пешниҳоди Директори генералии Фурудгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

38. Директори генералӣ аз номи Фурудгоҳ бе эътимоднома амал мекунад, аз манфиатҳои он ҳам дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам хориҷи он намояндагӣ менамояд. Директори генералӣ аз рӯи усули яккасардорӣ амал карда, барои оқибатҳои амали худ дар асоси қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома масъулият дорад.

39. Директори генералии Фурудгоҳ:

- ба фаъолияти Фурудгоҳ роҳбарӣ менамояд;

- салоҳият, ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои муовинони директори генералии Фурудгоҳро зимни ба онҳо додани ҳуқуқи як қисми ваколатҳои худ муқаррар мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ, фармонҳо, амрҳо содир менамояд;

- аз номи Фурудгоҳ шартнома, созишнома, қарордод ва дигар санадҳои ҳуқуқиро бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва ҷои воқеият имзо мекунад;

- аз номи Фурудгоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шикоят ва даъвоҳо пешниҳод менамояд, эътимоднома медиҳад;

- ба ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисоботӣ ва ғайра имзо мегузорад;

- аз манфиатҳои Фурудгоҳ дар мақомоти идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;

- ба сохтори Фурудгоҳ тағйирот ворид месозад, миқдор ва ҷадвали вазифаҳою маоши кормандон ва хароҷоти нигаҳдории онро тасдиқ мекунад;

- Директори генералӣ ҳамчунин дигар амалҳоро аз номи Фурудгоҳ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалии меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳавопаймоӣ гражданӣ анҷом медиҳад.

40. Муовинони Директори генералӣ ва шахсони дигари Фурудгоҳ аз номи Фурудгоҳ амал намуда, аз манфиатҳои он дар мақомоти давлатӣ, дар ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ карда, амалҳои доду гирифт ва дигар амалҳои ҳуқуқиро дар доираи ваколати дар эътимодномаи аз ҷониби Директори генералии Фурудгоҳ додашуда зикрёфта, анҷом медиҳанд.

41.Муносибатҳои байни коргарон ва Директори генералии Фурудгоҳ, ки дар асоси шартнома (қарордод) ба вуҷуд меоянд, аз рӯи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи коллективӣ ва Низомномаи бастани шартномаи меҳнатӣ, ки аз тарафи Директори генералии фурудгоҳ тасдиқ шудааст ба танзим дароварда мешаванд.

42. Баҳсҳои меҳнатии (низоъҳои) байни маъмурияти Фурудгоҳ ва коллективи меҳнатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.

43. Таркиб ва ҳаҷми маълумоте, ки сирри хизматӣ ва тиҷоратиро ташкил менамоянд, ҳамчунин тартиби муҳофизати онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Директори генералии фурудгоҳ муайян карда мешаванд.

44. Коллективи меҳнатии корхона ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаи коллективӣ анҷом медиҳад.

6. Филиалҳо, намояндагиҳо ва корхонаҳои давлатии фаръии Фурудгоҳ

45. Фурудгоҳ метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории давлатҳои хориҷии филиалҳо дар он қарордошта ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Муассис филиалҳо, намояндагиҳо таъсис намояд.

46. Филиалҳо ва намояндагиҳо аз номи Фурудгоҳ, ки он барои кори онҳо масъулият дорад, фаъолиятро анҷом медиҳанд.

Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ набуда, ба онҳо Фурудгоҳ амволро вобаста менамояд ва дар асоси низомнома дар бораи онҳо амал мекунанд. Низомнома дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳо, ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба низомномаро Директори генералии Фурудгоҳ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур тасдиқ менамояд.

47. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо дар тавозуни (баланси) Фурудгоҳ ба ҳисоб гирифта мешавад.

48. Роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳоро Директори генералии Фурудгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, ба онҳо ваколатҳо вогузор менамояд, ки дар асоси эътимодномаи ба онҳо додаи Директори генералии Фурудгоҳ амал мекунанд.

49. Корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Фурудгоҳ мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

Директори генералии Фурудгоҳ ҳуқуқ дорад амволи барои ихтиёрдории хоҷагӣ ба Фурудгоҳ додашударо мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ба корхонаҳои давлатии фаръӣ супорад.

50. Директори генералии Фурудгоҳ оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ, тағйиру иловаҳо ба онҳоро тасдиқ ва роҳбарони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

51. Азнавташкилдиҳии корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Фурудгоҳ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Амволи ғайриманқули корхонаҳои давлатии фаръӣ, ки баъди қонеъ гардонидани талаби кредиторон боқӣ мемонад, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.

52. Ба сохтори Фурудгоҳ корхонаҳои зайл дохил мешаванд:

- Корхонаи давлатии фаръии "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ";

- Корхонаи давлатии фаръии "Маҷмааи фарҳангию солимгардонии "Авиатор";

- Корхонаи давлатии фаръии "Агентии алоқаи ҳавоӣ";

- Корхонаи давлатии фаръии "Авиастрой";

- Фурудгоҳи Хоруғ.

7. Азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ

53.Азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

54. Дар мавридҳои муқарраркардаи қонун азнавташкилдиҳии Фурудгоҳ дар шакли дигаргунсозӣ, тақсим намудан ва аз ҳайати он ҷудо кардани шахси (шахсони) дигари ҳуқуқӣ бо қарори Муассиси он, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё қарори суд сурат мегирад.

55. Дар сурати аз нав ташкилдиҳии Фурудгоҳ ба кормандоне, ки озод карда мешаванд риояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

8. Ворид намудани тағйирот ба Оиннома

56. Оинномаи Фурудгоҳ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад.

57. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Фурудгоҳ бо қарори Муассис сурат мегирад ва аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо менамояд.

58. Оинномаи мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ҳарду матн дорои эътибори якхелаи ҳуқуқӣ мебошанд.