Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз 31 декабри соли 2008, № 688

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 688

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", ки минбаъд "Корхонаи ҳавопаймоӣ" ном бурда мешавад, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 491 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо дарназардошти аз он ҷудо намудани корхонаҳои воҳиди давлатии навтаъсис аз нав ташкил карда шудааст.

Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳангоми анҷом додани интиқоли мусофирон, бор, бағоҷ ва почта вориси ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" мебошад.

Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, фармон ва фармоишҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи ваколатҳо содир мешаванд ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ташкилоти тиҷоратии дорои амволи хосаи мансуби ихтиёри хоҷагидории он мебошад.

3. Муассиси Корхонаи ҳавопаймоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" ном бурда мешавад.

4. Корхонаи ҳавопаймоӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳои бонкӣ, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, штамп, варақаҳои хоса, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) мебошад.

5. Корхонаи ҳавопаймоӣ оид ба ӯҳдадориҳои худ бо тамоми амволи дар ихтиёрдоштааш масъул аст. Корхонаи ҳавопаймоӣ барои ӯҳдадориҳои Муассис, Муассис барои ӯҳдадориҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият надоранд.

6. Корхонаи ҳавопаймоӣ аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволиро соҳиб мегардад ва ӯҳдадориҳо дорад, дар суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар муаррифӣ шавад.

7. Корхонаи ҳавопаймоӣ номи фирмавӣ, нишон (эмблема) ва парчам дорад.

8. Номи фирмавии Корхонаи ҳавопаймоӣ:

бо забони тоҷикӣ:

пурра: Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

ихтисоран: КВДҲ "Тоҷик Эйр"

бо забони русӣ:

пурра: Государственное унитарное авиационное предприятие "Таджик Эйр"

ихтисоран: ГУАП "Таджик Эйр"

бо забони англисӣ:

пурра: State Unitary Aviation Enterprise "Tajik Air"

ихтисоран: SUAE "Tajik Air"

Номи фирмавии Корхонаи ҳавопаймоӣ бо забонҳои дар боло зикршуда эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад.

9. Маҳали ҷойгиршавии Корхонаи ҳавопаймоӣ:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Титов, 32/1.

10. Корхонаи ҳавопаймоӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои худро дорад.

2. Мақсади фаъолияти Корхонаи ҳавопаймоӣ

11. Корхонаи ҳавопаймоӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мақсади фаъолияташ қонеъ гардонидани талаботи ҷамъиятӣ ба интиқоли ҳавоӣ ва ба даст овардани фоида мебошад.

12. Барои ноил шудан ба мақсадҳои банди 11 Оинномаи мазкур Корхонаи ҳавопаймоӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти асосии зеринро иҷро менамояд:

- интиқоли ҳавоӣ зимни парвозҳои дохилӣ ва байналмилалии мунтазам ва фармоишӣ (чартерӣ);

- ташкили таъминоти парвозию штурмании парвозҳо, ҳамчунин хизматрасонӣ бо мақсади бехатарӣ ва мунтазамии парвозҳо;

- хизматрасонии мусофирон, фароҳам овардани ҳаргуна хизматрасонӣ ба онҳо;

- хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо;

- дар асоси шартнома фароҳам овардани хизматрасонии заминии (техникӣ ва тиҷоратӣ) ҳавопаймоҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ ва муассисаҳои ватанию хориҷӣ;

- банд (брон) кардани ҷойҳои (ғунҷоиши ҳавопаймоҳо), нашр, ба расмият даровардан ва фурӯши ҳуҷҷатҳои интиқолии мусофирон ва бор, омода кардан ва бозомӯзонии кормандони парвозӣ, техникӣ ва ғайра барои кор дар хатҳои ҳавоии байналмилалӣ ва дохилӣ, ҳамчунин барои кор дар намояндагиҳои хориҷӣ;

- амалиётҳои миёнаравӣ оид ба содироту воридоти таҷҳизот ва хизматрасониҳо, пешбурди тадқиқоти бозоршиносӣ (маркетингӣ);

- таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии коллективи меҳнатӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддии соҳаи иҷтимоӣ;

- расонидани хизмати тиббӣ, аз ҷумла бо иҷрои вазифаҳои табобатию муоинавии (экспертии) комиссияи парвоз (кӯмаки тиббӣ то қабули духтур, кӯмаки амбулаторию поликлиникӣ, расонидани хизматҳои тиббии пулакӣ ба ташкилоту шаҳрвандони беруна.) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ, аз ҷумла барои мусофирони ҳавопаймоҳо фаъолият анҷом медиҳанд;

- сохтмон ва баҳрабардории биноҳои истеҳсолию истиқоматӣ, иншооти меҳмонхонаҳо ва дигар объектҳо;

- харидорӣ (ба иҷора, иҷораи молиявӣ гирифтан) ва фурӯши (ба иҷора, лизинг додани) техникаи ҳавопаймоӣ, ҳамчунин амвол тибқи шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;

- омӯзиши талаботи бозор (конъюктура) дар асоси таҳлили бозор ва талаботи интиқоли ҳавоӣ, таҳия намудани самтҳои асосии сиёсати тиҷоратӣ ва тадбирҳои мушаххас оид ба қонеъ гардонидани талабот ва баланд бардоштани самаранокии амалҳои лизингӣ;

- расонидани хизмати гумрукӣ, нигоҳдорӣ дар анбор ва экспедиторӣ;

- иҷрои амалҳо бо амволи ғайриманқул, аз ҷумла фурӯхтан, харидан, мубодила, иҷораи биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

- фаъолияти сайёҳӣ (туристӣ);

- нигоҳдорӣ ва баҳрабардории иншооти таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ ва манзилию коммуналии ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ вобастагардида;

- баҳрабардорӣ ва нигоҳдории инфраструктураи муҳандисии ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ вобастагардида (системаҳои берунӣ ва дохилии таъминоти барқ, обрасонӣ, обпартоӣ, гармирасонӣ, системаҳои пок ва мӯътадилсозии ҳавои биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, равшансозии берунии роҳҳо ва иншооти роҳӣ);

- иштирок дар танзими ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба забт ва рабудани ҳавопаймоҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ, ҳамчунин дигар ҳавопаймоҳои дар ҳудуди Корхонаи ҳавопаймоӣ воқеъгардида ва дигар зуҳуроти амалҳои дахолати ғайриқонунӣ (терроризм) ба фаъолияти нақлиёти ҳавоӣ;

- тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва гирифтани иҷозатномаҳо аз мақомоти дахлдор барои аз тарафи Корхонаи ҳавопаймоӣ суръат бахшидан ба интиқоли ҳавоӣ, корҳои ҳавопаймоӣ ва дигар намудҳои фаъолият;

- ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва барои коркард супурдани оҳанпора, фулузоти ранга ва қиматбаҳо;

- фурӯши интиқоли ҳавоӣ мустақилона ва ё ба воситаи ваколатдорон (агентҳо);

- фаъолияти рекламавию интишоротӣ ба манфиати Корхонаи ҳавопаймоӣ;

- коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли партовҳои дурушти маишӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти Корхонаи ҳавопаймоӣ пеш меоянд;

- лоиҳакашӣ, васлгарӣ, танзим, таъмин ва хизматрасонии таҷҳизоти техникӣ ва огоҳонии сӯхтор, системаҳои огоҳонии одамон дар бораи сӯхтор, огоҳонии (сигнализатсияи) Корхонаи ҳавопаймоӣ;

- сурат додани корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ ва сохтмонию васлгарӣ, ҳамчунин сохтбандӣ, лоиҳакашии шабакаю системаҳои муҳандисӣ, таҳияи қисматҳои махсуси лоиҳа, хизматрасонии муҳандисӣ, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ вобастагардида;

- таълим, такмили тахассус, аз ҷумла дар асоси шартнома бо намояндагони (кормандони) дигар ҷамъиятҳо, корхонаҳои ҳавопаймоӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва санҷиши кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ.

13. Ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки феҳрасти онҳо тариқи қонунҳо муайян карда мешаванд, Корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) махсус машғул гардад.

14. Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти истеҳсолию хоҷагии худро дар асоси шартномаҳои хоҷагӣ мустақилона роҳандозӣ намояд.

15. Корхонаи ҳавопаймоӣ фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар доираи мақсаду вазифаҳои дар пешистодааш, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

16. Корхонаи ҳавопаймоӣ дигар намудҳои фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ менамояд.

3. Амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ

17. Амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ моликияти давлатӣ, тақсимнопазир буда, ба Корхонаи ҳавопаймоӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад. Амволи Корхонаи ҳавопаймоиро воситаҳои асосӣ ва гардон, ҳамчунин амволи дигар ташкил менамоянд ва арзиши онҳо дар баланси вай, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад, зикр меёбад.

Ба маҷмӯи амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ амволи шакли дигари моликият ворид гардида наметавонад.

Қитъаҳои замин, ки дар онҳо Корхонаи ҳавопаймоӣ ҷойгир гардидааст, ба Корхонаи ҳавопаймоӣ барои истифодаи бемӯҳлат дода шудаанд.

18. Ҳуқуқи идоракунии пешбурди хоҷагидорӣ нисбати амволи давлатии марбути Корхонаи ҳавопаймоӣ пас аз лаҳзаи додани амвол пеш меояд, агар бо қонун ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё қарори молик (Муассис) тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи амволи марбути идоракунии пешбурди хоҷагидории Корхонаи ҳавопаймоӣ, ҳамчунин амволи аз ҳисоби фоида харидоришуда барои пешбурди хоҷагидорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

19. Даромади аз натиҷаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бадастомадаро пас аз пардохти андозҳо ба буҷет, Корхонаи ҳавопаймоӣ мустақилона дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд.

20. Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқули марбути онро ба иҷора диҳад, фурӯшад, ба гарав диҳад, ҳамчун саҳм ба сармояи (андӯхти) оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ ва рафоқатҳо ворид созад ё бо тарзи дигар ин амволро бо розигии молик ё мақоми давлатии ваколатдорнамудаи он ихтиёрдорӣ намояд.

21. Ҳуқуқи Корхонаи ҳавопаймоӣ ба иншооти моликияти зеҳнии (интеллектуалӣ) дар ҷараёни амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагӣ ба вуҷуд омада тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

22. Фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ аз маблағҳои пулӣ ва дигар амволи ба он вогузоштаи Муассис ташаккул меёбад.

23. Фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ 42309311(чилу ду миллиону сесаду нӯҳ ҳазору сесаду ёздаҳ) сомониро ташкил менамояд, ки дар лаҳзаи бақайдгирӣ комилан ташаккул ёфтааст. Маблағҳои худии Корхонаи ҳавопаймоӣ 122 894 370 (яксаду бисту ду миллиону ҳаштсаду наваду чор ҳазору сесаду ҳафтод) сомониро ташкил менамояд.

24. Агар дар хатми соли молиявӣ арзиши маблағҳои холиси Корхонаи ҳавопаймоӣ аз андозҳои хазинаи оинномавӣ кам гардад, он гоҳ мақоми дар хусуси ташкили Корхонаи ҳавопаймоӣ қарор қабулнамуда тибқи тартиби муқарраршуда фонди оинномавиро кам мекунад,.

25. Зиёд кардани фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад ҳам аз ҳисоби ба он иловатан додани амвол ва ҳам аз ҳисоби амволу маблағҳои мавҷуда анҷом дода шавад.

26. Кам кардани фонди оинномавӣ бо роҳи ба оинномаи Корхонаи ҳавопаймоӣ ворид намудани тағйироти дахлдор сурат мегирад, ки бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.

27. Арзиши активҳои софи Корхонаи ҳавопаймоӣ дар асоси маълумоти ҳисобдории муҳосибавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

28. Ҳангоми қабул гардидани қарор дар бораи кам кардани фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ он ӯҳдадор аст, ки дар ин хусус кредиторони худро огоҳ намояд.

29. Зиёд кардани фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоӣ имкон дорад ҳам аз ҳисоби иловатан ба вай додани амвол ва ҳам аз ҳисоби дороиҳои мавҷуда сурат гирад.

30. Манбаъҳои ташаккули амволи Корхонаи ҳавопаймоӣ инҳоянд:

- ҳиссаҳои пулӣ ва моддии Муассис;

- фоидаи аз фаъолияти хоҷагӣ ба даст оварда;

- қарзҳои бонкӣ ва дигар сармоягузориҳо, пардохтҳои хайрия;

- дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.

31. Корхонаи ҳавопаймоӣ ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ пас аз пардохти ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ихтиёрдорӣ менамояд.

Қисми фоидаи софро, ки дар ихтиёри Корхонаи ҳавопаймоӣ мемонад, тибқи тартиби муқаррагардида барои ин корҳо истифода менамояд:

- ҷорӣ намудан, азхуд кардани техника ва технологияи нав, тадбирҳои муҳофизати меҳнат ва ҳифзи муҳити зист;

- инкишоф ва вусъат додани фаъолияти молиявию хоҷагӣ, пурра намудани маблағҳои гардон;

- сохтмон, навсозӣ ва таҷдиди фондҳои асосӣ;

- иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию созандагӣ (конструкторӣ), омӯзиши вазъи бозор, талаботи истеъмолӣ ва бозоршиносӣ (маркетингӣ);

- харидории асъори хориҷӣ, дигар арзишҳои асъорӣ ва моддӣ, коғазҳои қиматнок;

- ташкили фондҳо, аз ҷумла барои пӯшонидани зарар;

- ҳавасмандгардонии моддӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон;

- корҳои хайрия.

32. Корхонаи ҳавопаймоӣ фонди захиравӣ ташкил менамояд.

Андозаи фонди захиравӣ на камтар аз 15 фоизи фонди оинномавии Корхонаи ҳавопаймоиро ташкил менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Фонди захиравии Корхонаи ҳавопаймоӣ бо роҳи ҳар сол ба андозаи 5 фоиз ҳисса ҷудо кардан, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, аз ҳиссаи фоидаи софе, ки дар ихтиёри Корхонаи ҳавопаймоӣ мемонад то расидан ба андозаи ҳаҷми дар банди мазкур пешбиникардаи Оиннома, ташкил меёбад.

Фонди захиравии Корхонаи ҳавопаймоӣ барои пӯшонидани зарарҳои ба он расида, иҷрои ӯҳдадориҳои назди буҷет, баргардонидани қарзҳои давлатӣ ва пардохти фоизҳои онҳо дар мавриди камӣ кардани дигар воситаҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ таъин гардидааст ва барои мақсадҳои дигар мавриди истифода қарор гирифта наметавонад.

33. Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад дигар фондҳоро ба андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, аз фоидае, ки дар ихтиёри Корхонаи ҳавопаймоӣ мемонад ташкил намояд, аз ҷумла:

- фонди иҷтимоӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳалли масъалаҳои қавӣ гардонидани саломатии кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ ва аз ҷумла барои беҳдошти бемориҳои касбӣ истифода мегарданд;

- фонди манзилӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои харидорӣ ва сохтмони (ҳиссагузории) манзилгоҳ барои кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ, ки эҳтиёҷманди беҳтар сохтани шароити манзилӣ мебошанд, истифода мегарданд.

- фонди ҳавасмандии моддии кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои ҳавасмандгардонии модии кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ истифода мешаванд;

- фонди инкишофи истеҳсолоти Корхонаи ҳавопаймоӣ ба андозаи муқарраркардаи шартномаи коллективӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои он барои инкишоф ва вусъати истеҳсолот истифода мегарданд.

4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ

34. Корхонаи ҳавопаймоӣ муносибатҳои худро бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти хоҷагӣ дар асоси шартномаҳо, созишномаҳо ва қарордодҳо ба роҳ мемонад.

Корхонаи ҳавопаймоӣ дар интихоби мавзӯъ ва мундариҷаи шартнома ва ӯҳдадориҳо, шаклҳои гуногуни муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи мазкур мухолифат надоранд, озод мебошад.

35. Корхонаи ҳавопаймоӣ барои ҳамаи намудҳои корҳое, ки иҷро мешаванд, хизматрасонӣ, маҳсулоти истеҳсол ва фурӯхташаванда мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нархнома ва тарифҳоро муқаррар ва барои тасдиқ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

36. Барои иҷрои мақсадҳои оинномавиаш Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мувофиқаи Муассис филиалҳо, намояндагиҳо, корхонаҳои давлатии фаръӣ таъсис диҳад;

- низомномаҳои филиалҳо, намояндагиҳо ва оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръиро тасдиқ ва роҳбарони онҳоро таъин намояд;

- ҳамагуна намудҳои шартномаҳоро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, ба имзо расонад;

- воситаҳои асосӣ ва гардонро аз ҳисоби захираҳои молиявии мавҷудааш, қарзҳо, мусоидатҳои пулӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ соҳиб гардад ё ба иҷора диҳад;

- амволро мутобиқи тартиб ва дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гарав монад, ба иҷора диҳад ё дар шакли ҳисса ба сармояи (андӯхти) оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ворид намояд;

- таъминоти моддию техникии истеҳсолот ва инкишофи иншооти соҳаи иҷтимоиро анҷом диҳад;

- фаъолияти худро ба нақша гирад ва дурнамои рушдро дар асоси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, мавҷудияти талабот ба корҳои иҷрошаванда, хизматҳое, ки расонида мешаванд ва маҳсулоте, ки истеҳсол хоҳанд шуд, муайян намояд;

- андозаи маблагҳоеро, ки барои пардохти музди меҳнати кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ, инкишофи техникӣ ва иҷтимоӣ равона карда мешаванд, муайян намояд;

- шаклу системаҳои пардохти музди меҳнат, шумораи кормандон, сохтор , ҷадвали музди кор, вазифаҳоро муайян ва муқаррар намояд;

- фаъолияти рекламавию нашриётиро анҷом диҳад, намоишгоҳҳо, музоядаҳо, озмунҳои сармоягузорӣ ва савдои молҳои саноатиро ташкил кунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷӣ анҷом диҳад;

- фаъолияти маркетингӣ (бозоршиносӣ), миёнаравӣ ва дилерӣ анҷом диҳад;

- инкишофи иҷтимоии коллектив, ташаккул додани соҳаи ҳозирзамони модии иҷтимоӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои меҳнати пурмаҳсул, муттасил амалӣ гардонидани принсипи тақсимот аз рӯи меҳнат, муҳофизат ва беҳтар намудани муҳити зисти табииро таъмин намояд;

- ӯҳдадориҳои шартномавиро қатъӣ иҷро ва риоя намояд;

- дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа кушодани ҳисобҳои Корхонаи ҳавопаймоӣ, ихтиёрдорӣ кардани онҳо, ҳамчунин анҷом додани амалиёти кредитӣ, векселӣ ва дигари молиявиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал барорад;

- гирифтани маблағҳо аз бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, додан ва гирифтани кафолат бо ҳаргуна шакли дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида, ҳамчунин амалиёт бо коғазҳои қиматнок ва дигари дороиро амалӣ намояд;

- харидории саҳмияҳо, интишори вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок бо мақсади ҷалб намудани воситаҳои иловагиро барои инкишофи Корхонаи ҳавопаймоӣ амалӣ намояд;

- ба хориҷа ба сафар фиристодани мутахассисон ва дигар кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ташкилотҳои фармоишгар ҷиҳати иштирок дар гуфтушунидҳои оид ба масъалаҳои илмию техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳуқуқӣ, ҳамчунин таҳия ва имзо намудани шартномаҳо, қарордодҳо ва иҷрои онҳоро таъмин намояд;

- оид ба ҷорӣ (бекор) кардани усули ҷамъбастии ҳисобгирии вақти корӣ ва бастнок (сменагӣ) будани он қарор қабул намояд;

- давомнокии рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшавандаро (дар шартномаи коллективӣ зикрёфтаро) мустақилона муайян намояд, ки он тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мӯҳлати барои категорияҳои дахлдори коргарону хизматчиёни мақомоти давлатӣ муқарраршуда кам буда наметавонанд.

Корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад барои кормандони худ рухсатиҳои иловагӣ, рӯзи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоиро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи коллективӣ муайян намояд.

37. Корхонаи ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад шаҳрвандонро баҳри иҷрои намудҳои алоҳидаи кор дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ва гражданию ҳуқуқӣ ҷалб намояд.

38. Корхонаи ҳавопаймоӣ дигар ҳуқуқҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад ва мӯҳтавои фаъолияти Корхонаи ҳавопаймоӣ намебошанд, анҷом медиҳад.

Корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад тибқи асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

39. Корхонаи ҳавопаймоӣ чорабиниҳоро оид ба мудофиаи гражданӣ ва омодагии сафарбарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

40. Корхонаи ҳавопаймоӣ ӯҳдадор аст:

- зарари дар натиҷаи самаранок истифода нагардидани замин ва дигар захираҳои табиӣ, ифлос гардидани муҳити зист, вайрон шудани қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи ҳифзи саломатии кормандон, аҳолӣ ва истеъмолгарони маҳсулот расонидашударо ҷуброн кунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва пурра музди кори кормандон ва дигар пардохтҳоро таъмин намояд;

- барои кормандони худ шароити бехатари корро таъмин намояд;

- шароити кафолатнокии кор ва тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии кормандони худро таъмин намояд;

- ҳисобгирии рӯзмарра (идоравӣ) ва муҳосибавии натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва дигар фаъолиятро амалӣ намояд, ҳисобгирии омориро ба роҳ монад, аз хусуси натиҷаҳои фаъолият ва истифодаи моликият зимни пешниҳод намудани ҳисобот тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳад;

- ба мақомоти давлатӣ дар маврид ва тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад.

5. Идоракунии Корхонаи ҳавопаймоӣ

41. Ба Корхонаи ҳавопаймоӣ Директори генералӣ роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ муовини аввал ва муовинҳо дорад, ки бо пешниҳоди Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

42. Директори генералӣ аз номи Корхонаи ҳавопаймоӣ бе ваколатнома амал менамояд, манфиатҳои онро ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Директори генералӣ аз рӯи принсипи яккасардорӣ фаъолият мекунад ва барои оқибатҳои амалҳои худ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Оиннома масъулият дорад.

43. Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ:

- ба фаъолияти Корхонаи ҳавопаймоӣ роҳбарӣ мекунад;

- ваколат, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муовинони Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоиро бо ҳуқуқи ба онҳо додани қисми ваколатҳои худ, муқаррар менамояд:

- дар доираи ваколатҳои худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо, амрҳо содир мекунад ва эътимоднома медиҳад;

- аз номи Корхонаи ҳавопаймоӣ шартномаҳо мебандад, дигар муомилот ва амалҳоро, ки ба қонунгузорӣ мухолифат надоранд анҷом медиҳад;

- ба ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисобӣ ва ғайра имзо мегузорад;

- сохтор, шумораи кормандони Корхонаи ҳавопаймоӣ ва хароҷоти нигоҳдории онро муайян ва тасдиқ менамояд, кормандонро ба кор қабул мекунад, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ мебандад, тағйир медиҳад ва қатъ месозад;

- Директори генералӣ дигар амалҳоро аз номи Корхонаи ҳавопаймоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалии марбути фаъолияти Корхонаи ҳавопаймоӣ анҷом медиҳад.

44. Муовинони Директори генералӣ ва шахсони дигари Корхонаи ҳавопаймоӣ аз номи Корхонаи ҳавопаймоӣ амал мекунанд, дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ манфиатҳои онро намояндагӣ менамоянд, дар доираи ваколати ба онҳо додаи Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ, ки дар эътимоднома дарҷ гардидааст муомилот ва дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом медиҳанд.

45. Муносибати кормандон ва Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пеш меоянд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, шартномаи коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат танзим карда мешаванд.

46. Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ (низоъҳо) байни маъмурияти Корхонаи ҳавопаймоӣ ва коллективи меҳнатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

47. Коллективи меҳнатии Корхонаи ҳавопаймоӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаи коллективӣ амалӣ мегардонад.

6. Филиалҳо, намояндагиҳо ва корхонаҳои давлатии фаръии Корхонаи ҳавопаймоӣ

48. Корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он зимни риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории давлатҳои хориҷии маҳалли ҷойгиршавии филиалҳо ва намояндагиҳо, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Муассис филиалҳо, намояндагиҳо таъсис диҳад.

49. Филиалҳо ва намояндагиҳо фаъолияти худро аз номи Корхонаи ҳавопаймоӣ амалӣ мегардонанд, ки барои фаъолияти онҳо масъулият доранд.

Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ намебошанд ва Корхонаи ҳавопаймоӣ ба онҳо амвол ҷудо мекунад, онҳо мутобиқи низомномаҳояшон амал менамоянд. Низомномаҳои филиалҳо ва намояндагиҳо, ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба онҳоро Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ тибқи тартиби муқарраркардаӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Оиннома тасдиқ мекунад.

50. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо дар баланси Корхонаи ҳавопаймоӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

51. Роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳоро Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, ба онҳо ваколатҳо вогузор менамояд ва онҳо дар асоси ваколатномаи Директори генералӣ амал мекунанд.

52. Корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Муассиси Корхонаи ҳавопаймоӣ таъсис дода мешаванд.

Директори генералии Корхонаи ҳавопаймои ҳуқуқ дорад амволеро, ки Корхонаҳои давлатии фаръӣ барои пешбурди хоҷагидорӣ вобаста карда шудааст, дар мувофиқа бо Муассис мутобиқи талаботи Кодекси граждании ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ба Корхонаҳои давлатии фаръӣ диҳад.

53. Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ оинномаҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ, тағйирот ва иловаҳо ба онҳоро тасдиқ менамояд, роҳбарони онҳоро таъин ва озод мекунад.

54. Азнавташкилдиҳии корхонаҳои давлатии фаръӣ бо қарори Директори генералии Корхонаи ҳавопаймоӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Амволи ғайриманқули корхонаҳои давлатии фаръии барҳамдодашаванда, ки баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқӣ мемонад, мутобиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.

55. Ба сохтори Корхонаи ҳавопаймоӣ корхонаҳои давлатии фаръӣ ва намояндагаҳои зерин дохил мешаванд:

- Корхонаи давлатии фаръии "Ширкати таъминоти хӯроки дохили ҳавопаймоҳои КВДҲ "Тоҷик Эйр";

- Маҷмааи парвозию техникии шаҳри Хуҷанд;

- Намояндагӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб;

- Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Намояндагӣ дар Олмон;

- Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Туркия;

- Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой;

- Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Намояндагӣ дар Ҳиндустон;

- Намояндагӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия;

- Намояндагӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия;

- Намояндагӣ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия;

- Намояндагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;

- Намояндагиҳои дигар вобаста ба тағйир ёфтани ҷуғрофияи парвозҳо.

7. Азнавташкилдиҳии Корхонаи ҳавопаймоӣ

56. Азнавташкилдиҳии Корхонаи хавопаймоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

57. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун азнавташкилдиҳии Корхонаи ҳавопаймоӣ дар шакли тақсим намудани он ё аз ҳайати он ҷудо намудани шахси дигари ҳуқуқӣ (шахсони ҳуқуқӣ) бо қарори Муассис, мақомоти ваколатдор ё қарори суд сурат мегирад.

58. Ҳангоми азнавташкилдиҳии Корхонаи ҳавопаймоӣ ба кормандони аз кор озодшуда риояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

59. Ҳангоми азнавташкилдиҳии Корхонаи ҳавопаймоӣ тамоми ҳуҷҷатҳо (идоравӣ, молиявию хоҷагӣ, дар бораи ҳайати шахсӣ ва ғайра) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешаванд.

8. Ворид намудани тағйирот ба Оиннома

60. Оинномаи Корхонаи ҳавопаймоӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад.

61. Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Оиннома бо қарори Муассис сурат мегирад ва аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ қувваи ҳуқуқиро соҳиб мегардад.

62. Оинномаи мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ҳарду матн эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд.