Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 471 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №15-16, мод.235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №22, мод.259; с.2008, №1, қ. 2 мод.16) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати чоруми моддаи 1(1) калимаи "таҳвилхонаҳои" ба калимаҳои "ҷойҳои нигоҳдории" иваз карда шавад.

2. Дар қисми шашуми моддаи 8 калимаҳои "ҳаққи аввалият" ба калимаҳои "ҳуқуқи истисноӣ" иваз карда шаванд.

3. Қисми дуюми моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро барои омӯзиш ва истихроҷи ашёи хоми радиоактивӣ, анборкунии партовҳои онҳо танҳо шахсони ҳуқуқие доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатнома доранд.".

4. Қисми дуюми моддаи 44 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳангоми пешниҳод намудани қитъаи замин барои истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок, истифодабаранда хароҷоти давлатӣ ва ё шахси ҳуқуқии дигарро, ки барои ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишоф масраф шудааст, пардохт менамояд. Хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҷуброни хароҷоти ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишофи канданиҳои фоиданок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, пардохта мешавад.".

5. Қисми дуюми моддаи 46 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Маблағҳои пардохтнамудаи истифодабарандагон, ки корҳои иктишофи геологиро мувофиқи лоиҳаи аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда (мувофиқашуда) маблағгузорӣ намудаанд, ба ҳаҷми маблағгузории воқеӣ баъд аз тасдиқ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ва тасдиқи воқеияти кашфи кон аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби кам кардани маблағи пардохтҳои истифодабарандагони қаъри замин (роялти ва бонуси истихроҷӣ), ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҷуброн карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

31 декабри соли 2008 № 471

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намуданн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 29 октябри соли 2008 № 1153

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 18 декабри соли 2008 №576

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 20 июля 1994 года "О недрах" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994г., №15-16, ст.235; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995г., №22, ст.259; 2008г., №1 ч.2, ст.16) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце четвертом статьи 1(1) слова "временное хранение" заменить словами "в местах временного хранения".

2. В части шестой статьи 8 слово "первоочередное" заменить словом "исключительное".

3. Часть вторую статьи 10 изложить в следующей редакции:

"Права использования недр для изучения и добычи радиоактивного сырья, складирования (захоронения) его отходов имеют только юридические лица, зарегистрированные в Республике Таджикистан, и получившие лицензию в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности.".

4. Часть вторую статьи 44 изложить в следующей редакции:

"При предоставлении земельного участка для использования месторождения полезных ископаемых расходы государства или другого юридического лица на поисковые, оценочные и разведочные работы компенсирует пользователь. Компенсация затрат на поисковые, оценочные, разведочные работы производится в соответствии с Правилами компенсации затрат для поиска, оценки и разведки, утверждаемыми Правительством Республики Таджикистан.".

5. Часть вторую статьи 46 изложить в следующей редакции:

"Затраты пользователей на выполнение геологоразведочных работ в соответствии с проектом, утвержденным (согласованным) уполномоченным органом, компенсируются за счет уменьшения размеров роялти и бонуса добычи после утверждения запасов полезных ископаемых Государственной комиссией запасов и подтверждения действительности открытия месторождения уполномоченным органом в размере реальных затрат, предусмотренных Налоговым кодексом Республики Таджикистан .".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г. Душанбе

 31 декабря 2008 года № 471

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                               С. Хайруллаев

г. Душанбе, 29 октября 2008 года

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 Законе Республики Таджикистан "0 внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "0 недрах", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                      М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 18 декабря 2008 года №576