Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 479 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 455) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар дебоча калимаи "роҳёбии" ба калимаи "дастрасии", калимаи "дастовардҳои" ба калимаи "комёбиҳои" иваз карда шавад.

2. Дар сархати дуюми моддаи 1 калимаи "истифодабарии" ба калимаҳои "истифодабарӣ аз", дар сархати сеюми моддаи мазкур калимаи "вазифаҳои" ба калимаи "ваколатҳои" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 3 калимаи "қисми" ба калимаи "бобати" иваз карда шавад.

4. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 5 пеш аз калимаи "гуногуншаклии" калимаҳои "бо истифода аз" илова карда шаванд.

5. Дар қисми чоруми моддаи 6 калимаҳои "мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии ҳокимияти иҷроия ва дигар мақомоти худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия ва мақомоти худидоракунӣ" иваз карда шаванд.

6. Дар сархатҳои нӯҳум ва даҳуми қисми якуми моддаи 11 калимаҳои "дар татбиқи" ба калимаи "барои" иваз карда шаванд.

7. Дар қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 14 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора" ба калимаҳои "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ" иваз карда шаванд.

8. Дар қисми сеюми моддаи 16 калимаи "ҚАРОРИ" бо ҳарфҳои хурд навишта шавад.

9. Дар сархати якуми қисми сеюми моддаи 18 калимаи "кардан" хориҷ ва дар сархати шашум калимаи "навъҳои" ба калимаи "намудҳои" иваз карда шавад.

10. Дар моддаи 25 калимаи "бо" ба калимаи "мутобиқи" иваз карда шавад.

11. Баъд аз моддаи 25 боби нав ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"Боби 10. Муқаррароти хотимавӣ"

12. Ба Қонун моддаи нави 25(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 25(1) Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

31 декабри соли 2008 № 479

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 2 октябри соли 2008 № 1107

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

 18 декабри соли 2008 №584

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О библиотечной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г. №8, ст. 455) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце третьем статьи 1 слово "задачи" заменить словом "полномочия".

2. В части четвёртой статьи 6 слова "областном, городском, районном органе исполнительной власти" заменить словами "местных органах государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов, районов и органах самоуправления".

3. После статьи 25 включить следующее название новой главы:

"Глава 10. Заключительные положения".

4. В Закон внести новую статью 25(1) следующего содержания:

"Статья 25(1). Ответственность за нарушение настоящего Закона Физические и юридические лица, нарушающие положения настоящего Закона, несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,31 декабря 2008 года № 479

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С.Хайруллоев

г. Душанбе,2 октября 2008 года № 1107

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г.Душанбе,18 декабря 2008 года №584