ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 162) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 1:
- сархатҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум ва шашум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- геодезия - илм дар бораи омӯзиши шакл ва андозаи сатҳи замин, қисмҳои алоҳидаи он ба воситаи ченкунӣ, аксбардорӣ, инчунин коркарди онҳо, таҳияи харитаҳо, нақшаҳо, буриши амудӣ (профилҳо) ва усули истифодабарии ин натиҷаҳо ва мавод ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ ва дигар эҳтиёҷот;
- харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷиҳати таҳия, омӯзиш, саҳеҳкунӣ, навсозии маводи харитавӣ ва истифодаи ин мавод барои ҳар гуна мақсадҳо равона гардидааст;
- фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолии марбут ба идоракунӣ ва иҷрои корҳои геодезию харитасозӣ;
- фонди геодезӣ ва харитасозӣ - маҷмӯи мавод ва маълумоти дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ таҳия, саҳеҳ ва навшуда, ки барои истифодаи минбаъда нигоҳ дошта шудаанд;
- маҳсулоти харитасозӣ- мавод бо нақшаи (тасвири) қитъаи хурди маҳал то сатҳи умумии замин, ки тавсифи онҳо имкон медиҳад тӯли тарафҳо, масоҳат, баландӣ, координатҳои нуқтаҳо, инчунин алоқамандӣ, хусусият ва асли ҷойгиршавии онҳо муайян карда шаванд;";
- дар сархатҳои ҳафтум ва нӯҳум калимаи "санҷишҳои" ба калимаи "ченакҳои" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои ҳаштум, даҳум ва дувоздаҳум калимаи "санҷиши" ба калимаи "ченаки" иваз карда шавад;
- сархати сездаҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"- топография - қисми геодезия, ки омӯзиши ҷуғрофӣ ва геометрии маҳал, инчунин усулҳои тасвири онро дар бар мегирад;".
2. Дар моддаи 3:
- сархати дуюми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- таҳия, навсозӣ ва нашри харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо дар шакли аналогӣ (графикӣ), рақамӣ ва дигар шаклҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурӣ, мудофиавӣ, тадқиқоти илмӣ, таҳқиқот ва дигар масъалаҳои давлатӣ мусоидат мекунанд;";
- дар сархати дувоздаҳуми қисми 2 калимаҳои "баҳисобгирӣ ва батартибоварии истифодаи номгӯйҳои ҷуғрофӣ;" ба калимаҳои "баҳисобгирии номгӯйҳои ҷуғрофӣ;" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми 3 калимаи "хаттӣ" ба калимаҳои "аналогӣ (графикӣ)" иваз карда шаванд.
3. Дар сархати сеюми моддаи 6 пас аз калимаҳои "махсус (соҳавӣ)" калимаи "дошта" илова карда шуда, калимаҳои "бо фармоиши мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
4. Дар матни моддаи 12 пеш аз калимаи "харитасозӣ" калимаҳои "геодезӣ ва" илова карда шаванд.
5. Дар қисми 4 моддаи 18 калимаҳои "мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин" ба калимаҳои "мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
6. Ном ва матни моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 474
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
26 ноябри соли 2008 № 1179
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
18 декабри соли 2008 №579
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О геодезии и картографии"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 3 марта 2006 года "О геодезии и картографии" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №3, ст.162) следующие изменения и дополнения:
1. В части первой статьи 1:
абзацы первый, второй, третий, пятый и шестой изложить в следующей редакции:
"- геодезия - наука, изучающая форму и размеры поверхности земли или отдельных ее частей путем измерений, съемки, а также их обработки, разработка карт, планов и профилей и методы использования этих результатов и материалов при решении инженерных, экономических и других нужд;
- картография - научная, техническая и производственная деятельность, направленная на разработку, изучение, корректировку и обновление картоматериалов и использование этих материалов для различных целей;
- геодезическая и картографическая деятельность - научная, техническая и производственная деятельность по управлению и выполнению геодезических и картографических работ;
- геодезический и картографический фонд - свод (совокупность) материалов и информации, разработанных, откорректированных и обновленных при геодезической и картографической деятельности и сохраненных для дальнейшего использования;
- картографическая продукция - материалы на которых начерчены небольшие участки местности до общей поверхности земли, характеристика которых позволяет определить длину сторон, площадь, высоту, координаты точек, а также взаимосвязь, особенности и фактическое расположение этих объектов".
абзац тринадцатый изложить в следующей редакции:
"- топография - часть геодезии, включающая географическое и геометрическое изучение местности, а также способы ее изображения;".
2. В статье 3:
абзац второй части 2 изложить в следующей редакции:
"-создание, обновление и издание государственных топографических карт и планов в аналоговой, цифровой и в иных формах, обеспечивающие решение административно - территориальных, оборонных, научноисследовательских, обследовательских и других государственных задач;";
- в абзаце двенадцатом части 2 слова "учет и упорядочение употребления географических названий;" заменить словами "учет географических названий;";
- в абзаце третьем части 3 слово "графической" заменить словом "аналоговой".
3. В абзаце третьем, части первой статьи 6 после слов "(отраслевого) назначения" слова "по заказам органов государственной власти Республики Таджикистан" исключить.
4. В тексте статьи 12 перед словом "картографические" дополнить слова "геодезические и".
5. В части 4 статьи 18 слова "с законодательством" заменить словами "Земельным кодексом".
6. Название и текст статьи 19 изложить в следующей редакции:
"Статья 19. Ответственность за нарушение требований настоящего Закона
Физические и юридические лица, нарушившие требования настоящего Закона, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действия после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе, 31 декабря 2008 года № 474
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "0 внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О геодезии и каргографии"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О геодезии и картографии"
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г. Душанбе, 26 ноября 2008 года № 1179