ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, №704 "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 326) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба матни Қонун дебоча ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар ташкил, ҳифз, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.".
2. Дар моддаи 1:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии осори таърихӣ ва фарҳангии ватанию ҷаҳонӣ, ҳамчунин захираи иттилоотии ҷомеа буда, ба таркиби он, сарфи назар аз навъ, ҷои таъсис ва шакли моликият маҷмӯи ҳуҷҷатҳое дохил мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он маҳфуз мебошанд ва таърихи ҳаёти маънавию моддии халқҳоро инъикос намуда, арзиши илмӣ, таърихию фарҳангӣ доранд.";
- дар қисми дуюм калимаи "ғайраи" ба калимаҳои "эҳтиёҷоти дигари", калимаи "таъин" ба калимаи "муқаррар" иваз карда шавад.
3. Моддаи 2 ба таври зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
4. Дар моддаи 3 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Идораи кулли" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми чоруми моддаи 4 ва қисми дуюми моддаи 19 калимаҳои "Ашхосе" ва "ашхосе" ба калимаҳои "Шахсоне" ва "шахсоне" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаи "юридикӣ" ба калимаи "ҳуқуқӣ" иваз карда шавад.
7. Қисми якуми моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ба муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ шӯъбаҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ки дар қаламрави дахлдор фаъолияти бойгонидориро идора менамоянд ва бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва филиалҳои онҳо, филиалҳои Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд, тааллуқ доранд.".
8. Дар моддаи 14:

"Муассисаҳои бойгонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд.";
- дар қисми дуюм калимаҳои "мувофиқи қонунгузорӣ" ба калимаҳои "тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум калимаҳои "аз ҷониби қонун" ба калимаҳои "мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои "ба таври пулакӣ" ба калимаҳои "бо пардохти маблағ" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 17 калимаҳои "Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" ба калимаҳои "Хазинаи бойгонии миллиро" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми чоруми моддаи 18 калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 20 калимаҳои "бо қонун пешбинишуда" ба калимаҳои "пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
13. Дар қисми дуюми моддаи 21 калимаҳои "дигар ҷойҳо" ба калимаҳои "бойгониҳои ғайридавлатӣ ва идоравӣ" иваз карда шаванд.
14. Ба матни Қонун моддаи 22(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 22(1). Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Мақомоти ваколатдор, муассисаҳои бойгонӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомот ва муассисаҳои бойгонии хориҷӣ ҳамкориҳои байналмилалиро метавонанд ба роҳ монанд, агар ин ҳамкориҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд.".
15. Дар қисми сеюми моддаи 23 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
16. Моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 484
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
26 ноябри соли 2008 № 1183
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
18 декабри соли 2008 №589