Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 422)
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои "Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016" дар рафти таҳияи буҷет дар давраи солҳои 2010-2016 ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар" ҳар сол ба маблағӣ 250 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намояд ).
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз рафти корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 662
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тасдиқ карда шавад.
2.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои "Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016" дар рафти таҳияи буҷет дар давраи солҳои 2010-2016 ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, парранда, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон" ҳар сол ба маблағӣ 250 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намояд.
3.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз рафти корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 662
ш. Душанбе