Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Дастурамали намунавӣ дастурамалҳои мушаххаси коргузорӣ таҳия ва тасдиқ намоянд ва коргузории ҷориро қатъиян тибқи он ба роҳ монанд.
3. Бо мақсади беҳтар намудани ташкили кори ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузорӣ ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки якҷоя бо Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Дастурамал омӯзиши кормандони хадамоти коргузории ба сохтори хизмати давлатӣ дохилбударо ба роҳ монанд.
4. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки дар назди Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои давлатии вилоятҳо бахшҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисоси кормандони хадамоти коргузории муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳоро бо мӯҳлати як моҳи таълимии аз истеҳсолот ҷудо ба таври шартномавӣ ташкил намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 1995 № 557 "Дар бораи тасдиқ намудани Дастуруламали намунавии коргузорӣ дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), дигар муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2008 № 585
ш. Душанбе