Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таҳкими раванди иҷрои Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 175 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди якуми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 № 535 "Дар бораи таъсиси корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" хориҷ карда шаванд;
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 491 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тағйиру иловаҳои зерин илова карда шаванд:
"банди 2 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Ба Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" барои таъсиси корхонаҳои фаръии зерин иҷозат дода шавад:
- Корхонаи фаръии "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";
- Корхонаи фаръии "Маҷмааи фарҳангию солимгардонии "Авиатор"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";
- Корхонаи фаръии "Агентии алоқаи ҳавоӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе".
банди 2 мутобиқан банди 3 ҳисоб карда шавад".
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 20 ноябри соли 2008 № 568
ш. Душанбе